Главная / Без рубрики / Ситораи Кароматулло шавҳар карду оиладор шуд

Ситораи Кароматулло шавҳар карду оиладор шуд

tajikistan

Санаи 14-октябри соли ҷорӣ сарояндаи саршиноси кишвар Ситораи Кароматулло тӯйи арӯсияшро барпо намуд.

Тавре ба хабарнигори “Тajikistantimes.tj» хабар доданд, маросими издивоҷи Ситораи Кароматулло дар деҳаи Дуобаи ноҳияи Варзоб, дар ҳавлии падараш Кароматулло  барпо гаштааст.

Таманно, ки худро ҷияни Ситора муаррифӣ намуд, гуфт: “Зулайхо Маҳмадшоева ва чандин сарояндагони номдори дигар дар маросими арӯсии Ситора ширкат варзида, ӯро бо рӯзи бахташ табрику муборакбод намуданд ва хотири меҳмононро бо таронаҳои марғуби ошиқона шод гардонида, маҳфилро тарабобод гардониданд.

Мо кӯшиш намудем, ки бо худи Ситорабону ҳамсуҳбат шуда, ӯро бо ҷашни висол муборакбод бигӯем, вале Таманно дар ҷавоби хоҳишҳои мо иброз дошт, ки Ситораи наварӯс сахт хаста шудаасту баъди каме истироҳат кардан худаш ба мо занг мезанад

.

Дертар мо албатта сари ин мавзӯъ бармегардем, ҳоло бошад танҳо ҳаминро ёдрас мешавем, ки Ситораи Кароматулло 19-декабри соли 1992 дар ноҳияи зебоманзараи Варзоб, дар деҳаи Дуоба, дар оилаи омӯзгор Кароматулло Раҳимов ба дунё омадааст.

Ситора коллеҷи мусиқии ба номи Малика Собирова (ҳоло ба номи Миратулло Атоев) –ро хатм карда, баъдан тамоми нозукиҳои санъати шашмақомсароиро дар факултаи «мақомсароӣ» Консерваторияи Миллии Тоҷикистон аз худ намудааст. Айни замон ин зебосанами булбуловоз  дар ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Мехоҳед донед, ки Ситораи Кароматулло бо кӣ издивоҷ намуд?
-Тӯйи арӯсии Ситора дар кадом тарабхона баргузор гардид?

-Ситора моҳи асалро дар кадом гӯшаи дунё мегузаронад?

Агар ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб гирифтан хоҳед, ҳафтаномаи “Оила”-ро аз тамоми дӯконҳои кишвар ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

      

Инчунин кобед

Хонаи фуруши дар Вахдат

Ҳавлии фурушӣ дар н Ваҳдат (маҳалаи Дайробод) 170 кв = 650 000 с

Ҳавлии фурушӣ иборат аз 8 сотиқ ё худ 170 квадрат бинои сохтмонӣ дорад. Ин аст …