Главная / Маданият ва санъат / Сураи ихлос ба забони тоҷикӣ (Матн/Текст –MP3)

Сураи ихлос ба забони тоҷикӣ (Матн/Текст –MP3)

Сураи «ИХЛОС» ин сураи 112-уми китоби Қуръони карим мебошад ва иборат аз 4-оят аст ва аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ он ҳамчун «Тозашавӣ» ва ё «Ҳақиқӣ» тарҷума мешавад.

Мазмуни сураи ихлосро ҳадисҳои зерин шарҳ медиҳанд. Ин сура ба қавли худ барои ҷазо додани шахсони бисёрхудогиро пешагирифта мебошад. Сураи Ал Ихлос барои нафароне, ки дар зиндагӣ роҳгумкарда шудаанд роҳи дурустро меомузонад.

Ин сура мисли дигар пораҳои Қуръон дар шаҳри Макка ба паёмбар Муҳаммад (Салаллоҳи Алайҳи Васаллам) нозил (ирсол) шудааст. Он замонҳо бисёриҳо ба ҳаргуна ҳайкалҳо ибодат мекарданд ва ба мавҷудияти Худои ягона шубҳа мекарданд, ки инро ба забони арабӣ (Ширк) меноманд ва чунин амал дар дини ислом гуноҳи ниҳоят калон аст.

Сураи Ихлос

Одамони роҳгумзада ақидае доштанд, ки ҳар як қабила Худои худро дорад. Дар муснади (китоби ҳадисҳо) Имом Аҳмад омадааст, ки як шахси бисёрхудопараст аз паёмбар Муҳаммад (САВ)  пурсидааст, ки ай паёмбар ба ман дар бораи Худованд бигу, ки у аз кадом қабила аст?. Пас ҳамон замон Парвардигор сураи «Ал Ихлос»-ро, нозил кардааст.

Ҳадисҳои зиёд ҳастанд, ки оиди бузургии сураи 112-уми Қуръон зикр мекунанд ва тибқи он қайдҳо ба мусалмонон маълум аст, ки агар шахсе Сураи Ихлосро 3-маротиба хонад пас ин қувваи ба аз 3-е як ҳиссаи Қуръони маҷидро хондан ба ӯ ҳисобида мешавад.

Аксарияти шахсоне, ки ба мусулмон шудан қадам мегузоранд аз хондани сураи Ихлос оғоз менамояд. Ин сабаби он нест, ки ин сураи кутоҳу осон дар ёд кардан аст, балки мантиқаш дар баён ва эътироф кардани якккахудоӣ мебошад.

Дар яке аз ҳадисҳои расули Худо – Муҳаммад (САВ) омадааст, ки ҳар касе ки Сураи ихлосро дусташ медорад, пас ба у алакай дар ҳамин дунё Биҳишт туҳфа карда мешавад.

Тирмизӣ зикр кардааст: Дар замони Паёмбар Муҳаммад (САВ) як имоме дар қабилаи Бану Салом, зиндагӣ мекардааст ва ӯ дар ҳар як ракати намозаш аввал сураи Ихлосро мехондаст ва баъдан дигар сураҳоро. Мусалмонони дигар ба ин ҳолат ҳайрон шуда аз ӯ мепурсанд, ки чаро вай чунин мекунад. Дар ҷавоб Имом мегуяд ки ин сураро дусташ доред.

Ба ҷавоби Имом мусалмонон қаноат накарда ба назди паёмбар Муҳаммад (САВ) рафта аз ин ҳолат баён мекунанд. Дар навбати худ Муҳаммад (САВ) аз имом мепурсад, ки чаро чунин аст. Дар ҷавоб имом мегуяд, ки дусташ бояд дорем. Паёмбар пас аз шунидани ин ҷавоб ба имом хабари хушро гуфт. Яъне ҳаркасе, ки сураи Ихлосро, дуст медорад пас роҳаш ба суи Биҳишт қарор дорад.

СУРАИ «ИХЛОС»

Дар шахли матн (текст) – тарҷума ба забони тоҷикӣ бо мазмунаш

Бис Миллоҳи Раҳмонир Раҳим Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
Қулҳу Аллоҳу Аҳад Бигӯ: «ӯст Худои якто
Аллоҳу-Самад Худое, ки дар ҳоҷат ба ӯ рӯ оранд
Лям ялид ва лям юлад На зодааст ва на зода шуда
Ва лям якуллаҳу куфууан Аҳад Ва на ҳеҷ кас ҳамтои ӯст!»

СУРАИ «ИХЛОС»

Аудио  (гирифтан – скачать)

Видео

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …