Главная / Маданият ва санъат / Шоми дӯстӣ – консерт дар Ӯзбекистон барои Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Шоми дӯстӣ – консерт дар Ӯзбекистон барои Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок ва суханронӣ карданд.

mirziyoev

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақом ва ҳайати бонуфузи Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, ташрифи онҳоро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мардуми ӯзбек изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

ВИДЕО

Дар баромади худ Сарони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

Консерти тантанавии «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, хушу хотирмон идома ёфт.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …