Қатори ширхӯрҳои белпой. Намояндахои ин қатор ҳаёти обӣ мегузаронанд, ки ба онҳо морж, харгӯши обӣ, тюлен, шери обӣ, гурбаи обй мисол шуда метавонад. Масалан, тюлен (хуки обӣ) сокини баҳру кӯлҳои шимолӣ буда, хӯрокаш моҳӣ аст. Тюлен дар об нағз ғӯта зада, шино мекунад.
Аммо барои афзоиш кардану дамгирӣ ба соҳил баромада, базӯр роҳ меравад ва аз андак хатар худро ба об мезанад. Тюлен сари хурд, гардани кӯтоҳ, пойҳои белшаклу бадани фарбеҳ ва мӯйҳои кӯтоҳ дорад. Дар зери пӯст қабати ғафси чарбу дорад» ки онро аз хунукӣ муҳофизат мекунад. Тюлен дар соҳил ё дар болоп яхпораҳои калони шинокунанда бача мезояду бачаҳояшро шир мемаконад ва калон мекунад. Тюленчаҳои навзод дар рӯйи бадан пашми сафеди дароз доранд, то тулак кардан дар об шино карда наметавонанд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки аҷдоди тюленҳо ширхӯрҳои хушкигард буда, дертар барои хӯрок ёфтан ба ҳаёти обӣ гузаштаанд.