Главная / Биология / СИНФИ ОБХОКИҲО

СИНФИ ОБХОКИҲО

Обхокиҳоро батрахология ном шохаи ҷудогонаи илми зоология меомӯзад. Обхокиҳо ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ зиндагӣ карда метавонанд, аз ҳамин сабаб онҳоро дубаҳра ё думакона ҳам меноманд.

Обхокиҳо аввалин ҳайвонҳои мӯҳрадори аз об ба хушкӣ баромада ба ҳисоб мераванд, ки тавассути баъзе намояндагонашон пайдоиши ҳайвонҳои мӯҳрадори хушкигардро муайян карда метавонем. Обхокиҳо ба ҳамдигар хешигарӣ дошта ҳайвоноти мӯҳрадори обию хушкиро мепайванданд. Ҳоло баъзе аз онҳо тамоман дар хушкӣ ё дар об зиндагӣ мекунанд. Масалан, тритонҳо, аксалотҳо дар об ҳаёт мегузаронанд. Баъзе аз обхокиҳо танҳо ҳангоми тухмгузорӣ ба об мераванд. Обхокиҳое ҳастанд, ки дар қабатҳои то 1 м чуқур умр ба cap мебаранд. Дар байни Обхокиҳо намояндаҳое ҳастанд, ки сохташон ба кирми ҳалқагӣ монанд буда, аслан ба синфи Обхокиҳо дохил мешаванд. Чунин Обхокиҳоро дар Зеландия, Австралия, Африка ҳайвони таҳҷоӣ мегӯянд.

1-2. а) Тритони миёнабанддор (наринааш). б) Тритони оддй (модинааш); 3. Қурбоқкди кӯлй; 4. Қурбоққаи ботлоқй; 5. Қурбокҳаи алафзор; 6. Ғуки шикамсурх: 7. Саламандра; 8. Дегистир (обхокии кирми халқамонанд); 9. Протей.
1-2. а) Тритони миёнабанддор (наринааш). б) Тритони оддй (модинааш); 3. Қурбоқкди кӯлй; 4. Қурбоққаи ботлоқй; 5. Қурбокҳаи алафзор; 6. Ғуки шикамсурх: 7. Саламандра; 8. Дегистир (обхокии кирми халқамонанд); 9. Протей.

Обхокиҳо ба қатори думдорон, бедумҳо ва бепоён ҷудо мешаванд. Ба Обхокиҳои бедум қурбокка, ғук, квакша, ба думдорон тритон мисол шуда метавонанд.

Тухми обхокиҳо намиро дӯст медорад ва аз ин сабаб аксарияташ дар муҳити об бо тезӣ инкишоф меёбад. Тухмҳои обхокиҳо ҷилди ҷанинӣ надоранд ва инкишофи аксарияташон бо шаклдигаркунӣ мегузарад. Яъне аз тухм аввал кирминае мебарояд, ки ба насли болигаш монанд нест ва пас аз чанд вақт инкишоф ёфта, сохти баданаш тағйир меёбад.

Хусусияти хоси обхокиҳо боз аз он иборат аст, ки дилашон сехонагӣ мебошад. Аз ин сабаб ба узвхҳои бадани онҳо хуни омехта меравад ва ҳарорати баданашон доимо як хел нест, яъне онҳо ҳарорати муқаррар надоранд.

Узви шунавоии Обхокиҳо гӯш аст, ки аз қисми дарунию миёна иборат мебошад. Дар қисми дарунии гӯши обхокиҳо пардаи нағоравӣ, устухони спиралӣ (печутобхӯрда) мавҷуд аст. Косаи сари Обхокиҳо қисман тағоякию аксаран устухонӣ мебошад, ки ин дар моҳиён ҳам мушохида шуда буд. Дар ақиби сари Обхокиҳо як ҷуфт растак хаст, ки он то ба мӯҳра пайванд шудааст. Азбаски дар обхокиҳо танҳо як мӯҳраи гардан хаст. онҳо метавонанд, ки сари худро давр занонанд. Ин аломатро дар моҳихо ва хазандагон хам дидан мумкин аст, ки аз хешигарии байни онҳо шаҳодат медиҳад. Майнаи сари Обхокиҳо нисбат ба моҳиҳо нағзтар инкишоф ёфтааст.

Тартиби ихроҷ дар обхокиҳо мисли даҳонгирдон ва моҳиҳо аз як ҷуфт гурдаи мезонефридӣ иборат мебошад. Бадани Обхокиҳо бо пӯсти нафиси серсӯрох пӯшида шудааст. Пӯсти онҳо тамоман ба қисми мушакӣ часпидааст, ки ин аҳамияти биологӣ дорад. Дар зери пӯст халтаҳои лимфатикӣ (моддаи шилмак) дорад. Дар Обхокиҳо нафасгирӣ қисман тавассути пӯст ба амал меояд.

Аксар Обхокиҳо дар зери пӯсташон ҳуҷайраҳои ғадулӣ доранд, ки аз худ моддаи бадбӯй ҷудо карда, онҳоро аз душман мухофизат мекунанд. Обхокиҳо дар атрофи чашмашон пилки болоӣ, иоёнӣ ва пардаи пӯшанда доранд, ки ин чиз дар моҳиҳо нест.

Дар Обхокиҳо хусусиятхои аккомодасия нагз инкишоф наёфтааст. Онҳо як ҷуфт сӯрохии бинӣ доранд, ки он ҷо қапкон ҳаст. Ғайр аз ин, Обхокиҳо дар ду тарафи ҷоғашон узви овозбарорӣ доранд, ки инро дар қурбоққа нағз мушоҳида кардан мумкин аст. Обхокиҳо ҳайвони ҷудоҷинса буда, наринааш аз модинааш фарқ мекунад. Ҷинси нарина дар панҷаи якуми пойи пешаш болиштак дорад. Болиштакҳо дар вақти бордоршавии ҷинсӣ вазифаи доштанро адо мекунанд. Ғайр аз ин модина нисбат ба нарина калонтар буда, пардаи нақорагӣ дорад. Ин чизро дар қурбоққахо ҳангоми баҳорон мебинем, ки бо овози худ наринаро ба ҷуфт шудан даъват мекунанд. Инчунин наслҳоро бо ғадуди ҷинсиашон фарқ кардан мумкин аст. Дар нарина тухмдони майда ва ҷисми равғанӣ ҳаст. Ҷинси модина бошад, тухмдони калон ва ҷисми сиёҳча дорад, ки ҳамаи инро узви шаклдигаркардаи ҷинсӣ меномем.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …