Хона, Хона, дӯлона.
Дӯлона, хона, хона.
Дашту пушта, ҷӯву ҷар.
Паҳнову кӯҳу ёна.
Гову аспу мурғу саг
Хиргоҳе тобистона.
Як туту ду зарлолу
Бо ҳам руста сегона.
Ояд ҳар дам дар чашмам
Тасвире аз афсона.
Мошин метозад бар пеш.
Дар пас мемонал хона.
Оё бошад чашмамро,
Сери дидан? Ё на?