Главная / Гуногун / ШАМОЛҲО ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

ШАМОЛҲО ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Барой ташаккул ёфтани иқлими Қиргизистон дурни зиёд аз укёнус, иҳота шудан бо биёбонҳои фарохи Авроосиё ва релйефи куҳй таъсири калон мерасонанд. Ба иқлими Қиргизистон ҷараёнҳои ҳавоӣ, ки дар паҳн шгудани онҳо релйефи куҳй таъ­сири бузург доранд, хеле таъсиргузор мебошанд. Баъзан ба инҷо аз ғарб ҷараёни нисбатан гарм ва нами ҳаво ворид мешаванд.

Паҳн шудани он бо обу ҳавои абрнок, боронгарӣ ва ҷудо шудани миқдори калони барф ва обшавии барф дар вақти зимистон вобаста аст.

hqdefaultҶараёнҳои рутубатноки ҳаво дар роҳи худ ба куҳҳо дучор омада, аз рӯйи нишебиҳои онҳо баланду хунук шуда, дар он ҷо қисмати калони намии бо худ овардаашонро боқӣ мегузоранд. Дар вақти зимистон ба обу ҳавои ҷумҳурии мо ҷараёни хунуки ҳаво, ки аз ҷониби Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва Сибир ворид мешаванд, таъсири бузург мегузоранд.

Ҷараёни хунуки ҳаво, ки аз ҷониби Арктика ва антиксиклони Сибир мео- янд, ноҳияи шимолии Қирғизистонро фаро гирифта, тавассути дараҳои куҳӣ ба нишебиҳои байникуҳй роҳ меёбанд.

Ҳангоми вазидани антисиклон хунук мешавад.

Ҷараёнҳои ҳавои хунук дар нишебиҳо муҳосира шуда, вақте ҳавои хунук аз паси ҳавои рутубатнок меояд, дар ноҳияҳои куҳӣ меҳ (туман) пайдо шуда, боро­ни сард ба боридан шуруъ мекунад.

Гоҳо ҷараёни хунуки арктикии ҳаво ба Қирғизистон дар охири баҳор ва ав- вали тирамоҳ меояд. Дар ин асно хунукиҳо cap мезананд, ки ба кишоварзию боғдорӣ зиёни бузург ворид мекунанд.

Ҷараёни хунуки ҳаво, ки аз Шимол омадааст, ба он ноҳияҳои Қирғизистон, ки дар водии Фарғона қарор доранд, таъсир расонида наметавонанд.

Зеро ки ин ноҳияҳо аз тарафҳои шимол тавассути қаторкуҳҳо ҳифз мешаванд.

Баъзан, дар вақти зимистон, ба ин ҷойҳо сиклонҳои ҷанубию ғарбӣ, ки аз Баҳри Миёназамин ва Ҷумҳурии Эрон меоянд, cap медароваранд. Онҳо ша- моли сарди тропикй, боришот ва боронҳои сахтро ба водии Фарғона, ба вижа боронҳои дуру дарозро ба пуштакуҳҳо меоваранд. Сиклони ҷанубу ғарби дар ди- гар ноҳияҳои Тенир-Тоо (Тёншон) паҳн гардида, микдори зиёди гармӣ меоваранд.

Ба обу ҳавои водии Иссиқ- Кӯл худи кули Иссиқ-Кӯл таъсири зиёд мерасо- над.

Ойинаи калони сатҳи об, ки тамоми сол кушода мебошад, ҳавои атрофи худро нисбатан хуб мулоим ва гарм менамояд.

Ба паҳншавии боришот шамолҳо таъсири намоён мегузоранд. Дар ин ҷой ду ҷараёни ҳаво маълум аст: шамоли ғарбй – «улан» ва шамоли шарқй – «санташ». Аз ҳама қавитаринашон – улан буда, суръати вай маъмулан то ба 20 м/с ва баъ- зан ба 40 м/с мерасад. Ба водӣ cap зада, вай регу шағалро аз замин мебардорад. Баъзан, шамолҳои улан ва санташ, дар як замон болои кӯл ба ҳам бархӯрда, гирд- бодро ташкил медиҳанд. Илова бар он, дар соҳили кӯл шамоли маҳаллй- бриз( насими баҳрӣ) пайдо мешавад. Насими рӯзона гарм буда , аз тарафи кӯл ба та- рафи куҳ вазида, насими шабонгоҳӣ ҳавои салқинро аз тарафи куҳ ба соҳили кӯл мерасонад. Дар ҳар сурат болои кӯл шамоли ғарбй бештар ҳукмрон аст. Аз ин рӯ, фарқи байни боришот дар ғарб ва шарқи водӣ хеле калон аст. Қисмати ғарб хушк буда, боришот кам дида мешавад. Дар соҳили шарқии кӯл вай наздик ба 600 мм аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …