Главная / Гуногун / Шоми Хуҷанд – Ошхона дар ш Душанбе

Шоми Хуҷанд – Ошхона дар ш Душанбе

Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои болазаттарини миллии тоҷикӣ як ҷаҳон ҳаловат мебаред. Фазои тарабхонаи Шоми Хӯчанд бо меъмории замонавию миллӣ сохта шуда дар он мебелҳои нарму ҷолиб барои мизоҷон гузошта шудааст.

Шоми хучанд ресторан

Кормандони тарабхона барои баланд намудани таъби болидаи мизоҷони худи сатҳи баланди хизматрасонӣ ва таъомҳои пур аз лаззатро пешниҳод менамоянд.

Сурати бинои “Шоми Хучанд”

Аз дидани тарабхонаи рангобарангу пурнури Шоми Хуҷанд шумо на танҳо як ҷаҳон ҳаловат мебаред, балки азизону меҳмонони шумо низ аз даъват шудани онҳо ба ин макон хело миннатдор мешаванд.

Нури дида тоҷи сар бар меҳмонони худ мо мегӯем ва бо боварии том бар шумо баён менамоем ки аз ташрифи «Шоми Хуҷанд» шумо лаҳзаҳои хотирмонро бо худ мебаред.  Аз ин лиҳоз пешниҳод менамоем, ки фурсати муносибро истифода бурда дусту ҳамкорон ва аъзоёни оилаи худро барои истеъмоли ғизоҳои беҳтарин ба ин даргоҳи нотакрор, таклиф намоед.

Кабоби хучанди
Кабоби хучанди
Шоми Хӯчанд дар маҳаллаи 1-ум советскийи шаҳри Душанбе дар сари роҳи кӯчаи Борбад қарор дорад. Вақти кории мо аз соати 11-и нисфирӯзи то соати 22:00 шаб аст.

Барои соҳибони нақлиёт тавақуфгоҳ дар назди тарабхона, муҳайё шудаааст. Нафароне, ки бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба тарабхонаи мо омадан мехоҳанд, пас метавонанд аз истифодаи таксиҳои маршрутии №19, 33, 46 ва 25, истифода бибаранд.

Бинои тарабхона иборат аз 2 ошёна буда дар як вақт имкон дорад, ки 200 нафарро хизматрасонӣ намояд. Мизоҷоне, ки мехоҳанд чорабиниҳои оилавӣ аз ҷумла ҷашни зодрӯз ва ё баргузории вохуриҳои корӣ сари мизи кориро дар даргоҳи мо гузаронанд мо омода ҳастем, ки пешакӣ тариқи телефон ба онҳо мизҳои лозимаро банд (брон) намоем.

Рассаольник

Инчунин барои мизоҷон тарабхонаи «Шоми Хӯҷанд» масъалаи бурда расонидани хӯрокҳои миллиро ба хонаву ҷойи кори шумо, пешниҳод менамояд. Мо кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар вақти лозима, шумо хӯроки болаззатаринро дастрас намоед ва аз истеъмоли он баҳра бигиред.

Барои пардохти хизматрасонии тарабхона шумо метавонед аз истифодаи пули нақд ва ғайринақдӣ тариқи кортҳои пардохтии корти миллӣ, Visa ва Union Pay истифода баред.

ТАМОС:

http://shomi-khujand.site/

телефон: (+992) 93 166 66 66

Фри картошкаги
Фри картошкаги

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

idi-qurbon

Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …