Главная / Гуногун / ШИНОСИ КЎҲНА

ШИНОСИ КЎҲНА

Муаллим ҳангоми танаффуси калон ба нияти сигарета кашидану хумор шикастан аз саҳни мактаб берун омад. Сари раҳ одамони зиёд, чун ҳарвақта равуо доштанд. Ў ҳанўз фурсати гўгирд даргирондан наёфта буд, ки пеши рўяш ҷуссаи марди қоматхамидае, ки зоҳиран ба кўзапушт монанд аст, пайдо шуд. Дар танаш ҷомаи сиёҳи рангпаридаву дастони ба дуо кушодааш басо дағалу дурушт тофтанд ва кафҳои рах–рах кафидааш бараъло назари касро мерабуданд. Ҳарчанд ришаш хеле боз нотарошида ва чеҳрааш сахт афсурда, нури чашмонаш костаанд, муаллим ўро шинохт. Ин одам замоне устоди курси такмили ихтисос буд, вале худро бегона вонамуд карда ҳарфе нагуфт. Гўё банди хаёлоти худ дуди сигаретаро бар ҳаво пуф карда, аз ҷайбаш пули майда гирифта дод. Ва гуфт:

– Мўйсафед, хуб нест, ки ба ҷои гадоию садақаталабӣ кор кунӣ?

musafed

– Ба мани дардманду сарсону хонабардўш кӣ ягон кори, ақаллан оддиро бовар мекунад? Афту андомамро мебинанду… Биё, бародар, беҳтараш ба захми дилам намак мапош.

– Не, ман ҷиддӣ мегўям. Розӣ бошӣ, қаровули мактаб таъин мекунам. Кори ба синну солат мувофиқ, агар ҳазар напиндорӣ, нигоҳубини як порча замини гулзору чанд бех дарахтон, рўфтану тозагии ҳавлӣ, майдончаи варзишӣ ва атрофи мактаб бар зиммаат. Боқӣ, худат шоҳу табиат вазир. Шабҳо, ана, дар он хонача хоб меравӣ.

– Садсола шавӣ, муалим, ин чӣ рўзи нек аст, ки худованд туро рў ба рў овард.

– Дуоро баъд медиҳӣ, мўйсафед. Ҳоло рафтем, ба гирду атрофи мактаб шинос шавем, ҷои белу каланд, ҷорўбу обро нишон диҳам. Фақат гуфта монам, мабодо, ки ду–се рўз пас думро хода карда, а?

– Не, наход. Ман одами пурбадошт. Агар мурам ҳам, аввал туро огоҳ карда баъд мемирам, муаллим, бахти баччаҳоятро бинӣ…

Ин мулоқоту гуфтугў ибтидои баҳор тасодуфан ба вуқўъ пайваста буд. Мўйсафеди кўзапуштнамои ҳамеша сархам дидадаро баромад. Дере нагузашта заминҳоро нарм карда, аз кафтархона поруи хушк оварда рехт, гулу буттаҳо ҷон гирифтанд, навдаҳоро қайчӣ зад, шохҳои хушкидаи дарахтонро арра кард, ҳаррўз фишори обро баланд бурда ҳоҷатхонаи мактабро мешуст, ҳатто ҳавлиро он қадар тоза мерўфт, ки талабагони шўху бепарво аз шарм қоғазпораву пўчоқи офтобпараст ё пистаро намепартофтагӣ шуданд.

Муаллимон ба ҳайрат афтода мегуфтанд:

– Ин мўйсафед чӣ асроре, чӣ ҷодуе дорад.

Мўйсафед бо ҳамон соддагии ба худ хос ҳар дафъа такроран таъкид менамуд, ки бачаҳо ба муҳити тоза бояд одат кунанд, рўҳашон баланд мешавад. Муҳит зуҳуроти бузург аст.

Ва механдид.

Тобистон овоза паҳн гашт, ки назди мактаб ярмарка рост мекардаанд. Чанд рўз пас растаҳои ранг ба ранг пайдо шуданд. Баъд соҳиби ярмарка омад. Мўйсафедро ёфт. Гуфт, ки шабонгоҳ растаҳоро посбон шавад, то субҳдам чор тарафашро рўбучин намояд, фурўшандаҳо ҳаррўз ҳаққи заҳматашро медиҳанд.

Шумораи растаҳо рўз то рўз меафзуд. Азбас ҳар саҳар, ки рисқашро медоданд, ў бошавқ то соатҳои дувоздаҳ–яки шаб мерўфт, коғазпораву қуттиҳои картонии корношоям, халтаҳои даридаи нодаркор, шишаҳои холӣ, пасмондаи сигаретаро ҷамъ оварда ба партовгоҳ мебурд, ҳатто об мезад, хуллас, чангу ғуборро дур меандохт. Мўйсафед танбалӣ накарда, роҳравҳои аз ҳудуди ярмарка берунро низ мерўфт ва аз фурўшандагони сабзавоту меваҷот, қуруту самбўса, ҷурғоту офтобпараст, нону сигарета, пайваста маблағ меситонд.

Тирамоҳ ҳам фаро расид. Зимистони сербарф низ гузашт.

Мудири мактаб аҳён–аҳён пай мебурд, ки мўйсафед дуру дароз тавассути телефони сари роҳ бо касе гуфтугузор, баҳсу талош мекунад. Аммо боре ҳам нашудааст, ки ў ба ҷое рафта ё касе ба суроғаш омада бошад. Ва дар тааҷҷуб мемонд.

Тифоқо ҳангоми дарс аз паси тиреза дид, ки зани миёнақади хушлибосе ба мўйсафед сўҳбат дорад. Ў аз бағалкиссаш коғазпечеро бароварда ба он зан дароз кард. Вай бо ишораи даст гирифтан нахост. Мўйсафед маҷбур намуд. Зан ўро ба оғўш кашид ва лаҳзае сарашро ба китфаш гузошт. Ва онҳо хайрухуш карда, аз ҳам ҷудо шуданд.

Муаллим ботинан доим интизор мегашт, ки соате мерасаду мўйсафед худ шарҳи ҳол мегўяд. Вале ў ақаллан ҷуръат намекард, ки вориди ҳуҷраи корӣ бишавад. Сабру тоқатро аз даст дод, сўи мўйсафед ҳазломез гап парронд, ки ба пешат хонумчаҳои танноз меоянд.

– Бало, имрўз духтари хурдиам маро дидан омадааст.

– Духтари калонӣ ҳам дорӣ?

– Ҳа. Як писарам ба кадом шаҳри дур мардикорӣ рафту дигар барнагашт. Ҳамон ҷо, ба фикрам, хонаву дар кардааст.

– Чаро то ин дам ба хабаргирии духтарат намерафтӣ?

– Ман ҳатто ба хонаи худам намеравам. Поям намекашад. Баъди сари раҳматӣ ҳамсарам дигар хона ҳам намефорад. Бемор хобидам, як–ду моҳ. Гоҳу бегоҳ ин ё он ҳамсоя як лаб нон меовард. Духтари калониам боре талаб кард, ки хонаро ба номи писараш гузаронам. Гуфтам, ки як хасро ҳам ман ба гўр намебарам. Ҳамааш мерос мемонад. Саросема нашав. Ранҷид. Аз ман худро дур мегирифтагӣ шуд. Духтари хурдиам ду сол пеш таъкид кард, ки мабодо фикри занро накунам. То ки хона бегона нашавад.

– Ҷомаат, мўйсафед, пур аз дарбеҳ шудааст. нав кардан лозим.

– Кайҳост, ки маро касе ба ягон маърака даъват накардааст. Палтоям ҳам дар хона ҳайрон истодагист. Хайрият, маро аз гадоӣ раҳондед. Вагарна духтарам наздикӣ намекард. ҳарчанд, ки борҳо занг зада будам.

– Имрўз омад–ку!

– Вай дар масофаи чанд фарсах бўи пулро ҳис мекунад. Баъд калиди хонаро ҳам супоридам. Ҷои ҳуҷҷаташро ҳам гуфтам. Ваколатномаро биёрад, имзо ҳам мемонам. Дигар ин дунё бароям тангӣ карда истодааст, муаллим, фақат бо коре андармон мегардам, ки гузашти вақту соат фаромўш шавад…

Аз миён боз як сол паси сар шуд. Ярмарка хеле густариш ёфт. Мўйсафед аз байни собиқ ҳампешагонаш ду гадоро ёвар гирифт. Шабҳо ҳангоми рўбучин аз болои онҳо фармонфармоӣ мекард. Духтари калониаш низ барои рўёнидани ҳаққи наберагон, ҳар сари моҳ пеши мўйсафед меомад. Мову ў гоҳ–гоҳ аз ину он сўҳбат меоростем. Вай бештар бо талабагон рўи шинаки ҳавлии мактаб суолу ҷавоби дақикў далелнок мекард. Бачаҳо хабар надоштанд, ки мўйсафед замоне муаллим буд, муаллими хуб. Аз ин рў вайро «посбон–амак» ном мебурданд. Ва хеле оҳиста–оҳиста унс ҳам гирифтанд. Хурду калони аҳли фурўшандагони ярмарка ба ў нигоҳи меҳрнок доштанд.

Боре мўйсафед нахустин маротиба вориди кабинетам шуд. Ман беихтиёр аз ҷо хестам.

– Ман омадам, ки миннатдории худро изҳор намоям.

– Тинҷӣ аст, муаллим? – гуфтам ман.

Мо танҳо рў ба рў меистодем.

– Ҳамон лаҳзаи аввали садақа пурсиданам эҳсос карда будам, ки шумо маро шинохтеду сир бой надодед. Ва маро аз гирдоби хиҷолату шармсорӣ раҳоӣ бахшидед.

Ва хўриаш омаду шитобон рафт.

Ман карахт мондам. Ин лаҳза самимона афсўс хўрдам, зеро то ин дам ақлам нагирифт, ки аз рўи ихтисосаш соати дарс диҳам. Пагоҳӣ як ҷомаи нав овардам.

Мутаассифона дер шуда буд.

Субҳи дигар як гурўҳ талабаҳо бо ҳаяҷон дари маро кўфта хабар доданд, ки «посбон–амак» аҳволаш бад шудаасту шуморо дидан мехоҳад. Рости гап, тозон ба қаровулхона рафтам. Мўйсафед вазнин–вазнин нафас мекашид. Об додам. Фақат фурсат бигўяд: «Ба духтари хурдиам занг зада фаҳмонед. Тобутамро аз хонаам бароранд. Ҷомаамро…». Ва фикраш дар гулмонд.

Гирёну нолон духтаронаш омаданд. То ин дам мо ҷомаи кўҳнаи мўйсафедро аз танаш бароварда, ба ҳар ҳол ҷомаи навро пўшондем. Аз ҷайби куртаи мўйсафед як қабза пул баромад. Онро ба духтари хурдиаш додам. Охирин ҳарфи марҳумро ба забон овардам.

Духтари калонӣ ба ҷомаи пурдарбеҳи чиркин як назар афканду «шарт нест, ки инро хона барем, шояд боз пур аз кайк бошад…» гуфт.

Рўзи ҷумъа буд, васияташро баҷо оварда, турбаташро ба хок супоридем. Ва як маҳал сар бардошта дидам, ки қатори муаллимон даҳҳо талабагон барои гусели мўйсафед то қабристон омадаанд. Аксарашон бори нахустин.

Бо вуҷуди ин ҳама хотирам парешон монд, ҳеҷ сарфаҳм намерафтам, ки мўйсафед лаҳзаи вопасин чӣ гуфтан мехост. Ниҳоят эҳсос кардам, ки садое дар ниҳодам ҷой гирифтаву маро сўи қаровулхона ҳидоят мекунад. Вақте дарашро кушодам, акнун аниқ дарк намудам, ки он холӣ мондааст. Ҷомаи кўҳнаи сердарбеҳро сари мехи девор овезон дидам. Бари  доманашро бо ангуштон палмосидам, дар қабаташ ба назарам чунин тофт, ки мактубмонанд чизе ҳаст. Дар шафати он боз якто. Ҷомаро чаппа кардам, астараш саропо иборат аз дарбеҳу таги ҳар яки онҳо коғазе гузоштааст. Дараввал гумон кардам, ки эҳтимол васиятнома бошад. Лекин миқдораш шубҳаамро бартараф кард ва узр хоста яке аз дарбеҳҳоро, ки хеле бо ҳавсала майда дўхта шуда буд, кандам. Ва… ва… дидам, ки даруни коғази обногузар қабзаи пул ниҳон аст…

Ду нафар ҳамкоронамро шоҳид гирифта, ба хонаи мўйсафед рафтем. Хайрият ҳарду духтару шавҳаронашон чароғи хонаро рўшан медошатнд.

– Омадем, ки амонати раҳмати мўйсафедро ба шумо супорем.

– Кадом амонатро? – пурсид духтари хурдӣ.

– Ҷомаи сердарбеҳро.

– Ҳеҷ зарурат надошт, ки овора шавед. Беҳтараш ба ягон гадо медодед? – гуфт духтари калонӣ.

– Гап дар сари он, ки қабати астараш, таги ҳар дарбеҳ ба хаёлам пур аз пул аст. Пули бисёр…

Рўямро бо кафи дастонам молиш додам. Чашмам ба девор афтод, он ҷо акси чанд сол пештар гирондаи мўйсафед овезон буд. як лаҳза ба назарам чунин расид, ки ў табассум кард…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …