Главная / Гуногун / ШОИРИ ДАРДҲО ВА ОРЗУҲО

ШОИРИ ДАРДҲО ВА ОРЗУҲО

…Низом Қосим!

Ў ба муаррифӣ ниёз надорад. Зеро чеҳраи шинос аст, ки кайҳо бо шеърҳои марғубу дилнишинаш ба дили хонандаҳо ҷо гирифтааст. Вай табиатан чун кўдак содда ва беолоиш аст. Қалбаш чун оина соф, синааш аз кина орӣ. Диле дорад нозуку ҳасос ва дардошно. Аз фахру мағруриҳо дур аст ў, садоқатманд асту меҳнатқарин. Табъаш оби равонро монад: хушу покиза. На шикоятро хуш дорад, на даъворо. Шояд аз он бошад, ки зодаи кўҳсор аст, чуноне ки худ иброз медорад:

         “Зодаи ин кўҳсори пурсадои хомушам,

         Ҳамдили ин чашмаҳои дилнавози дилкашам”.

норинисо шоираВа шеъраш ҳам чун худи ў соддаву табиӣ, равону самимист. Дар он вожае нест, ки нофаҳм ва мураккаб бошад. Аз тарафи дигар ҳар мисрааш дар печидагиҳои ҳаёт дард мекашад ва дар умқи ҳар сатраш орзуе нуҳуфтааст, ки хонандаро ба олами рангину нотакрор ҳидоят месозад. Ҳамин ду услуби баён ҳолати рўҳӣ ва мавқеъи ҷамъиятии ўро муайян мекунад. Ва дар ҳамин роҳ азму ҷазму ҷоннисорӣ менамояд. Қудрату қобилият ва маҳорати суханвариашро равшан месозад.

Дардҳо ва орзуҳои шоир такя бар худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ дорад. Яъне, ў мағз андар мағз пайванди обу гили Тоҷикистон аст. Ва ин пайвандиро хеле самимӣ, муҷассам ва равшан иброз медорад.

         “Аз манӣ ту, бо ҳама обу саробат аз манӣ,

         Аз манӣ ту, бо суруру бо азобат аз манӣ,

         Аз манӣ, бо ҷумла маъмуру харобат аз манӣ,

         Аз туям ман, аз туям, хокистарам ё оташам!”

Ва чун як фазанди дилбанд, ки дар домани файзбори ин ватан парвариш ёфтааст арзи садоқат ва эҳтирому сипос мегузорад:

         “Шўълае додам туро, бар ман ту гулхан додаӣ,

         Донае додам туро, бар ман ту хирман додаӣ…”

Низом Қосим шоири ошиқ аст. Ошиқи Ватану халқаш, ошиқи замини муқаддаси Тоҷикистон, ошиқи ободию гул-гулшукуфии диёраш, ошиқи зебоиҳои нотакрори табиати кишвараш, ошиқи шайдо ва бовафо.

       “Ман, ки кайҳоннаварди ишқи туям,

       Ту, ки беғаш самои ишқи манӣ,

       Бо хаёли ту метапам ба замин,

       Дарди ишқу давои ишқи манӣ.

       Лек гоҳе ки дар само бошам,

       Сабзу хуррам замини ишқи манӣ,

       Метапам рўзу шаб ба ёди ту боз,

       Ки қаринӣ ба ҷону тан – ватанӣ…”

Ҳамин ишқ ўро ба кўи шеър овард. Аз ин лиҳоз, шеър барои ў дард аст, исён аст, овои дили пурэҳсосу зебопараст аст. Аз ин рў, сухани ў аз сўзи дил мебарояд, аз хомааш дарди миллат, орзуву омоли миллат рўи коғази сафед метаровад. Дардҳо ва орзуҳояш бар воқеияти рўзгору муҳити маънавии мо асос ёфта, назари умумро амиқ ифода мекунад. Вале онҳоро умумӣ ва хушку холӣ не, балки бо тасвирҳои дилкашу ҷилваҳои тозаи маънӣ ва ҷолибу шоирона пайрезӣ мекунад. Аз ин рў, дорои нерўест, ки ба дарди хонанда хўрда, дар қалби ў ошён мегузоранд. Ба дарди дилҳо марҳам шуда, ба инсон андешаҳои нек ва эҳсоси пок мебахшанд. Ақлҳоро равшан намуда, шўру шавқи зиндагиро бармеангезанд.

Аз ин мисраи шоир бе душворӣ пай мебарем, ки шеър дар кадом ҳолат ва бо чӣ рўҳия гуфта шудааст:

       “Аз қалби пора-пора ду-се пора гуфтаем”.

Ва ин “ду-се пора” шууру эҳсоси моро покизагӣ бахшида, дилу дидаи моро равшан мекунад, ба ояндаи нек ҳидоят месозад.

Низом Қосим рисолати хешро фаромўш насохта, баҳри дарёфти сухани тозаю ҳақ ва воқеӣ мекўшад. Ва дар ин роҳ ба тоқату сабри қалам қоил шуда офарин мегўяд.

       “Бар тоқату ба сабри қалам офарин бигў,

       Ин бори санг мебарад аз кў ба кў қалам!

       Чандон ки ашкҳои алам мекунад нисор,

       Дорад чи гиряҳои гиреҳ дар гулў қалам”.

Қобили зикр аст, ки мо ҳар рўз мешунавем: ”Худо душмани касро ба балнисаву милиса набарад”. Ин гуфта имрўз қариб ки ба мақол табдил ёфтааст. Ҳатто бо ҳамин гуфта дуо ҳам медиҳанд. Бале, ин ҳама аз пора сар задааст. Ва шоир нигаронии худро бо чунин байтҳои таъсирбахш ифода менамояд:

       “Бас аҷибаш порагириҳои духтурҳост,

       Бас аҷибаш порабахшиҳои бемор аст!

       То нагирад пора аз бемордораш,

       Он яке ҳаргиз нахоҳад кард пора ҷисми бемораш

       Ё нахоҳад кофт ҳаргиз пораи пурдарду озораш.

       Пораҳо бигрифта духтурҳо,

       Байни хешу Бўалӣ пайвандро карданд пора,

       Дар лаби Гиппократ савгандро карданд пора”.

Шоир ба воқиаҳои аввали солҳои 90 аз диди ҷамъбасти оқилона баҳо медиҳад ва орзу мекунад, ки бо ҳамон азму талоше ки ҳамкўшӣ кардему ахтар сўхтем, кош ғамкушӣ мекардему ахтаре меафрўхтем.

            “Кош ҷои рўди хун дар ин диёр

            Ҳар тараф мерафт рўди нангу ор”.

Вале, сад афсўс, ки аз ҳасрати гулҳои пажмурда боғҳо гўристон шуданд. Ва ин дардҳо чунон аз ҳад гузаштаанд, ки шоир азизи дилашро ҳамчун офтоб дар паси девори фироқ тасвир намуда чунин хулоса мекунад:

          “Гиряам омадаву ҷониби ту механдам,

          Гиряат омадаву ҷониби ман механдӣ…”

Ва ин гиря гиряи бечорагӣ нест. Гиряи чора аст. Ба дари дидаи дунё ангушт мезанад. Ба ҳар тараф чун даво медавад. Бо вуҷуди ин баъзе сияҳкорон беҷазо мемонанд. Ва бо чунин байтҳои риққатовару таъсирбахш эҳсосоти хешро рўи коғаз меорад:

          “Беҷазо дида шабу рўз сияҳкоронро,

          Рўзу шаб, мунтазири Рўзи ҷазо, хаста шудам”.

Дар шеъри “Агар хоҳед” дар бораи бузургони адабиёти муосири мо устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода  андеша меронад. Ин шеър дар рўҳияи худшиносии худи эҷодкорон тарҳрезӣ шуда, оҳанги тозаи публитсистӣ ва адолатталабӣ дорад.

            “Пеши мо ҳар гоҳ мегўянд

            Бо насиҳатҳо адибоне:

            “Боқӣ, медонӣ, чи одам буд,

            Ё ки Турсунзода, медонӣ?!”

Ин насиҳатгарон тамаъҷўёнеанд, ки умре аз ин устодон баҳра бурданду онҳоро фаромўш карда, танҳо хешро бар ёд овардаанд. Ва беадолатӣ мекунанд, беодобӣ мекунанд, мунофиқӣ мекунанд. Гузашта аз он, насиҳат мекунанд ва ақл ёд медиҳанд. Ва Низом Қосим ғам мехўрад, сахт азоб мекашад ва бо дарду ҳасрат мегўяд, ки: “медонам шоир буданд, ғаму ҳасрати одамон дардашон буд, басо пургуноҳонро авф карданд, басо бепаноҳонро сарпаноҳ доданд. Пас аз онҳо барои адибон, имдод афсона гаштааст. Ба ҷойи паймон паймона мондааст…”.

Ва Низом Қосим аз ин ҷиҳат дар ҳайрат монда, озурдаю дилмонда ва гиламандона мепурсад:

            “Ҷумларо монданд бар инҳо,

            Мардии худро магар бурданд?

            Ё ки инҳо мардии худро

            Бо кабобу бо арақ хўрданд?!”

Вале дар охир некбинона мегўяд, ки: “медонам, то фарҳанги тоҷик боқист, онҳо подоранд”. Ва шоири ҳассосу дардошно амри дили худро бо ин мисраъҳо рўшан намуда, шеърро ҷамъбаст менамояд:

           “Лек медонам: агар хоҳед

            Боз Лоиқ рўяду Бозор,

            Боғбоне боз чун Боқӣ,

            Боз Турсунзодае даркор!”

Дар ин дунё инсоне беорзу нест. Вале орзуи шоир орзуи миллату Ватан аст. Беҳуда нест, ки дар шеъри Низом Қосим орзу ба чандин ранг изҳор мешавад. Ва ин рангҳо аз табъи худододаш сарчашма мегиранд.

Дар шеъри “Андешаи шаб” орзу мекунад, ки дил аз ғами андўҳ холӣ, сар холӣ аз фикру хаёл шабе орому ширин бихобад, то саҳар аз хоб сер бедор шавад. Вале ин ба ў муяссар намегардад.

            “Бо сад хаёле шаб саҳар шуд,

            Ман монда бо он ҳоли дерин:

            Сар пурхаёлу дил пур аз ғам,

            Чашмон тиҳӣ аз хоби ширин”.

Дар шеъри “Ҷангал” орзуҳои дили худро бо ин мисраъҳо рўшан менамояд:

         “Дар канори Ҷангали Мозандарон эй кош

         Соате фориғ зи ғавғои ҷаҳон бошам,

         Дар паноҳи шохсори ҷовидон сабзаш

         Ҷовидонӣ дур аз чашми хазон бошам”.

Бо ин ҳама бешу кам, дарду ғам шоир орзу мекунад, ки дар ватани азизаш хок шавад:

           “Доимам ҳаст ёди ин манзил

           Чун ғарибе, ки  бо ғами ватан аст,

           Андар ин ҷой зиста умре,

           Мурдан ин ҷой орзўи ман аст”.

Орзуи бузурги шоири ҳассосу дардошно Низом Қосим шукуфоии Ватану халқаш аст. Мо орзу мекунем, ки ў барои муҳаббатномаҳои сазовораш соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ гардад.

12 майи соли 2006

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …