Главная / Гуногун / Сири Бонкӣ

Сири Бонкӣ

Савол: Сири Бонкӣ чист?

Сири бонкӣ мувофиқи моддаи 48-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Фаъолияти Бонкӣ» ки аз 19-уми майи соли 2009 тасдиқ карда шудааст чунин маънидод карда мешавад:

  1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад. (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)
  2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:

siri-bonki– дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ, соҳибони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо иҷрошавандаи муштариён;

– дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо;

– дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)

  1. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:

– ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо;

– ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;

– ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;

– ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ дар асоси мактуби раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 12.11.2013с.,№1029)

– ба судҳо – дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя); (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)

– ба иҷрочии суд дар асоси қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро; (ҚҶТ аз 21.07.2010с.,№623, аз 26.12.2011с., № 782)

– ба бюрои таърихи қарз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»; (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)

– ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзӣ – дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)

– ба мақомоти андоз аз рӯи масъалаҳои пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз бо пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оид ба санҷиши онҳо, агар ин бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.

  1. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти қарзӣ низ эътибори худро гум намекунанд. (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)
  2. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ дода мешавад:

– ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;

– ба судҳо, идораҳои нотариалӣ ва муассисаҳои консулгарии хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.

  1. Ифшои сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур. (ҚҶТ аз 27.11.2014 № 1154)
  2. Барои ғайриқонунӣ ошкор намудани сирри бонкӣ шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  3. Ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонкӣ ҳуқуқ доранд хадамоти махсуси худро таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» силоҳ ва воситаҳои зарурии техникиро дастрас намуда истифода баранд. (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782, аз 3.08.2018с., № 1549)
  4. Маблағҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ ё маблағҳои ва дороиҳои дигари дар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)
  5. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ буда, ташкилоти қарзӣ фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ мекунад. (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)
  6. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қиматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ташкилоти қарзӣ додани онҳоро ба соҳибонаш қатъ менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.2011с., № 782)

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …