Главная / Гуногун / ШИТОБ СЎИ МАРГ

ШИТОБ СЎИ МАРГ

Чун фарёди ягона хурўси маҳалла, ки дар ошёнаи нуҳўми бинои рў ба рў мезист, аз фарорасии марги шаб дарак дод, бобои Сафар бо тарс аз болин сар бардошт.

«– Оҳ! Дар хоб мондам!» – хитоб кард дар дил ў ва чанд лаҳза рўи ҷогаҳ гаранг нишаст. Сипас бо шитоб берун баромада, лаби наҳр рафт. Хоби дидаашро ба оби равон бозгуфта орзу кард, ки оқибаташ нек шавад. Баъд дасту рў шуст, таҳорат кард. Ба хона баргашта, ҷойнамоз густурд, намози бомдодро хонд. Пас аз адои намоз розу ниёзашро ба Худо арз карду аз ҷо бархост. Ва назди тиреза рафта, ба берун нигарист.

Рўзи

бе хуршед,

сарду тира,

ғубору ғуссабор

тавлид ёфта буд.

Дар ҳавлӣ оромӣ ҳукм меронд. Чунон оромие ки ҳатто дар дили бобои Сафар ташвише рў зад. Ва ў «оқибаташ ба хайр шавад» – гўён аз берун чашм канда, қафо гашт. Дар ин субҳи тираву сард ў намедонист, ки «ман дар чӣ хаёламу фалак дар чӣ хаёл». Лаҳзае нагузашта, масъала ранги дигар гирифт.

Ногоҳ овози холаи Сокина баромад ва оромии рўзи истироҳат дар як он ба ким-куҷое ғайб зад. Вай гиряи талху дилхарош карда, ким-киҳоро дуои бад мекард. Ҳуш аз сари бобои Сафар парид. То ҳол ягон бор овози ўро нашунида буд. То ҳол вай ба ҳама меҳрубон, суханони гарму нарм мегуфт, аз забонаш қанду асал мерехт. Сухани бад, ҷангу ҷанҷолро намедонист. Гапи сахташ: «Ай хонат ободе!» буд. Ҳоло оҳу фиғони холаи Сокина ба осмон дакка мезад.

– Ба ў чӣ шуда бошад? – баланд аз худ пурсид бобои Сафар ва хаёлоти ў дар як он ба куҷоҳое дакка нахўрд. – Наход ки шавҳараш…

Дилаш хала зад. Қафаси синаашро дошта истод. Дилаш даме сўзиш кард. Сипас бо маром кори худро давом дод. Саросема либос пўшид. Аз хона баромада, назди лифт омад. Он кор намекард. Ба поён шитофт, то аз асли воқеа воқиф гардад. Дар майдончаи ошёнаи сеюм се зан баланд-баланд гап мезаданд.

– Тавба, пириву хартозӣ ҳамин бошад? – мегуфт зани қадпасти ғафсе.

– Ҳа, пояш ба лаби гўр расида акнун «тўю тамошо» медиҳад, – гуфт дигарӣ, ки аз зани аввала камӣ надошт.

Бобои Сафар истод. Нафас рост кард.

– Нахандед! – қавоқашро овезон карда, дўғ зад бобои Сафар. – Ҳар зоғеро доғест!

Дар як дам ҳамсояҳо-занону мардону кўдакони бисёре дар саҳни ҳавлӣ ҷамъ омаданд. Ғалоғула, шўру мағал, тўфаланг. Кўдаке чирос зада, гирист. Холаи Сокина «Э, вой хонаам дар пуштум шуд-е!» – гўён, мегиристу худро ҳар сў мезад. Ба суолҳои касе посух намедод. Аз чашмонаш қатраҳои шашқатор шорида, дили ҳамагонро пора мекард. Аз оҳу воҳ сўхт ў. Ҳалқаш қоқ, базўр-базўр нафас мекашид. Дар ин асно бобои Сафар расида омад.

– Э, бас кунед-е! Канӣ, яктараф истед! – гуфт ў. – О, каме ҳаво расад.

Ва ў дар рў ба рўи холаи Сокина диккак нишаст.

– Ҳа, чӣ шуд, хоҳар? – бо дилсўзи пурсид ў.

– Вой, хонем! – гўён, холаи Сокина кафҳояшро бо ҳам зад. Ва чашмонаш пўшида шуданду калавида, ба замин афтод. Аз ҳуш рафт.

Яке бо ҳаяҷон пурсид:

– Наход ки мурда бошад?!

Бобои Сафар ҷавоб нагуфт, ин сў-он сў чашм давонд. Пас хитоб намуд:

– Мавҷӣ, гўш кун, нафас мекашад!

Мавҷӣ гўш ба рўи синаи холаи Сокина гузошт. Лаҳзае гўш дод. Ва сар бардошту хурсандона нидо кард:

– Зинда! Дилаш мезанад!

– Об! Об биёред! – дод зад бобои Сафар.

Яке тапар-тупур давида рафт. Ҳама дар банди изтироб. Бо таҳайюр ба холаи Сокина дида дўхта буданд. Ногоҳ аз гўшае Гурези майзада дарди чашм барин пайдо шуд. Ширакайф буд ў. Болидарўҳ, бо лабони пурханда хушу сармаст роҳ мепаймуд. Парвои оламу одам надошт.

– Аз субҳ кайфаш таранг! – бо нафрат гуфт касе.

Гурез наздик омада истод.

– Иъ-е… Чӣ гап? – суол дод ў, ки аз ниҳояти хумор чашмонаш чун чашми хурўс танг шуда буданд.

Касе ба ў ҷавоб надод. Нигоҳаш дар як нуқта қарор надошт. Оқибат нигоҳаш ба холаи Сокина қарор гирифт. Даҳонашро инҷ карда, хандиду бо ангушташ нишон дода, ба гап даромад:

– Иъ-е… Бевая кайфаш таранг-ку… Зўр-ку… Ништяк-ку…

– Бас! – дод зад як ҷавон ба сари Гурез. – Маст шуда бошӣ, рав, хоб кун!

Гурез чашмони хуморию бетаваҷҷўҳ ва нигоҳи сарду берангашро ба ҷавон нигаронда гуфт:

– Ман… маст? Хо-о-об равам?.. Э, ман… онаи зори тура… нишон медиҳам…

– Дафъ шав ноҷинс! – боз дод зад ҷавон ва дастонашро мушт карда, ба Гурез ҳамла кард. Гурез «э… эъ…» – гўён, ақибнокӣ гурехт.

Об оварданд. Бобои Сафар ба рўи холаи Сокина як панҷа об зад. Ягон раги холаи Сокина наҷунбид. Нишонае зоҳир накард. Ҳоло ҳам бедаму дуд буд. Бобои Сафар боз ба рўяш як панҷа об зад. Сипас паси гардану пушти гўшашро каме молиш дод. Ҳамаи ин кўшишҳо натиҷае надод. Бобои Сафар асабию саросема шуда, чӣ кор карданашро надониста, ба чор сў нигарист. Дар ин асно зани харобае, ки сару либоси камбағалона дошт, бо шишачаи спирти навшодир расида омад. Шишачаро кушода, пахтаеро тар карду ба назди бинии холаи Сокина бурд.

– Ҳозир парида мехезад, – мамнунона гуфт зан.

Холаи Сокина ҷунбид. Як нолиш карду чашм кушод. Оҳиста сар бардошт. Ҳуш дар сар надошт. Бобои Сафар ўро беозор бардошта шинонд. Мондагӣ обро хост ба ў нўшонад.

– Не, ана инро нўшонед, – гуфт зани миёнсоле ва ба бобои Сафар пиёлаи пур аз моеи тирарангеро дароз кард.

Бобои Сафар пиёларо гирифта:

– Ин чӣ? – пурсид.

– Қиёми гиёҳи шифобахши куҳӣ, – бо ифтихор ҷавоб дод зан.

Бобои Сафар қиёмро ба холаи Сокина нўшонд. Қиём мисли оби зулоли ҷўйбор сард ва бомазза буд. Холаи Сокина онро бо як нафас нўшид.

– Оҳ, ташаккур!..

– Боз биёрам? – пурсид зан. – Дар хона ҳаст.

– Не, не, ташаккур, – гуфт холаи Сокина.

Сипас оҳи пурсўз кашид ва боз оби дидагонаш бари рўяш шорид.

Вай гирист.

Аз бедодии замон, бемеҳрӣ, сарддилӣ, беинсофӣ, макру фиреб, ҳиллаву сеҳр, шўрии қисмат, зиндагии номард гирист.

Талх гирист.

Бо алам, бо дард гирист.

– Чӣ шуд? Чӣ гап? – дилсўзона пурсид бобои Сафар.

– «Сайд» – и «сайёдон» шудам, – дасти маломат ба зону заду нолид холаи Сокина.

– Сайд? – бо ҳайрат ба рўи холаи Сокина зеҳн монд бобои Сафар. – Сайёдонаш кӣ?

– Кӣ мешуд, «гурезаҳо»-и ноҷавонмард, – посух дод холаи Сокина ва бо таассуф илова намуд: – Кош онҳоро роҳ намедодам.

– Ваҳ, рум сиёҳ! Рост мегӣ?

– Ба шумо дурўғ, ба Худои таъоло рост.

– Хоната руфта, бурданд?

– Пок покиза, – бо таассуф гуфт холаи Сокина.

– Ҳа, якта – нимта палидҳое ёфт мешаванд, худро «гуреза» нишон дода, ба корҳои нохалафона даст мезананд.

Бобои Сафар гиребонашро гирифта, тавба кард ва оҳ аз ҷигар баровард, оби дидагонашро бо рўймолак тоза намуд.

Холаи Сокина бо сўзу бо алам воқеаро қисса кард.

 

*       *       *

 

Холаи Сокина аз кор баргашта, тағйири либос накарда, хўрок пухту ба беморхона рафт. Шавҳарашро хабар гирифта омад. Шом шуда буд. Ба хона даромада, тағйири либос карда, дасту рўй шуст. Дастурхон кушод, вале аз гулўяш чизе нагузашт. Ба андеша рафт. Тақ-тақи дар ўро як қад паронд. Сар бардошту сўи дар нигарист. Тақ-тақ такрор шуд.

«– Рустамҷон будагист, – дар дил гуфт ў. – Вай ҳеҷ гоҳ тугмаи зангро пахш намекунад».

– Ҳозир, ҳозир, – овоз баровард ў ва рафта, дарро кушод.

Дар остона ду зану як бача меистод. Сарлучу пойлуч. Гирён. Хунук хўрда буданд, чун барги бед меларзиданд.

– Кӣ шумо? Чӣ лозим?

Оне, ки ба сол хеле калон метофт, ба гап даромад.

– Оташи ҷонгудози ҷанг бехонумонамон кард. Бе касу кў монда, рў ҷониби шаҳр оварда, бегоҳӣ ба ин ҷо расидем. Ду мард аз пасамон шуд. Чӣ кунем? Куҷо равем? Пушту паноҳе надорем. Маҷбур ба ҳамин ҷо даромадем.

Ҳикояти ҳузнангез ва овози аз шикастадилӣ лабрези зан холаи Сокинаро моту мабҳут гардонд.

Зан боз ба гап даромад.

– Илтиҷо мекунам, қурбони сари бачаҳот. Дорам надорам, дар ин дунё ҳамин як хоҳару як бача дорам. Дигар мондагӣ зурётама куштанд. Қир карданд. Ҳама буду шудам ҳамин хоҳару ҳамин бачам. Тахтам, бахтам, сари сахтам ҳаминҳо. Садқаи ҳар як тори мўятон шавам. Як шаб роҳ диҳед, ки шабамона рўз кунем. Он тарафаш Худо подшоҳ. Боз ягон савобҷў ёфт мешудагист, ки ёрӣ расонад.

Холаи Сокина ба риққат омада, чӣ гуфтанашро намедонист.

– Ҳаво гарм мешуд, дар кўча ҳам хоб мекардем, – гириста, мегуфт зан.

Бача гиря мекард.

Зани ёштар ҳам гиря мекард.

Оби чашмашон шаш қатор.

Ҳолашон зор.

– Шумо ҳам модар ҳастед, – оби чашмонашро пок кардаву бинӣ кашида гуфт зан, – бояд маро бифаҳмед.

Дили холаи Сокина сўхт, бирён шуд. Беихтиёр оби чашмонаш равон гашт.

– Хонаи ҷангҷў бисўзад, – бо овози ларзон гуфт ў ва гурезаҳоро ба хона роҳ дод.

Об гарм карда, ваннаро тайёр намуд.

– Марҳамат, оббозӣ кунед, мондагиатон мебарояд, – гуфт ў.

– Не, не, лозим не, – рад намуд зан. – Мо ба чангу хок одат кардагӣ.

– Ҳа, мо гандаҳоро бало намезанад, – гуфт зани ёштар.

Вале холаи Сокина ба ҷону ҳолашон намонда, онҳоро ба оббозӣ розӣ кард.

– Ҳазор раҳмат! – гуфт зан, ки нав аз ванна баромада, мўйҳои тарашро хушк мекард. – Гўё нав аз модар таваллуд шудам. – Дар се – чор соли охир бори аввал оби гармро дидам.

Холаи Сокина гурезаҳоро ба сари дастархон шинонда, нону намак дод.

Занак гириста – гириста, нақлҳое кард, ки холаи Сокина ба даҳшат афтод.

– Ё тавба! – гиребон гирифт ў ва онҳоро дилбардори карда гуфт:

– Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад.

– Ҳа, гапатон рост, – гуфт зан. – Зеро шумо барин одамони нек бисёранд. Садқаи ҳар як тори мўятон шавам!

Баъд ба холаи Сокина як пиёла чой дод. Холаи Сокина ҳамон пиёлаи чойро нўшиданаша ёд дораду халос.

 

*       *       *

 

– Доруи хоб додаанд, палидҳо! – нидо кард касе.

– Надонам, – гуфт холаи Сокина. – Як замон бедор шавам, ки рўз шудааст. Сарам вазнин. Аз ҷой хестам. Чанд қадам мондам. Аммо сарам гирд гашт, чашмонам сиёӣ зад. Ба рўи замин афтидам. Базўр хеста, дасту рўямро шустам. Каме ба худ омадам. Бинам, аз «гурезаҳо» на пай ҳасту на ҳайдар. Хонаам ҳам хоп-холӣ. Ёфтаву тофтаро пок-покиза рўфта бурдаанд. Хонаҳо пас аз кофтуков намуди ҳузнангезе гирифта буданд.

Холаи Сокина лаб фурў баст. Хомўшии гароне ба вуқўъ пайваст. Хомўшие ба миён омад, ки шаввоси оби ҷўй, садоҳои мурғон шунида мешуданд. Хазон мерехт. Боди сабо онҳоро аз ҷое ба ҷое мекўчонд.

– Ё тавба! – гиребон гирифта, пичиррос зад бобои Сафар. – Наход аз ғазаби Худо натарсанд?!

Ин пичирроси ў гўё яхи забони ҳамаро об кард. Бо қаҳру ғазаб, нафрату адоват ашхосеро, ки аз фоҷиаи ба сари миллат омада, фоида меситонанд, дашном медоданд, нафрин мекарданд, лаънат мехонданд.

– Ух, своличҳо!

– Аҳ, разилҳо!

– Ноҷинсҳо!

– Нокасҳо!

– Палидҳо!

Ҳама якбора бо нигоҳи саволомез ба бобои Сафар нигаристанд. Вай бошад, гўё маҳз ҳаминро интизор буд, ки ду даст сўи само ба дуо бардошт.

Ҳама баҳри дуо даст бардоштанд.

Бобои Сафар нидо кард:

– Эй худо! Мо аз ту адл, ҳақ металабем! Пулу моли Сокинаи паршикастаро дар танашон заҳр бигардон! Омин!

Ҳама: «Омин!” – гуфтанд ва даст ба рўй кашиданд.

Ва боз садоҳои норозиёна баланд шуданд. Ва боз бо қаҳру ғазаб, нафрату адоват ашхосеро, ки аз фоҷиаи ба сари миллат омада, фоида меситонанд, дашном медоданд, нафрин мекарданд, лаънат мехонданд.

Ин ҷамъомади серғалоғула ба гирдиҳамойии фавқулода монанд буд. Тафовут фақат дар он буд, ки дар гирдиҳамойӣ агар як кас гап зада, дигарон гўш кунанд, дар ин ҷо ҳама гап мезаданду як кас – холаи Сокина гўш мекард.

Ногоҳ касе аз ақиб бо овози баланд дод зад:

– Ин чӣ бетартибӣ!

Ҳама ба ақиб гашта, марди паканаи шикамкалонеро диданд. Мард ношинос буд.

– Чаро гирдиҳамойӣ?! Чӣ мехоҳед?! Ҳа?!

Овозаш дағал, хиррӣ.

– Ин гирдиҳамойӣ не, – ба пеш баромада, гуфт бобои Сафар.

– Пас ин чист?!

Бобои Сафар рў ба рўи ў меистод. Мард фарбеҳ буд ва ҳаш-ҳаш нафас мекашид. Ва қаҳру ғазаб аз чашмонаш мерехт. Бобои Сафар бо як навъ тарси ҳайратомез ба марди ношинос чашм дўхт. Ҷамоат низ ҳайрон буд.

– Бубахшед, шумо кистед? – пурсид бобои Сафар.

– Худи ту кистӣ?!

– Ман?.. Ман нафақахўр, ана, дар ҳамин бино зиндагӣ мекунам.

– Дар ҳамин бино, ки зиндагӣ кунӣ, чаро маро намешиносӣ?!

– Бори аввал мебинам шуморо, – гуфт бобои Сафар.

– Чӣ, ту милисаи маҳалларо намешиносӣ?!

– Шумо милисаи маҳаллаи мо? – бо тааҷҷуб пурсид бобои Сафар.

– Ҳа!

Бобои Сафар хурсанд шуд ва воқиаро мухтасар нақл намуда, аз ў хоҳиш кард, ки ҳар чӣ зудтар чора бинад.

– Айби худаш. Кӣ гуфт, ки одамони шубҳанокро ба хонааш роҳ диҳад. Пароканда шавед! Ба номи ноҳия доғ наоред!

– Парвандаи ҷиноятӣ намекушоед? – оҳиста пурсид бобои Сафар.

– Чӣ, чӣ?! Дигар кор надорем, ки ба ҳар як майда – чўйда парвандаи ҷиноятӣ мекушоем. Чунин дуздонро доштан – бодро дар дашт доштан аст. Нишондиҳандаҳои ноҳия вайрон мешавад, номаш ба рўйихати сиёҳ меафтад.

– Астағфуруллоҳ!

Одамон мағал бардоштанд.

– Бас! – дод зад милиса. – Девонагӣ накунед!

Одамон таккон хўрданд

– Ташаббускори ин ҳама бетартибӣ ту будагистӣ?! – ба сари бобои Сафар дўғ зад соҳиби қонун.

Бобои Сафар таккон хўрд. Чун мўи ба оташ афтода дар худ печиду садое набаровард.

– Ку, пеш даро! – боз ба сари ў дўғ зад милиса.

– Ба куҷо?

– Гапа бисёр накун! – бо тундӣ гуфт милиса. – Баъд мефаҳмӣ!

Сипас ба одамон гуфт:

– Пароканда шавед!

Дар чеҳраи мардум осори ҳайрат, тарсу бим ҳувайдо гашт. Нафасҳо дар сина ҳабс шуда, сукути сангине фазоро фаро гирифт.

Хазон мерехт. Боди сабо онҳоро аз ҷое ба ҷое мекўчонд.

Рўзи

бе хуршед,

сарду тира,

ғубору ғуссабор

шитоб дошт.

Шитоб сўи марг!

25 октябри соли 1992

23 апрели соли 1995

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …