Главная / Ҷамъият / Шаҳзода – сарояндаи маъруфи Ӯзбекистон

Шаҳзода – сарояндаи маъруфи Ӯзбекистон

Шаҳзода – ин зебосанамро на танҳо дар зодгоҳаш-Ӯзбекистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо низ хурду калон ҳамчун Шаҳзода хуб мешиносанд. Дар асл номи ин паричеҳраи машҳур Зулола буда, 28-уми июли соли 1979 дар Фарғона ба дунё омадааст. Падараш Баҳодур Мусоев, доктори илмҳои фалсафа, модараш Миритха Мусоева бошад, муаллимаи забон ва адабиёти рус аст. Баҳодур Мусоев рисолаи докториашро дар шаҳри Маскав ҳимоя намуда, баҳри фатҳи қуллаҳои илм муддати 7-сол ҳамроҳи аҳли оилааш дар пойтахти Русия кору зиндагӣ кардааст. Азбакси Зулолаи хурдакак рақсидан ва сурудхониро дӯст медошт, волидони зиёияш ӯро ба яке аз мактабҳои мусиқии шаҳри Маскав доданд, вале… 

shahzoda

Булбулаки хушилҳом

Пас аз бозгашт ба Ватан Зулола ба гимназия дохил шуда, онро бо медали тилло хатм кард. Бо машварати волидонаш ин паричеҳраи донишманд ба шаҳри Киев сафар кард, то таҳсилашро дар яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии ин шаҳри қадимӣ-Донишгоҳи давлатии байналхалқии Киев идома диҳад. Азбаски дониши хуб дошт, бе ягон мушкилӣ тавонист ба ин донишгоҳи машҳур дохил шавад, вале меҳри санъат ҳамоно дар дилаш аланга зада, Зулоларо ҳатто як лаҳза ором намегузошт. Духтарак дар паси курсии донишҷӯӣ нишаста, гӯш ба садои устодон медод, вале мурғи хаёлаш баъзан беихтиёр ба олами дигар парвоз карда, худро дар саҳнаи ҳунар рӯ ба рӯи ҳазорон-ҳазор мухлисон медид…

«Жоним»-роҳ ба сӯйи муваффақият

Зулола ҳанӯз замони дар гимназия таҳсил карданаш бо Натэлла ошноӣ дошт. Ин дӯстони қарин ҳарду ошиқи суруду мусиқӣ буданд ва бо маслиҳати ҳамдигар қарор доданд, ки як ансамбли хурди ҳунарӣ ташкил намоянд. Ҳамин тавр гурӯҳи овозадори «Жоним» тавлид ёфт. Аз байн як моҳ нагузашта, Зулола суруди аввалини худро пешкаши дӯстдорони суруду мусиқӣ гардонд. Таронаҳои нахустини Зулола мухлисони зиёде пайдо карда, аз он гувоҳӣ медоданд, ки ин зебосанамро ояндаи дурахшоне дар пеш аст…

Соли 2000-ум онҳо тасмим гирифтанд, ки фаъолияти инфиродиро ба роҳ монанд. Зулола бо «Тарона рекордс» шартнома баста, ба худ тахаллуси Шаҳзодаро гирифт. Ин тахаллус барояш тӯмори шуҳрат гашта, дар фаъолияти минбаъдаи эҷодии ин бонуи ҳунарманд нақши калидиро бозид. Қомати баланду мавзун, чеҳраи зебою дилкаш ва садои махмалину дилнавозаш Шаҳзодаро дар як муддати кӯтоҳ на танҳо дар сар то сари Ӯзбекистон, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳатто Қафқоз машҳур гардонд. Акнун Шаҳзодаро дар тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ хурду калон хуб мешинохтанд ва таронаҳои марғубашро ба шӯру шавқи зиёд гӯш мекарданд…Байни замину осмон

Шаҳзода бо фатҳ кардани қуллаи шуҳрат дар давлатҳои Осиёи Миёна қаноат накарда, баҳри ба даст овардани дили шунавандагони русзабон камари ҳиммат баст. Иродаи қавӣ ва меҳнатдӯстии ин хонуми булбуловози узбек боис гашт, ки ба зудӣ дар дили ҳазорон-ҳазор  дӯстдорони суруду мусиқӣ дар саросари Русияи бузург ҷой бигирад. Ногуфта намонад, ки дар ин ҷода дуэти «Между небом и землёй» барои Шаҳзода калиди бахт гашта, ба ӯ шуҳрати беандоза овард. Шаҳзода ин таронаҳо ҳамроҳи DJ Smash суруда буд. Маҳсули ҳунари ин ду ҳунарманди асил ба зудӣ ХИТ гашта, муддати зиёд дар қатори даҳгонаи беҳтарин сурудҳои Муз –ТВ қарор дошт.


C

Тимати ба Шаҳзода ошиқ буд ё…?

Шаҳзода бо рэпсарои машҳур Тимати ремиксе эҷод кард, ки дар олами ҳунар инқилоб гашт. Баъди ин суруд миш-мишҳо пайдо шуданд, ки гӯё Тимати ва Шаҳзода мисли Лайлию Маҷнун ошиқи зори ҳамдигар ҳастанд, вале дар асл ин овозаҳо ягон асос надоштанд. Шаҳзода бо Тимати танҳо муносибати эҷодӣ дошт. Ин зебосанам на танҳо бо Тимати, балки бо дигар ҳунармандон низ дуэт сурудааст. Таронаҳои дар ҳамовозӣ бо Улуғбек ва диджейи фаронсавӣ  Шон Бей сурудаи Шаҳзода мухлисони зиёде доранд. Бояд гуфт, ки дар Русия дар қатори таронаҳои русию англисиаш сурудҳои бо забони узбекӣ хондаи Шаҳзодаро низ гӯш мекунанд ва дӯст медоранд. Ҷавонону духтарони рус бо камоли майл дар ҳавои сурудҳои узбекии Шаҳзодаи нозанин мерақсанд…

Райҳон шавҳари Шаҳзодаро дуздид?

Шаҳзода ва сароянда машҳури узбек Райҳон ба ҳамдигар мисли як себи дукафон монанданд. Ин ду бонуи ҷавону боистеъдод дар баробари шаҳобати зоҳириашон солҳо инҷониб дӯстӣ доранд. Чанде қабл дар байни мухлисони Шаҳзода овозае паҳн гашт, ки гӯё дугонаи наздикаш Райҳон дили шавҳари Шаҳзодаро бо нозу ишва рабуда, оилаи ӯро вайрон кардааст. Шаҳзода ин овозаҳоро рад карда мегӯяд, ки вай ба Райҳон бештар аз худаш боварӣ дорад ва чизе наметавонад бинои дӯстии онҳоро вайрон созад.

Шаҳзода-ситораи синамо

Шаҳзода дар баробари сарояндаи муваффақ буданаш ҳунарпешаи хуби синамо низ ҳаст. Ҳанӯз соли 2000 –ум, замоне, ки дар гурӯҳи «Жоним» сарояндагӣ мекард, ин паричеҳра дар сериали узбекии  «Фотима ва Зуҳро» нақши асосиро бозида, мухлисони синаморо ба гиря оварда буд. Ин филм на танҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна, балки берун аз ҳудуди собиқ шӯравӣ низ машҳур гашта, ҳунарманди асил будани Шаҳзодаро исбот кард.

Пас аз «Фотима ва Зуҳро» Шаҳзода дар чандин филмҳои дигар, аз ҷумла дар «Севинч», «Сарвиноз», «Зумрат ва Қиммат» нақшҳои марказиро бозида, ҳамчун актрисаи бомаҳорат ном баровард…

Зани раис

Айни замон Шаҳзода 37- сола ва ҳамсари директори «Тарона рекордс» Равшан Юлдошев мебошад. Ин зебосанам дар зиндагии оилавӣ хушбахт ва модари ду шоҳписар аст. Писари калониаш Солеҳ аз шавҳари аввалаш, писари дуюмаш Халид бошад, аз шавҳари ҳозирааш Равшан Юлдошев мебошад. Шавҳараш марди ҳалиму меҳрубон буда, ҳамеша ӯро дастгирӣ менамояд, вале барои Шаҳзода чун ҳар зани дигари шарқӣ оила дар ҷойи аввал меистад. Вай бештари вақташро ба тарбияи фарзандонаш мебахшад.

Гули қиматбаҳо

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон низ Шаҳзода ҳаводорони зиёде дорад. Санаи 18 –уми августи соли 2017 Шаҳзода бо барномаи консертиаш дар шаҳри Душанбе меҳмон шуда буд. Сафари ин бонуи машҳури узбекро ба Тоҷикистон Royal Club ташкил кард. Барномаи консертии Шаҳзода аз соати 10-и шаб то 5- субҳ идома ёфта, нархи даромад ба клуби мазкур 150 сомонӣ (17доллар) буд. Курсиҳои қатори пеш барои 8 нафар 2000 сомонӣ (227 доллар), нармкурсиҳои каме дуртар қарор дошта 1700 сомонӣ ва миз барои 4 нафар 500 сомонӣ нархгузорӣ шуда буданд. Ана ҳамин хел гули қиматбаҳо аст Шаҳзода!

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …