Главная / Гуногун / Сиёсати мустамликадории Русия дар Осиёи Марказӣ

Сиёсати мустамликадории Русия дар Осиёи Марказӣ

Сиёсати мустамликадории Русия дар Осиёи Марказӣ ду марҳаларо дар бар мегирад. Марҳалаи аввал аз ибтидои истилои Осиёи Марказӣ то анҷоми он, яъне аз солҳои 50-ум то солҳои 90-уми асри XIX ва марҳалаи дуюм аз солҳои 90-уми асри XIX то соли 1917 (минбаъд Осиёи Марказӣ дар ҳайати давлати дигар буд, ки он ИҶШС ном дошт). Дар марҳалаи аввал сармояи Русия ҳанӯз дар ин ҷо фаъолона амал намекард. Фаъолияти иқтисодии индавраинаи Русия асосан бо амалиёти тиҷоратӣ маҳдуд шуда буд. Дар марҳалаи дуюм дар Осиёи Марказӣ дахолати фаъолонаи сармояи Русия сурат мегирад.

Дар солҳои 70-ум ва 80-уми асри XIX дар Осиёи Марказӣ ба ҷои навъҳои маҳаллии пахта парвариши навъҳои нисбатан сермаҳсулу қиматбаҳои он оғоз меёбад. Осиёи Марказӣ барои саноати Русия ва пеш аз ҳама, барои саноати бофандагии он ба манбаи ашёи хом ва бозори фурӯши молҳои саноати табдил меёбад. Молҳои косибони маҳаллӣ дигар бо молҳои саноатии аз Русия воридшуда рақобат карда наметавонистанд.

slide-7

Русия бе роҳҳои оҳан наметавонист, ки аҳамияти Осиёи Марказиро барои иқтисодиёти худ баланд бардорад, барои ҳамин солҳои 70-ум сохтмони роҳи оҳани ин ҷоро ба Русия мепайвастагӣ ба миён омад. Соли 1885 аз соҳили Баҳри Каспий – Красноводск то Ашқобод, соли 1888 то ба Самарқанд ва соли 1898 то Тошкент роҳи оҳан сохта ба истифодадода шуд. Валетаъмини эҳтиёҷоти Русия дар Осиёи Марказӣ танҳо бо сохта шудани роҳи оҳан иҷро намегардид. Ин роҳи оҳани ба истифода додашуда Осиёи Марказиро ба ноҳияҳои марказии Русия намепайваст. Ба воситаи ин роҳи оҳан чандин маротиба фаровардану бор кардани мусофирону бор ноқулай буд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри XX сохтмони роҳи нави оҳан cap шуд, ки он бояд Осиёи Марказиро аз Тошкент бо Оренбург мепайваст. Ин роҳ зуд сохта мешуд. Соли 1905 аллакай хати роҳи оҳани Каспий ба хати роҳи оҳани Оренбург пайваста шуд. Сохтмони ин роҳи оҳан имконият дод, ки дар байни Русия ва Осиёи Марказӣ мубодилаи мол бештар аз 10 маротиба афзояд.

Аз солҳои 70-ум cap карла ҳукумати Русия ба хотири ба вуҷуд овардани такягоҳи иҷтимоӣ дар ҷойҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ба миқёси васеъ муҳоҷирони русро сокин кунонд.

Дар кишвари Туркистон таъсис намудани системаи маъмурии “Идораи ҳарбии халқӣ” ба мақсади мустамликадорони ҳукумати подшоҳии Русия хизмат мекард. Кишвари Туркистон ба панҷ вилоят тақсим карда шуда буд: Сирдарё, Фарғона, Самарқанд, Ҳафтрӯд (Семиречье) ва Закаспий. Ҳар як вилояти номбурдаро ба истиснои Закаспий, ки дар он ҷо сардори вилоят ҳукм меронд, губернатори ҳарбӣ идора мекард. Вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо ва волостҳо ба приставҳо тақсим карда шуда буданд.

Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Марказӣ бе- раҳмона ғорат кардани бойгарии миллии халқҳои ин ҷо оғоз ёфт. Барои ин кор мустамликадорон корхонаҳои зиёде сохтанд. Конҳои ангишти Сулукга, Қизилкиик, Шӯроб, Андиҷон, конҳои нафти Саню ва Чимиён дар водии Фарғона ва кони нафти ҷазираи Чалакони аз қабили ҳамин корхонаҳоянд. Ҳукумати Русия ба парвариши пахта ва коркарди аввалияи он диққати махсус медод. Беҳуда нест, ки дар Туркистон дар аввалҳои асри XX 230 корхонаи пахтатозакунӣ кор мекард, ки бисёрии онҳо дар водии Фарғона буданд. Дар иқтисоди Осиёи Марказӣ заводҳои чармгарӣ ва маъданкоркунӣ ҳам мақоми махсус доштанд. Онҳо асосан аз ширкати немисии “Дюршмидт” буданд.

Дар аксарияти шаҳрҳои Осиёи Марказӣ шӯъбаҳои банкҳои Русия кушода мешаванд, аз он ҷумла дар Тошкент, Самарқанд, Андиҷон, Қӯқанд, Бухорои Нав (Когон) ва шаҳрҳои дигар. “Бонки русии тиҷорати хориҷӣ” ба савдои пӯсти қароқӯлӣ маблағгузорӣ мекард. “Бонки Русу Азов” сохтмони роҳи оҳани Бухороро аз пул таъмин менамуд. “Бонки Азову Дон”, ки аз соҳибони саноати бофандагии Петербург буд, тамоми харид ва коркарди аввалияи пахтаро ба даст даровард. “Бонки ҳисобию қарздиҳии Москва” низ дар ин мустамликаи дурдасти Русия фаъолият мекард. Кам ҳам бошад, ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ сармояи Англия, Америка, Германия ва Белгия низ ворид мешавад.

Сиёсати мустамликадории Русия дар кишвари Туркистон аҳволи халқи маҳаллиро рӯз то рӯз вазнин мекард. Мардуми ин ҷо норозигии худро тавассути шӯришҳо изҳор мекарданд. Калонтарини онҳо солҳои 1885 – 1886 дар Яхсу, соли 1885 бо сардории Восеъ дар Балҷувон ва Кӯлоб, соли 1887 дар Ромит ва дахҳо шӯришҳои дигар буданд.

Шӯришҳои халқиро маъмурияти маҳаллӣ ва мустамликавии Русия бераҳмона пахш мекарданд. Дар баъзе шӯришҳои мардуми маҳаллӣ рӯҳияи истиқлолиятхоҳӣ низ мушоҳида карда мешуд.

Ҳамин тариқ, хониҳои Қӯқанд ва Хева ба мустамликаи империяи Русия табдил дода шуданд. Ҳарчанд Аморати Бухоро расман ба ҳайати империяи Русия надаромада бошад ҳам, пурра тобеи он буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …