Главная / Биология / Сохти ҳуҷайравии паҳнаки барг

Сохти ҳуҷайравии паҳнаки барг

Тавассути микроскоп шиносои ба сохти дохилии паҳнаки барг имконият медиҳад, ки мавқеъ ва аҳамияти онҳоро дар ҳаёти растаниҳои сабз муайян кунем.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки паҳнаки барг аз ҳуҷайраҳои шаклу андозаашон гуногун иборат буда, сохти ҳуҷайравӣ дорад .

hujaРӯй ва поёни барг бо пӯсти тунуку шаффоф пӯшида шудааст, ки ҳуҷайраҳои онҳо дар якҷоягӣ баргро аз хушкшавӣ ва осеббинӣ муҳофизат мекунанд. Пӯст яке аз намудҳои бофтаи рӯйпӯши растаниҳо ба ҳисоб меравад.

Дар байни ҳуҷайраҳои берангу шаффофи пӯст ҳуҷайраҳои ҷуфт-ҷуфт ҷойгиршуда ҳастанд, ки дар ситоплазма- ашон пласгидҳои сабз хлоропластҳо мавҷуд аст. Ба туфайли ин пластидҳо (иигменги хлорофилл доранд) ҳуҷай- раҳои барг ва инчунин худи барг ранги сабз дорад М. Дар байни ҳуҷайраҳои ҷуфт-ҷуфт ҷойгиршуда сӯрохй ё роғ дида мешавад, ки онро ҷавфи байнихуҷайравӣ меномаад. Бо воситаи роғи байниҳуҷайравй ба барг ҳаво дохил мешавадва инчунин раванди оббухоркунӣ амалӣ мегардад. Ин роғҳоро бо ибо- раи дигар масома низ меноманд.

Дар аксарияти растаниҳо масома фақат дар пӯсти поёнии паҳнаки барг дида мешавад. Дар баъзе растаниҳо, масалан, карам гар пӯсти рӯи баргаш низ масома мавҷуд аст ё дар баъзе растанихои ғалладонагӣ, ки баргҳои мутавозӣ ҷойгиршуда доранд, масомахо дар ҳар ду тарафи барг дида мешаванд. Дар растаниҳое, ки баргашон дар сатҳи рӯи об қарор дорад (масалан, нилуфар) масоиа фақат дар рӯи баргашон вомехӯрад. Дар растаниҳои дар дохили об зиндагикунанда умуман масома дида намешавад. Адади масома дар барг хеле зиёд аст. Масалан, 1 мм2-и барги офтобпараст 220 масома ва 1 мм2-и барги фарк бошад 550 масома дорад.

Дар зери пӯст мағзи барг ҷойгир буда, он аз бофтаи асосӣ иборат аст. Мағзи барг одатан аз якчанд қабати ҳуҷайраҳо иборат аст. Ду-се қабати ҳуҷайраҳои он бевосита ба пӯсти рӯи барг пайваст аст. Ҳуҷайраҳои ба якдигар зич ҷойгиршудаи он тақрибан андозаи якхела дошта, шаклашон дарозрӯяи сутунмонанд мебошад. Дар ҳуҷайраҳои ин қабатҳо микдори хлоропластҳо зиёд аст. Бофтаи асосии чунин шаклдоштаро бофтаи сутунмонанд мегуянд.

Ҳуҷайраҳои хеле дарозрӯя ҷойгирифтаи деворашон ғафс – лифхо ба барг мустаҳкамӣ ё устуворӣ мебахшанд. Тавассути рагхо об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда ҳаракат мекунанд. Найчаҳои элакшакл баръакси рагҳо аз ҳуҷайраҳои дарози зинда иборатанд (ҳосил шудаанд). Девори кӯндаланги байни ин ҳуҷайраҳои ба ҳам пайваст пури ҷӯякчаҳои хурд-хурд буда, мисли элак метобанд. Бо найчаҳои элакшакл аз барг маҳлули моддаҳои органикӣ (ки дар раванди фотосинтез ҳосил шудааст) ҷорӣ мешавад.

Дар зери бофтаи сутунмонанд ҳуҷайраҳои бештар гирда (мудавар) ё шаклашон номуайяни нисбат ба якдигар зич ҷойнагирифта мавҷуданд. Миқдори хлоропластҳояшон нисбатан кам аст. Ин ҳуҷайраҳо дар сарҷамъӣ бофтаи ис фанҷшаклро ҳосил мекунанд. Фазои байни ҳуҷайраҳои бофтаи исфанҷ шаклро ҷавфи байниҳуҷайравӣ ме номанд. Ҷавфи байниҳуҷайравӣ аз ҳаво пур аст.

Агар паҳнаки баргро ба таври кӯндалангӣ бурида (микропрепарат тайёр карда) дар зери микроскоп гу зорем, дар он бандчаҳои гузаронандаи барг 51 — рагбандиҳоро мебинем,

Пӯсти барг аз чӣ хел ҳуҷайраҳо иборат аст ва онҳо чӣ аҳамият доранд?

  1. Роғи байниҳуҷайравӣ ё масома чй тавр ҳосил мешавад ва он кадом вазифаро дар барг иҷро мекунад?
  2. Масомаҳо дар барги растаниҳои гуногун чӣ тавр ҷой гирифтаанд?
  3. Мағзи барг аз чӣ хел ҳуҷайраҳо иборат аст?
  4. Ҷавфи байниҳуҷайравӣ чист?
  5. Бандчаҳои гузаронандаи барг чӣ хел рагбандиҳо доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …