Главная / Гуногун / ШАЙХ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

ШАЙХ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

kamoli-khujandiВай дар латофати сухан ва диққати маонӣ ба мартабаест, ки беш аз он мутасаввир 156 нест. Аммо муболиға дар он шеъри вайро аз ҳадди салосат берун бурдааст ва аз чошнии ишқу муҳаббат холӣ монда. Дар эроди амсол ва ихтиёри баҳрҳои сабук бо қофияҳову радифҳои ғариб, ки саҳлу мумтанеъ аст, татаббўъи157  Ҳасани Деҳлавӣ мекунад. Аммо он қадар маонии латиф, ки дар ашъори вай аст, дар ашъори Ҳасан нест ва он, ки вайро «дузди Ҳасан» мегўянд, бинобар ҳамон татаббўъ тавонад буд ва дар баъзе аз девонҳои вай ин фард дида шудааст: 

Ф а р д
Кас бар сари ҳеҷ рахна нагрифт маро,
Маълуми ҳамешавад, ки дузди Ҳасанам.

Ва баъзе аз орифон, ки ба сўҳбати Шайх Камол ва Хоҷа Ҳофиз — ҳар ду расида будаанд, чунин фармудаанд, ки сўҳбати Шайх беҳ аз шеъри вай бувад ва шеъри Ҳофиз беҳ аз сўҳбати ў.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …