Главная / Гуногун / Шофеъия – Мазҳаб

Шофеъия – Мазҳаб

Шофеъия, пайравони Имом Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ /767-820/ мебошанд, ки дар фиқҳ тибқи Китоб, Суннат, иҷмоъ, гуфтаҳо /ақвол/-и саҳоба ва қиёс амал мекунанд. Истеҳсонро қабул надоранд. Китобу  Суннатро дар як радиф-мусовӣ  медонанд.

Иҷмоъи асҳоб ва уламои дин низ, дар сурати бо санад будан, дар асоси далелҳои мӯътабар назди онҳо ҳуҷҷат аст. Ва аммо иҷмоъе, ки мухолифи китоб ва суннат бошад мақбул нест. Назди онҳо иҷтиҳод ба маънии қиёс аст.

Имом Шофеъӣ, аслан Қурайшӣ буда, дар Ғазза ба дунё омадааст. Ӯ ба хонадони Ҳошимиён мансуб аст ва модари ӯ, аз авлоди алавиён буд. Ва нақл аст, ки модари ӯ ба Имом Абӯҳанифа /р/, ки донои-замон ва Имоми Аъзам буд, ихлосу эҳтироми мумина дошт ва ҳине, ки тобути Имоми Аъзам /р/-ро мебурданд, Имом Шофеъӣ /р/ ба дунё омадаанд.

Шофеъияро муҳаққиқон мазҳаби расмии хилофати намояндагони баъдинаи Аббосиён мешуморанд. Ба Имом Шофеъӣ асарҳои зиёдеро нисбат додаанд, ки «Ар-Рисола» яке аз онҳост. Ӯ шогирди Имом Абӯюсуфи Яъқуби Ҳанафӣ, Имом Муҳаммади Шайбонии Ҳанафӣ, Имом Муслими Занҷӣ /фақеҳи Маккиӣ/ ва Имом Молик ибни Анас мебошад.

Шофеъиён мӯътақиданд, ки имон зиёду кам мешавад /ин ақидаву ҳукми эшон хилофи таълимоти ҳанафӣ аст-С.Б.Б/, мӯминон аҳли биҳиштанд ва имон аз се шарт-иқрор ба забон, тасдиқ ба қалб ва амал бо аркон иборат бошад. Фақеҳони машҳури шофеъия Абулҳасани Мовардӣ /974-1058/, Абулҳасани Ашъарӣ-асосгузори таълимот ва равияи динӣ-фалсафии «Ашъария» /873-941/, Ҷувайнӣ /ваф. 1085/, Абӯшуҷоъи Исфаҳонӣ /ваф.1106/, Муҳаммади Ғаззолӣ /1058-1111/, Ҷалолуддин Суютӣ /ваф, 1505/ ва дигарон мебошанд.

Дар ҳақиқат мазҳаби фиқҳии шофеъӣ, ҳадди мобайнӣ ва талфифи /электикӣ/-е аз тариқаи аҳли қиёс ва аҳли ҳадис аст, ки онҳоро қабул кардааст. Дар амал он мазҳаби соддашудаи усулҳои мазҳаби ҳанафию моликӣ мебошад, Аз ин рӯ, хеле зуд дар Сурия, Ироқ ва Миср ин ду мазҳаби аввалиро танг карда, хеле интишор ёфт. Дар ҳоли ҳозир вай дар Сурия, Лубнон, Мисру Баҳрайн, Фаластин ва Урдун мазҳаби асосӣ буда, дар Ироқ, Арабистони Ҷанӯбӣ, Покистон, Ҳиндустон, Малайзия, Эрон, Яман, Африқои Шимолӣ ва дигар манотиқи исломӣ пайравони худро дорад. 18-77.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …