Главная / Биология / Сохти ҷамоаи растаниҳо

Сохти ҷамоаи растаниҳо

Табақадории рӯизаминии ҷамоаи наботот. Намудҳои растаниҳое, ки ба як ҷамоаи наботот дохиланд, шаклҳои гуногуни ҳаётӣ доранд. Чунончи, дар ҷангалзор дарахту буттаҳо, растаниҳои яксола ва бисёрсолаи алафӣ мерӯянд. Намудҳои гуногуни ба ҳар як ҷамоаи растаниҳо дохилшаванда дар шароитҳои ҳархелаи равшанӣ, намнокӣ ва моддаҳои ғизоӣ (маъданӣ) нашъунамо доранд.

Қабатнокӣ (табақадорӣ) дар ҷангал
Қабатнокӣ (табақадорӣ) дар ҷангал

Дар ҷангалзор растаниҳои дарахтӣ дар шароити аз ҳама хуб (аз рӯи равшанӣ) ҷойгир мебошанд ва шохаю навдаҳояшонро ба ҷониби манбаи равшанй мувофиқан равона мекунанд. Дарахтон дар ҷамоаи ҷангалзор табақаи болоӣ ё табақаи якумро ба вуҷуд меоваранд. Дар табақаи якуми ҷангалзорҳои паҳнбарг бештар чунин растаниҳо — фарқ, чормағз, чинор, заранг вомехуранд.

Дар зери онҳо дар шароити нисбатан камравшанӣ дарахтони қадпасти себ, дӯлона, ғубайро, малҳам нашъунамо карда, табақаи дуюмро пайдо мекунанд. Инчунин, дар зери табақаи дарахтӣ, растаниҳои буттагӣ месабзанд ва онҳо табақаи сеюмро ташкил медиҳанд. Табақаи чорумро бошад, растаниҳои гулно- ки алафӣ ва набототи нимбуттагӣ ба вуҷуд овар- даанд. Дар зери растаниҳои баландқад, одатан хелҳои набототи пастқади ба соя тобовар ё соядӯст паҳн шудаанд. Табақаи аз ҳама поёнии ба сатҳи хок наздикро, яъне табақаи панҷумро, асосан растаниҳои бегул ё спораовар, яъне ушнаҳо ва гулсангҳо ташкил додаанд. Дар бешазор шиддати рӯшноӣ аз ҳар табақа ба табақаи дигар кам мешавад. Бинобар он, дар та- бақаи поёнӣ растаниҳои бештар сояпарвард месабзанд. Аз ин гуф- таҳо чунин бармеояд, ки ҷамоаи наботот тасодуфан пайдо нашуда, вай тадриҷан дар давоми-ҳазорҳо сол ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, растаниҳои гуногуни ҷамоа барои ҳамроҳ сабзидан нисбат ба якдигар мувофиқати комил пайдо кардаанд.

Дар сатҳи рӯизаминии ҷангалҳо ҳамеша боқимондаҳои растаниҳо, баргҳои афтида (баргҳои хазоншуда), шохаву навдаҳои хушк ҷамъ мешаванд. Ин ҷамъшудаҳоро фарши зери ҷангал меноманд. Дар ин муҳит миқдори зиёди микроорганизмҳои сапрофитӣ, хусусан бактерияҳо ва занбӯруғҳо, ки боқимондаҳои растаниҳои но- будшударо мепӯсонанд, мавҷуданд. Дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии ин микроорганизмҳо моддаҳои ғизоии истифодашуда аз сари нав ба хок бармегарданд ва таркиби он аз моддаҳои ғизоӣ ғанӣ мегардад.

Табақаи зеризаминӣ дар ҷамоаи наботот. Решаи растаниҳо низ табақанок ҷойгиранд. Чун растаниҳои рӯизаминӣ решаи дарахтон низ табақаи якуми зеризаминиро пайдо мекунанд. Онҳо нисбат ба дигар растаниҳои ҳамшафаташон решаи шохаронда доранд, ки он ба қаъри хок хеле чуқур (ҳатто то обҳои зеризаминӣ) дохил мешавад. Системаи пурқудрати реша ҷаббидани миқдори зиёди намакҳои маъдании дар об ҳалшударо таъмин месозад. Табақаи дуюми зеризаминиро решаи растаниҳои дарахтии пастқад ташкил медиҳанд. Табақаи сеюмро решаи растаниҳои буттагӣ, та- бақаи чорумро решаи растаниҳои гулдори алафӣ ва табақаи панҷумро ризоидҳои ушнаҳо ва гулсангҳо ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, қабати зеризаминӣ инъикоси (такрори) бараълои табақоти рӯизаминӣ мебошад.

Тағйироти мавсимӣ дар ҷамоаи наботот. Мураккабии таркиботи ҷамоаи наботот на танҳо дар тақсимшавии рас- таниҳо (дар фазо) ба табақаҳо зоҳир мегардад. Зеро растаниҳои гуногуни як ҷамоа тартибу (ритми) набзи якхелаи инкишофро надоранд. Аз ин рӯ, барои бемонеа дар як ҷамоаи наботот сабзидани растаниҳои гуногун, ҳархелагии мӯҳлати инкишофашон низ имконият медиҳад. Баҳорон, вақте ки дарахтону буттаҳо ҳоло барг пайдо накардаанд, дар ҷангали растаниҳои паҳнбарг равшании зиёди офтоб ба сатҳи рӯи замин меафтад. Дар шароити мусоиди серрӯшноӣ ва хоки сернам (аз ҳисоби боришоти баамаломада) растаниҳои барвақтгулкунандаи алафӣ ба сабзиш шурӯъ мекунанд. Дар
байни растаниҳои гулкунандаи алафӣ – пиёзи қоз, гули ҳавоборонак, чинорак (чакамуғ), анҷибар, гули наврӯзӣ, сиёҳгӯш, бойчечак ва ғайра бартарӣ доранд. Дар охирҳои баҳор ва авҷи тобистон дар қабатҳои поёнии ҷангал гулшукуфти боавҷи растанихои алафӣ дигар дида намешавад. Гулшукуфти растаниҳои алафӣ, одаган, дар ҷойҳои кушоди бедарахт ва ё дар канорҳои ҷангал, ки рӯшноии офтоб ба он ҷо зиёдтар меафтад, ба чашм мерасад. Бо сабаби дар мӯҳлатҳои гуногун гул кардани намудҳои ҳархелаи растаниҳо намуди зоҳирии ҷамоаи наботот тағйир ёфта меистад. Бинобар он, қолини сабзу хушранги набототро дар ҷангалзор фақат дар авва- ли баҳор дидан мумкин. Намуди умумии ҷамоаи ҷангал дар тобистон аз ҳисоби шохаю навдаҳои сербарги дарахту буттаҳо ранги сабзро мегирад.

  1. Дар ҷамоаи набототи рӯизаминй кадом табақаҳо дида мешаванд?
  2. Кадом омилҳо боиси табақаҳоро ба вуҷуд овардани наботот мегардад?
  3. Кадом табақаҳои зеризаминии ҷамоаи набототро медонед?
  4. Дар ҷамоаи наботот чӣ гуна тағйиротҳои мавсимй фарқ карда мешаванд?
  5. Кадом сабабҳо боиси тағйирёбии намуди зоҳирии ҷамоаи наботот мегардад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …