Салом гӯем Бибиҷон,
Шумо ба мо дилу ҷон,
Суханҳои самимӣ,
Шумо шунавед Бибӣ.
Зодрӯз муборак гӯем,
Саломатӣ хоҳонем,
Умратон дароз шавад,
Пулатон зиёд шавад.
Мо шуморо дӯст медорем,
Аз Худованд ҳоҳонем,
Ҳаргиз дардро набинед,
Хушҳолу фасон бошед!
Шумо соҳиби чор писар,
Ҳам духтари боҳунар,
Набераҳои бисёр,
Гирди дастархонба таёр,
Ҳама муборак гӯем,
Зодруз муборак гӯем,
Ҳар сол дар ин хонадон,
Зодрузатон тӯй, Бибиҷон.
Шумо модари отам,
Шумо холаи очам,
Шумо соҳиби хона,
Чун чароғи кошона,
Баракати хонадон,
Бо шумо қадраш калон,
Бобоям паҳлуятон,
Қаҳрамони ватанмон.
Имрӯз иди шумо аст,
Хурду калон, хандон аст,
Ҳама хонем тарона,
Баҳри хурсандии хона.
Янгаҳо дар дав-давон,
Саргардону ҳам сарсон,
Ҳамсояҳои азиз,
Гиретон хӯроки лазиз,
Гул барин зебо ҳастед,
Аз ҳама зебо ҳастед,
Маст кардед бобоямро,
Калон кардед моҳонро,
Ҳазор муборак гӯем,
Зодрӯз муборак гӯем,
Бӯсса туҳфа қаторрак кунем,
Рақсу миннатдорӣ кунем.
Муаллиф: ANSOR.info