Главная / Биология / Сусмор – эчкемар

Сусмор – эчкемар

Сусморҳо ё ин ки эчкемарҳо  – калтакалосҳои калонҷусса буда, то 4 м дарозии бадан доранд. Думи дарози серҳаракат ва пойҳои нагзинкишофёфта дошта, тез медаванд. Сусморҳо дар Африка, Осиёи Ҷанубӣ, Австралия бисёр вомехӯранд. Баъзеи онҳоро назди об ё дар дохили об ҳам дидан мумкин аст. Дар Туркманистону Узбекистон ва Тоҷикистон сусмори хокистаррашро дидан мумкин аст, ки онро мардуми маҳаллӣ эчкемар (бузмак) меноманд, то 1,5 метр дарозӣ дорад.

Сусмори аз ҳама калонро соли 1914 аз Индонезия ёфта буданд, ки 3 метру 65 см дарозӣ ва 160 кг вазн дошт. Баъзан сусморҳо барои ҷустуҷӯи хӯрок ба болои буттаю дарахтҳо мебароянд. Дар қафас то 2 моҳ хӯрок нахӯрда зинда мемонанд. Сусмор аз 3-солагиаш болиғ шуда, ба афзонш cap мекунад. Баҳор сусмори модина ба peг ё гил 10-12 тухм гӯр мекунад, ки охирҳои июл аз онҳо сусморчахои ҷавон мебароянд.

8. Саргирдаки гӯшдор. 9. Сипартумшуқи заҳрдор; 10. Агамаи кӯҳй; 11. Бузмак
8. Саргирдаки гӯшдор. 9. Сипартумшуқи заҳрдор; 10. Агамаи кӯҳй; 11. Бузмак

Гӯшти сусморхо хӯрданибоб буда, aгap онро ҷӯшонем ё бирён кунем, мазаи гӯшти мурғи марҷонро медиҳад. Сусмор паррандаҳои хурд, инчунин ҳашароту сангпуштҳо ва калтакалосу қурбоққаро шикор карда, гӯшти ҳайвонҳои мурдаро мехӯрад. Вай аз ҷойи истиқоматаш барои ҷустуҷӯи хӯрок то ба масофаи 15 км меравад.

Суръати ҳаракаташ дар як дақиқа 10-20 м аст. Дар вақти тарсу таҳдид шикамашро дам дода, думашро мебардорад, фашшоскунон нафас бароварда, ҳатто ба одам ҳамла мекунад. Даҳонаш дандонҳои безаҳр дорад. Пӯсти сусмор барои тайёр кардани пойафзол, сумка, портфел хуб аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …