Главная / Маданият ва санъат / Симои Муҳаммад паёмбар САВ

Симои Муҳаммад паёмбар САВ

Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал мегуяд:  Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди аввал

Муҳаммад хушқиёфаву миёнаболо буд. Қоматаш на кўтоҳ буд, на баланд. Сари бузург бо мўи мураттаби сиёҳ, пешонии боз, абрўвоне анбўҳу нунӣ ва ба ҳам пайваста, чашмони дурушту сиёҳ дошт, ки сафедии он аз атроф бо сурхӣ каме омехта буд ва мижгони баланду сиёҳ ба нерўи ҷозибаи он меафзуд. Бинии ў ҳамвору нозук, дандонҳояш боз, мўи ришаш анбўҳ, гарданаш баланду зебо.

arabСинааш фарох, рангаш дурахшону дасту пояш дурушт буд. Дар мавқеи роҳ рафтан баданаш ба ҷилва мутамоил мешуд ва қадамҳоро тунду мўҳкам мебардошт. Дар қиёфаи ў осори тафаккуру тааммул ҳувайдо буд ва нигоҳаш нуфузе дошт, ки ҳамаро мутеъи ў месохт. Ба ин тартиб аҷаб нест, ки Хадича дар айни муҳаббат ба ў имон дошт ва аҷаб нест, ки ўро аз заҳмати идораи амволи хеш муоф дошт ва монанди пештара ин корро шахсан ба ўҳда гирифт, то ў фурсати кофӣ барои тафаккуру тааммул дошта бошад.

Муҳаммад, ки ба воситаи издивоҷ ба Ҳадича сарватманд шуда буд, аз лиҳози сарвату насаб мақоме бемонанд дошт ва мардуми Макка ба чашми ҳасрату эҳтироми бар ў менигаристанд. Вале ў ба назари мардум таваҷҷўҳе надошт. Фазли худо ўро бениёз сохта буд ва истеъдоди Хадича барои тавлиди фарзанд бад – ў навид медод, ки фарзандонашон зиёд хоҳанд шуд.

Бо вуҷуди ин монанди собиқ аз омезиш бо мардуму ширкат дар зиндагонии умумӣ худдорӣ намекард. Мақому эҳтироми ў дар назари мардум бештар шудаву ба ҳамин ҷиҳат тавозўи ў фузунй ёфта буд. Бо ин ки хуше саршору шахсияте барҷаста дошт, ба сухани касон бо диққат гўш медод. Аз ҳеҷ касс рў намегардонид, танҳо гўши худро ба тарафи гўянда намекард, балки бо тамоми бадан ба тарафи ў мутаваҷҷех мегашт. Кам мегуфту зиёд мешунид.

Бо суханони ҷиддӣ тамоюл дошт. Вале дар шухию мазоҳ низ ширкат мекард ва бар хилофи ҳақиқат чизе намегуфт. Гоҳе чунин механдид, ки бештари дандонҳояш намудор мешуд. Вақте хашмгин мешуд, ҷўз қатороти арақ, ки дар пешониаш менишаст, асаре аз хашм дар ў намудор намешуд. Хашми худро фурў мебурду намегузошт зоҳир шавад. Пурҳавсалаву боҳиммат ва вафодору накўкор ва бахшандаву некмаҳзар буд. Суботи азму қуввати ирода ва қудрати рўҳӣ дошт ва тардидро намешинохт. Ин сифот дар ошноёну муоширонаш нуфузи комил дошт. Ҳар кас ўро медид, эҳтиромаш мекард, дўсташ медошт. Нуфузи ин сифот дар муҳаббату вафое, ки миёни ўву ҳамсари вафодораш Хадича вуҷуд дошт, беандоза зиёд буд.

Пайғамбар /с/ нафси худро фавқулодда нигоҳ медошт. Сухан кам мегуфт, вале зиёд фикр мекард. Азму иродааш ниҳоят дараҷа қавӣ буд. Оромию ботамкинии вай ҳайратангез буд ва худро ҳамеша тозаву покиза нигоҳ медошт.

Пайғамбар дар тамоми умр, ҳатто вақтҳое, ки дороӣ сарват ҳам буд, ҳеҷ гоҳ корҳои шахсии худро ба души каси дигар намегузошт.

Бояд гуфт ки ба машаққату заҳмат бо қудрату тавоноии зиёд тоқат мекард. Чунонки яке аз ғуломоне, ки муддати ҳаждаҳ сол дар хидмати вай будааст, нақл мекунад, ки дар тамоми ин муддат ягон ҳаракат ё сухани малоловаре аз ҳазрат нисбат ба худам мушоҳида накардам. Дар ҷанг ниҳоят шуҷову далер буд ва аз ҳеҷ хатаре фирор намекард. Дар баробари ин ҳеҷ вақт бесабаб ҳаёти худро ба хатар намеандохт.

Чизе, ки бештар аз ҳама қобили диққат аст, хусусиятхои фитрӣ ва афзалияти руҳияи Пайғамбар аст. Аввалан аз сабаби ибодати зиёд ба сергапӣ нафрат дошт ва аксар вакт хомўш менишаст. Аломати олидараҷаи эҳсону некӣ аз башараи вай ҳувайдо буд. Адлу инсоф ҷузъи табиати ў қарор гирифта, беҳад хушахлоқу дилсоф будааст. Дўсту бегона, зўру заиф дар назараш як хел буданд.

Супориш ва савоҳло.

  1. Кадом хислатҳои Муҳаммад пайғамбар ба шумо маъқуланд?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …