Главная / Маданият ва санъат / Шукр кардан бар неъматхо

Шукр кардан бар неъматхо

Шукр кардан бар неъматхо

Бидон ҳамчунон, ки ибодат кардани Ҳақ таъоло бар банда воҷиб аст, шукри неъматҳои ӯ низ бар бандагонаш воҷиб аст.

Шукри неъмат он аст, ки ба Худованд осӣ нашавӣ дар неъматҳои вай. Яъне неъмати Ҳақ таъолоро ба ғайри ризои вай сарф накунӣ.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: – Ҷабраил алайҳи-с-салом маро хабар дод, ки дар Бани Исроил обиде буд, панҷсад сол Худоро ибодат карда. Ӯ бар сари кӯҳе ҷой дошт, ки чаҳор тарафи он кӯҳ дарёи талх буд. Ба дуои он обид Худованди таъоло ӯро бад-он мақом расонид ва дар он баландӣ чашмаи оби ширин аз барои он биёфариду бар канори чашма дарахти анор ва он дарахт ба кудрати Илоҳӣ ҳар рӯз як дона анор мегирифт. Обид хар шабонгох об аз он чашма мегирифт ва он анорро аз шохи дарахт гирифта, рӯзаашро мекушод ва ҳар вақте ки намоз мегузорид, дуо мекард: – Бор Худоё, дар вақти мурдан ҷони маро дар саҷда бардор ва касеро фармон мадеҳ, ки маро ба хок дафн кунад, то дар қиёмат аз саҷда бархезам.

Худои азза ва ҷалла дуои вайро қабул карду ҷони вайро дар саҷда бардошт ва ӯ ҳамчунон дар саҷда аст, то қиёмат. Пас Ҷабраил алайҳи-с-салом гуфт: – Ҳақ таъоло маро доно гардонид, бо он ки ӯро дар қиёмат зинда гардонад ва фармон кунад Худои таъоло, ки бандаи ман ба биҳишт дароӣ ба фазли ман.

Обид гӯяд, ки ман ба меҳнату ибодати худам ба биҳишт медароям, на ба фазли ту.

Худованд ба малоика супориш дихад, ки бандаи манро ҳисобот гиред. Неъматҳое, ки ман ӯро додам ва ба тоати панҷсадсолае, ки ӯро ба назди ман аст.

Малоика хисоб кунад. Неъмати биноии чашм аз панҷсадсола тоати вай зиёда ояд. Фармон ояд, ки эй банда, ба оташ дароӣ.

Чун фариштагон ӯро ба сӯи дӯзах кашанд, обид фарёд барорад, ки Худоё, ба фазли худ маро ба биҳишт дохил кун.

Фармон расад, то обидро ба ҳисобгоҳ оранд.

Он гоҳ Худованди таъоло гӯяд: – Бандаи ман, туро ки офарид, баъд аз он ки мавчуд набудӣ?

Банда гӯяд: – Бор Худоё, ту офаридӣ.

Гӯяд: – Ин офаридан аз ҷониби ту буд ё аз раҳмати ман?

Банда гӯяд: – Худоё, аз раҳмати ту.

Боз Худованд гӯяд: – Typo бурдам бар сари кӯҳи баланд, ки пайдо кард аз миёни оби талх оби хушу ширин ва ҳар шаб, ки рӯёнид аз он дарахт анори тоза, ҳол он ки дарахти анор дар як сол як бор мева медиҳад. Боз хостӣ, ки ҷони туро дар саҷда бардорам, ҳамчунон кардам, ки ту хостӣ. Ин ҳамаро ки ато кард барои ту?

Банда гӯяд: Худоё, тy ато кардӣ.

Пас Худованд гӯяд: – ба фазлу раҳмати ман ба биҳишт дароӣ.

Он гоҳ обидро ба фазли Худованд ба биҳишт дароранд.

Ҷабраил алайхи-с-салом фармуд: – Ҳамаи чизҳо ба раҳмати Худованд аст. Аз ин ҷиҳат аст, ки ҳазрати шайх Саъдӣ гуфтааст, ки дар ҳар нафасе, ки инсон мекашад, ду неъмати Худованд мавҷуд аст ва ба ҳар неъмате шукр воҷиб аст. Яъне агар инсон нафас накашад, ӯ зинда намемонад ва ё нафас кашаду нафасро берун набарорад, дар он сурат ҳам зинда намемонад.

Пас маълум шуд, ки дар омадану рафтани нафас ду неъмати бузург будааст.

Боз Саъдии бузург мегӯяд, ки ба ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд бошад ва ба ҳар неъмате шукре воҷиб бошад аз дасту забони кӣ мебарояд, ки шукри ин неъматҳои илоҳиро ба ҷо орад, ҳеҷ кас наметавонад, ки аз ӯхдаи ин барояд.

Боз шайх Саъдӣ мегӯяд, ки барои банда ҳамон беҳ, ки аз 1 кӯтоҳӣ ва оҷизии худ узр ба даргоҳи Худо оварад. Набошад,  он чунон ки ҳазрати Худованд лоиқ ва сазовори парастиш аст, ҳеҷ инсон наметавонад, ки онро ба ҷо оварад.

Илоҳӣ, мо мискинонро тавфиқи гузоридани шукр бар неъматҳои худ арзони дорӣ ва ба фазли худ моро ба биҳишти анбарсиришт дохил гардонӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …