Главная / Гуногун / Сиёсати хориҷии Ҷопон (солҳои 1860-1900)

Сиёсати хориҷии Ҷопон (солҳои 1860-1900)

Сохтмони корхонаҳои ҳарбӣ мусаллаҳшавии артиши Ҷопон ва бушели флоти пурзӯри Ҳарбии баҳрӣ дар бораи он шаҳодат медоданд, ки баъди инқилоби солҳои 1867 -1868 ин давлат ба ҷангҳои истилогарона шурӯъ мекунад. Объекти аз ҳама наздиктарини истилокунии Ҷопон Корея буд. Дар мавриди инъикоси мавзӯъҳои “Чин” ва “Корея” дар бораи ҷанги Ҷопон бар зидди Чин барои забти Корея нақл карда будем. Ин ҷо такроран мегӯем, ки соли 1877 дар байни Русия ва Ҷопон созишномае ба имзо расид, ки мувофиқи он Ҷануби Сахалин, ки онро Русия ва Ҷопон якҷоя идора мекарданд, ба Русия дода шуд ва ба ивази он Ҷопон галлаҷазираҳои Курилро гирифг. Муқовимати Чин ва Ҷопон барои ҳукмронӣ дар Корея давом намуд. Оқибат онҳо соли 1885 барои ба Корея надаровардани арташи худ созишномае бастанд. Бо вуҷуди ин Ҷопон дахолатро ба корҳои дохилии Корея бас накард. Соли 1894 бо ёрии Ҷопон Корея истиқлолияти давлатии худро аз Чин эълон кард. Ҳукумати Кореяи “соҳибистиқлол” ҳамон замон барои “ёрӣ” ба ҳукумати Ҷопон муроҷиат намуд. Ҳамин тариқ, байни Чин ва Ҷопон ҷанги солҳои 1894 – 1895 ба амал омад, ки он 17 апрели соли 1895 бо бастани Созишномаи сулҳи Симоносэк анҷом ёфт. Мувофиқи он Чин истиқлолияти Кореяро эътироф кард. Ҷазираи Тайван, галаҷазираҳои Пескадор ва нимҷазираи Ляодунро ба Ҷопон дод ва ӯҳдадор шуд, ки ба Ҷопон 300 млн иен товони ҷанг медиҳад, барои киштигардӣ якчанд бандарҳои худро мекушояд, ба ишғоли муваққатии Вайхайвэй иҷозат медиҳад ва ба Ҷопон Созишномаи таслимкоронаи тиҷоратие мебандад, ки қаблан ба мамлакатҳои Ғарб баста буд.

port-artur-v-1904g

Ҷанги солҳои 1894-1895 дар пешрафти Ҷопон марҳалаи муҳиме гардид. Даромади Ҷопон аз хориҷи кишвар афзуд. Аз соли 1894 то соли 1899 маблағгузорӣ ба саноати миллӣ ду баробар зиёд шуд. Тиҷорати хориҷӣ ҳам рӯ ба болоравӣ буд. Давлати ақибмондаи феодалии Ҷопон, ки худ объекти истилои мамлакатҳои империалистӣ буд, ба истисморгари халқҳои дигар ва ба рақиби бузурги давлатҳои империалистӣ табдил ёфт. Муваффақияти ҷанги ғоратгаронаи солҳои 1894 – 1895 бар зидди Чинро ҳукумати Ҷопон барои қабули барномаи ҳарбии тараққиёти хоҷагӣ истифода бурд. Иҷрои он барнома ба мӯҳлати 10 сол – аз соли 1896 то соли 1905 муқаррар гардида буд. Мувофиқи ин барнома нерӯҳои ҳарбии Ҷопон аз нав созмон дода шуда ва бо сипоҳи ҳозиразамон мусаллаҳ гардиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин барнома флоти ҳарбии баҳрии Ҷопон ба яке аз флотҳои пурзӯртарини ҳарбию баҳрии ҷаҳон мубаддал гардид.

Баъди ҷанги зидди Чин Ҷопон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун нерӯи фаъоли империалистӣ баромад мекардагӣ шуд. Он ба қатори давлатҳои бузургтарини империалистӣ дохил гардид. Баъди чанде Ҷопон аз бори гарони шартномаҳои нобаробар бо давлатҳои империалистӣ халос мешавад.

Дар солҳои 1904 – 1905 дар байни Ҷопон ва Русия ҷанги калон ба амал омад, ки дар ин ҷанг ҳам Ҷопон дастболо шуд ва мавқеи худро дар ҳавзаи Уқёнуси Ором боз ҳам мустаҳкамтар кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …