Главная / Маданият ва санъат / Шаклҳои давлат

Шаклҳои давлат

Давлатҳо на танҳо бо моҳияту вазифа ва самту тарзи фаъолияти худ аз якдигар фарқ мекунанд, балки бо шаклҳои идоракунӣ ва сохти давлатиашон низ аз ҳамдигар фарқ доранд. Вобаста ба шакли идоракунӣ давлатҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: монархӣ ва ҷумҳуриявӣ. Монархия – чунин шакли идоракунӣ мебошад, ки дар он ҳокимияти олӣ қисман ё пурра дар ихтиёри сарвари давлат мебошад. Дар сари давлат монарх, подшоҳ, амир ва ё император меистад. Онҳо тахтро ба тариқи меросӣ ё баъзе вақт интихобӣ ба даст медароранд. Шакли давлатдории Эрон ва Ҳабашистон то инқилоб, Англия, Япония, Белгия ва ғайраҳо ба чунин давлатҳо мисол шуда метавонанд.

Дар шакли давлатдории ҷумҳуриявӣ ҳокимият ба воситаи мақомоте, ки ба мўҳлати муайян интихоб мегарданд, идора карда мешавад. Ин шакли давлатдорӣ президентӣ ва парламентӣ мешавад. Дар ҷумҳурии президентӣ ҳукумат новобаста аз ҳайати ҳизбии парламент аз тарафи Президент ташкил карда шуда, дар назди он масъулият дорад. Президент фаъолияташро мувофиқи салоҳдиди худ ба амал мебарорад. Ба чунин давлатҳо Россия, ИМА, Ўзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар ҷумҳурии парламентӣ ҳукумат аз намояндагони як ё якчанд ҳизб, ки дар парламент аксарияти ҷойҳоро ишғол менамоянд, ташкил карда мешавад.

Чунин Ҳукумат мувофиқи Конститутсия дар назди парламент масъулият дорад. Ба чунин давлатҳо Ҳиндустон, Олмон, Италия ва ғайраҳо дохил мешаванд. Давлатҳо вобаста ба сохти давлатиашон низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Сохти давлатӣ хусусияти муносибатҳои байниҳамдигарии рукнҳои давлат ва мақомоти марказиву маҳаллии онро ифода менамояд.

shaklhoi-davlat

Давлатҳо аз рўи сохти давлатиашон ягона (унитарӣ), федеративӣ ва конфедеративӣ мешаванд.

Давлати ягона шакли оддии давлатдорӣ мебошад. Вай аз қисмҳои марзию маъмурӣ, ба монанди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва ғайраҳо иборат мебошад. Дар чунин давлат мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии умумӣ вуҷуд доранд. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Франсия, Япония ва ғайраҳо.

Давлати федеративӣ шакли мураккаби давлатдорӣ мебошад. Дар он мақомоти ҳокимияти олӣ ва идоракунии барои ҳамаи федератсия умумӣ ташкил карда шуда, шаҳрвандии умумӣ вуҷуд дорад. Ҳар яке

аз аъзои федератсия дорои мақомоти ҳокимиятӣ ва идоракунӣ буда, мустақилияти нисбии худро нигоҳ медорад. Аъзои федератсия фаъолияти худро дар доираи ваколатҳое, ки аз тарафи федератсия ба онҳо дода шудааст, ба амал мебароранд. Ба чунин давлатҳо ИМА, Россия, Ҳиндустон, Мексика ва ғайра мисол шуда метавонанд. 

Дар гузашта давлатҳои конфедеративӣ низ вуҷуд доштанд. Ин давлатҳо бо мақсади ба танзим даровардани як қатор масъалаҳо мақомоти олии умумӣ ташкил менамоянд. Дар онҳо ҳудуди ягона вуҷуд надорад. Чунин давлатҳо аз ҳудуди давлатҳои алоҳида иборатанд, ки бо якдигар иттиҳод бастаанд. Дар онҳо шаҳрвандии ягона низ вуҷуд надорад, яъне ҳар як давлат дорои шаҳрвандии худ мебошад. Таҷрибаи таърихӣ исбот кардааст, ки давлатҳои конфедеративӣ дурудароз вуҷуд дошта наметавонанд. Онҳо тез барҳам мехўранд ё ба давлати федеративӣ табдил меёбанд. Дар гузашта ИМА, Нидерландия, Иттиҳоди Германия ва ғайра давлати конфедеративӣ буданд.

Давлатҳо вобаста ба низоми сиёсиашон низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Низоми сиёсӣ то андозае на танҳо шакли давлат, балки мазмуни фаъолияти онро тавсиф менамояд. Аз ин ҷо моҳиятан он меъёри муайянкунандаи шакли давлат мебошад.

Низоми сиёсӣ маҷмўи усул, тарз ва воситаҳое мебошад, ки бо ёрии онҳо ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Низоми сиёсӣ ҳолати ҳуқуқии шахсро дар ҷамъият ва давлат, ҳолати воқеии он, таъсири давлат ба ҳаёти сиёсии кишвар, шакли ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва салоҳияти онҳо ва ғайраҳо тавсиф медиҳад. Ду намуди гуногуни низоми сиёсӣ – демократӣ ва ғайридемократӣ вуҷуд дорад. Ба низоми ғайридемократӣ дар гузашта давлатҳои Олмон, Италия, Кампучия ва ғайраҳо дохил мешуданд.

Давлатҳое, ки дар асоси низоми демократӣ фаъолият менамоянд, баробарӣ ва озодии ҳамаи шахсонро эътироф карда, онҳоро на танҳо дар Конститутсия мустаҳкам менамоянд, балки дар амал ҷорӣ мекунанд. Волоияти қонун, риояи қонуният, истифодаи васеи институтҳои демократии гуногунро дар ҳаёти сиёсӣ таъмин менамоянд. Низоми демократӣ идеале мебошад, ки барои ноил шудан ба он ҳама гуна ҷамъият ва давлат кўшиш мекунад.

3.Самтҳои асосии фаъолияти давлат Давлат фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун ба амал мебарорад. Фаъолияти ҳар як давлат баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳое, ки дар ин ва ё он марҳилаи инкишоф дар назди худ мегузорад, равона шудааст. Фаъолияти давлат самтҳои зиёд дорад ва соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дигар соҳаву бахш-

ҳоро дар бар мегирад. Самтҳои фаъолияти давлат, ки барои амалӣ гардонидани вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ равона карда шудаанд, функсияи давлатро ташкил медиҳанд. Функсияҳои давлат ниҳоят гуногун буда, ҳамаи онҳо якҷоя ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:

  1. Дохилӣ. 2. Берунӣ.

Функсияҳои дохиливу берунии давлатро сиёсати дохилӣ ва берунӣ ё хориҷӣ низ меноманд.

Равиши фаъолияти давлат дар дохили мамлакат функсияи дохилии давлат мебошад ва он нақши давлатро дар амалӣ гардонидани сиёсати дохилии мамлакат ифода менамояд. Функсияҳои дохилии давлат аз функсияҳои хоҷагидорию ташкилотчигӣ, маданию тарбиявӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин андозбандӣ ва назорати молиявӣ иборат мебошад. Функияи дохилии давлат бо функсияи берунии он алоқамандии зич дорад. Сиёсати берунии давлат дар айни замон давоми сиёсати дохилии он мебошад.

Ба давлат функсияҳои зерини берунӣ хос мебошад: муҳофизати мамлакат, ҳамроҳшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ доир ба проблемаҳои глобалии ҳозиразамон, дастгирии тартиботи ҷаҳонӣ ва ғайраҳо. Функсияҳои давлат вобаста ба тараққиёти мамлакат инкишоф меёбанд. Амалӣ гардидани онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат боиси пешрафт ва мустаҳкам шудани иқтидори ҳар як давлат мегардад.

Зеро ба воситаи онҳо вазифа ва мақсадҳои давлат амалӣ карда мешаванд. Масалан, бо амалӣ гардидани функсияи ташкилию хоҷагӣ вазифаҳои ташкил кардани истеҳсолот ва танзими иқтисодиёт бо мақсади гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ба тартиб дароварда мешавад. 

Нақш ва мавқеи давлат дар ҳаёти маданию тарбиявӣ низ меафзояд. Зеро барпо кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд на фақат пешрафти иқтисодӣ, балки маданияти баланди маънавии шаҳрвандонро низ талаб менамояд. Функсияи мазкур тарбияи одамонро дар рўҳияи муносибати софдилона ба меҳнат, эҳтироми шаклҳои гуногуни моликият, ватандўстӣ, маърифати баланд ва амсоли инҳо таъмин мекунад.

Функсияи иҷтимоӣ мазмуни гуногун дошта, доираи васеи проблемаҳоро дар бар мегирад. Вале таъиноти асосии он дар таъмини беҳбудии ҷамъиятӣ ифода меёбад. Барои ин давлат кўшиш ба харҷ медиҳад, ки кафолати шуғли аҳолии қобили меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии шахсонеро, ки ба дастгирии давлат мўҳтоҷанд, аз ҷумла маъюбон, мўйсафедон, оилаҳои серфарзанд, бекорон ва ғайраҳоро таъмин намояд.

Функсияи иҷтимоӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилот, илм, фарҳанг ва саломатии шаҳрвандон дар бар мегирад. Дар ин ҷо функсияи иҷтимоӣ дар шакли дастгирии давлатии муассисаҳои таҳсилотӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва фарҳангӣ анҷом дода мешавад.

Дар ҳалли вазифаҳои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд функсияҳои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши калон мебозад. Ин функсия бо дигар функсияҳои давлат алоқамандии зич дошта, барои мустақилона ба амал баровардани онҳо ҳаматарафа мусоидат менамояд. Давлат ба воситаи ҳуқуқ вазифаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологии худро дар ҳаёт татбиқ менамояд. Меъёрҳои ҳуқуқиро қабул

карда, иҷрои онҳоро ба воситаи механизми давлатӣ таъмин менамояд. Механизми давлатӣ низоми мақомоти гуногуни давлатӣ мебошад, ки ба воситаи онҳо иҷрои вазифа ва функсияҳои давлат амалӣ гардонида

мешавад. Ба мақомоти давлатӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ (Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ); мақомоти идоракунии давлатӣ (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, ҳокимияти иҷроия); мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти маҷбуркунӣ (артиш, милиса, амният) дохил мешаванд, ки ба воситаи онҳо ҳукмронии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идеологии давлат таъмин карда мешавад.

Саволҳо

1.Давлат кай ба вуҷуд омад?

  1. Кадом шаклҳои пайдоиши давлатро медонед?

3.Моҳияти давлат дар чӣ ифода меёбад?

4.Фарқи давлат аз ҷамъияти ибтидоӣ дар чист?

  1. Нишонаҳои давлат кадомҳоянд?

6.Давлат чист?

7.Навъҳои таърихии давлат ва моҳияти онҳо аз чӣ иборат аст? 8.Шаклҳои идоракунии давлатро номбар намоед.

9.Давлати президентӣ чист?

  1. Давлати парламентӣ чист? 11.Вобаста ба сохти худ давлатҳо ба кадом намудҳо ҷудо мешаванд?
  2. Низоми сиёсӣ ва намудҳои онро фаҳмонда диҳед.
  3. Дар бораи самтҳои фаъолияти давлат маълумот диҳед.
  4. Функсияи ҳокимияти давлатӣ чист?
  5. Бафунксияҳои дохилии давлат кадом функсияҳо дохил мешаванд? 16. Ба функсияҳои берунии давлат кадом функсияҳо дохил мешаванд?

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …