Главная / Ҷамъият / Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ чист? (Саволу чавоб)

Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ чист? (Саволу чавоб)

Моддаи 8. Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ (Аз Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон)

1.Барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти мустақиле дониста мешавад, ки таҳти таваккали худи шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бояд  ба ҳамин сифат ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, амалӣ карда мешавад ва барои ба даст овардани фоидаи (даромади, ҷуброни) мунтазам аз истифодаи молу мулк, фурўши молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ равона гардидааст.

malie-predpriyatiya

  1. Намудҳои зерини фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд:

– фаъолияти тамоми зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки мустақиман бо амалӣ намудани ваколатҳои ба онҳо вогузоркардашудаи давлатӣ алоқаманд мебошанд;

– фаъолияти эҳсонкорӣ;

– фаъолияти динӣ;

– фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ;

– фаъолияти муассисаҳое, ки аз ҳисоби муассис маблағгузорӣ карда мешаванд;

– аз ҷониби шахсони воқеӣ иҷро гардидани кори кироя.

  1. Барои мақсадҳои андозбандӣ амалӣ намудани намудҳои зерини фаъолият аз ҷониби шахси воқеӣ, муассисаи аз ҳисоби муассис маблағгузоришаванда ва (ё) ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намешавад, ба шарте ки ин фаъолият барои шахси онро амаликунанда фаъолияти асосӣ набошад:

– ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ дар ташкилотҳои қарзӣ;

– ба иҷора додани молу мулки манқул ва (ё) ғайриманқул;

– додани молу мулк ба идоракунии боэътимод;

-харидан (фурўхтан) ё ба дигар шахс додани ҳисса дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ  ё  коғазҳои  қиматноки  он;

– харидан (фурўхтан) ё ба дигар шахс додани вомбаргҳо  ё  ҳама гуна векселҳои дигар;

– харидан (фурўхтан) ё ба дигар шахс додани ҳисса дар фонди саҳомии сармоявӣ ва (ё) ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳама  гуна ҳуқуқҳои  шабеҳи ба фурўшанда тааллуқдошта;

 – кори кирояи дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) хусусияти гражданииҳуқуқидошта ё ин ки бе шартномаҳо (қарордодҳо) амалишаванда.

  1. Дар он қисме, ки шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти дар қисми 2 ҳамин моддапешбинишуда фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, фаъолияти соҳибкории чунин шахсон бояд андозбандӣ гардад, дороиҳо ва фаъолияти онҳо, ки бевосита ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманданд, бояд алоҳида (алоҳида аз фаъолияти асосӣ) ба ҳисоб гирифта шаванд.
  2. Фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, ки қисми маблағҳои махсусашон дар ҳаҷм ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба буҷет ситонида мешавад, фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намешавад, агар қонунгузорӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …