Главная / Без рубрики / Шартномаи зериҷораи бино: намуна

Шартномаи зериҷораи бино: намуна

Ҳамин Шартномаи иҷораи («Шартнома») баста шудаст, дар таърихи «06» июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон байни:

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шодмон», РМА № 040051039, РЯМ № 0410029924, шахси ҳуқуқӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва амал мекунад, дар шахсияти Директор шаҳрванд Сафарова Оламбибӣ, ки дар асоси Оинномаи Ҷамъият амал менамояд, минбаъд («Иҷорадеҳ»), аз як тараф ва

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди « Грант Торнтон Консалтинг », РМА № 040054930, РЯМ № 0410033310, шахси ҳуқуқӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва амал мекунад, дар шахсияти Директор шаҳрванд Чаманова Чаман, ки дар асоси Оинномаи Ҷамъият амал менамояд, ки минбаъд «Иҷорагир» номида мешавад.

Дар алоҳидагӣ “Тараф”, дар якҷоягӣ “Тарафҳо” номида мешаванд.

Тарафҳо дар хусуси зерин ба созиш омаданд:

МОДДАИ 1
ПРЕДМЕТИ ШАРТНОМА

1.1.Иҷорадеҳ ба мӯҳлати муқаррарнамудаи Шартномаи мазкур ба Иҷорагир Утоқҳои биноро ба масоҳати 28 метри мурабаъ, ки ҳамчун «Қароргоҳи маъмурӣ», воқеъ дар суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Сино-42, ошёнаи 1-уми бинои 16 ошёнага мушаххас карда шудааст, (минбъад аз руи матн «Утоқ») бо мақсади ҷойгир намудани офис (Истифодаи иҷозатдодашуда) ва истифодабарӣ ба сифати суроғаи ҳуқуқӣ, барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ (ба Зериҷора) месупорад. Иҷорагир бошад утоқҳоро қабул намуда, мувофиқи шартҳои муқаррарнамудаи Шартномаи мазкур онҳоро истифода мебарад.

МОДДАИ 2
МӮҲЛАТИ АМАЛИ ШАРТНОМА. МӮҲЛАТИ ШАРТНОМА

2.1.Мӯҳлати иҷора аз рӯи Шартномаи мазкур 6 (шаш) моҳ аз лаҳзаи имзои Санади додугирифти Утоқҳо («Санаи оғоз») аз ҷониби Тарафҳо ташкил медиҳад. Мукарароти Шартномаи мазкур ба муносибатҳои Тарафҳо аз санаи имзо намудани Шартномаи мазкур паҳн мешавад.
2.2.Иҷорадеҳ ӯҳдадор мешавад Утоқҳоро аз рӯи Санади додугирифт, на дертар аз 01 июни соли 2019 ба Иҷорагир супорад.

2.3.Дар сурати ба итмом расидани мӯҳлати Шартномаи мазкур Мӯҳлати иҷораи Утоқҳо метавонад ба 1 (як) мӯҳлати иловагии пай дар пай давомнокиаш то 1 (як) соли тақвимӣ бо ҳамин шартҳо (ба истиснои ҳаҷми иҷорапулӣ, ки метавонад бо шартҳои муқаррарнамудаи Шартномаи мазкур тағйир дода шавад) танҳо бо розигии Иљорадењ дароз карда шавад.

2.3.1.Иҷорагир бояд Иҷорадеҳро дар хусуси мақсади дароз намудани Мӯҳлати иҷора ба мӯҳлати иловагии мазкур дар шакли хаттӣ на дертар аз 30 (си) рӯзи тақвимӣ то ба итмомрасии Мӯҳлати иҷора хабардор намояд.

МОДДАИ 3
ИҶОРАПУЛӢ ВА ДИГАР ПАРДОХТҲО АЗ РӮИ ШАРТНОМА

3.1.Иҷорапулӣ аз рӯи Шартномаи мазкур аз: Иҷорапулии асосӣ (доимӣ) (музд барои Утоқҳо) ва Иҷорапулии тағйирёбанда, ки пардохти барои барқи истифодашуда аз ҷониби Иҷорагир мувофиқи нишондодҳои ҳисобкунаки электронӣ аз рӯи тарофаҳое, ки нисбати шахсони ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, дар бар мегирад, иборат мебошад.
3.2. Иҷорагир ба Иҷорадеҳ Иҷорапулиро бо сомонӣ дар ҳаҷми 1852 (Як хазору хашсаду панчох) ду сомонию 00 дирам (бо назардошти андозҳо) барои 1 моҳ пардохт менамояд.

МОДДАИ 4
ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

4.1.Ӯҳдадориҳои Иҷорагир:
4.1.1.Иҷорагир Утоқҳо истисноан мувофиқи Истифодаи иҷозатдодашуда, ки Шартномаи мазкур муқаррар намудааст, ишғол ва истифода менамояд ва ҳақ надорад Истифодаи иҷозатдодашударо бе розигии Иҷорадеҳ тағйир диҳад. Иҷорагир қонунгузории амалкунанда, аз он ҷумла, вале бидуни маҳдудият, қонунҳо ва санадҳои меъёриро оид ба иҷозатномадиҳӣ ва бурдани фаъолияти Иҷорагир, қоидаҳо ва меъёрҳои тиббию санитарӣ, қоидаҳои бехатарии кормандон ва мизоҷон, қоидаҳои зидди сӯхтор ва бехатарии экологӣ ва қоидаҳои оддии тартиботи ҷамъиятиро, ки нисбати Бино, ҳудуди назди он, Утоқҳо ва фаъолияти Иҷорагир татбиқ мегарданд, қатъиян риоя менамояд ва риояи қатъиро аз тарафи ҳамаи дигар Истифодабарандагони Иҷорадеҳ (мафҳумаш дар поён оварда шудааст) таъмин менамояд. Истилоҳи «Истифодабарандаи Иҷорагир», ки дар матни Шартномаи мазкур истифода мешавад, дар маҷмӯъ маънои Иҷорагир, соҳибмулкони он штирокчиён, директорони он, шахсони мансабдор ва кормандон, инчунин намояндагон, агентҳо ва маҳсулотсупорҳоро дорад;
4.1.2.Иҷорапулӣ ва дигар пардохтҳоро дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Шартномаи мазкур месупорад;

4.1.3.Иҷорагир ӯҳдадор мешавад Утоқҳоро дар ҳолати ботартибӣ, тозагӣ, санитарӣ ва бехатарӣ нигоҳ дорад;

4.1.4.Иҷорагир ӯҳдадор мешавад аз ҳисоби худ ва бо иштироки намояндаи хадамоти муҳандисӣ-техникии Иҷорадеҳ маводҳои масрафшавандро иваз намояд (асбобҳои равшанкунӣ, розеткаҳо, кранҳо ва ғ., ки аз ҷониби Иҷорагир дар Утоқҳо истифода мешаванд), тозакунї ва тамъмири кондисионер, дар сурати зарурат барои дар ҳолати матлуб нигоҳ доштани Утоқҳо таъмири ҷорӣ ва тағйири интерери Утоқҳоро анҷом диҳад. Ҳамчунин агар аз рӯи хунукназарии Иҷорагир барои дар ҳолати матлуб нигоҳ доштани Утоқҳо гузаронидани таъмири ҷории ороиш ва тағйиротҳои воридшуда зарур ояд, Иҷорагир ӯҳдадор мешавад аз ҳисоби худ чунин таъмир/корҳои ороиширо анҷом диҳад.

4.1.5.Иҷорагир ӯҳдадор мешавад, ки аз рӯи талаботҳои худ тарҳи Утоқҳоро тағйир надиҳад ва азнав таҷҳиз накунад, аз он ҷумла тавораҳоро бе розигии хаттии Иҷорадеҳ насб нанамояд.

4.1.6.Амалҳоеро анҷом надиҳад, ки ба ҳуқуқҳои молумулкии ба Иҷорагир додашуда ҳар гунагаронӣмеоранд, аз он ҷумла: ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро аз рӯи Шартномаи мазкур ба шахсони дигар надиҳад (иҷораи навбатӣ), молу мулки ба иҷора гирифташударо ба зериҷора насупорад (субиҷора), Утоқҳоро ба истифодаи ройгон надиҳад,ба гарав нагузорад, ҳамчун саҳмия ба сармояи оинномавии дигар ҷамъият ворид нанамояд ва ба таври дигар бе розигии хаттии Иҷорадеҳ ихтиёрдорӣ накунад;

4.1.7.Иҷорагир барои нигоҳдошти молумулки худ, таҷҳизот ва мебел, инчунин молумулки Иҷорадеҳ (бо шарти воқеан супорида шудани онҳо дар асоси Санади додугирифт), ки дар Утоқҳои ба иҷора гирифташуда ҷойгир мебошанд, ҷавобгарии истисноӣ мебарад;

4.1.8.Ба намояндагони Иҷорадеҳ ва/ё намояндагони ташкилотҳои идоракунандаи ӯ дастрасии мемамониятро ба Утоқҳои ба иҷора гирифташуда таъмин намояд;

4.1.9.Дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Шартномаи мазкур ба Иҷорадеҳ бо назардошти фарсоиши мӯътадил дар асоси Санади баргардонидан Утоқҳои ба иҷора гирифташударо баргардонад;

4.1.10.Пешакӣ бо Иҷорадеҳ ҷойгиркунии стендҳо ва лавҳаҳои рекламавиро ба мувофиқа расонад;

4.1.11.Дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Иҷорадеҳ дар ҳаҷми пурра зарари ба Бино ва/ё Утоқҳо расонидашударо ба Иҷорадеҳ ҷуброн намояд, агар чунин зарар дар натиҷаи амал/беамалии гуноҳкоронаи Иҷорагир мувофиқи қонунгузории амалкунанда ва шартҳои Шартномаи мазкур расонида шуда бошад.
4.2.Ҳуқуқҳои Иҷорагир:
4.2.1.Дар сурате, ки агар Иҷорагир саривақт дар ҳаҷми пурра ва ба таври матлуб Иҷорапулӣ ва дигар пардохтҳоро, ки ба Иҷорадеҳ аз рӯи Шартномаи мазкур тааллуқ доранд, супорад ва тамоми муқарраротҳо ва шартҳоро иҷро намояд, ки иҷрои онҳо аз Иҷорагир аз рӯи Шартномаи мазкур талаб карда мешаванд, Иҷорагир ҳақ дорад Утоқҳоро мувофиқи Истифодаи иҷозатдодашуда истифода барад ва дилхоҳ дигар ҳуқуқҳои Иҷорагирро аз рӯи Шартномаи мазкур дар давоми тамоми Мӯҳлати иҷора бидуни ҳеҷ гуна монеа аз тарафи Иҷорадеҳ ба даст орад.

4.3.Ӯҳдадориҳои Иҷорадеҳ:
4.3.1.Дар сурати садамаҳо, ки бо гуноҳи Иҷорадеҳ ба вуқуъ омадаанд ва ҳолати Утоқҳоро бадтар намуданд, барои бартараф намудани натиҷаи онҳо мусоидати дахлдор намояд;
4.3.2.Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст таъмири капиталӣ ва тармими зарурии фундамент, бом, деворҳои беруна, низоми новадони бом, пешайвон, конструксияҳои синҷи Бино ва низомҳои асоси гармикунонии Бино, низоми тақсимоти барқ, низоми обтаъминкунӣ, низоми дудгузаронӣ ва сигналдиҳии зидди сӯхтор анҷом медиҳад;

4.3.3.Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст хизматрасониро ҷиҳати нигоҳубини Бино мувофиқи муқарраротҳои Шартномаи мазкур таъмин намояд;

4.3.4.Утоқҳоро омода намуда, ба Иҷорагир дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Шартномаи мазкур бо шарти пардохти саривақтии иҷорапулӣ аз ҷониби Иҷорагир супорад;
4.3.5.Ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Шартномаи мазкур, Иҷорадеҳ ҳақ надорад барои фаъолияти Иҷорагир монеъаҳо ба вуҷуд орад. Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст бо Иҷорагир ҳамкорӣ намояд.

МОДДАИ 5
ҲАЛЛИ БАҲСҲО

5.1.Баҳсҳое, ки метавонанд ҳангоми иҷрои шартҳои Шартномаи мазкур ба миён оянд, Тарафҳо кӯшиш менамоянд, ки дӯстона бо тартиби тосудӣ ҳал намоянд: бо роҳи гуфтушунидҳо, додугирифти мактубҳо, аниқ намудани шартҳои шартнома, тартиб додани тағйироту иловаҳо ба он ва ғ. Дар ин сурат ҳар як Тараф ҳақ дорад натиҷаи ҳалли масъалаҳои ба вуҷуд омадаро дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд.

5.2.Дар сурати нарасидан ба қарори мутақобилан муфид Тарафҳо ҳақ доранд масъалаи баҳснокро барои ҳалл бо тартиби судӣ мувофиқи санадҳои меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

МОДДАИ 6
МУҚАРРАРОТҲОИ ХОТИМАВӢ

6.1.Шартномаи мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда ва тафсир карда мешавад.
6.2.Номи моддаҳо дар Шартномаи мазкур барои қулай будани ишора ба онҳо оварда шудаанд ва ба тафсири Шартномаи мазкур таъсир намерасонанд.
6.3.Ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Шартномаи мазкур танҳо бо шарти баста шудани онҳо дар шакли хаттӣ аз ҷониби Тарафҳо эътибори ҳуқуқӣ доранд.
6.4.Агар дар дигар муқарраротҳои Шартномаи мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳамаи амалҳои Тарафҳо, ки бо Шартномаи мазкур муқаррар шудаанд, аз ҷониби ҳамин Тараф аз ҳисоби худ анҷом дода мешаванд.

6.5.Шартномаи мазкур дар ду (2) нусхаи аслӣ (бо забони рӯсӣ, англисӣ ва тоҷикӣ) тартиб дода шудааст. Як (1) нусхаи аслӣ дар дасти Иҷорагир, як (1) нусхаи аслӣ дар дасти Иҷорадеҳ нигоҳ дошта мешавад. Дар сурати ихтилоф байни матнҳо Шартнома, матни тоҷикӣ он қувваи бартарӣ дорад.

СУРОҒАИ ҲУҚУҚӢ
ИҶОРАДЕҲ

ҶДММ «Шодмон»
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч.Рудаки 10
РМА №040051034
РЯМ №0410029914
Тел:+992 37 221 98 30

Директор
Сафароыв Майоамбӣ

__________________________

ИҶОРАГИР

Тоҷиева Индира Саломовна
РМА:015168379,
Шиносномаи силсилаи А018806, ки аз тарафи ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур дар санаи 22.04.2017 сол дода шудааст,
суроға ш.Душанбе, кучаи Шевчеенко 49, ҳуҷраи №33
тел:555 55 15 69

____________________ Алаева Бала

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …