Главная / Ҷамъият / Шеърҳои ошиқӣ барои духтари дустдошта ва ё писар

Шеърҳои ошиқӣ барои духтари дустдошта ва ё писар

Шеърҳои ошиқӣ дар васфи духтари дустдошат ва ё писари нағз медида аз широни тоҷик дар шакли назм барои истифодаи ҷавонон гирд оварда шудааст. Метавонед онҳоро дар шакли СМС ва почтаи электрони ба дустони худ равон намоед.

Ошиқи шеърҳо байни ҷавонон ва хусусан шахсони ошиқ хеле маъруф аст ва аз хондани он кас ҳаловат мебарад. Чунин шеърҳо дар мавриди дарди дил, изҳори таманиёт, фикру андеша, қалби дар ташвишбуда баён менамояд.

oshiq

ОТАШИ ИШҚ

Ба гумонам, ки ҷадди ман Зардушт,
На ба ҳар оташе садоқат дошт,
Оташи ишқро парастиш кард
К-у ба дил нури зиндагӣ мекошт!

Шояд аз ин сабаб ман аз хурдӣ
Оташи ишқро парасторам,
Дил фурӯзон бувад аз ин оташ,
Ман таб аз тобу сӯзи он дорам.

Дар дили ҳар касе фурӯзон шуд
Оташи ишқу шуълаҳои умед,
То абад мекунад ба вай таъзим,
Сар фароварда аз фалак Хуршед!

ДИЛИ БЕҚАРОР

Боз чун ҳар субҳдам биншастаам
Рӯи санге, бар лаби Баҳри Сиёҳ.
То шавад ором дил, дил бастаам
Ман ба ин бахри азиму мавҷҳо…

Худсарона мевазад боди баҳор,
Нарму форам…
Ҷониби ман ҳар замон
Мавҷҳои хешро беихтиёр
Мефиристад бахри шӯху бекарон.

Аз вазидан монд боди дилкушо,
Мавҷҳо гаштанд ғоиб аз назар.
Баҳр ҳам ором шуд…
Охир, чаро,
Эй дили ман, беқарорӣ ин қадар?

Не!
Дар ин ҷо дил намеёбад қарор.
Хайр
Эй базфи азим, эй мавҷҳо.
Боз дар баҳри бузурги рӯзгор
Орзу дорад дилам созад шино.

Ишқу амал

Фасли хуби баҳор,
Соҳили Вахш,
Сабзаю лола буду боди саҳар…
Менишастем ҳар ду дар гулзор
Бе маю бе пиёлаю соғар.
Масти дидори якдигар гашта
То дами субҳи нав намехуфтем,
Рози дилро ба зери пардаи шаб
Фош кардему як ба як гуфтем.

То саҳар ҳамсадои мо буд Вахш,
Роз бо мавҷ гуфта меҷӯшид.
Аз паси кӯҳхои сабзбадан
Сар баровард бехабар хуршед…

Бо дили пур зи орзую умед
Ҷониби Вахш—неъмати кӯҳсор,—
Бо суруди саҳар равон гаштем,
Мисли ҳар субҳдам, ба манзили кор
Ёри мо буд бахти мо…

Оре!
Зиндагӣ бебаҳотарин гуҳарест!
Лек бе орзую ишқу амал
Зиндагӣ дашти хушки бесамарест!

АЗ МАН АСТ

Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст,
Ғами ин кор нишоти дили ғамгини ман аст.
Дидани рӯйи туро дидаи ҷонбин бояд
В-ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст.
Ери ман бош, к и зеби фалаку зинати дахр
Аз маҳи рӯйи туву ашки чу парвини ман аст.
То маро ишқи ту таълими сухан гуфтан кард,
Халқро вирди забон мидҳаду таҳсини ман аст.
Давлати фақр, Худоё, ба ман арзонӣ дор,
К-ин каромат сабаби ҳашмату тамкини ман аст.
Воъизи шаҳнашинос ин азамат, гӯ, мафурӯш,
3-он, ки манзилгаҳи султон дили мискини ман аст.
Ё Раб, ин Каъбаи мақсуд тамошогаҳи кист?
Ки муғелони тариқаш гулу насрини ман аст?
Ҳофиз, аз қашмати Парвиз дигар қисса махон,
Ки лабаш ҷуръакаши Хусрави Ширини ман аст.

ЁР НАМЕПУРСАД ҲЕҶ

Аз мани дилшуда он ёр намепурсад ҳеҷ,
Хабаре з-ин дили афгор намепурсад ҳеҷ.
Дӣ ба сарманзили ман омаду аҳвол бидид,
Гуфт: — Чун аст туро ёр намепурсад ҳеҷ?
Гуфтамаш:- Бахти ману толеъи шӯридаи ман,
Хаста мебинадам он ёр, намепурсад ҳеҷ?
Ӯ табиби ману ман хаставу бемори ғамаш,
Чун табиб аст, ки бемор намепурсад ҳеҷ?
Ҷонам аз фурқати рӯяш ба лаб омад сад бор,
Ки аз ин дилшуда он ёр намепурсад ҳеҷ.
Дӯш дар хоб рухи чун маҳи ӯ медидам,
Ба ман ӯ гуфт: — Туро ёр намепурсад ҳеҷ?
Эй табиби азалӣ, як назаре кун моро,
Ҳофизи сӯхтаро ёр намепурсад ҳеҷ.

ОШИҚАМЕ

Ҳар куҷое биравам,
Рӯи ӯ дар назарам.
Гар равам аз дари ӯ,
Дар ҷаҳон дарбадарам.
Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!
Ҳар чӣ коре бикунам,
Пеши рӯяш хиҷилам.
Ҳусни ӯ содаю ман
Ошиқи содадилам.
Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!
Номи ӯ номаи бахт,
Номи ӯ номаи ишқ.
Эй хушо дар дили ман
Шӯру ҳангомаи ишқ!
Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!


Ошиқ

Ошиқ ҳама кас, валек Маҷнун яктост,
Олам ҳама сангзору зар кампайдост.
Чун оби тамоми баҳру қулзум шӯр аст,
Як чашмаи кӯҳсори мо беҳ з-онҳост.
Шеъре, ки зи мағзи дилу ҷон мегӯям,
Оё паи умри ҷовидон мегӯям?
Деҳқон на паи умри абад кишт кунад,
Ман ҳам сухане чу деҳқон мегӯям.
Афзун бувад аз савоби ман тақсирам,
Ҳам беш бувад хатоям аз тадбирам.
Ҳарчанд ки майли ман ҳама бар некист,
Дар байни гуноҳҳо назарногирам.
Озод набудаам зи озодии хеш,
Обод набудаам зи ободии хеш.
Бадбахтам аз он ки будаам якроҳа,
Хушбахтам аз он ки будаам ҳодии хеш.


САЛОМИ ОШИҚ

Эй дилбари хушхироми ошиқ,
Номи ту бувад паёми ошиқ.
Сармаст шудам манн аз нигоҳат,
Гӯё зи шароби ҷоми ошиқ.
Биномой чамоли хещ бар ман,
Боло чу бувад мақоми ошиқ.
Лабҳои маро зи бӯса та кун,
Шодоб бисоз коми ошиқ.
Дилро зи майи висол пур кун,
Монанд ба як-ду чоми ощиқ.
Афсонаи мо ҷаҳон шунида,
Савгани хурам ба номи ошиқ.
Дилдодаи ту Ҳаким Гӯё,
Ҷоно, бишунав саломи ошиқ.


МАРДИ ОШИҚ БА ЗАН

Умри ман чун бувад ба паймонаш,
Чорае ки дигар зи фармонаш?
Марди ошиқ кист, медонӣ?
Он ки ӯ наметарсад аз ҷонаш.
Ҳеҷ теғе наметавонад кард,
Дасти манро ҷудо зи домонаш.
Бар машомам ҳаамеша меояд.
Накҳати рӯҳбахши зулфонаш.
Гар ба рафтори худ мусулмонӣ,
Бигзар ааз чашми номусулномаш!
Дарду дармони манро ту медонӣ?
Ҳаст агар дард, ҳаст дармонаш.
Ҳоли Гӯёро ту медонӣ?
Бӯса хоҳад зи лаъли хандонаш.


Шеърҳои ошиқӣ тоҷикӣ

Баҳоре буд,
Баҳоре буду ишқе буду ёре буд,
Ғурури саркашеву ифтихоре буд.

Дарахтон ғарқи гул буданду баргу бор,
Хуморӣ буд чашми ғунчаи бедор,
Ба чашми ман, ба чашми пурхаёли ёр,
Ҷавонӣ буду ишқу лаззати дидор.

Зи чашми ӯ нигоҳи ғунча метобид,
Ба ҳар як тори мӯяш шеър мерақсид,
Ба қаддаш шӯълаи хуршед меларзид,
Зи лабхандаш гули уммед механдид.

Саропо ҳайкали ишқу таманное,
Ҷунуну шавқу тамкину шикебоӣ.
Дар ин дунёи танг оварда дунёе
Ба зебоиву барноиву шевоӣ.

Диле аз тору пуди шеъри ҳассон дошт,
Сириште пок чун субҳи баҳорон дошт,
Сиришке пок чун борони найсон дошт,
Ҷаҳони тозарӯи баъди борон дошт.

Ман аз ӯ рафтаму ҷонам дар озар рафт,
Дили гапнодароям бесару бар рафт.
Ҷунуни саркашам коҳиду аз сар рафт,
Агарчи бар дили ман неши ханҷар рафт.

Ман ӯро рӯзафзун дӯст медорам,
Ман ӯро бо дили хун дӯст медорам.
Бурун аз ҳукми гардун дӯст медорам,
Бурун аз ҳадди қонун дӯст медорам…

Баҳоре буд,
Баҳоре буду ишқе буду ёре буд,
Ҳама ҷонсӯзиям аз дӯстдорӣ буд…


РАШК

Рашк бинмуда ман аз ҳоли лабаш пурсидам:
Ки бигӯй, эй хинду
Посбони шакарӣ?
ё ки тороҷгари лаъли лабаш?
Е ҳарду?
Холи лаб фахркунон,—
Гуфт:
— Хокистари як ошиқи овора ба рӯи оташ.

ДИЛИ МАН

Дили ман шиква аз даврон надорад,
Гила аз чархи саргардон надорад.
Раҳи ман ним шуд, аммо хушам ман
Ки поёни раҳам поён надорад.
Муҳаббат! Ё маро, ғарқи гунаҳ дор
Ва ё аз макри номардон панаҳ дор!
Агар хоҳӣ чу инсон зинда бошам,
Маро чун шоири ошиқ нигаҳ дор!
Мабодо соати дил кандани ёр,
Мабодо дил ба санг афкандани ёр.
Муҳаммад кард агар меъроҷи гардун,

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …