Главная / Гуногун / Сирри давлатӣ чист?

Сирри давлатӣ чист?

Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”

БОБИ I. Қоидаҳои умумӣ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Муқаррароти ин Қонун барои иҷро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи мақоми худ ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ мебошанд ва ё eҳдадор шудаанд, ҳатмӣ аст.

2. Меҳанизми татбиқи масъалаҳои алоҳида, ки дар ин Қонун дохил нашудаанд, бо дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии Қонун

Дар ин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

сирри давлатӣ – маълумоти соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки аз тарафи давлат ҳифз гардида, паҳн кардани онҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонда метавонад. Сирри давлатӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

манбаъҳои маълумот, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд – аз объектҳои моддӣ, аз ҷумла майдонҳои физикӣ иборатанд, ки дар онҳо маълумоти дорои сирри давлатӣ дар шакли рамзҳо, нақшҳо, аломатҳо, кашфиёт ва равандҳои техникӣ инъикос меёбанд;

системаи ҳифзи сирри давлатӣ – маҷмeи мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ, воситаҳо ва усулҳое, ки онҳоро барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода мебаранд ва манбаъҳои онҳо, ҳамчунин тадбирҳое, ки ба ин мақсадҳо ба амал бароварда мешаванд;

иҷозат ба сирри давлатӣ – тартиби ба расмият даровардани ҳуқуқӣ шаҳрвандон оид ба иҷозат доштан ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо – анҷом додани корҳо бо истифодаи чунин маълумот;

рухсат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ – бо иҷозати шахси мансабдори босалоҳият шинос кардани шахси муайян бо маълумоти дорои сирри давлатӣ;

мeҳри маҳфият – навиштаҷоте, ки дараҷаи маҳфияти маълумотро шаҳодат дода, дар ҳуди мавод ё дар рeи манбаи маълумот ва (ё) дар асноди ба он шомил кардашуда гузошта мешавад;

воситаҳои ҳифзи иттилоот – воситаҳои техникӣ, криптографӣ (хати рамзӣ), барномавӣ ва воситаҳои дигар, ки барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ таъин шудаанд, воситаҳое, ки чунин иттилоот дар онҳо истифода гардидаанд, ҳамчунин воситаҳои назорати самарабахши ҳифзи иттилоот;

номгeи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд – маҷмeи дараҷаҳои маълумот, ки мувофиқи онҳо маълумот ба сирри давлатӣ мансуб дониста мешаванд ва дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфӣ дошта мешаванд;

рухсатнома ба фаъолият бо маълумоти дорои сирри давлатӣ – ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо додани ҳуқуқӣ фаъолияти вобаста ба сирри давлатӣ.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки муносибатҳои вобаста ба сирри давлатиро танзим мекунанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар бобати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳифзи он

1. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) Ваколатҳои шахсони мансабдори Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ муайян мекунад;

б) дар доираи салоҳиятхои худ дигар масъалаҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳифзи онро ҳал менамояд.

2. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) муносибатҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатиро тавассути қонунгузорӣ танзим менамояд;

б) моддаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати маблағҳое, ки барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ҷудо карда шудаанд, тасдиқ мекунад;

в) ваколатҳои шахсони мансабдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ муайян мекунад;

г) дар доираи салоҳиятҳои худ дигар масъалаҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳифзи онро ҳал менамояд.

3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) барномаҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ тасдиқ менамояд;

б) мувофиқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгeи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, тасдиқ мекунад;

в) дар бораи истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо мерасонад;

г) ваколатҳои шахсони мансабдорро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;

д) дар доираи салоҳияти худ дигар масъалаҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳифзи онро ҳал менамояд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»-ро ташкил мекунад;

б) Низомномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи идора ва сохтори Дастгоҳи марказии онро тасдиқ мекунад;

в) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ номгeи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ваколат доранд, пешниҳод мекунад;

г) Дастурамалро оид ба таъмини низоми махфият дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

д) тартиби таҳияи Номгeи маълумоти дорои сирри давлатиро муқаррар мекунад;

е) таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатиро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ташкил мекунад;

ж) Номгeи маълумоти интишорашон манъро тасдиқ менамояд;

з) тартиби мансуб донистани мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳоро ба дараҷаҳои низоми махсус, фавқулодда муҳим ва таҳти низом, инчунин номгeи ҳудудҳоеро, ки муваққатан барои ташриф овардани шаҳрвандони хориҷӣ пeшида шудаанд, тасдиқ менамояд;

и) андоза ва тартиб додани имтиёзотро ба шаҳрвандоне, ки ба сирри давлатӣ дар асоси доими роҳ дода шудаанд ва ба кормандони воҳидҳои сохтории ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар мекунад;

к) созишномаҳои байниҳукуматӣ мебандад, ҷиҳати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ тадбирҳо ба амал мебарорад ва дар хусуси имконияти ба давлатҳои дигар вогузор намудани манбаъҳои он қарорҳо қабул мекунад.

5. Вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ, ки дар доираи қаламрави дахлдор воқеанд:

а) ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро, ки ба ихтиёри онҳо аз тарафи дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо вогузор шудаанд, инчунин маълумоти худашон махфидоштаро таъмин мекунанд;

б) ҳифзи сирри давлатиро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеъашон мувофиқи талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд;

в) дар доираи салоҳияти худ анҷомдиҳии корҳои санҷиширо нисбати шаҳрвандоне, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд иҷозат дода шаванд, таъмин мекунанд;

г) тадбирҳои пешбиникардаи қонунгузориро ҷиҳати маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандон ва додани имтиёз ба шахсоне, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат доранд ё доштанд, ба амал мебароранд;

д) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба такмили системаи ҳифзи сирри давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.

6. Мақомоти ҳокимияти судӣ:

а) парвандаҳои ҷиноӣ ва гражданиро оид ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ баррасӣ мекунанд;

б) ҳимояи судии шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро вобаста ба фаъолияти онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таъмин менамоянд;

в) ҳангоми баррасии парвандаҳои мазкур ҳимояи сирри давлатиро таъмин мекунанд;

г) ваколатҳои шахсони мансабдорро оид ба таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар мақомоти ҳокимияти судӣ муайян мекунанд.

7. Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти махсуси ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (ба ғайр аз тадбирҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар доираи ваколатҳои бо қонунгузорӣ пешбинӣ шуда, иҷро менамояд); дар соҳаи ба e боваркардашуда роҳбариро амалӣ менамояд; барои ҳолат ва инкишофи он масъул аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатиро оид ба масъалаҳои вобаста ба сирри давлатӣ ба роҳ мемонад, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи таъмини ҳифзи сирри давлатӣ амалӣ менамояд, фаъолияти низоми махфият ва кор кардани инфраструктураҳои системаи ҳифзи сирри давлатиро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ ба ҳамдигар мутобиқ мекунад.

БОБИ II. Маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб аст

Моддаи 5. Маълумоте, ки метавонад ба сирри давлатӣ мансуб дониста шавад

Маълумоти зерин, ки метавонад мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ин Қонун ба сирри давлатӣ мансуб дониста шавад:

1. Дар соҳаи мудофиа:

а) оид ба мундариҷаи нақшаҳои стратегӣ ва оперативӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, тайёр кардан ва гузаронидани амалиёти ҳарбӣ, ҷойгиронии стратегӣ ва сафарбарии қeшунҳо, ҳамчунин дигар нишондиҳандаҳои муҳимтарин, ки ташкил, шумора, ҷойгиршавӣ, тайёрии ҷангӣ ва сафарбарӣ, омодагии ҷангӣ ва омодагии дигари ҳарбӣ, аслиҳа ва таъминоти моддию техникии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қeшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос мекунанд; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

б) оид ба самтҳои тараққиёти навъҳои ҷудогонаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, миқдори онҳо, тавсифи тактикию техникӣ, ташкил ва технологияи истеҳсолот, корҳои илмию тадқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ, ки бо ихтирои намунаҳои нави аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ вобастаанд, ҳамчунин оид ба корҳои дигаре, ки ба манфиати мудофиаи кишвар ба нақша гирифта мешаванд ё иҷро мегарданд;

в) оид ба қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, имкониятҳои маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва объектҳои ҷудогона ҷиҳати ҳифз, кeчонидан ва дар ҷойҳои гуногун ҷойгир намудани аҳолӣ, таъмини шароити зисти он ва фаъолияти истеҳсолии объектҳои хоҷагии халқ дар давраи ҷанг ё дар шароити дигар ҳолатҳои фавқулодда;

г) оид ба маълумот ва тавсифи геодезӣ, гравиметрӣ, картографӣ, гидрографӣ ва гидрометеорологӣ, ки барои мудофиаи кишвар аҳамият доранд.

2. Дар соҳаи иқтисодиёт:

а) оид ба нақшаҳои сафарбарӣ ва иқтидорҳои сафарбарии хоҷагии халқ, захираҳо ва ҳаҷми таъмини навъҳои стратегии ашёи хом ва мавод, ҳамчунин оид ба ҷойгиронии захираҳои моддии сафарбарии давлатӣ ва андозаи онҳо;

б) оид ба истифодаи нақлиёт, алоқа, соҳаҳо ва иншооти дигари инфраструктурӣ ба манфиати таъмини амнияти кишвар;

в) оид ба мундариҷа, ҳаҷм, маблағгузорӣ ва иҷрои фармоишҳои мудофиавии давлатӣ;

г) оид ба нақшҳо, андоза ва дигар маълумоти муҳими истихроҷ, истеҳсол ва фурeши навъҳои алоҳидаи ашёи хом ва маҳсулоти стратегӣ;

д) оид ба захираҳои давлатии фулузоти қиматбаҳои гурeҳи монитарӣ сангҳои қиматбаҳо, асьор ва ашёи дигари пурқимат, амалиёти вобаста ба тайёр намудани пули коғазӣ ва коғазҳои қиматбаҳо, нигаҳдории онҳо, ҳимоя ва ҳифзи онҳо аз таҳияи қалбакӣ, гардиш, иваз ва ё аз муомилот гирифтани онҳо, инчунин оид ба тадбирҳои махсуси фаъолияти молиявии давлат.

3. Дар соҳаи робитаҳои берунӣ:

а) оид ба директиваҳо, нақшаҳо ва дастурҳо ба аъзои ҳайати вакилон ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои фаъолияти сиёсати берунӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) оид ба ҳамкории ҳарбӣ, илмию техникӣ ва дигар ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, агар фош кардани маълумот оиди онҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён оварад;

в) оид ба воридот ва содироти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, навъҳои алоҳидаи ашёи хом ва маҳсулоти стратегӣ.

4. Дар соҳаи амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ:

а) оид ба мундариҷа, нақша, ташкил, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникӣ, восита, шакл, усулҳо ва натиҷаҳои фаъолияти разведка, контрразведка ва оперативӣҷустуҷӯӣ, оид ба шахсоне, ки бо мақомоти чунин қорҳоро анҷомдиҳанда тариқи пинҳонӣ пештар ҳамкорӣ кардаанд ва ҳамкорӣ мекунанд; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

б) оид ба ташкил ва тартиби амалӣ намудани муҳофизати мақомоти олии ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, муассисаҳои бонкҳои давлатӣ, шахсони олимақоми давлатӣ;

в) оид ба системаи алоқаи ҳукуматӣ ва махсус;

г) оид ба таҳия ва истифодаи рамзҳо (шифр), кор бо онҳо, гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи криптография (хати рамзӣ);

д) оид ба дигар воситаҳо, шакл ва усулҳои ҳифзи сирри давлатӣ.

5. Маълумоти мушаххас ба сирри давлатӣ мансуб дониста мешаванд ба шарте, ки агар онҳо ба категорияҳои муайяннамудаи қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 ҳамин модда мувофиқ бошанд ва фош кардани онҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён оварад.

6. Номгeи маълумотеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

Моддаи 6. Маълумоте, ки ба сирри давлатӣ маисуб дониста намешавад

Маълумоти зерин ба сирри давлатӣ мансуб дониста намешавад:

оид ба офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, ки ба бехатарии шаҳрвандон таҳдид мекунанд ва онҳо рeй додаанд ё рeй доданашон мумкин аст;

оид ба вазъи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, сатҳи зиндагии он ба шумули ғизо, либос, манзил, хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, инчунин нишондиҳандаҳои иҷтимоию демографӣ, ҳолати тартиботи ҳуқуқӣ, маърифат ва фарҳанги аҳолӣ;

оид ба амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор.

БОБИ III. Махфӣ гардонидани маълумот ва манбаъҳои он

Моддаи 7. Махфӣ гардонидани маълумоти дорои сирри давлатӣ

1. Маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ аст, бо роҳи гузоштани мeҳри махфият ба рeй ҳуҷҷат, маснуот ё дигар манбаи моддии дорои иттилоот махфӣ гардонида мешавад.

2. Мeҳри махфият – маълумоти ҳатмии ҳар манбаи моддии дорои иттилооти мансуб ба сирри давлатӣ мебошад. Дар он бояд оид ба дараҷаи махфӣ будани ин иттилоот («фавқулодда муҳим», «комилан махфӣ», «махфӣ»), мeҳлати махфӣ будани иттилоот ва шахси мансабдоре, ки ин мeҳрро гузоштааст, маълумот мавҷуд бошад.

Агар бевосита ба гузоштани мeҳри махфият ба рeй манбаи дорои иттилоот имкон набошад, он бояд дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳгардида зикр карда шавад.

3. Ба рeй манбаҳои дорои сирри дигар ё иттилооти пинҳонӣ, ки ба сирри давлатӣ мансуб нест, гузоштани мeҳри махфият, ки дар ин Қонун пешбинӣ шудааст, манъ мебошад.

4. Номгeи шахсони мансабдор, ки ба гузоштани мeҳри маҳфият ба рeй манбаъҳои дорои иттилоот ҳуқуқ доранд, аз тарафи роҳбари корхона, муассиса ё ташкилоте, ки фаъолияташ бо сирри давлатӣ вобаста аст, тасдиқ карда мешавад.

5. Пас аз гузаштани мeҳлати муқарраргардидаи махфӣ будани иттилоот ва дар сурати паст шудани дараҷаи махфӣ будани он ё бекор шудани қарори ба сирри давлатӣ мансуб донистани иттилоот шахсони мансабдоре, ки иттилоотро махфӣ мегардонанд, вазифадоранд мeҳри махфиятро тағйир диҳанд ё махфӣ будани иттилоотро бекор намоянд.

Моддаи 8. Тартиби ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот

1. Ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот мутобиқи таъиноти соҳавӣ, идоравӣ ё барномавию мақсаднокии он сурат мегирад.

Мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ тавассути роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои қарори қабулкардаашон масъулияти шахсӣ доранд, сурат мегирад.

2. Барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи махфигардонии маълумот Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгeи маълумоти дорои сирри давлатиро, ки дар он мeҳлати махфӣ нигоҳ доштани ин маълумот зикр мегардад, тартиб медиҳад. Ин Номгeи бо Қонун муайян карда мешавад.

3. Аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлати Номгeи васеи маълумоти махфишаванда тартиб дода, дараҷаи махфияти онҳо муқаррар мегардад.

4. Дар доираи барномаҳои мақсаднок оид ба ихтироот ва такмили намунаҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, корҳои озмоишию конструкторӣ ва тадқиқоти илмӣ бо қарори фармоишдиҳандагони намунаҳо ва корҳои мазкур Номгeи алоҳидаи маълумотеро тартиб додан мумкин аст, ки бояд махфӣ гардонида шаванд. Ин Номгeи аз ҷониби роҳбарони дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 9. Маҳдуд кардани ҳуқуқи моликияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот аз сабаби махфӣ гардонидани онҳо

1. Шахсони мансабдоре, ки мувофиқи тартиби дар моддаи 7 ин Қонун пешбинишуда барои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ваколатдор мебошанд, ҳуқуқ доранд доир ба махфӣ гардонидани иттилооте, ки моликияти корхона, муассиса, ташкилот ва шаҳрвандон (минбаъд – молики иттилоот) аст ва агар ин маълумот ба Номгeи маълумоти дорои сирри давлатӣ дохил гардида бошад, қарор қабул намоянд.

2. 3арари моддие, ки ба молики иттилоот бинобар махфӣ гардонидани он мерасад, аз тарафи давлат ба андозаи муқаррарнамудаи шартномаи байни мақоми ҳокимияти давлатӣ, ки ин иттилоот ба ихтиёри вай мегузарад ва соҳиби он ҷуброн карда мешавад. Дар шартнома инчунин eҳдадориҳои соҳиби иттилоот оид ба паҳн накардани он пешбинӣ карда мешавад. Дар сурати шартномаро имзо накардани молики иттилоот e дар бобати ҷавобгарие, ки барои беиҷозат паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлати мувофиқи қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, огоҳонида мешавад.

3. Молики иттилоот ҳуқуқ дорад аз амали шахсони мансабдоре, ки ба ақидааш ҳуқуқи eро паст мезананд, ба суд шикоят намояд. Агар суд амали шахсони мансабдорро ғайриқонунӣ донад, тартиби ҷуброни зараре, ки ба молики иттилоот расидааст, бо қарори суд мувофиқи қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.

Моддаи 10. Шикоят намудан оид ба махфигардонии беасос

1. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ба шахсони мансабдоре, ки ба онҳо ҳуқуқи гузоштани муҳри махфият дода шудааст, пешниҳоди далелноки барои баррасӣ хатмӣ оид ба ошкор кардани маълумотро диҳанд. Шахсони мансабдори зикргардида бояд дар муддати як моҳ ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқи оид ба ин масъала ҷавоби хаттӣ диҳанд.

2. Аз болои қарор дар бораи махфӣ гардонидани маълумот ба шахси мансабдори зинаи болоие, ки шахси мансабдори ба манбаи дахлдори маълумот муҳри махфият гузошта тобеъ аст, шикоят овардан мумкин аст.

Дар сурати қонеъ карда нашудани шикоят шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ҳақ доранд оид ба амали ғайриқонунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намоянд.

БОБИ IV. Ошкор кардани маълумот ва манбаъҳои онҳо

Моддаи 11.Тартиби ошкор кардани маълумот

1. Ошкор кардани маълумот ва манбаъҳои онҳо – бартараф кардани маҳдудиятҳои қаблан бо тартиби пешбининамудаи ин Қонун гузошташуда ба паҳн намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва рухсат ба манбаъҳои онҳо мебошад.

2. Асосҳо барои ошкор кардани маълумот:

а) аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимаи худ гирифтани eҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба мубодилаи озоди маълумоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сирри давлатианд;

б) тағйир ёфтани ҳолатҳои объективӣ, ки дар натиҷаи он ҳифзи минбаъдаи маълумоти дорои сирри давлатӣ мувофиқи мақсад нест;

в) зарурияти истифодабарии натиҷаҳои фаъолияти оперативӣҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ;

г) гузаштани мeҳлати махфӣ нигоҳ доштани маълумот;

д) дар ҳолати беасос махфӣ гардондани маълумот (аз ҷониби мақомоти болоӣ ё бо қарори суд).

3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки роҳбарони онҳо ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ ваколатдор карда шудаанд, eҳдадоранд ҳар сари вақт, вале на камтар баъди ҳар 5 сол мазмуни Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти махфишавандаро, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо амал мекунанд, дар қисми асосноки махфӣ гардонидани маълумот ва мутобиқати онҳо ба дараҷаи махфият пештар муқарраркардашударо аз нав баррасӣ намоянд.

4. Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба онҳо ҳуқуқи тағйир додани Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти махфӣ дошташавандаро, ки дар мақомоти ҳокимияти давлат, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо амал мекунанд ва онҳоро тасдиқ кардаанд барои асоснокии қарорҳои қабул намудаашон оид ба ошкор кардани маълумот масъулияти шахсӣ мебаранд. Қарорҳои роҳбарони зикргардида, вобаста ба тағйир додани Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқ дорад ин қарорҳоро боздорад ва эътироз кунад, мувофиқа карда шавад

Моддаи 12. Тартиби ошкор кардани манбаи маълумоти дорои сирри давлатӣ

1. Манбаи маълумоти дорои сирри давлатӣ на дертар аз мeҳлате, ки ҳангоми махфӣ гардонидани онҳо муқарар карда шудаанд, ошкор карда мешаванд. Агар тартиби номгeи дар мақоми мазкури ҳокимияти давлатӣ, дар корхона, муассиса ва ташкилоти амалкунанда, ки дар асоси онҳо ин манбаъҳо махфӣ гардонида шуда буданд, тағйир дода шуда бошанд, он гоҳ то ба охир расидани ин мeҳлатҳо манбаъҳо бояд ошкор карда шаванд.

2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳуқуқи дароз намудани мeҳлатҳои аввал муқарраркардашудаи махфӣ гардонидани манбаъҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ба роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии барои мансуб донистани маълумоти дахлдор ба сирри давлатӣ ваколдатдор кардашуда дар асоси хулосаи комиссияи экспертии аз ҷониби онҳо бо тартиби муқарраршуда таъингардида дода мешавад.

3.Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оид ба ошкор кардани манбаъҳои маълумоте, ки аз тарафи шахсони мансабдори тобеи онҳо беасос махфӣ гардонида шудаанд, ваколатдор карда мешаванд.

4. Роҳбарони бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоранд манбаъҳои маълумоти дорои сирри давлатиро, ки дар фондҳои пeшидаи ин бойгониҳо барои нигоҳдорӣ мавҷуданд ошкор намоянд, агар онҳоро ташкилоти фондташкилкунанда ё вориси ҳуқуқии ин ваколатдор карда бошад, ҳангоми барҳам додани ташкилоти фондташкилкунанда ва мавҷуд набудани вориси ҳуқуқии он масъала оид ба тартиби ошкор кардани манбаъи маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 13. Иҷрои дархостҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ошкор кардани маълумот

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, аз он ҷумла ба бойгониҳои давлатӣ бо дархост оид ба ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ муроҷиат намоянд.

2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо аз он ҷумла бойгониҳои давлатӣ, ки чунин дархостро гирифтаанд, вазифадоранд онро дар давоми як моҳ баррасӣ намуда ба моҳияти дархост ҷавоби далелнок диҳанд.

Агар онҳо ба ҳал намудани масъала оид ба ошкор кардани маълумоти дархостшаванда салоҳиятдор набошанд он гоҳ дархост дар мeҳлати як моҳ аз лаҳзаи дохил шудани он ба мақоми ҳокимияти давлатӣ, ки ба вай чунин ваколатҳо дода шудаанд ва ё ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад, ки дар ин бора шаҳрвандон, корхона, муассисаю ташкилот ва мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дархост додаанд, огоҳонида мешаванд.

3. Саркашӣ намудани шахсони мансабдор аз моҳиятан баррасӣ намудани дархост боиси ҷавобгарии маъмурӣ (интизомӣ) мувофиқи қонунгузории амалкунанда мегардад.

4. Оид ба асоснокии мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст. Ҳангоми аз тарафи суд беасос донистани махфӣ гардонидани маълумот ин маълумот бояд бо тартиби муқаррарнамудаи ин Қонун ошкор карда шавад.

БОБИ V. Ҳифзи сирри давлатӣ

Моддаи 14. Мундариҷаи ҳифзи сирри давлатӣ

1. Ҳифзи сирри давлатӣ аз маҷмeи тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ, инженерию техникӣ, криптографӣ (хати рамзӣ) ва оперативӣ иборат аст, ки барои пешгирии фош гардидани маълумоти дорои сирри давлатӣ нигаронида шудаанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

Ин тадбирҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ мувофиқи салоҳияташон, ки дар моддаҳои 4,17, 32, 33, 34 ва 35 ин Қонун пешбини шудааст, амалӣ гардонида мешаванд.

2. Вобаста аз ҳаҷми корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи шумора ва фонди пардохти музди меҳнати муқарраршуда ташкил карда мешавад, ки салоҳияти онҳо аз тарафи роҳбарони зикргардида мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва бо баҳисобгирии хусусияти корҳои аз тарафи онҳо иҷрошаванда муайян карда мешаванд.

3. Ҳифзи сирри давлатӣ намуди фаъолияти асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо мебошад.

Моддаи 15.Тадбири асосии ташкилию ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатӣ

Ба мақсади ҳифзи сирри давлатӣ ин ҳолатҳо муқаррар карда мешаванд:

талаботи ягона барои тайёр намудан, истифода бурдан, нигоҳ доштан, ба шахси дигар додан, ҳамлу нақл ва баҳисобгирии манбаъҳои иттилоот, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд;

рухсатнома ба фаъолияте, ки дар он маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода бурда мешавад;

низоми махсуси (низоми махфӣ будани) фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо;

тартиби махсуси ба сирри давлатӣ рухсат додани шаҳрвандон;

маҳдудияти маълумгардонӣ, ба давлатӣ дигар додан ё бо ягон роҳ паҳн кардани иттилооти дорои сирри давлатӣ;

маҳдуд сохтани истиқомат ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷойгиронӣ ва тағйир додани ҷои иншоот ва воситаҳои техникии ба онҳо тааллуқдошта;

тартиби махсуси амалӣ намудани вазифаҳои мақомоти судӣ, назоратӣ, назоратию тафтишотӣ ва дигар вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар муносибат ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ вобаста аст;

ҳифзи техникӣ ва криптографии (хати рамзии) маълумоти махфӣ;

масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ.

Моддаи 16. Талаботи ягона ба манбаъҳои дорои сирри давлатӣ ва нигаҳдории онҳо

Талаботи ягона оид ба тайёр кардан, истифода бурдан ва эҳтиёт кардан, ба шахси дигар додан, ҳамлу нақл ва ба ҳисоб гирифтани манбаъҳои дорои сирри давлатӣ ва нигаҳдории онҳо аз тарафи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 17. Додани рухсатнома ба фаъолияте, ки дар он маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода бурда мешавад

1. Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо додани ҳуқуқи фаъолияти вобаста бо сирри давлатӣ аз тарафи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи додани рухсатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Рухсатнома дар асоси натиҷаҳои экспертизаи махсус дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва аттестатсияи роҳбарони онҳо, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, дода мешавад.

3. Масъулият барои ҳифзи сирри давлатӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки рухсатнома гирифтаанд, ба зиммаи роҳбарони онҳо гузошта мешавад.

Моддаи 18. Низоми махсуси фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо

Низоми махсуси фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки бо сирри давлатӣ вобаста аст (низоми махфият), бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад.

Моддаи 19. Ташкили додани рухсат ба шахси мансабдор ё шаҳрванд ба маълумоти дорои сирри давлатӣ

1.Ташкили додани рухсат ба шахси мансабдор ё шаҳрванд ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба зиммаи роҳбари мақоми дахлдори ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассисаю ташкилот, инчунин ба воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ гузошта мешавад.

2. Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо барои ташкил намудани чунин шароитҳо, ки ҳангоми онҳо шахси мансабдор ё шаҳрванд танҳо бо он маълумоти дорои сирри давлатӣ шинос мешаванд, инчунин ба андозае, ки ба вай барои иҷрои eҳдадориҳои мансабиаш заруранд, масъулияти шахси доранд.

3. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд дар ҳолатҳои мустасно дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ ё амри хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ рухсат дода мешавад.

4. Рухсат ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони қобили амал доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни 18-солагиро пур кардаанд, дода мешавад, агар он, мувофиқи шароити хизматӣ ё фаъолияти тадқиқоти илмиашон зарур бошад ва онҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи ин Қонун ба сирри давлатӣ иҷозати дахлдор дошта бошанд.

5. Қарор дар бораи додани рухсат ба иттилооти мушаххас, ки сирри давлатӣ мебошад, аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое қабул карда мешавад, ки дар онҳо ин корҳо анҷом дода мешаванд ё манбаъҳои вобаста ба ин иттилоот нигоҳ дошта мешаванд.

6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон надодани рухсат ба иттилооти мушаххаси дорои сирри давлатӣ фақат дар ҳолати набудани асосҳои дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда мумкин аст ва аз он ба мансабдори сатҳи болоӣ, ки мансабдори ба шаҳрвандон иттилооти мушаххаси дорои сирри давлатӣ рухсатнадода тобеи eст, шикоят кардан мумкин аст. Дар сурати қонеъ гардонида шудани шикоят шаҳрванд ҳуқуқ дорад оид ба рафтори ғайриқонунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намояд.

Моддаи 20. Иҷозат ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба сирри давлатӣ

1. Иҷозат ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ бо тартиби ихтиёрӣ амалӣ карда мешавад.

2. Иҷозат ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсон аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷиро ба сирри давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

3. Иҷозат ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба сирри давлатӣ ба зиммаи худ қабул намудани eҳдадориро дар назди давлат оид ба паҳн накардани маълумоти дорои сирри давлатии ба e бовар кардашударо пешбинӣ менамояд:

а) розигӣ ба қисман ё муваққатан маҳдуд намудани ҳуқуқҳои онҳо мутобиқи моддаи 27 ҳамин Қонун;

б) розигии хаттӣ оиди аз тарафи мақомоти ваколатдор нисбати онҳо гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ;

в) муайян кардани намуд, ҳаҷм ва тартиби додани имтиёзҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;

г) шинос шудан бо меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ, ки ҷавобгариро барои вайрон намудани он пешбинӣ менамоянд;

д) аз тарафи роҳбари мақоми ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассисаю ташкилот қабул намудани қарор оид ба иҷозати шахси ба расмият даровардашаванда ба маълумоти дорои сирри давлатӣ.

4. Ҳаҷми чорабиниҳои санҷишӣ аз дараҷаи махфияти маълумоте, ки он ба шахси барои он иҷозат додашаванда пешниҳод мешавад, вобастагӣ дорад. Чорабиниҳои санҷишӣ дар мeҳлати як моҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Мақсади гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ аз ошкор намудани асосҳои дар моддаи 22 ҳамин Қонун нешбинишуда мебошад.

5. Мeҳлат, ҳолат ва тартибӣ аз нав ба расмият даровардани иҷозати шаҳрвандон ба сирри давлатӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

6. Тартиби иҷозати шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба сирри давлатӣ дар шароити эьлон намудани вазъияти фавқулодда аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад.

Моддаи 21.Тартиби махсуси иҷозат ба сирри давлатӣ

1. Дар давраи иҷрои салоҳияти худ ва eҳдадориҳои мустақими хизматӣ ба маълумоти фавқулодда муҳим, комилан махфӣ ва махфӣ бидуни мувофиқа бо мақомоти амнияти давлатӣ ба инҳо иҷозат дода мешавад:

а) аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

б) Сарвазир, муовини аввал ва муовинони e, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ;

в) Раис, муовинони раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони у;

д) Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони у;

е) Раис, муовин ва аъзоёни комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ж) шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд;

з) шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шeроҳои онҳо таьин карда мешаванд;

и) шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд;

к) Президент, Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

л) адвокатҳое, ки ба сифати ҳимоячӣ дар тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои вобаста ба маълумотҳои дорои сирри давлатӣ дошта иштирок менамоянд.

2. Шахсони номбурда дар бораи ошкор накардани сирри давлатӣ, ки ба онҳо ҳангоми иҷроиши салоҳияти худ маълум мегардад, дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан дар ҳолати ифшои он огоҳонида мешаванд ва дар ин бора аз онҳо забонхати дахлдор гирифта мешавад.

Моддаи 22. Асосҳо барои надодани иҷозат ба сирри давлатӣ

Ба шаҳрванд дар ин ҳолатҳо ба сирри давлатӣ иҷозат дода намешавад:

агар шаҳрванд ба кор бо иттилооти дорои сирри давлатӣ зарурати асоснок надошта бошад;

дар рафти санҷиши шахс вобаста ба иҷозат дода шудани e ба сирри давлатӣ ошкор гардидани ҳодисаҳои ҳамкории e бо фаъолияти ғайриҳуқуқии мақомоти давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ё иштироки вай дар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки фаъолияташон хилофи қонунгузорӣ бошад ва ё тариқи суд манъ карда шудааст ё худ eҳдадориашро оид ба маҳфуз доштани сирри давлатӣ, ки қаблан ба e бовар карда шуда буд, бо ҷо наовардааст;

аз тарафи шаҳрванд ба зимма нагирифтани eҳдадорӣ оид ба маҳфуз доштани сирри давлатӣ, ки ба e бовар карда мешавад ва ё розӣ нашудани e ба маҳдудиятҳои ҳуқуқаш вобаста бо иҷозат ба сирри давлатӣ;

доштани доғи судӣ барои ҷиноят, ки мувофиқи тартиби муқаррагардида он барҳам нахурда ё бардошта нашудааст;

бемории шахс, ки метавонад ба ҳифзи сирри давлатӣ мутобиқи номгeи тасдиқкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;

ҳангоми гирифтани иҷозат ба сирри давлатӣ аз тарафи шаҳрванд пешниҳод шудани маълумоти варақавии (анкетавии) ошкорро дурeғ;

ба таври доими дар хориҷа зиндагонӣ кардани шаҳрванд ё аз ҷониби e барои истиқомати доими дар хориҷа таҳия кардани ҳуҷҷатҳо;

дар натиҷаи тадбирҳои санҷиши ошкор гардидани аъмоли шахсӣ ба сирри давлатӣ рухсатгиранда, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Моддаи 23. Санҷиши шахсоне, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода мешаванд

1. Санҷиши шахсоне, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода мешаванд, аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ мувофиқи шарту шароит ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ба мақоми санҷишкунанда мувофиқа кардан барои шахсони мансабдоре, ки ба қабули қарор оид ба иҷозат додан ба сирри давлатӣ ваколатдоранд, ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 24. Шикояти шаҳрванд аз дода нашудани иҷозат ба сирри давлатӣ

1. Шахси мансабдоре, ки барои додани иҷозат ба сирри давлатӣ ваколатдор аст, вазифадор мебошад, ки ба шаҳрванд сабабу асосҳои иҷозат надоданашро хабар диҳад.

2. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз дода нашудани иҷозат нисбати мансабдоре, ки ба e иҷозат ба сирри давлатӣ надодааст, ба мансабдори сатҳи баландтар шикоят кунад. Агар шикояти шаҳрванд қонеъ гардонида нашавад, e ҳуқуқ дорад аз рафтори ғайриқонунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намояд.

Моддаи 25. Бекор кардани иҷозат ба сирри давлатӣ

1. Бекор кардани иҷозати қаблан ба сирри давлатӣ додашуда дар ҳолатҳои зайл мумкин аст:

а) ба амал омадан ё ошкор гардидани ҳолатҳое, ки дар моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинӣ гадидааст;

б) риоя накардани eҳдадориҳои худ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ;

в) бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ (агар яке аз асосҳо иҷозат ба сирри давлатӣ бошад), аз ҷумла озод кардан аз кор (хизмат).

2. Қарори бекор кардани иҷозат ба сирри давлатиро шахсони мансабдор, ки барои додани чунин иҷозат ваколатдоранд, қабул мекунанд.

Нисбати ин қарор тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 24 Қонуни мазкур шикоят кардан мумкин аст.

3. Бекор кардани иҷозат ба сирри давлатӣ шахси мансабдор ва шаҳрвандро аз иҷрои eҳдадориҳояш дар бораи фош намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ озод намекунад.

Моддаи 26. Eҳдадориҳои шаҳрванд барои нигоҳ доштани сирри давлатӣ

Шаҳрванде, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода шудааст, eҳдадор аст:

сирри давлатиро, ки ба e бовар карда мешавад ё худ вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз он хабардор мегардад, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ошкор намояд;

дар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки фаъолияташон хилофи қонунгузорӣ бошад ё аз тариқи суд манъ карда шудааст, иштирок накунад;

дар фаъолияти зиддиҳуқуқии мақомоти давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ иштирок накунад;

талаботи низоми махфӣ буданро, ки мувофиқи моддаи 18 Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, ба ҷо оварад;

ба шахси мансабдоре, ки барои e ба сирри давлатӣ иҷозат додааст, аз вазъу ҳолатҳое, ки ба нигоҳ доштани сирри давлатӣ ба e боваркардашуда монеъ мегарданд, хабар диҳад.

Моддаи 27. Маҳдуд намудани ҳуқуқи шахси мансабдор ё шаҳрванд дар давраи ба расмият даровардани иҷозатнома, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода шуда ё пештар иҷозат дода шуда буд

1. Шахси мансабдор ё шаҳрванд, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода шуда ё пештар иҷозат дода шуда буд метавонад, ки ҳуқуқҳояш муваққатан маҳдуд карда шавад.

2. Маҳдудкуниҳо метавонанд дахл дошта бошанд:

а) ҳуқуқи баромада рафтан ба давлати хориҷӣ барои истиқомати доими то ошкоркунии иттилооти дахлдор, вале на зиёда аз 5 сол аз вақти бекор намудани иҷозатнома ба сирри давлатӣ;

б) ҳуқуқи баромада рафтан аз ҳудуди давлат ба мeҳлати пешбининамудаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми ба расмият даровардани иҷозатнома ба сирри давлатӣ;

в) ҳуқуқ ба истифодаи кашфиёт ва ихтироотҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ дошта ва барои паҳн намудани чунин маълумот;

г) ҳуқуқ ба дахолатнопазирии ҳаёти шахси ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ дар давраи ба расмият даровардани иҷозатнома ба сирри давлатӣ.

3. Баромадан аз ҳудуди давлат, аз ҷумла барои истиқомати доими ба давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо созишнома оид ба ҳифзи сирри давлатии тарафайн ё дигар созишномаҳои байналмилалӣ дорад, ки чунин баромада рафтанро пешбинӣ менамоянд, маҳдуд карда намешавад.

Моддаи 28. Маҳдудияти интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум

Корхона, муассиса, ташкилот ва шаҳрвандон ҳангоми ба чоп тайёр кардани мавод дар матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма, интишор додан ё аз сарҳад гузаронидани онҳо барои ҳифз намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд дар асоси ин Қонун ва санадҳои дигари қонунгузорӣ амал кунанд.

Риояи қонунгузорӣ дар масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор ёфтани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин дар маводҳое, ки барои ба хориҷа бурдан пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи Саридораиҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 29. Маҳдудиятҳо дар хусуси ба давлати дигар ё ташкилотҳои байналмилалӣ додани сирри давлатӣ

1. Маълумоти дорои сирри давлатӣ дар сурати мавҷуд будани хулосаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имконпазирии ба дигар давлатҳо ё ташкилотҳои байналмилалӣ додани ин маълумот дода шуда метавонад.

2. Қарор дар бораи додани маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

3. Eҳдадориҳои тарафи қабулкунанда оид ба ҳифзи маълумоти ба вай додашаванда дар созишномае, ки бо он баста мешавад, пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 30. Маҳдудиятҳо оид ба истиқомат ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷойгир намудан ва тағийр додани ҷои объектҳо ва воситаҳои техникии онҳо

Маҳдудиятҳо оиди истиқомат ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷойгир намудан ва тағийр додани ҷои объектҳо ва воситаҳои техникии онҳо мувофиқи қонунгузории дахлдор муайян карда мешавад.

Моддаи 31. Хусусиятҳои иҷрои вазифаҳои судӣ, назоратӣ, назоратию тафтишотӣ ва вазифаҳои дигари мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар муносибат бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо бо сирри давлатӣ алоқаманд аст

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва назоратию тафтишотӣ бо мақсади пешгирӣ намудани эҳтимоли ошкоршавии сирри давлатӣ бояд бо мувофиқаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби махсуси иҷрои вазифаҳояшонро дар муносибат бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, пешбинӣ намоянд.

2. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, ҳуқуқ доранд ба ин мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттилоот надиҳанд, ё қарорҳои дигари онҳоро ба ҷо наоваранд агар онҳо тартиби мазкурро муқаррар накарда бошанд ё худ онро риоя накунанд.

Сабаби ин радкунӣ бояд дар айни замон ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шавад ва Саридораи мазкур бояд дар давоми як моҳ оид ба асоснокии он қарор қабул намояд.

Агар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин радкуниро тасдиқ намояд, пас мақоми дахлдори ҳокимияти давлатӣ метавонад нисбати он ба суд шикоят кунад.

Моддаи 32. Хусусиятҳои танзими муносибатҳои вобаста ба ошкор кардани манбаъҳои маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, ҳифзи маълумот ҳангоми тағйир ёфтани субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ

Шароити аз махфӣ будан баровардани манбаъҳои дорои сирри давлатӣ, иҷрои дархостҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон, ки бо маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд мебошанд, ҳамчунин ҳифзи ин маълумот ҳангоми тағйирёбии функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ба тартиби муқарраркардаи низомномаи дахлдор сурат мегирад, ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 33. Тадбирҳои инженерию техникии ҳифзи сирри давлатӣ

1. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, вазифадоранд барои ҳифзи техникии иттилоот, воситаҳои муҳофизатшудаи коркард, интиқол нигаҳдории иттилоот ва асбобҳои техникии ҳифзи онро, ки ба меъёрҳои ҳифзи техникӣ мувофиқат кардани ин воситаю асбобҳо тасдиқ шудааст, истифода намоянд.

2. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи дахлдор фаъолияти вобаста бо истеҳсол ва хизматрасонии системаю воситаҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониро, ки ҳифзи техникии сирри давлатиро таъмин мекунанд, ба роҳ монанд.

3. Воситаҳои ҳифзи маълумот бояд сертификат дошта бошанд, ки мутобиқати онҳоро бо талаботҳо оид ба ҳифзи маълумоти дараҷаи дахлдори махфият тасдиқ намоянд.

4. Ташкили сертификатсияи воситаҳои хифзи маълумот ва додани иҷозатнома ба зиммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи вазифаҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиммаи онҳо буда, гузошта мешавад. Сертификатсия дар асоси талаботҳои стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.

5. Ҳамоҳангсозии фаъолияти оид ба ташкили сертификатсияи воситаҳои ҳифзи маълумот ва додани иҷозатнома ба зиммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Моддаи 34. Тадбирҳои криптографии (хати рамзии) ҳифзи сирри давлатӣ

Тадбирҳои криптографии (хати рамзии) ҳифзи сирри давлатӣ бо тартибе, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, амалӣ мегардад.

Моддаи 35. Тадбирҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ

Тадбирҳои оперативии ҳифзи сирри давлатиро мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, ки мувофиқи қонунгузорӣ дорои ҳуқуқӣ чунин фаъолият мебошанд, дар рафти корҳои разведкавӣ, контрразведкавӣ ва оперативӣ – ҷустуҷӯӣ амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

Моддаи 36. Назорат ба таъмини ҳифзи сирри давлатӣ

1. Роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо вазифадоранд, ки мунтазам ба таъмини ҳифзи сирри давлатӣ назорат кунанд.

2. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки супоришҳояшонро ба пудратчиҳо мефармоянд, ҳуқуқ доранд ба ҳолати ҳифзи сирри давлатӣ, ки онро вобаста ба иҷрои супоришҳо ба пудратчиҳо вогузоштаанд, назорат кунанд.

3. Мақомоти давлатие, ки ба онҳо ҳуқуқ дода шудааст, масъалаи бо ягон иттилооти мушаххаси дорои сирри давлатӣ воқиф гардиданро ҳаллу фасл намоянд, вазифадоранд ҳолати ҳифзи сирри давлатиро дар ҳамаи корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ки корҳои бо сирри дахлдори давлатӣ алоқамандро ба ҷо меоваранд ё худ манбаъҳои дорои чунин иттилоотро нигоҳ медоранд, назорат кунанд.

4. Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳолати ҳифзи сирри давлатиро дар ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз шакли моликияташон, таҳти назорат қарор диҳанд.

Хулосаҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санадҳои расимии санҷишҳо аз рeи натиҷаҳои санҷиши ҳолати ҳифзи сирри давлатӣ баён ёфтаанд барои иҷро аз тарафи шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошанд.

5. Назорати риояи қонунгузорӣ ҳангоми таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва қонунӣ будани қарорҳои дар ин маврид қабулшударо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни ваколатдори махсуси тобеи e ба ҷо меоранд.

Барои шахсоне, ки назорати прокурориро ба eҳда доранд, дастрас намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ мутобиқи моддаи 31 Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.

БОБИ VI. Маблағгузорӣ барои тадбирҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот, махфӣ гардонидан ва ҳифзи онҳо

Моддаи 37. Маблағгузорӣ барои тадбирҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот, махфӣ гардонидан ва ҳифзи онҳо

1. Маблағгузорӣ барои чораҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот, махфӣ гардонидан ва ҳифзи онҳо аз ҳисоби буҷети давлат, маблағи корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, сурат мегирад.

Маблағ барои тадбирҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот, махфӣ гардонидан ва ҳифзи онҳо дар корхонаҳои шакли моликияташон ғайридавлатӣ дар асоси шартнома бо корхонаи супоришдиҳанда оид ба иҷрои корҳои бо сирри давлатӣ алоқаманд аз ҳисоби корхонаи супоришдиҳанда ҷудо карда мешавад.

2. Ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ вобаста аст, метавонад имтиёзоти андоз ва имтиёзоти дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дода шавад.

Моддаи 38. Додани ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон бо рухсат ба сирри давлатӣ алоқаманд аст

Агар шаҳрванд бинобар шароити фаъолияти касбии худ ҳамеша бо маълумоти дорои сирри давлати сарукор дошта бошад, ба вай барои дар шароити маҳдудиятҳои низомӣ кор карданаш бояд ҷубронпулии дахлдор дода шавад, ки навъ, андоза ва тартиби додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Модаи 39. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи сирри давлатӣ

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки муқаррароти ҳамин Қонунро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ VII. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 40. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, моддаи 364) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 41. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 22 апрели соли 2003

№ 4

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …