Главная / Гуногун / Шеър дар бораи Коронавирус

Шеър дар бораи Коронавирус

Аз кӯча ҳазар кардаву дар хона нишинед,
Андеша ба сар кардаву дар хона нишинед.
Дар кӯча бало аст,балое, ки набинӣ,
Бо ақл назар кардаву дар хона нишинед.

Бо гӯшӣ аз ин ҳол бипурсед азизон,
Аз ҳол хабар кардаву дар хона нишинед.
Фарёд касе кард, ки “эй дӯст, куҷоӣ?”
Гӯш аз ҳама кар кардаву дар хона нишинед.

img_4452-2Дар тезиву дар шӯриву дар талх даҳонро
Нотарсида, тар кардаву дар хона нишинед.
Ғамкуш зи “АДИБ” аст китобе, ки бигиред,
Шодона зи бар кардаву дар хона нишинед.

Наздик ба ҳам будани мо айни замоннест,
Дурӣ зи хатар кардаву дар хона нишинед.
Аз доми бало роҳи раҳидан зи Худо аст,
“Қуръон” чу сипар кардаву дар хона нишинед.

Муаллиф: Давлат Сафар

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …