Главная / Гуногун / Соли нав 2019 — табрикоти солинави

Соли нав 2019 — табрикоти солинави

Ба муносибати фарорасии соли нави 2019 ба шумо дустони азиз як қатор табрикоти солинавиро омода карда манзур намудаем. Эҳтиромона хоҳиш ки ҳангоми истифодаи табрикоти солинавии зер ба суроғаи мазкур (сомона- komron.info) линк гузоред.

Маъмурияти Вилояти Хатлон аз таҳти дил омад омади Соли навро ба Шумо мардуми кишвар ва ҳамватанони азиз муборак гуфта таманиёти беҳтаринро орзуманд аст. Соли нави меълодӣ ки иди на танҳо мардуми аврупо аст, балки алакай имрузҳо байналхалқӣ гаштааст дар садҳо кишварҳои дунё ҷашн гирифта мешавад. Дар соли нав ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ хурсандиву баракати зиёдаро аз Худованд орзу карда ба ҳама тани бардавом ва ба ватану замона оромиро хоҳонем. Табрик ба шумо Соли нав!

novyj-god-56

Муборак соли нави 2019!

Роҳбарияти ташкилои «Офарин» аз самими қалб шуморо бо фаро расидани Соли нави 2019 муборак мегуяд. Соли меомада ин соли Хурус буда соли Ҳамдуна (маймун) меравад. Ба Шумову наздиконатон таманно дорем, ки ҳаммаи он орзуҳои дар дил парваридаатон дар соли нав. ҷомаи амалро пушад. Бигузор ҳамеша саломат, сарватманд, таъби болида ва ҳаммаи баракати мавҷуда насибатон гардад. Хоҳишмандем, ки баҳори нав ба Шумо соли бурдборӣ ва кушоиш дар ҳалли муаммову ниятҳоятон гардад. Муборак бод Соли нав!

Арчаи соли нави

Дустони азиз! Ҳаммаи аъзои кормандони корхонаи «Барор» шуморо бо Соли нав хуҷастапай табрик мегуяд ва дар ин рузҳои сарди мегузашта ба ҳар як пиру ҷавон хушбахтӣ ва мушкилкушоӣ орзумандем. Саломатии бардавом ва амалишавии ҳамаи орзуҳову сулҳу суботро ба шумо азизони дил, хоҳонем!

Арча соли навМуҳтарам ҳамватанони ман! Мехоҳам аз таҳти дил ҳамаи шумоёнро бо иди миллӣ ва ҳамзамон байналхалқӣ, яъне иди Соли навро табрик гуям! Бахусус мехостам дар ин иди зимистона модарону падароне ки дар ободонии ватани азизамон саҳми худро пайваста мегузоранд муборакбодии беандоза намуда ба онҳо умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёдро таманно намоям.  Ба ҷавонон бошад рӯҳи болида, диловарӣ, зебоии илоҳӣ, ноилшавӣ дар корҳои пурсамарашон ва хушбахтии хотирмон хоҳонам.

Бигузор Парвардигор ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имони комил, сулҳу субот ва табиати зеботаринро ато намояд. Ба ватанамон тинҷӣ, дар иқтисодиёту дигар ҷабҳаҳои давлатӣ комёбиҳои назарраси мусбиро аз Худованд хоҳонам.

Бозичахои солинави

soli_nav

Cоли нави 2018 – соли Сагро истиқбол мегирем! Дар арафаи иди Соли нав аз самими қалб Шумо дӯстони гиромиро бо ин Ид муборакбод менамоям. Бигзор ин сол бо қадамҳои нек тантанавор ба хонаҳоятон ворид гардида, бароятон хушбахтӣ, шодӣ ва хушҳолӣ биëрад! Бигзор дар ин сол ҳамеша саломатии Шумо ва наздиконатон мустаҳкам бошад! Бигзор ин сол бароятон соли иқдомҳои нав гардад! Бигзор давоми сол пур аз вохуриҳои фараҳбахш дошта бошед! Бигзор дӯстон ҳамдигарро мададгор ва кумакрасон бошанд! Бигзор ҳама мушкилиҳо ҳал шаванд!

Бигзор тамоми сол пур аз зебогиҳо ва лаҳзаҳои гуворо бошад ва Худои бузург ҳамаамонро аз бадиҳо ва офатҳо нигаҳбон бошад ва қалбамонро аз меҳру муҳаббат ва нишот пур кунад! Таманно мекунам, ки орзуҳоятон дар ин сол пурра амалӣ шаванд! Орзу мекунам, ки дар паҳлуятон доимо дӯстонатон ва онҳое, ки бо онҳо хушатон меояд, бошанд! Бигзор сол бароятон соли меҳру садоқат ва некиҳо гардад! Таманно мекунам, ки дар ин сол ҳама сидқан дӯстатон доранд ва дигаронро дӯст доред! Бигзор дӯстӣ танҳо ҳақиқӣ бошад! Соли наватон муборак бод

soli_nav-2

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …