Главная / Гуногун / ШАХСИЯТИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА (Р)

ШАХСИЯТИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА (Р)

(-Ва хӯшаҳо аз хирмани файзбахшу файзосо ва пурзӯҳду тақвойи маноқиби « Чароғи уммат» – Ҳазрати Имоми Аъзам разиаллоҳу анҳу).

«Лав лам ябъасуллоҳи линноси расулан, лавоҷиб ъалайҳим маърифата биъақулаҳум». Яъне: («Агар Худованд паёмбаре ҳам намефиристод, ақли мардум Худошиносиро бар эшон воҷиб мекунад». Аз ҳикматҳои лозаволи Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) 47,3).

Ҳазрати қутбул авлиёъ, фақеҳи кабир, ҳуҷҷатулислом ва имоми шаҳиру инсони комил ва пири аҳли калом ва пешвои муҷтаҳиддин ва пиру пешвойи мазҳаб «Чароғи уммат» -Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ разиаллоҳу анҳу яке аз фидоиён ва сарсупурдагон ва дилбохтагони тобиъини шариъату тариқати Ҳазрати Муҳамади Мустафо /с/ буд, ки ҳатто дар зиндагиаш оини ибодат, румӯзи бехудӣ, зиндагидорӣ ва равиши пири шариъати ғурро-Паёмбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад /с/-ро сармашқи ҳаёти худ карда буду мудом бад-он бо ихлоси комил тақлид мекард, ки мекард ва бо роҳи пурнуру зиёе ба пеш устуворона қадам мениҳод, ки ӯро ба баландқуллаи ормонҳову муроди дилаш мерасонд…

Равиши Ҳазрати Муҳаммад /с/ бад-ин гуна буд, ки омада: Асосе, ки Ҳазрати Муҳаммад /с/ барои тамаддуни Ислом устувор сохт, дар гуфторе, ки Ҳазрати Алӣ ъалайҳиссалом ибни Абӣ Толиб аз ӯ нақл мекунад, ба хубӣ ошкор аст. Ҳазрати Алӣ ъалайҳиссалом боре, аз равиши Ӯ, яъне, Расул (с) пурсид. Ҷавоб дод Ҳазрати Расули гиромӣ /с/: «-Маърифат сармояи ман аст, ақл асоси дини ман аст, муҳаббат асоси кори ман аст, шавқ, маркаби ман, ёди Худо аниси ман, эътимод ганҷинаи ман, ғам рафиқи ман, илм ҳарбаи ман, сабр ридои ман, ризоят ғанимати ман, фақр ифтихори ман, зӯҳд ҳирфаи ман, тақво мадору нерӯи ман, яқин қудрати ман, ростӣ шофеъи ман, ибодат мояи кифояти ман, кӯшиш фитрати ман аст ва хушнӯдии ман дар намоз аст».

Оре, барҳақ намоз кайфиятест, ки рӯҳи инсонро нерӯву мадорасту қудрат. Ва намоз авқоти хуш асту лаҳазоти басо ва басо гуворо ва пурнишотест, ки инсон бо Худованди худ роз мегӯяду аз Ӯ (ҷалла ҷалолаҳу) имдод металабад.

 Яъне, ба Офаридгори худ саҷда мекунад ва бандагӣ баҷо меорад. Ва Худованди раҳмонирраҳим маҳз дар авқоти хамсат (вақти фарзи қоим намоз, яъне, ибодат-фароиз, бо ҷумлаи суннатҳо, намози нафл ва салоти витри воҷиб) ва намози таҳаҷҷуд, нофила ва таровиҳ ва ъидайн ба диққате том таваҷҷӯҳ, ба бандагони худ, яъне, ба мо мекунад…

Перомуни шахсият ва мақому мартабаву қурбу манзалати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ муҳаққиқини таърихи Ислом ва таърихи мазоҳиб ва фирқаву ҷараёнҳои мухталифи Исломӣ, низ ибрози ақида намудаанд ва дар замми он андешаҳои худро бо самимияти ҳис, нисбати мартабаи «Чароғи уммат» иброз доштаанд. Аз ҷумла, муҳаққиқи таърихи исломӣ, устод Доктор Муҳаммади Ғаллоб, дар муққадимаи хеш, ба китоби устоди фозил Иноятуллоҳ Иблоғи Афғонӣ «-Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа мутакаллим» /яъне, «Имоми Аъзам Абӯҳанифа донишманди илми калом»/, ки тарҷумаи форсии мутарҷим Ф.М. Фазлӣ» бо унвони «Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва афкори ӯ аст» хеле самимона нисбати шахсияти Имоми Аъзам (р) ҳарфҳо ба қалам додаанд, ки ба назари банда, хеле ва хеле ҷолиб аст, ки дар ин бахши нигоштаҳо, онҳоро ба таври интихобӣ, ба сифати иқтибос   меорем, ки овардаанд.

Аммо баъд! Мақоми Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон /р/ дар тӯдаҳои исломӣ, бар ҳеҷ донишманд ва касе, ки машғули мутолиъайи мабодии ҷовидонаи исломӣ аст, пӯшида намебошад. Вале шӯҳрати бештари ӯ дар илм, заковат, зӯҳду тақво, малака ва маҳорати беандоза, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва илмии ҷомеъаи исломӣ, ки дар ҳама офоқ пахш гардида, дар чавкоти фиқҳ махсус шинохта мешавад, ба иллати ин, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) бузургтарин ва донишмандтарин аимаи /яъне, имомон/-и чоргонаи суннат ва ҷамоати Ислом ва дар қатори онҳо ҳойизи мартабаи аввал мебошад ва аз нигоҳи устозӣ, дар фанни қиёс /муқоиса, яъне, андозагирии-ҳукме барои амр, С.Б.Б./, ки басо мушкилоти динӣ, иҷтмоӣ, фардӣ ва фомилию тӯдаиро осон гардонида, бар руфақояш бартарӣ дошт ва ҳакими комил буд ва ҳамчунин имтиёзи дигари вай ин буд, ки дар асоси гузоштани тамоми ҷанбаҳои мазҳаби хеш бо диққати комил ба оёти шарифи Қуръонӣ ва Аҳодиси саҳеҳи набавӣ-Расули акрам /с/ истинод мекард ва аҳодисро, ки ҷузъитарин шак ва иштибоҳ дар бораи сиҳати он мавҷуд буд тарк менамуд (ва таҳрифи оёти шариф ва ҳадисҳои набавиро гуноҳи азим меҳисобид С.Б.Б). Ин эҳтиёт ва диққатро бештар аз равиши маъқули вай, ки дар ривояти аҳодиси фиқҳии хеш вазъ кардааст, метавон ба хубӣ дарк кард. Вай дар ин ришта танҳо ба аҳодисе истинод меварзад, ки аз яке аз се нафари зайл;

Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Масъуд, ки ба номи «Ибодуллаҳи сегона» ва ё «Абдуллаҳи сегона» маъруфанду ёд мешаванд, ривоят шуда бошад. Имоми Аъзам (р) то охирин дараҷа мекӯшид, ки дар умури афрод ва тӯдаҳо, аз қабили ъибодот ва муъомилот ва аҳволи шахсии эшон осонӣ ва соддагӣ, ба вуҷуд орад ва дар таъқиби ин ҳадаф танҳо ба масойили худ иктифо накард, балки ду шогирди арҷманди худаш, яъне, Имом Абӯюсуфи Яъқуб ва Имом Муҳаммади Шайбониро низ ба татбиқи равише, ки вазъ карда буд, роҳнамоӣ фармуд ва эшон хати роҳи мустақими устоди худро таъқиб карданд ва ба амалӣ намудани он аз диққат ва таври амиқ кор мегирифтанд ба қисме, ки агар ба адами ҷавози корӣ ҳукм мекарданд, вале баъдтар мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ин ҳукм мӯҷиби таколифи мардум мешавад, аз назарияи ҳурмати он, ба назарияи ҷавоз ва абоҳат бармегаштанд.

…Он чи гуфтем байни ҳамаи тӯдаҳои динӣ,  илмӣ ва иҷтимоӣ маъруф ва машҳур аст, вале қисмате аз хусусияти ин Имоми ҷалилулқадр ки то ҳадде маҷҳул боқӣ монда, иборат аст аз ҷанбаи каломӣ ва ақлии вай, ки дар зоти худ мавқуф, барҷаста ва мумтозӣ дорад. Ва аз ҳамин ҷо арзиши рисолае, ки устози фозил Иноятуллоҳ Иблоғи Афғонӣ, дар мавзӯи «Имоми Аъзам донишманди илми калом» таълиф намуда, возеҳ мегардад, ки мо онро ҳамин акнун, ба ҳайси як рисолаи ҷомеъ ва сазовори тақдир ва эҳтиром, ба хонандагон тақдим медорем…». 47.-1-9 Ва бузургии Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)-ро дар интихоб ва омӯзишу тадқиқ ва ҳалли масоили мушкилтарин илм ва дӯстдоштатарин илми Расули акрам – Ҳазрати Муҳаммад (с), яъне, илми фиқҳ низ метавон дарёфт, ва дарк кард, ки дар яке аз китобҳои маъруфи аҳли суннат ва ҷамоъат «-Салоти Масъудӣ»-и Мавлавӣ Шайх Масъуд ибни Маҳмуди Самарқандӣ омада: «Иттифоқи уламо бад-ин афтод, ки илм омӯзем ки имрӯз чизе биомӯзем ки дирӯз омӯхта набошем, пас имрӯзи мо беҳ аз дирӯз бувад».

Нақл аст, ки Имоми Аъзамро савол карданд, чӣ маънист, ки ҳамаи умри худро дар фиқҳ сарф кардӣ, дар омӯхтан ва истихроҷи масоили вай муболиға намудӣ, на дар илмҳои дигар.

Гуфт: (Имоми Аъзам (р) Расул (с) фиқҳро дӯст доштӣ ва ман бад-он сабаб дар илмҳои дигар шуғл накардам… дар ҳамаи илмҳое, ки шурӯъ кардам, чун тааммул кардам, дар ҳар яке офате дидам.

Аввал илми тибб шурӯъ кардам (мегӯяд Имоми Аъзам) ки дар вай таносоӣ ва манфиати дунёст, чун тааммул кардам, гуфтам, ки агар беморе бувад, ки вайро қазои аҷал расида бошад, ҳарчанд, ки ман вайро дору диҳам ҳеҷ манфиат накунад. Пас ман умр ва моли худро зоеъ карда бошам ва дигар он ки тиб ҳирфаи тарсоён аст. Ва дар касби дунёӣ шурӯъ кардам, ки касб кардан ҳам суннати анбиёст.

Ман ҷаҳди бисёр кардам ва касб ҳосил кардам, то аз гурӯҳи танпарварону аҳли ғофил (…мисли «доноча»-ҳо халафиҳо ва «ҳазрат»-ҳои имрӯза С.Б.Б) набошам. Чизи дунё дар даст доштам, валекин дил бар вай наниҳодам, ки дӯст доштани дунё (моли дунё-С.Б) сари ҳама хатоҳост.

Расули акрам /с/ фармудааст, ки: «Дӯст доштани дунё сари ҳамаи хатоҳост ва тарки дунё сари ҳамаи ибодатҳо аст». Ва дигар, дар илми усул муболиға накардам, ки дар вай лағжидан аст. Пурсидам, ки коре саъб аст, роҳи борик ва эътирози воҷиб. «Ва дигар, дар илми мунозира муболиға накардам, ки дар вай пирозорист ва хато бувад пиронро озурдан» 63-21-22.

Ҳазрати Имоми Аъзам (р) иллати дар илми мунозара муболиғат накардани хешро бо овардани ин ривояти саҳеҳ баён медорад, ки: «Овардаанд, ки рӯзе Амиралмӯъминин Алӣ /р/ назди Расул /с/ барои суоле омад: Чун ба  назди Расул /с/ даромад суолро фаромӯш кард. Расул /с/ пурсид: -Ё Алӣ, бо чӣ коре омадӣ? Алӣ гуфт: -Барои посух гирифтан ба суоле омадаам, аммо он суол бар ман якбора пӯшида шуд. Расул (с) гуфт: -Дар роҳ, аз ту чӣ ба вуҷуд омад? Алӣ гуфт: -Дар роҳ ҷуҳуди (яҳудӣ) пире мерафт. Ман аз вай башитоб пеш гузаштам. Расул /с/ гуфт: -Ай Алӣ, ту беадабӣ кардӣ ва пиреро озурдӣ. Бирав аз он пир бахшиш ва узр бипурс. Ҳазрати Алӣ бирафт ва аз он пир бахшишу узр бипурсид. Он ҷуҳуд гуфт: -Туро ба шарте мебахшам, ки манро назди Расул (с) бубарӣ. Алӣ (р) чунин кард. Он пирамарди ҷуҳуд, аз Расул /с/ хоҳиш намуд, ки: -Бар ман Ислом арза дор, зеро аз барои мани гумроҳ Алии бузургворро биҳилпурсӣ равон кардӣ ва илова кард, ки дини ту (Ислом) ҳақ аст ва ту Расули барҳақӣ…». Озори пирамарди ҷуҳуд, барои мусулмон раво нест (ба ғайр аз ҳолати ҷангӣ, ки чун аскар ё афсар ё роҳнамо ё сарлашкар дар сафи урдуи душман қарор гирифта бошад). Пас озор додани пирамардони мусалмон хато ва гуноҳи бузург аст. Ҳар  толибилм, ки одати озори пирон ва маъюбон ва нотавононро дорад, аз илму умри хеш ҳеҷ гоҳ манфиат (баракат) ёфта наметавонад». Ин аст дидаи бедор, андешаи мӯшикофона ва афкори дурандешшонаи фақеҳи кабир, валиюллоҳ Ҳаким Имом Абӯҳанифа /р/. Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ асосан умри мубораки хешро чуноне, ки дидем, дар илми фиқҳ, вақф ва сарф кардаанд, бинобар ин, дар ҷаҳони Ислом 1310 сол, ба ин ҷониб эшонро ҳамчун «Имоми Аъзам» ва яке аз аввалин муаллифи соҳибкитоб ва яке аз нахустин асосгузорони мактаби фиқҳи исломӣ, яъне, чун фақеҳи кабир ва имоми шаҳир мешиносанд, ва иншоаллоҳ боз ҳазорсолаҳои дигар /наслҳои оянда/ ва то ба рӯзи Ҳашр /явмулқиёмат/ хоҳанд шинохт, ӯро ҳамчун пешво ва Имоми хеш, ки шафоатхоҳи рӯзи ҷазост ва қозии рӯзи Маҳшар /пас аз ҳазрати Муҳаммад /с/-баҳри умматҳои Паёмбар, дар назди ҷамолу ҷалоли Парвардигори субҳон, ба ҳайси муқтадо.

Ва Ҳазрати Абӯҳанифа /р/ дар бораи интихоби ин илми пурзаҳмат чунин ишорате ҳам карда: «-Пас ҳама умр дар ҳамин илм /яъне илми фиқҳ-С.Б.Б/ шурӯъ кардам, ки аз хатоии вай як савоб аст ва аз савоби вай даҳ савоб аст. Расул /с/ фармудаанд «-Мар ҳар чизеро офатест ва офати дин боз мондан аз намоз аст». 63.22.

Аллома ва Муфтии Ҳиҷоз ва Имом Ал-Ҳарамайни шарифайн Мавлавӣ Шайх Шаҳобуддин Аҳмад ибни Ҳаҷар Ал-Ҳайтамӣ Ал-Маккиӣ, ки худ шофеъимазҳаб /яке аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат/ буд, китобе оиди маноқиби Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ бо унвони «Ал-Хайротал-ҳисон фӣ-маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон» навишта /соли 973-909 ҳиҷр, қамарӣ/, ки дар он перомуни шахсияти нотакрори Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/, дар асоси иқтибос аз «Эҳё ал-улум»-и Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р), омада: «-Акнун, ки сухан аз китоби «Эҳё-ал-улум»-и Имом Ғаззолӣ (р) рафт ва ситоиши Ғаззолӣ, аз Имом Абӯҳанифа /р/ дар он, бе муносибат нест, агар хулосаи аз суханони вай, дар «Эҳё ал-улум»-ро ба ин иртибот, аз китоби «Айн-ул-илм»-мухтасари «Эҳё ал-улум» дар ин ҷо нақл намоем, то бароати муаллифи он, ҳуҷҷатулислом Ғаззолӣ, аз он чи ба вай дар ин робита нисбат додаанд мубарҳан гардад: Ғаззолӣ мегӯяд: «Беҳтар ин аст, ки аз миёни аимаи чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоъат касеро интихоб намоем, ки ба занн ғолибу афзал ва аълами эшон аст, зеро чунин интихобе, ба инқиёди нафс, дар баробари суханони он Имом ва таслим, дар баробари раъйи он ва дар натиҷаи мубодират, ба имтисолу амал ба орои он мумду ангезабахш аст.

Аз ин ки бигзарем, ҳар як аз Абӯҳанифа ва Молик ва Шофеъӣ (ва Имом Аҳмади Ҳанбал-С.Б.Б) раҳматуллоҳу ъалайҳим, дар иқлиме ва билоде қабули ом ёфтанд, ки ҷуз утабоъи онон, дар он иқлим, аз мазҳаби дигар, суроғе нест, ё агар ҳам ҳаст, андак аст.

Монанди иқлими Ҳиҷозу Яман ва Мисру Шом ва Ҳалабу Ироқу Арабу Аҷам, нисбат ба Имом Шофеӣ (р) ва Мағриби Арабӣ бо тамоми фарохии худ, нисбат ба Имом Молик /р/ ва Руму Ҳинд ва Мовароуннаҳр (ва Хуросони Бузург ва тамоми билоди Афғонистон ва Покистон, Индонезия, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва Шимоли Эрон, Чин ва қисмате аз Қафқоз ва ғайра-С.Б.Б) нисбат ба Абӯҳанифа /р/ аст.

Аммо дар бораи Абӯҳанифа /р/ ва маноқиби вай мегӯем: (мегӯяд Ғаззолӣ) – Фазлу камоли вай (р) ва шӯҳрати вай, дар ибодат ва фурӯъу зӯҳд ва сахову диққати назар ва ҳаддати фикр, моро бениёз аз он месозад, ки дар фазилати вай, ба ривояте истидлол кунем, ки муҳаддисон ҷумлагӣ бар сохтагӣ будани он иттифоқи назар доранд, ҳамчун ҳадиси сохтагии: «-Абӯҳанифа сироҷу умматӣ».

Касе аз бузургон дар ҷавоб шунид, ки Борӣ Таъоло мефармояд астаъизу биллоҳ: «Ано ъинда ъилма Абӯҳанифа-Ман дар назди илми Абӯҳанифа ҳастам»… Яъне, ба ҳифз ва қабулу ризо ва илми вай баҳраандӯз мешаванд. Ва мухолифон ба пеши касвати Абӯҳанифа /р/, дар фиқҳ таслиманд. Аз ин ҷиҳат Имом Шофеъӣ /р/ гуфтааст: «-Ҳар кас мехоҳад фиқҳро бишиносад, пас Абӯҳанифа /р/ ва ёронашро мулозимат кунад».

Ва ҳам ӯ /Шофеъӣ Абдуллоҳ ибни Идрис/ гуфтааст: -Барои Молик /р/ гуфтам, Абӯҳанифаро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: -Мардеро дидам, ки агар битавонад бигӯяд, ки ин сутунро тилло мегардонам, ҳар ойина ҳуҷҷаташро иқома менамояд. Ва чун Имом Шофеъӣ /р/, ба Бағдод омад, ба зиёрати марқадаш шитофт ва дар он равзаи муборак ду ракаъат намоз гузорид ва дар ин ду ракаъат дастонашро дар ҳангоми такбир баланд накард /зеро ин амал хилофи суннат ва оийни ибодат, яъне, хилофи мазҳаби муҳаззаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳу аст-С.Б.Б/. Ва дар ривояте дигар, ин ду ракаъат, намози субҳ буд, яъне, фаҷр ва дар он дуойи «Қуннут»-и шарифро бар хилофи шеваи мазҳабаш нахонд, пас чун аз вай суол карданд, ки чаро аз рӯи мазҳабатон қунутро нахондед? Гуфт: «-Ба ҷиҳати риояти адаб, бо ин Имоми бузургвор, маро ҳаё омад, ки дар ҳузураш мухолифат бо вайро зоҳир гардонам».

Фузайл ибни Аёз, ки ҷалолати мақоми он туро басанда аст, мегӯяд: -Абӯҳанифа дар фақоҳат маъруф ва дар фурӯъу тақво машҳур буд, ва аз нишонаҳои азамати зӯҳди вай ин ривояти Абдуллоҳ ибни Муборак (р) аст, ки барои вай: -Имом Абӯҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ иродаи харидани канизеро дошт, пас бист соли тамом диранг кард /интизор шуд/ ва дар ин муддат касби огоҳию машварат менамуд, ки аз кадомин асирон харидорӣ намояд, то дар рақияти он шубҳа набошад.

Ва Назр ибни Шамил гӯяд: /Мардум аз илми фиқҳ дар хоб буданд то он ки Абӯҳанифа /р/омад ва эшонро бедор кард.

Рӯзе Абӯҳанифа /р/ бар амиралмӯъминин Мансур даромад, дар ҳоле, ки як тан аз ибод ва зуҳҳоди маъруф бо номи Исо ибни Мӯсо, дар назди вай буд, пас Исо ба Мансур гуфт: «-Ин мард олими дунё аст».

Халифа Мансур, аз Имоми Аъзам пурсид, ки донишро аз кай фаро гирифтӣ? Фармуд: -Аз ёрони Умар (р), аз Умар ва аз ёрони Алӣ (р) аз Алӣ (р) ва аз ёрони Ибни Масъуд /р/ аз Ибни Масъуд /р/. Гуфт: -Ҳаққо, ки санаде мавсуқ ироа кардӣ ва баростӣ, ки аз суқотӣ. Аммо бо ин вуҷуд Мансур дар вақойеъе, ки рӯнамо гардид, ва баъдан дар ин китоб баён хоҳем кард, иродаи ҳалоки вай кард ва он имоми ҳумомро ҷоҳилона ба шаҳодат расонд (ва бо ин амал худро ба ғазаби Парвадигор гирифтор кард-С.Б.Б). Ва чунон буд, ки чун Ҳадисе аз Расули Худо /с/ барои вай ривоят мешуд. мегуфт: «-Бар сару чашм!» Ё агар сухане аз ёрони Паёмбар /с/ ба миён меомад, мегуфт: «-Аз миёни ороашон якеро бармегирем ва ҳаргиз, аз доираи орои эшон берун намеравем» Ё агар раъйе аз тобиъин меомад, мегуфт: «-Бо эшон вориди майдон мешавем».

Дар оғоз, ними шабро зиндадор буд,(яъне, Имоми Аъзам) то он ки рӯзе аз роҳ мегузашт, ки марде ба сӯи вай ишорае кард ва гуфт: «-Ин ҳамон касе аст, ки тамоми шабро зиндадор аст». Аз он пас тамоми шабро зиндадор буд. Ва андар ин боб гуфт /Имом Абӯҳанифа/:       «-Ман аз Худои ъазза ва ҷалла ҷалолаҳу ҳаё мекунам, ки ба ибодате мавсуф гардам, ки дар ман мавҷуд набошад».

Ва яке аз солеҳон гуфта аст: – Аз Абӯҳанифа касеро дар Макка собиртар, бар тавофу намоз ва фатво надидаам, ҳаққо, ки ӯ тамоми шаб ва рӯз дар талаби охират буд.

Дар хоб, аз ҳотифе дар Каъба шунид, ки мегуфт: «-Эй Абӯҳанифа! Ба ман хидмате холисона кардӣ ва маро нек шинохтӣ, пас ба таҳқиқ, ки бар ту омӯрзидам. Яъне, аз он ҷое, ки бо эҳёи тамоми шаб ва рӯзадории бештар, аз субҳи содиқ то намози шом, бештар аёми даҳр ва базл, кӯшиш дар нашри илм, хидмате холисона бароям кардӣ ва бо итқон, дар улуми зоҳир ва ботин ва тарки дунёву эътирози куллӣ, аз он ва иқбол бар охират ва базлу тавон, дар таҳсили асбоби он, маро ба некӯтарин ваҷҳ шинохтӣ ва ба авҷнои маърифатам васл гардидӣ, пас бо иҳрози чунин сифоту камолоте ба умедвории мағфирати ман наздиктарӣ, бар ваҷҳе, ки зарраи тақсир, барои ту боқӣ намонад ва пайравонат низ, аз баракати ихлосу эҳсоси ту, то қиёмат бархӯрдор, аз ин иноятанд».

Ва ин худ башорате аст бузург, барои Абӯҳанифа /р/ ва пайравонаш, ки ононро ва умед дорад, то тамоми тавонашонро дар мутобиъату иқтидои имомашон дар абъоди ахлоқи мутаъолӣ ва сифоти покизаи вай, ки дар камтар касе ҷуз орифони вораста ва имомони муҷтаҳид ҷамъ тавонад шуд, ба харҷ диҳанд.

Ва бузургоне чанд, аз машоиху аимаи муҷтаҳид ва уламои росих барои вай /яъне, Абӯҳанифа/ шогирдӣ кардаанд, чун Имоми ҷалил Абдуллоҳ ибни Муборак /р/, Иброҳими Адҳам (р), ки бар ҷалолат ва бароату пешкасватӣ, дилогоҳиву сахопешагӣ ва зӯҳдашон ҳамагон иттифоқи назар доранд ва чун Имом Лайс ибни Саъд, Имом Молик ибни Анас, Имом Мусаъар ибни Кудом, Имом Зуфар ибни Ҳузайл, Имом Муҳаммад, Имом Абӯюсуфи Қозиёлқуззот, Имом Абӯмутеъи Балхӣ, Имом Ҳаммод ибни Абӯҳанифа /р/, Имом Абӯмуқотили Самарқандӣ, Мотаридии Самарқандӣ ва ғайри эшон ва ҳаминҳо худ туро басанд (ки ҳар яке аз эшон, дарёи илму маъониянд-С.Б.Б).

Ва барои ӯҳдадории мансаби Қузо /қозиюлқуззот/ ва хазоини байтулмол мутаҳаммили шиканҷаву озорҳои шадиде гардид, он гоҳ, ки аз қабули ин вазоиф сарбоз шуд ва азоби дунёро бар азоби охират баргузид.

Аз ин ҷиҳат чун касе аз вай назди Абдӯллоҳ ибни Муборак /р/ ба бадӣ ном бурд, гуфт: Оё мардеро ба накӯҳиш ёд мекунем, ки дунё бо ҳамаи созу барги хеш бар ӯ арза гардид, аммо ӯ аз он ба тамом гурехт. Ва ҳаргиз бо ситамгорон, дар ҳам наёмехт. Бо он, ки ҳуккоми золим аз ӯ онро мехостанд. Ва сахт бар вай илҳоҳ варзидаву таҳдидаш менамуданд?

– Ва ҳаргиз силаву ҳадяи ғажу ҳарчанд ночизро аз онон намепазируфт?! Ва аз ин ҷиҳат чун Абӯҷаъфари Мансур, ба василаи омилаш Ҳасан ибни Қаҳтаба даҳ ҳазор дирҳами ироқӣ, ба сӯи вай /Абӯҳанифа/ фиристод ва ӯ тавони радди онро надошт, писари азизаш Имом Ҳаммодро васият кард, ки чун вафот меёбад ва мадфун мешавад, он маблағро вопас ба Ҳасан ибни Қаҳтаба баргардонад. Имом Ҳаммод тибқи васияти вай яъне, падараш Имоми Аъзам чунин кард, пас Ҳасан барояш гуфт: «-Раҳмати Худованд бар падарат, ҳаққо, ки бар дини хеш бисёр ҳарис буд».

Ва ҳаргиз ба даъвати мардум, ба сӯи мазҳаби хеш машғул нашуд, магар ба ишораи набавӣ /с/ дар хоб, ба сӯи вай, ки бояд мардумро ба сӯи мазҳаби муҳаззабаш фаро хонад, баъд аз он ки аз сари тавозӯъ ва кӯчакшумории хеш, аз диди мардум пинҳон мегардид, ки мабодо аз вай коре нек ба чашми онҳо ояд, ки истиҳқоқи вайро дар фарохонии мардум, ба сӯи иқтидо ба ӯ намоён созад ва аз ӯ шӯҳрате дар ин маҷол фароҳам орад. Аммо чун изн, аз боргоҳи касе расид, ки тақсими ганҷҳои Аллоҳ таъоло /ҷалла ҷалолаҳу/ барои мустаҳқиқи он ба вай муфавваз гардида, донист, ки ин амре ҳатмӣ аст, ки ӯро аз он гурезе натавонад буд, дар ин ҳангом буд, ки мардумро ба сӯи  мазҳаби  хеш  фаро хонд, то он  ки  мазҳаби  вай  зуҳур  ёфт  ва мунташир гардид ва пайравони вай бисёр гардидаву ҳусоди (ҳосидон, бахилон – мисли фирқаҳои ҳазормазҳабаи ғарбғуломи имрӯза) вай хор шуданд ва Худои ъазза ва ҷалл Шарқу Ғарб ва Арабу Аҷамро ба василаи вай, аз сарчашмаи аҳкому маориф (Қуръону Ҳадис) баҳраманд гардонид ва худ низ дар пайравонаш баҳрае вофир ёфт, ба таври якка онон усул ва фурӯъи мазҳабашро таҳрир ва тадвин намуда ва дар манқул ва маъқули он, ба амъони назар пардохтанд. То он, ки саранҷом зербинову қавоиди мазҳаби вай (дар партави Қуръон ва Суннат С.Б.Б) устувору мустаҳкам гардид.

Чуноне, ки ҳикояти баъзе аз тазкиранигорон ва маноқибнависон муайяди ин амр аст, ки гуфтаанд: -Хоҷа Собит /р/ падари Абӯҳанифа /р/ ӯро дар кӯдакӣ назди Мавло Алӣ карамаллоҳу ваҷҳа бурд, пас Алии Муртазо /саломуллоҳу алайҳ/ барои вай ва зуррияаш дуои баракат кард. Ва файзҳое, ки насиби Абӯҳанифа /р/ гардид, аз баракати ҳамин дуои неки писараму ва домоду ёри босафои Паёмбари гиромӣ /с/ буд.

Ва ҳаргиз дар сояи девори мадюн (қарздорони) он гоҳ ки ба тақозои вомаш мерафт, наёсӯд. Ба ангезаи худдорию парҳез аз он ки чизе аз осори ҳадяи мадюн ҳамроҳи вай шавад ва барои эъломи ин нуқта, ки ӯ тамоиле ба ҳеҷ навъ лутфу ирфоқе аз сӯи мадюн надорад.

Ӯ, ки раҳмати Ҳақ бар вай бод -дар парҳез, аз боби шубаҳот ҳиззе вофир дошт. Аз ин ҷиҳат тамоми молеро, ки вакилаш барояш овард, садақа кард, он гоҳ, ки баҳои ҷомаи маъюбе, ки айби он дар ҳоли фурӯш, бар фурӯшандааш пинҳон боқӣ монда буд, бо он мол махлут гардид ва ӯ агар чанд, ки гуноҳи ноогоҳии фурӯшандаро бар зимма намекашид, лекин чун дар он навъе шубҳа буд, аз он парҳез кард. Ва далели ин ки баҳои он ҷомаро ба харидораш боз нагардонид, ин буд, ки ӯ муштариро намешинохт ва аз касби ҳаргуна иттилоъе дар бораи вай низ маъюс гардида буд, лизо он молро ҷумла тасаддуқ кард ва гуфтаанд, ки он мол се ҳазор дирҳам ё динор буд ва намунаҳое аз ин боб барои вай ба такрор воқеъ гардида чунонки дар китобҳои маноқиб омада аст…

Ва он чи, ки аз маноқиби ин Имоми ҳумом /Абӯҳанифа/ гуфтем, ҳаргиз ба маънии ҳасри ин маноқиб, дар ин калимот набуда, балки ин қатрае аст, аз дарёе, ки ҳеҷ соҳили он пайдо нест.

Ва аз шарафу фазилати камназири он яке ин буд, ки чиҳил соли тамом намози бомдодро бо вузӯи ъишоъ /намози поси шаб-хуфтан/ иқома кард, пас аз вай пурсиданд: -Чӣ чиз Шуморо бар ин ҳама риёзат тавону нерӯ мебахшад? Гуфт: «-Ман Худои ъазза ва ҷаллро ба асмои ҳуснои он, бар асоси ҳурӯфи мӯъҷам ёд кардам ва ин асмои шариф, дар ҳар як аз ояи зайл ҷамъ шудааст:

Аввал: /Муҳаммад расулуллоҳ/ – то охири Сураи «Фатҳ».

Дуввум: /Сумма унзила ъалайкум мин баъдил ғамма амонатан нуъосо /ал ояи шариф, дар Сураи «Оли Имрон».

Ӯ /яъне, Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳу/ дар моҳи мубораки Рамазон шаст бор хатми «Қуръон»-и шариф мекард, хатме дар шаб ва хатме дар рӯз. Ва ғайри ин дар маноқиби дигаре омада, ки баршумурдани ҳамаи онҳо душвор аст.

Пас раҳмати бепоёни Худо бар вай бод ва ризои Ӯ (ҷалла ҷалолаҳу) шомили ҳоли вай бод ва ҷаннатул фирдавс ҷойгоҳу иқоматгоҳи абадии вай бод, ки имоме барҳақ аст».

Ин буд суханони Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, яке аз саромадони илми калом, дар «Мухтасари-Эҳёи улум» ва бо ин суханон бароати Имом Ғаззолӣ /р/ ҳуҷҷатулислом аз он чи, ки ба вай аз таассуб нисбат додаанд мусаллам мегардад. Ва ҳошо, ки вай дар мақоми ин итҳом қарор гирад»62., 13-22.

Бале, онҷо ки ҳақиқати ҳол аст ҷои шаку шубҳа нахоҳад буд. Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ назди хосу оми уммати Расули акрам /с/ обрӯву эътибори худодод дошт, дорад ва хоҳад дошт. Дар китоби «Маноқиби Имоми Аъзам /«тарҷумаи форсии «Ал Хайрот ал-ҳисон фӣ маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъ-мон» таълифи Имомал ҳарамайни шарифайн Шайх Шаҳобуддин Аҳмад ибни Ҳаҷар Ал-Ҳайтамӣ Ал-Маккиӣ /саҳ.32-33/ дар боби ривояте, ки аз Набии акрам /с/ дар амри башорат /пайғоми некӯ, хушхабар/ ба зуҳӯри Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ омадааст:

«-Бидон, ки бузургтарин, возеҳтарин ва комилтарини ин ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим аст, аз Абӯҳурайрат р/ ва Имом Шерозӣ ва Таборонӣ, аз Қайс ибни Саъд ибни Ибода ва Ибни Масъуд разиаллоҳу анҳум, ки Расули Худо /с/ фармудаанд:

«Агар чунончи илм дар ситораи Сурайё ҳам бошад, қатъан мардоне аз фарзандони Форс онро ба чанг меоваранд» ва дар лафзи Имом Муслим омадааст: «-Агар имон дар назди Сурайё бошад, ҳар ойина мардоне аз фарзандони Форс онро ба даст меоваранд».

Ҳофизу муҳаққиқ Ҷалолуддини Суютӣ (аз ду яке аз муаллифони «Тафсири Ҷалолайн») гуфтааст: -Ин мабоние аст саҳеҳ, ки метавон, дар башорат, ба Абӯҳанифа /р/ ва фазилати томаи вай, бар он такя кард. Ва дар бораи Молик /р/ низ ҳадиси ҳаммонанде аст ва он ин фармудаи Расули акрам /с/ аст:

«-Наздик аст, ки мардум дар ҷустуҷӯи илм бар шутурон барнишинанд ва сафари ҷаҳон кунанд, аммо донотар аз олими Мадина касеро наёбанд». Ва низ ҳадисе, ки дар бораи Шофеъӣ» /р/ аст:

«-Қурайшро дашном надиҳед, зеро ки олими он заминро пур аз дониш мекунад». Ва ин ҳадиси /ҳасана/ аст, ки онро тариқи бисёре аст, ки баъзе онро сохтаӣ, яъне, маҷҳӯл пиндоштаанд.

Уламо гуфтаанд: – Олими Мадина-дар ҳадиси аввал Молик /р/ аст ва олими Қурайш, дар ҳадиси дуввум Шофеъӣ /р/ аст. Яке аз шогирдони Ҷалолуддини Суютӣ гуфта аст: -Ин амр, ки мурод аз Ӯ ҳадиси шарифи «Сурайё» -Имом Абӯҳанифа /р/ аст, ҳақиқате том аст, ки Шайхи мо бар он яқин ҷозим дошт ва онро ошкор кард ва ғайри қобили шак мепиндошт, зеро, ки ҳеҷ як аз фарзандони-Форс, дар он замон ба пояи вай ва асҳобаш дар илм нарасидаанд ва дар ин Ҳадиси саҳеҳ мӯъҷизаи рӯшане аст барои Расули акрам /с/, чӣ эшон аз амре хабар, додаанд, ки баъдан рӯнамо гардид ва мурод ба форс, кишваре маъруф ба Форс набуда, балки нажоде аз Аҷам аст, ки нажоди Форс мебошад».

Бале он башорати, Расули акрам /с/ мансуб ба Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ аст, ки аз нажоди Форс буда, яъне, бино ба ривоёт, насабномаи ӯ чунин аст: Абӯҳанифа ибни Собит (р) ибни Завтӣ, ибни Моин ибни Марзбон пури Товус пури Ҳурмуз пури Анӯшервон аст, ки аз шоҳзодагони шоҳи Форс мебошанд, яъне, аз фарзандони Сосон аз тоҷикони гузари Хоҷагони шаҳри Кобул (ҷадду гузаштагонаш аз тоҷикони Афғонистон буданд, ки ҳама ба лафзи дарии тоҷикӣ, ки яке аз гӯйиши ғарбиэронии интишорёфтаи забони форсист, ҳарф мезаданд ва ӯ аз нажоди афғонҳои даштӣ, яъне, пашту нест, балки аз селаи кабкони дарист, ки бо амри тақдиру насиби Илоҳӣ соли 80-уми ҳиҷрӣ /699-и мелодӣ/ дар шаҳри Кӯфаи Ироқ ба дунё омада, зиёда дар Бағдод зиста ва соли 767 мелодӣ, дар Бағдод, аз олам рахти сафар карда аст ва оромгоҳи мубораки ӯ, дар наздики масҷиди ҷомеъу бостонии «Козимайн»-и Бағдод воқеъ аст, ки зиёратгоҳи кулли муслимини ҳақшиносу дилогоҳ аст-С.Б.Б).

Далели барҳақи аз селаи кабкони хушхирому хушсират ва хушсурати дарӣ-тоҷикӣ будани Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ин ривояти шогирдаш Абӯюсуфи Қозӣ /р/ аст, ки дар шамоили эшон гуфта:

«-Имоми Аъзам разиаллоҳу анҳу, ба қомат миёнаболо ва аз зеботарин мардум буд, гандумгун ва нӯронӣ ва дар нутқу баён расотарин ва балеғтарин ва дар оҳанги садо, хушовозтарин ва дар ҳуҷҷату истидлол бар иродаи мақсуд ва нотиқтарину равшанбаёнтарин мардум /яъне, воизи машҳур ва қории мураттаб ва басо комили Қуръони карим-С.Б.Б/ буд. 62,13-45.

Ва фарзанди вай Ҳаммод дар зикри шамойили эшон гуфтааст: «-Падарам раҳамаллоҳ, болобаланду гандумгун, зеборухсору хушманзару хушсимо, мӯқир ва соҳибҳайбат ва пурсалавот буд, ки ҷуз ҷавоби савол сухан намегуфт, дар суханони беҳудаи дунёӣ фурӯ намерафт ва ба молояънӣ намепардохт». 62.13.45.

Албатта дар васфи эшон ба «миёна» ва «болобаланд» ҳеҷ мунофоте нест, зеро мешавад, ки қади Имом /р/ дар айни миёна будан, моил ба болобаландӣ буда бошад, чунонки дар шарҳи шамоили Тирмизӣ ҳам омада. Ва Абдуллоҳ ибни Муборак гуфта аст: «-Имом /р/ хушқиёфа ва хушпӯш буд» 62, 13-45.

Ҳазрати Имом Абӯҳанифа /р/ дар рӯзгору зиндагидорӣ ва фаъолияти илмиву кори имоматии хеш доим ба «Қуръони маҷид», Ҳадисҳои набавӣ, яъне, суннатҳои беназир ва малакутии Ҳазрати Муҳаммад /с/ амал мекард ва дар асоси ин роҳи ростин /сирот-ал-мустақим/ Абӯҳанифа /р/ дар равияи суннии дини Ислом, дар партави Қуръон ва Суннат ҷовидонамазҳаб ва бузургмазҳаб-мазҳаби муҳаззаби ҳанафияро, ки мазҳаби тавҳидгароён, яъне,-маваҳҳидон ва низ дӯстдорони Расул /с/-у ҷумла ёрони ӯ /с/ аст асос гузошт. Ҳазрати бузургвор Имоми Аъзами сӯфии Кӯфӣ /р/ бо ақлу хирад ва андешаи Худодаи худ, ба хубӣ дарк ва эҳсос карда буд, ки ягона роҳ-роҳи Расули Худост, ки роҳи комёбиҳост. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Хилофи Паёмбар касе раҳ гузид,

Ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.

Мапиндор, Саъдӣ, ки роҳи сафо,

Тавон рафт ҷуз дар паи Мустафо.

                                  ШайхСаъдӣ 95., 11.

Имом Абӯҳанифа (р) орифе шуҷоъу басо муваҳҳид аст ва бе муболиғае барҳаққи гуфтаи Ҳазрати Расул /с/ – «Чароғи уммат»-и Ҳазрати Муҳаммад /с/ буду ҳаст. Нукоти зер далолат бар ин мекунад, ки Ҳазрати Имом Абӯҳанифа /р/ инсони комил, пири аҳли калом ва марди ҳақ аст. Дар «Салоти Масъудӣ» ишорати худи Имоми муттақин Ҳазрати Абӯҳанифа /р/ ҳаст, ки омада:

«-Ва дигар дар илми қироат муболиға накардаам, ки ҳарчанд муболиға кунам, Қуръон хононданд маро. Ва дигар, дар илми одоб муболиға накардаам. Ҳарчанд муболиға кунам, адиб хонанд маро. Ва дигар ин ки сӯҳбат бо кӯдакон накардем, зеро ки Расул /с/ фармудаанд, ки: Чанд чиз дилро табоҳ ва торик кунад ва ақлро коста; сӯҳбати кӯдакон, сӯҳбати занон, сӯҳбати тавонгарон /аҳли такаббур-боёни камхирад/, сӯҳбати аҳмақон ва ҷавоби аҳмақонро боз гуфтан». 63,22.,23.

Ҳазрати Имом Абӯҳанифа /р/ бе ҳеҷ, муболиға /чуноне, ки баъзеҳо мепиндоранд/ зоҳидест анбиёъсифат ва аз зӯҳди вай он бувад, ки чун ба сафари Қибла рафт ва Ҳаҷи Ислом биёвард ва он гоҳ калиди хонаро /хонаи Каъба С.Б.Б/ аз муҷовирон дархост кард, то ӯ шабе дар Каъба намоз гузорад. Муҷовирон гуфтанд:

– Эй Имоми Аъзам ва пешвои ҳақиқии мусалмонон, то калиди ин хонаи муборакро ба касе надодаем, аммо ҳаққи Шумо бузург аст. Калиди хона ба вай доданд. Дари хонаи Каъбаро кушодан, ҷумлаи хонаро ба маҳосини мубораки худ бируфт ва пок кард. Он гоҳ дар миёни ду сутун биистод ва ба ду ракаъат намоз шурӯъ кард. Дар ракаъати аввал пойи чапро бар пойи рост ниҳод ва як нимаи Қуръонро хонд ва дар ракаъати дуввум пои ростро бар пойи чап ниҳод ва-Қуръонро хатм кард. Чун намоз тамом кард, субҳ дамид. Он гоҳ гирист ва муноҷот кард:

«-Илоҳо, Парвардигоро, Абӯҳанифа туро ба сазое парастиданӣ натавонист парастидан валекин ба сазое шинохтанӣ шинохтам»«. Ҳотифе аз ғайб овоз дод, аз ҷониби Каъба, ки: «-Ҳам ба сазо бишнохтӣ ва ҳам ба сазо парастидӣ, туро омӯрзидам ва то қиёмат ҳар ки бар мазҳаби ту равад, вайро низ омӯрзидам» 63-23.

Ҳазрати Расулуллоҳ /с/ фармудаанд: «-Тафтарақ, ҳозиҳил уммати ъало сулоса ва сабъин фирқат, куллуҳум фин-нори ило фирқата воҳидат». Қолу-ва мо тилкал фирқат? Қола Расулаллоҳ /с/: «Мо ано алайҳи /ал/явм/ ва асҳоби». Яъне: «-Ин уммат ба ҳафтоду се фирқа тақсим хоҳанд шуд, ки ҳамаи онҳо дар оташанд, ба ҷуз як фирқа». Гуфтанд: -Ва он кадом фирқа аст? /ё Расулуллоҳ /с//? Гуфт: «-Он, ки имрӯз ман ва асҳобам бар онем» 65.,110-122.

Аз он ҷо, ки Имоми Аъзам /р/ барҳақ «Чароғи уммат»-анд ва мазҳаби Ҳанафӣ, ормони Расулуллоҳ /с/ аст/ ва ба башорати ҳотифи Каъба /бе шакку шубҳа ва бе ягон муболиға мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р./ ҳамон фирқаест, ки Расулуллоҳ /с/ ва асҳобашон бар он буданд. Яъне, фирқаи Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит /р/ давоми фирқаи Расулуллоҳ /с/ аст.

Муассиси мазҳаби муҳаззаби бузургтарину башардӯсттарин прогрессивӣ ва беназирмазҳаб-мазҳаби Ҳанафия, ки аксари мусалмонони одил ва бедордили ҷаҳон бар ин мазҳабанд (зиёда аз 60 фиссади мусалмонони олам дар мазҳаби Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мебошанд), бо номи «Мазҳаби Имоми Аъзам» шӯҳрат дорад. /Ҳазрати Имом Абӯҳанифа /р/ шахсе буд соҳибъилм, соҳибҳилм, соҳибтақво, ҳаким, олиҳиммат, ростгӯ шуҷоъу нотарс дар роҳи ҳақ, адлпеша, саховатманд, фақирпарвар, инсондӯст, инсони комил, пешво ва пири аҳли калом ва дар ҳадди боло муваҳҳид, чароғу хуршеди партавафшони уммати Ҳазрати Муҳаммад /с/ ва дӯстдори чаҳор ёри босафову ҷумла азизу авлиёъ, зоҳидтарин ва обидтарини тобиъин ва тамаддуни асри худ, ки ин олитарин нишонаи зӯҳду вараъ, хоксорӣ ва тавозӯъ, асту бандагии Худойро ба ҷой овардан…

…Ҳуҷҷатулислом ва қутбулавлиёъ Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳу, аз намунаҳои барҷастатарин ва басо камназиру дар ҳадди боло шоистатарини фурӯтанӣ ва имтиноъ аз мақому маснад, дар таърихи Шарқи исломӣ маҳсуб буда, ҳамчун яке аз инсонҳои комил эътироф гардидааст.

Имоми аҳли суннат ва ҷамоат Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ авлиёъи комил ва фозил буд ва инсоне басо комил ва дар ҳадди боло муваҳҳид яъне, тавҳидгаро, ки ба зоти ягона ва бе мисли Офаридгор имони комил дошт. Ӯ мудом аз аҳли суннат ва ҷамоъат, яъне, аз умматони Ҳазрати Расули акрам /салъам/ хоҳиш менамуд ва таъкид мекард, ки ба зоти ягона ва бе мислу монанди Холиқи мутлақ, яъне, Худованди карим, бо имони комил ва тоъати ботин ва сидқи беандоза саҷда ба ҷой оранд, ки худи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, дар сураи мубораки «Юнус», ояти 106 мефармояд, астаъизу биллоҳ:-Ибодат макун ғайри Аллоҳ таъоло чизеро, ки барои ту суд ва зиён наорад. Пас агар чунин намоӣ /яъне, ғайри Аллоҳ таъолоро ибодат кардӣ/ пас бешак ту аз ҷумлаи золимон ва кофирон /мушрикон, яъне, ширковарандагон/ хоҳӣ буд», Сураи 10, ояти 106.

Хулоса, ки Ҳазрати Ҳаким Абӯҳанифа /Имоми Аъзам /р/ ба зоти бе мисли Худованди бахшояндаи меҳрубон имони қавӣ дошт ва аз воситаи ғайраш талаб карданро гуноҳе азим меҳисобид. Соҳиби китоби аҳли суннат ва ҷамоъат «Аддуррулмухтор» бар тақвияти гуфтаҳои боло, дар боби тавассуле /восита, васила/, ки мамнӯъ аст, аз Имоми Аъзам мисол оварда, ки чунин аст: Ҳазрати Имоми Аъзам дар боби тавассуле, ки мамнӯъ аст фармуд: – Бад мебинам, ки талаб намоям, аз Аллоҳ таъоло ба воситаи ғайраш. /Яъне, чизеро восита ва тавассул намоям/.

Бале, банда чи талабу дархост ва чи муроду мақсаде, ки дорад, бояд, бе восита, аз Худованд, яъне, аз Офаридгори худ, ки ягона бахшандаи меҳрубон аст, талаб намояд.

«Саҳобае Расули акрам /с/-ро хоҳиш намуд, ки маро ҳамроҳи худ бар ҷаннатулҷовидон бубар, пас Расулуллоҳ, /с/ гуфт: «-Маро бо саҷдаи бисёр кӯмак намо. (Яъне, аз Худованд талаб намову намози бисёр бихон ва ба тамом парҳезгор бош, ки амали солеҳи ту васила ва воситае шавад то ки бо ҳамроҳии ман дар Ҷаннат бошӣ) 86-56-59.

Оре дар таърихи Ислом, баъди Ҳазрати Паёмбар (с) ва хулафойи «Рошиддин» (р), ва асҳоби гиромӣ (Р), Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ (р) намунаи олии инсони комил ва яке аз шахсиятҳои барҷаста, яъне, имоми барҳакҳу шаҳир, фақеҳи кабиру камназир ва чароғи уммат аст, ки 1310 сол ба ин ҷониб роҳи ҳазорон ва миллионҳо нафар равандагони роҳи ҳақро мунаввар кардаву мекунад. Аз ин ҷост, ки бисёре аз уламо ва машойихи барҷастаи олами Ислом, ба мазҳаби ҳанафия (ҳамчунин ба мазҳабҳои моликия, ҳанбалӣ ва шофеъӣ) ва ба шахсияти камназири Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ал-Форсӣ (р), аз рӯи хирад ва амру фармони дил баҳои холисона додаанд. Аз ҷумла инсони комил ва авлиёи бузург Шайх Фаридуддини Аттор (р) дар «Хусравнома»-и хеш перомуни шахсият ва фазилати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва низ оиди Имом Шофеъӣ (р) хеле хуб чунин гуфтаву нигошта:

Ҷаҳонро ҳам Имому ҳам Халифа,

– Гиромӣ донӣ илло Бӯҳанифа.

Ҷаҳони илму дарёи маъонӣ,

Имоми аввалу Луқмони сонӣ.

Агар аъдои дин бисёр ҷамъанд,

Зи кори Бӯҳанифа сар чу шамъанд,

«Чароғи уммат» – омад он сарафроз,

Чароғе, к-ӯ адӯро мениҳад гоз.

Қузо карданд, бар вай арза ногоҳ,

Бинапзируфт, яъне, ҷон огоҳ,

Қазорову қадарро мӯътабар ёфт,

Валекин ин қазо андар қадар ёфт,

Чу Нӯъмон сурхрӯй, ҳақ чу лола-аст,

Қузо чӣ к-над, ба шогирдаш ҳавола-ст.

Қузо дар чанги ӯ омад фурӯтар,

Ки аз Юсуф ҳама чизе накӯтар.

Чу ту Юсуф қузоро ин замон бас,

Маро қозии акбар ҷовидон бас.

Чу дар дини Муҳаммад доди дин дод,

Муҳаммадро чунин буду чунин дод.

Чу ӯ устоди дин омад дар асрор,

Чу ту бигзаштӣ аз Қуръону ахбор.

Агар дар фиқҳ сад ҷомеъ кабир аст,

Зи як шогирд- ш он ҷомеъ сағир аст.

31…34-35.

Муҷаррад шав , агар кӯфишиорӣ,

Барафшон чун « алиф» чизе, ки дорӣ.

Раҳи Кӯфит мебояд, равон шав,

« Алиф донӣ, ту боре ҳамчунон шав . 31, 34.-35.

Ва дар зимни ин гуфтор Ҳазрати Шайх Фаридуддин Аттори Валии Нишопурӣ раҳамуллоҳ, дар маснавии «Хусравнома» дар фазилати «Чароғи уммат»-Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва фазилати ибни амми Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), яъне перомуни шахсияти Ҳазрати Идрис ибни Абдуллоҳи Шофеъӣ, яъне, шогирди ду устод ва фуқаҳои барҷастаи Ҳанафӣ-Имом Муҳаммади Шайбонӣ ва Имом Юсуф ибни Яъқуб (яъне, ин ду имоми ҳумом шогирдони барӯманду фозили Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳ будаанд) чунин гуфтааст,

…Набӣ бинҳод ганҷе ҷумла раҳмат,

Ба ҳисса Бӯҳанифа кард қисмат.

Даромад Шофеъӣ он ганҷи олӣ,

Чу дид алҳақ, бар-ӯ афшонд холӣ.

Гарат аз меҳри кӯфӣ ҳосиле нест,

Чу бувфат ҷуз харобӣ манзиле нест.

Чу дорӣ, Шофеъиву Бӯҳанифа,

Туӣ ҳам молики дин, ҳам халифа.

В-агар ин дорӣ, аммо он надорӣ .

Диле дорӣ, валекин ҷон надорӣ.

Чу эшонанд ҳар ду чашм динро ,

Бинеҳ сар ин ду чашми роҳбинро ,

Агар ин ҳар-дуро бо ҳам надорӣ,

Ту як олам, зи ду олам надорӣ.

Чӣ мегӯӣ, ки ҳар ду дар муқобил,

Якеанду ду мебинӣ ту, аҳвал.

Агар з-эшон ту дар дил хашм дорӣ,

Ду чашмат кӯр бин, гар чашм дорӣ. 31-35-36.

* (Сайфуллоҳ ва султонулорифин Ҳазрати Шамсулҳақи Табрезӣ, яъне маъруф ба Шамси Табрезӣ (пири Ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ) гӯяд: «-Дар мазҳаби муҳаззаби сироҷи уммат Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) чизе ёфтам, кори ман бад-он пеш меравад ва хеле накӯст, агар қабул накунам, лаҷоҷ бошад» (аз китоби «Мақолоти Шамси Табрезӣ, Теҳрон, 1369).

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), ки 1310 сол ин ҷониб, бо номи мубораки Имоми Аъзам разиаллоҳу анҳум маъруфият дорад, дар умури илмӣ ва ҳалқаҳои дарсӣ, эҳтимоми, шадид дошт ва шогирдони хешро, яъне мактаби фиқҳиёни Кӯфа ва Басра, ки имрӯз бо номи мактаби Абӯҳанифа маъруфият дорад, ҳамвора мавриди тафаққуд қарор медод, то ки дар хадамоти диннии хеш пойдор бимонанд (мисли муллочаҳо, халафиҳо ва «доноча»-ҳои имрӯза ҳар сол як мазҳаби дигар қабул накунанд ва имону мазҳаб ба пулу мол нафурӯшанд-С.Б.Б). Ҳамчунин Абӯҳанифа (р) ҳурмати устодро баланд медонист ва низ қимат ва қадру манзалаи « Қуръони шариф»- ро на кам аз асҳоби киром (р) медонист.

«Вақте, ки Ҳаммод фарзанди Имоми Аъзам (р) сураи « Фотиҳа»-ро хатм кард, Имоми Аъзам (р) понсад дирҳам ва ба қавле ҳазор дирҳам, ба муаллими фарзандаш ҷоизаи хидмат дод, муаллим хидмати худро шойистаи ин ҷоизаи бузург нашумурд. Имом гуфт: «-Он чиро ба фарзандам таълим намудаӣ, ночиз напиндор, ба Худо савганд, назди мо агар бештар аз ин мебуд, ба поси эҳтироми Қуръон ба ту мепардохтам». 14-17. Имоми Аъзам (р) бо ин фалсафаи динӣ ва иҷтимоии хеш, барои таълими Қуръон ва эҳтироми муаллим асос гузошт» 97-7-8.

Ривоят мекунанд, ки Имом Абӯҳанифа /р/ фарде буд доиратулмаориф, (яъне, энсиклопедист) ва донову фарзонаи асри хеш ва илме набуд, ки ӯ онро аз худ ва дар амал татбиқ накарда бошад, ба ин хотир фавҷ-фавҷ мардум, ба назди ӯ омада, дар ҳар боб, аз ӯ маслиҳат мегирифтанд ва бо дили шод аз назди ӯ берун мерафтанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ шахсияти бузургу афиф ва покдомону пуртавозӯъ ва хоксор буд ва ба шоҳу гадо, ба иборае ба як чашм нигоҳ мекард. Дар назди ӯ баландтарин мақом (дар одамӣ) ин мақому манзалати шахси донову Худошинос, пири комил, шахси мӯъмину хоксор ва устоди касбу ҳунар ва илму дониш буд. Ва мудом ба шогирдони хеш таъкид мекард, ки ба қадри илм ва ба қадри заҳмати устод бирасанд, зеро ки устод шамъи фурӯзон асту ин ҷаҳон шаби тор.

Худи Имоми Аъзам /р/ то охири умри устоди фарзонаи хеш Абӯисмоил Ҳаммоди Абӯсулаймон, ба ҳайси хидматгузор ва мизбони хонаи ӯ, хидмат ба ҷо меоварданд ва кафши бузургон ва ояндаву равандагонро пеш мегузоштанд, ки ин худ нишонаи олии хоксорӣ аст.

Қадру манзалат, обрӯ ва мартабаи Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ назди хосу оми уммати Расуллуллоҳ /с/ хеле калон аст ва низ буда. Дар китоби «Салоти Масъудӣ»-и Шайх Масъуди Самарқандӣ /р/ дар боби маноқиби Имоми Аъзам /р/ омада: «-Мар вай аст, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ шаб ба дасти рост биёсудӣ, чанд масъала вазъ кардӣ, чун ба дасти чап гаштӣ, ҳамаро ҷавобҳо гуфтӣ.  Бомдод ба масҷиди Одинаи Кӯфа омадӣ, асҳоби тафосир бар дасти рости вай будандӣ, нишаста ва асҳоби ахбор бар дасти чапи вай будандӣ нишаста. Имоми Аъзам /р/ масъала оғоз кардӣ ва соҳибтафсирон, ба тафсир боз гаштандӣ ва асҳоби ахбор, ба ахбор бозгаштандӣ ва кубарои ҷамъи вай, ба иҷтиҳоди худ бозгаштандӣ ва он чи, ки вай гуфта будӣ, ҳам ба оят ҳам ба ҳадис ва ҳам ба ахбор ва ҳам ба ҷамъи уммат рост омадӣ 63-12.

Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ аз шодии он такбир гуфтӣ, яъне, «Аллоҳу Акбар» ва кубарои ҷамъи вай, бар мувофиқи вай такбир гуфтандӣ ва овози такбиру санои эшон, ба аҳли Кӯфа расидӣ. Аҳли Кӯфаро маълум шудӣ, ки Имоми Аъзам /р/ масъала вазъ кардааст, ки ҳам ба оят ва ҳам ва ахбор ва ҳам ба ҷамъи уммат рост омадааст. 63., 12-13.

Эшонон (аҳолии Кӯфа-С.Б.Б) бар мувофиқати эшон, низ такбир гуфтандӣ ва аз он ҷост, ки Имом Шофеъӣ раҳамуллоҳ-шогирди фақеҳи бузурги ҳанафӣ-Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, яъне, шогирди шогирди Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ С.Б.Б/ гуфтааст, ки «-Ҷумлаи олимон дар фиқҳ аёли Абӯҳанифаанд», яъне, ҳама зердастони ваянд. Ибни Шареҳ /р/ гуфтааст, ки рӯзе як шофеъимазҳабе хост, то дар ҳаққи Имоми Аъзам /р/ ба дурӯғ таъна кунад. Шофеъимазҳаби дигаре вайро манъ кард ва гуфт: -Шарм надорӣ /аз Худо/ ки дар ҳаққи касе таъна мекунӣ, ки Расули гиромӣ /с/ Фармудааст /дар «Мероҷ» гӯфта, пас аз навиди тозаи Ҳақ таъоло/: «-Фаҳува сироҷу уммати». /Яъне, бад-ин маънист, ки Ҳазрати Расул /с/ гуфта, ки: «-Яъне, ҳамон Абӯҳанифа Чароғи уммати ман аст».163,.13.

Имом Шофеъӣ /р/, ки ба Имоми Аъзам /р/ эҳтироми хосае дошт, дар ҷое мегӯяд: «Олиме, ки аз мактаби ҳанафия нагузаштааст ва аз асарҳои фақеҳи барҳақ Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ баҳравар нагардидааст, ӯро фақеҳ гуфтан нашояд» 21., 81.

Овардаанд, ки рӯзе дар ҷамъи Имоми Аъзам /р/ донишманде буд. Аз ҷой бархост ва гуфт: -Ай Имоми мусалмонон, Шумо ҳаргиз масъалае фармудаед, ки гуфтан аз он шуморо пушаймонӣ афтода бошад?

Имоми Аъзам /р/ гуфт:

«-Бале, гуфтаам… вақте ки наздики ман фатво оварданд, ки зани ҳомилае вафот ёфтааст ва фарзанд миёни батни вай меҷунбад, чӣ кунем? Ман ҷавоби он навиштам зуд, ки паҳлӯи чапи вайро бишкофед ва он фарзандро зуд бигиред. Ман намедонам он фарзанд бақо ёфт ё на. Ман боре фармудаам, ки то зараре бад-он майита /зани фавтида/ расонидаанд. Аз ин ваҷҳ, аз ҷавоб додани он масъала /дар қиёмат/ дар ранҷам».

Ҳамон донишманд гуфт: -Ай Имоми мусалмонон, ҳаргиз дар ранҷ набошед, ки он фарзанд /яъне, дар шиками майита буда С.Б.Б./ ман будам, ки ба баракати лафзи мубораки Шумо Худованди Азза ва Ҷалл маро бад-ин мансаб расонид».

Имоми Аъзами муаззам /р/ кони илму маънӣ буд, ҳарчанд кӯдаку ҷавон буд /дар ибтидои ҳаёт/ бисёр фатвои бағдодиёнро хато мегирифт ва ба эшон ҷавоби қотеъ ва саршори савобу қобили қабули уламо ва оммаро медод. «Рӯзе фатвое пеши Имом Ҳаммод /р/ устоди Имоми Аъзам /р/ оварданд, вале эшон дар гуфтани ҷавоб оҷиз монданд. Ва фармуданд, ки он кӯдаки донишманд Абӯҳанифаро даъват кунед, иншоаллоҳ ҷавоби Шуморо хоҳад гуфт. Ҳазрати Абӯҳанифаро талаб карданд. Ва он фатворо ба Абӯҳанифа пеш оварданд, ки чун буд: Имон махлуқ ё ғайримахлуқ? Имоми Аъзам гуфт: «Аз он рӯй, ки тавфиқ ва таъсири Худованд аст, он номахлуқ аст ва аз он рӯй, ки тасдиқ ва иқрори мост, махлуқ аст». Ҳама ин ҷавобро маъқул шумориданд ва бар ӯ офарин хонданд. Имом Ҳаммод дар ҳоли ӯ, /ки то ин вақт ӯро шунида буду аммо намешинохт/ назар кард ва дуо кард. Имоми Аъзам /р/ муқтадои оламиён шуданд». 63., 16.

Бале, мақому манзалати Ҳазрати Ҳаким Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Хоҷа Собит /р/ дар ҷаҳони ислом ва олами башарӣ, ба ғоят калон аст. Яъне, ӯст, ки олами Ислом «Имоми Аъзам»-у «Луқмони сонӣ» ва Расули акрам /салъам/ «Чароғи уммат»-аш хондаанд. Ӯ фақеҳи кабир асту имоми шаҳир ва муфассиру муҳаддиси бузург асту ҳуҷҷат-ул-Ислом вал-ъадл ва муассиси мазҳаби муҳаззаби ҳанафия, ки аксари мутлақи аҳли суннат ва ҷамоъат, дар ҷаҳони имрӯзаи Ислом, бар ин мазҳабанд.

«Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ аз намунаҳои барҷаста ва камназири зӯҳду вараъ, фурӯтанӣ ва имтиноъ, аз мақому маснад, дар таърихи Шарқи исломӣ маҳсуб буда, чун яке аз инсонҳои комил эътироф гардидааст». 78-179.

Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ шахси фозил ва ба ғояти тамом ҳозирҷавоб будаанд ва ҳар суоле, ки ба ҷаноби эшон /р/ дода мешудааст, ба як нафас ҷавоб мегуфтаанд ва алалхусус, дар боби «имон», ки он Ҳазрат /р/ дар осори худ, аз ҳама бештар ба ин масъала диққат додаанд, ки ба гуфти эшон сари ҳама ибодат, имони комил доштан, ба зоти ягона ва ба адади Худост. Дар китоби аҳли суннат ва ҷамоъат «Дақоиқ-ул-ахбор» /нашри 1318 ҳ.қ. саҳ. 24-25/ омада:

«…Ва суол карда шуд аз Имом Абӯҳанифа /р/, ки кадом гуноҳ тарсонандатар аст, ба салб /се қисмат, сегона/ кардани имон?

Гуфт: «-Тарк кардани шукр бар имон ва тарк кардани хавфи хотима ва зулм кардан бар бандагон. Ва гуфт Абӯҳанифа /р/, ки: -Ба таҳқиқ касе, ки бошад, дар вай ин хислатҳои сегона, пас ғолибтар ин аст, ки берун шавад аз дунё, кофири мулҳиқ. Паноҳ мегирем, ба Худои таъоло аз он магар касе, ки сахттарин ҳол бар майит /шахси аз дунё даргузашта/ назди назъи ҷон, ташнагӣ ва сӯхтани ҷигар аст. Пас дар он вақт меёбад шайтон бар вай фурсат, аз салб кардани /се пора кардан/ имон, бар бандаи Худо ва уммати Ҳазрати Расули гиромӣ /с/, яъне, шахси мӯъмину мусалмон /шахси кофирпешаро ҳоҷат ба заҳмати шайтон нест, зеро ӯ худ пайрави шайтон, яъне, шайтон-ул-инс аст ва ториксалот. Ва Худо карда бошаду дар вуҷуди ӯ, бӯе аз имон бошад, пас аз ин имтиҳони вақти назъи ҷон, яъне, сакароти мавт, баҳрае мебарад… С.Б.Б).

Зеро ташна мешавад ва об мехоҳад. Дар он вақт пас меояд шайтони лаъин назди сари ӯ (дар вопасин лаҳзаҳои умр, яъне, ҳини тарк гуфтани рӯҳ, яъне, ҷон, ва ё нафс, колбади инсони мирандаро бо косае аз оби ях баҳри рабудани имон, бо решу бунаш, аз ин мӯъмин ва ба забони майит талқин кардани алфози ширк куфру бидъат ва пурлаъни инкори амру фармони Холиқи мутлақ ва мислуҳум (С.Б.Б).

Аз замони Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ то ба имрӯз анқариб як ҳазору сесаду даҳ сол сипарӣ гашта , ва дар тӯли ин сездаҳ аср, адабиёти зиёде перомуни ҳаёт ва фаъолияти ин Имоми Ҳумом, яъне, оиди мероси бойи динӣ, илмӣ-фалсафӣ, иҷтимоӣ ва каломиву фиқҳии Имом Абӯҳанифа /р/ ва алалхусус оиди маноқиби ин нобиғаи нотакрори дин, илму адаб ва ахлоқи ҳамидаи башарӣ, дарҷ ёфтаву дарҷ мегардад.

Аз ҷумлаи ин кутуби илмӣ-тадқиқотӣ, асари донишманди даризабони муқими шаҳри Қоҳира /Миср/, муҳаққиқи ҷабҳаи каломии Имом Абӯҳанифа (р) устоди фозил Иноятуллоҳи Иблоғ, бо номи тарҷумаи форсиаш, аз тарафи М.Ф.Фазлӣ, бо муқаддимаи доктор Муҳаммад Ғалоб, бо унвони «Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва афкори ӯ» соли 1966, дар Қоҳира ба табъ расида/-ро метавон ба мисол овард, ки дар он, дар бораи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти илмиву имоматии Имом Абӯҳанифа /р/ маълумот дода шудааст.

Ва як нуктаи ҷолиби диққат ин аст, ки дар асари мазкур, оиди маноқиби Имом Абӯҳанифа /р/ бештар он нақлу ривоёте оварда шудаанд, ки заминаи илмӣ дошта, барои дарки шахсияти пири аҳли калом ва пешвойи аҳли фиқҳ-Ҳаким Имом Абӯҳанифа /р/ маълумотҳои дақиқи воқеъибунёд фароҳам оварда шудааст. Инак хӯшае чанд, аз хирмани маноқиб ва донаҳои ҳикмати файзбахшу файзосойи Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ аз асари номбурда :

«…Ибни Муборак мегӯяд: «-Абӯҳанифа дар маҷлиси  Имом Молик дохил шуд, Молик ӯро эҳтиром намуд ва чун маҷлисро тарк гуфт, Молик аз ёронаш пурсид: «- Ин мардро мешиносед?».

Гуфтанд: – На.

Гуфт: «Ин Абӯҳанифа аст Имоми Аъзам, ки Худованд, дар фиқҳ, ба вай тавфиқ бахшида, дар ҳеҷ масъалае ба мушкилии бузург рӯбарӯ намешавад». 47- 32.

Дар ҷои дигар Имом Шофъеӣ мегӯяд:»- Касе, ки мехоҳад, дар илми фиқҳ донишманди мӯътабар шавад, мадюни Абӯҳанифа хоҳад буд ва ба дурустӣ, вай аз касоне аст, ки дар фиқҳ тавфиқ ёфтаанд». 47-32.

«Ибни Буд – ба ривояти Ҳармала ва ривояти Рабеъ чунин аст: «Мардум мадюни Абӯҳанифаанд, ҳеҷ касро фақеҳтар, аз вай намешиносем ва низ аз вай ривоят шуда: Касе, ки кутуби Абӯҳанифаро мутолиъа накардааст, дар илми фиқҳ донишманди бузург ва комил шуданаш амри муҳол аст».

Ҳамчунин аз Имом Шофеъӣ ривоят шуда, ки дар мавзеъе, ки наздики мақбараи Имоми Аъзам /р/ намози фаҷр /бомдод/-ро адо намуд, ба эҳтироми Имом Абӯҳанифа, яъне, Имоми Аъзам /чун суннати мазҳаби хеш/ дуойи «Қуннути Шариф»-ро нахонд (ки дар мазҳаби Имоми Аъзам ба ғайри дар салоти «Витри воҷиб» хондани дуойи «Қуннути шариф», мамнӯъ аст-С.Б.Б) ва бар ривояти дигар, пас аз рукӯъ дастҳоро боло накард». 46-32.

Ва бисёре аз бузургоне, ки дар аҳди Имом Абӯҳанифа /р/ зистаанд, зиёда, аз мартабаву мақом ва қурбу манзалати Имоми ҷалолатмаъоб  Ҳаким Абӯҳанифа /р/ бо эҳтиром сухан кардаанд:

Ибни Айния мегӯяд: «-Чашми ман монанди ӯ-Абӯҳанифаро надида ва гӯши ман, чун ӯ ҳакимеро нашунида». Ва низ аз вай ривоят шуда: «Касе ки мехоҳад илми фиқҳ биёмӯзад, пас мақсуди хешро бояд аз Кӯфа, аз ёрону шогирдони Абӯҳанифа ба даст орад».

Ва Ибни Муборак мегӯяд: «-Абӯҳанифа фақеҳтарин мардумони давр буд… ман ҳеҷ касеро фақеҳтар аз вай надидаам…». (Агар Имом Абӯҳанифа дар воқеъ, ба гуфтаи Ибни Муборак ва шаҳодати шогирдон ва кубаройи аҳдаш, фақеҳтарин шахс бошад, пас ӯ бузургтарин муфассир ва муҳаддис ҳам будааст-С.Б.Б).

Ва дар баҳсе бо уламои замони хеш Абдуллоҳ Ибни Муборак гуфт: «-Эй мардуми гумроҳ, чи қадар беадаб ва аз ҳоли пешвоёни худ бехабаред ва чи қадар аз илм ва олимон ноошно мебошед. -Ҳеҷ кас ба иқтидои мардум сазовортар аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа нест, зеро вай Имоми парҳезгор, олими воқеӣ ва фақеҳи шинохта буд, ки илмро ба басират ва фаҳму заковати хеш тавре кашф кард, ҳеҷ касе бад-он поя нарасидааст. Сипас қаҳрона савганд намуд, ки муддати як моҳ, аз дарси Ҳадис, ба эшон худдорӣ мекунад». 47-32-33.

«…Аз Сӯфёни Саврӣ ривоят шуда, ки вай ба шахсе, ки аз назди Абӯҳанифа омада буд гуфт: «-Ту аз назди фақеҳтарин мардуми рӯи Замин омадӣ». Ва низ мегӯяд: «Касе бо Имоми Аъзам Абӯҳанифа мухолифат меварзад, бояд нисбат ба вай, аз илм бохабар бошад ва ба ҳадде болотар аз ӯ донише дошта бошад ва бисёр дурасту муҳол, ки чунин шахс суроғ шуда битавонад». 47- 33.

Абӯюсуфи Яъқуб нахустин қозиюлқуззоти Ислом ва шогирди Имоми Аъзам   Абӯҳанифа /р/ мегӯяд, ҷое: «Сӯфёни Саврӣ, аз Абӯҳанифа нисбат ба ман бештар пайравӣ карда… вай рӯзе Абӯҳанифаро ба ибн Ал-Муборак чунин тавсиф кард: «Вай Абӯҳанифа аз илм аслиҳае месохт, ки нисбати найза тезтар, нисбат ба теғ буррандатар буд. Ба Худо савганд, ки вай бисёр дақиқ ва мӯшикоф, ба илм дифокунанда, аз умури шаръӣ ва муқтадойи мардуми сарзамини худ буд, фақат чизеро ки аз Расули Акрам /с/ басиҳат нақл шуда буд, ҷоиз мешумурд, ба посух ва мансухи ҳадис маълумоти кофӣ дошт (чаро? Барои он, ки Имоми Аъзам раҳамуллоҳ, худ аз тобеъин буд ва зиёда ҳадис медонист ва аз Имом Ҷаъфари Содиқ /р/ барин бузургон илми ҳадис омӯхта буд-С.Б.Б) ва муҳаддиси бузург буд ва аҳодиси саҳеҳ ва мӯътамадро ҷустуҷӯ мекард ва мекӯшид аз феъли Расули акрам (с) пайравӣ кунад ва равиши уламои Кӯфа ва Басраро, ки дар пайравӣ, аз ҳақ мушоҳида карда буд, таъқиб менамуд ва онро дастӯрамали кори худ қарор медод «. 47.-33.

Пешвойи мазҳаби ҳанбалия, яке аз тариқати баъди ҳанафия, моликия ва шофеъия интишорёфтаи фирқаи аҳли суннат ва ҷамоъат Аҳмад ибни Ҳанбал, дар бораи Имоми Аъзам Абӯҳанифа гуфта:

«-Абӯҳанифа аз аҳли тақво, зӯҳду тарҷеҳи охират, бар дунё буд (яъне, пири аҳли тасаввуф-С.Б.Б), ба ҳадде, ки касе ба пояи он расида наметавонад, вай дар асри Мансур шаллоқзада (яъне, азобу шиканҷаи вазнину ваҳшиёна-С.Б.Б) шуд, то мансаби қузоро  яъне, мансаби қозиюлқузотӣ, ё худ сарварии қозиёти (исломӣ-С.Б.Б)-ро бипазирад (ки ҷуз баҳона, дигар чизе набуд-С.Б.Б), аммо чунин накард, бо азобе басо сангин, тарки дунёи пурмаъсият кард-С.Б.Б) раҳмат ва ризойи Худо насиби ӯ бод» 47-33.

Ва ҷое дигар омада: «…Язид ибни Ҳорун, дар ҷавоби ин савол, ки мутолиаи кутуби Имоми Аъзам чигуна буда, гуфт: «-Кутуби ӯро мутолиа кунед, зеро ман ҳеҷ як аз фуқаҳоро надидаам, ки ҳарфи ӯро напазиранд» 47-34.

Бале, бузургии шахсияти нотакрори Имоми Аъзам /р/ ин аст, ки ӯ дар тӯли умри на он қадар зиёди хеш, бештар баҳри умматони Расули карим /с/, яъне, баҳри дифоъ аз ҳуқуқи миллионҳо инсонияти рӯи замин, ки ба Худованд имон доранду зиндагӣ ба сар мебаранд ва хоҳанд бурд, заҳматҳои зиёде кашидааст. Маҳз Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ барин инсонҳои комил ва фуқаҳойи одил будаанд ва амсоли ин ашхоси кабир, ба мисоли Абӯисмоил Ҳаммоди Абӯсулаймон, Имом Шофеъӣ /р/, Имом Ҳанбал /р/, Имом Молик /р/, Имом Абӯюсуфи Яъқуб /с/, Имом Муҳаммади Шайбонӣ /р/, Имом Зуфар /р/, Имом Ҳаммод ибни Абӯҳанифа /р/, Имом Муҳаммади Боқир /р/, Имом Ҷаъфари Содиқ /р/, Имом Муслим /р/, Имом Бухорӣ /р/, Имом Тирмизӣ /р/, Валиюллоҳи Деҳлавӣ, Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р), Имом Розӣ,  Ҳазрати Сайид Аҳмади Косонӣ – мулаққаб ва машҳур бо Хоҷа Махдуми Аъзами Даҳбедӣ Имом Раббонӣ ва ғайра, ки фиқҳи Ислом, аз рӯи Қӯръон ва аҳодиси саҳеҳи Расули акрам /с/ тартиб дода шуда, ба низом ва қолаби аслии шариати ғурройи Муҳаммадия /с/ дароварда шуд /ин ҷо бахусус дар назар аст мазҳаби ҳанафия/ «Аз баъзе пешвоёни зӯҳду тақво чун Ибни Муборак, Имом Муслим, Абӯюсуфи Яъқуб, Сӯфёни Саврӣ, Ибни Мусаъар, Имоми Шерозӣ, Имом Ҳанбал, Имом Молик, Имом Муҳаммад, Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ, Имом Тирмизӣ, Язид ибни Ҳорун, Имом Розӣ ва даҳҳо дигарон шунида шуда, ки гуфтаанд: «-Бар тамоми мусулмонон лозим аст, ки дар намозҳои худ ба Имоми Аъзам Абӯҳанифа Разиаллоҳ (ва ёрони вай-С.Б.Б) дуои нек кунанд. Зеро вай суннат ва ҷамоат ва фиқҳи шариати ғуррои Муҳаммадияро барои эшон муҳофизат карда аст…» 47-34.

Таърихи башарӣ, худ гувоҳ аст, ки дар байни инсоният чӣ гуна табақоте  мавҷуд аст, яъне, мисли инсонҳои хуб, яъне комил ва боз гурӯҳе инсонҳои бадниҳод ва бадгавҳар ва бадзот, яъне шайтонулинс, ки корашон фитнагариву фитнаандозӣ ва бадгӯиву бадхоҳӣ, нисбати ба мардумон аст.

Ҳазрати Имоми Аъзам /р/-ро бо ин қадар бузургиашон хасмонашон, яъне, бадхоҳону бадгӯёну душманонашон низ кам набудаанд, ба мисли Халифа Мансури Давониқӣ ва дарбориёни ӯ ва ғайра, ки мудом ба Имом таъна мезадаанд. «Гӯянд, марде дар маҷлиси Ибн Ал-Муборак /р/ дар бораи Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ таъна гуфт ва бисёр забондарозӣ кард. Ибн Ал- Муборак /р/ гуфт: «-Вой бар ту, оё дар ҳақи касе бадгӯӣ мекунӣ, ки муддати чиҳилу панҷ сол намозҳои хамса, яъне, панҷгонаро ба як вӯзӯъ /таҳорат/ адо намуда ва Қуръони каримро дар як ракаъат хатм мекард?!». 47-35.

Дар бораи иллати шаббедорхобиҳои Имом-ал-муттақин Абӯҳанифа /р/   гуфтаанд, ки «Боре аз марде шунидам, ки мегуфт: «Ин аст Абӯҳанифа /р/, ки шаб хоб надорад». Имоми Аъзам /р/ боре ба шогирди худ Абӯюсуфи Яъқуб-қозиюлқуззоти муслимин гуфт: «-Субҳоналлоҳ, намебинӣ, ки Худованд ин номи некро дар ҳаққи мо ишоъа намуда оё бад нест, ки дар воқеъ ва дар илми Ӯ таъоло чунин набошем? -Ба Худо қасам, ки баъд аз ин мардум кореро, ба ман нисбат нахоҳанд дод, ки онро накарда бошам, пас аз ин мо чаро шабро бо намозу тавбаву тазаррӯъ ва тахашшӯъ рӯз накунем.

Ва ин буд, ки Имом Абӯҳанифа (р) шабҳо хоб надошт. Иловатан Абӯюсуф мегӯяд: «-Имом (Абӯҳанифа разиаллоҳ) ҳар шаб Қуръонро хатм мекард ва дар моҳи шарифи Рамазон ва рӯзи ид панҷоҳу ду маротиба Қуръонро хатм мекард, бо ихлоси комил…».

Ва Ибни Мусаъар ҳикоят мекунад: «-Рӯзе Имом /Абӯҳанифа/-ро дидам, ки намози субҳро адо намуд, баъд ба ҳалқаи тадрис /таълими шогирдон-С.Б.Б/ нишаст ва то намози зӯҳр, ба таълими мардум пардохт ва баъд аз намози зӯҳр, боз ҳам ба тадрис машғул буд, ҳамчунон пас аз намози асру шом то намози ишоъ дарси ӯ инқитоъ (қатъ) наёфт. -Бо худ гуфтам, барои аёдат чӣ вақт фориғ хоҳад шуд? Ҳатман аз вай муроқибат хоҳам кард. Чун мардум ба хоб рафтанд, ба масҷид берун шуд ва дар ҳоле, ки беҳтарин ва поктарин либос ба бар карда буд, то бомдод ба намоз машғул гардид. Баъдан ба манзил баргашта, либоси худро табдил дод ва барои адои намози бомдод, ба масҷиди Одинаи Кӯфа рафт ва боз ҳам равиши дирӯзиро такрор кард. Ман бо худ гуфтам, ин мард ҳатман аз тарафи шаб истироҳат мекунад, шаби оянда авзои ӯро муроқибат хоҳам кард. Чун мардум ба хоб рафтанд Имом /Абӯҳанифа разиаллоҳ/ монанди шабу рӯзи гузашта амал кард. Чун шоми рӯзи дуввум фаро расид, гуфтам, ин шахс бидуни шак, дар шаби мазкур истироҳат ва таҷдиди нишот нанамуда. Ман боз ба сурати шаҳидтаре ӯро таҳти муроқибати худ қарор медиҳам, гӯён мушоҳидаи худро идома додам. Вале, дар рӯзу шаби дигар айни вузӯъ вайро мушоҳида кардам, пас бо худ азм намудам, то вақти марги худ ва ё марги ӯ, вайро тарк нагӯям».

Ва Ибни Мусаъар илова, мекунад, ки: «-Баъдан ӯро ҳеҷ гоҳ надидам, ки рӯз чизе бихӯрад ва ё шаб бихобад, ӯ бешак мӯъзиҷае буд». 47, 40.

Албатта Мақсуди Мусаъар аз ҳикояти фавқ ин набуда, ки Имом Абӯҳанифа аслан рӯзона ғизо намехӯрад ва шабҳо намехобад, балки мехост мегӯяд, ки Имом Абӯҳанифа бо муҷоҳидоти хоси хеш, ҳамеша ба ибодат /яъне, адои фарзи қоим-намоз ва адои фарзи доим, яъне, зикри номи Парвардигор ва салавот ба Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фиристодану ба забон овардан-С.Б.Б/ ва тадриси шогирдону ҳаводорон машғул дида мешуд ва ғайри ӯ вақти маҳдудеро дар бар мегирифт/ на ин, ки мисли мо соатҳо сари дастурхон менишаст-С.Б.Б/.

Ва низ ривоят шуда ки: «Имоми Аъзам қабл аз шурӯъи намоз зиёда мегирист ва дуъо мекард ва рӯзу шаб одати ӯ чунин буд. Шабе ин ояти шарифро «Бал ассоат мавъидаҳум вассоат адҳи ва амр», ба тасбеҳ такрор кард ва гиряаш шунида мешуд. Ҳамчунон шабе чун ба сураи «Ал-ҳоку муттакосур» /яъне, «Такосур», С.Б.Б/ расид, то субҳ онро такрор кард. Ва Язид ибни Ҳорун, аз қавли Ибни Лайс ҳикоят мекунад, ки Имом /Абӯҳанифа/ аз паси шахсе, дар намоз иқтидо кард, он шахс сураи «Изо-зулзилат»-ро қироат намуд, Абӯҳанифа пас аз фароғат, аз намоз гиряву зорӣ намуда мегуфт: -Эй касе, ки дар муқобили заррае некӣ, подоши нек ва дар муқобили заррае бадӣ, сазои бад муқаррар фармудаӣ, Нӯъмон /яъне, Абӯҳанифа/-ро аз оташи дӯзах наҷот бахш!/». 47., 40.

Аз хусусиятҳои Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Хоҷа Собит /р/ ин буд, ки «…Вақте ба масъалаи мушкиле мавоҷеҳ мешуд ба ёронаш мегуфт: -Ин кор ба ҷуз натиҷаи гуноҳе, ки аз ман сар зада /яъне, Имоми Аъзам бо ҳама бузургӣ ва азизкардаи Худо будан, боз худро назди ҷамоли Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ниҳоят пургуноҳ ҳис мекард-С.Б.Б/-нист» Пас аз Худованд омӯрзиш мехост ва аксар авқот /ҷамъи вақт/ бархоста вузӯъ мекард ва ду ракаъат намози ҳоҷот мегузорид ва аз Худованд омӯрзиш мехост ва авфи гуноҳ металабид, то онки роҳи ҳалле барои мушкили хеш суроғ мекард ва он гоҳ мегуфт: «-Бисёр хушҳолам ва умед дорам, ки тавбаам пазируфта шуда бошад, зеро ҳалли мавзӯъро, ба дурустӣ дарёфтам». Ва чун ин моҷаро ба Фазл расид, ба шиддат гирист ва гуфт: «-Худо бар Абӯҳанифа раҳм кунад».

Ин равиши ӯ аз он буд, ки гуноҳҳои вай ночиз буд, вале дигарон ба ин роз сарфаҳм намерафтанд ва намераванд ва ҳам пай намебаранд, зеро ҳама ба дарёи гуноҳони худ ғарқ мебошанд ва иддае дар чоҳҳои кандаи пурзалолати худ сарозеранду дасту пой мезананд». 47-40.

«Дар маноқиби Имоми Аъзам /р/ ин ҳам тазаккур ёфта, вай забонро аз сухани беҳуда ва зишт, ба қадри имкон ҷилавгирӣ мекард. Боре шахсе, ки бо вай дохили мунозира буд гуфт:

– Эй зиндиқ!..

Имоми Аъзам гуфт: «-Худо туро биёмӯрзад, Худо медонад, ки ман хилофи онам, ки ту мегӯӣ ва ман аз вақте Худоро ба яккаву ягонагиаш шинохтаам, ҳеҷ касе бо ӯ баробар напиндоштаам, ба ҷуз авфи гуноҳ, дигар умеде надорам ва ба ҷуз азоби ӯ, аз чизе ва аз касе наметарсам».

Сипас аз ёдоварии калимаи ъиқоб гирист ва ба замин афтод ва пас аз лаҳзае ба ҳуш омад, аз ҷой бархост. Он гоҳ марди ҷониби муқобили ӯ гуфт: -Маро бубахш, ай Имоми муаззам.

Имоми Аъзам гуфт: -Касе ба нодонӣ, роҷеъ ба ман чизе гуфта, ӯро бахшидам, зеро бахшанда ва меҳрубон будан, аз сифатҳои Ҳақ субҳонаҳу ва таъолост ва агар марди доно ва аз чизе воқифу огоҳе ба ман айберо нисбат намуда, ки ман аз он барӣ мебошам, ӯро ҳеҷ авф намекунам, зеро бадгӯии уламо чизе аст, ки таъсири онҳо баъд аз онҳо боқӣ мемонад». 47. 40-41.

Имоми Аъзам /р/ одат дошт ва вақте шахсе дар маҷлиси ӯ роҷеъ ба мардум ҳарф мезад, ҳарфи ӯро қатъ карда, мегуфт: «-Бикӯшед, то дар бораи мардум, дар ғайби мардум чизе нагӯед, ки дӯст надорад Худо касонеро, ки дар бораи мо чизе гӯфтаанд, авф кунад…».

Аммо хуш надошт дар маҳзари ӯ, аз касе ғайбат шавад. Ибни Муборак /р/ боре ба Сӯфёни Саврӣ гуфт: -Абӯҳанифа фарсахҳо аз марзи палиди ғайбат дур буд: -Ман аз вай ҳеҷ гоҳ нашунидаам, ки аз душмани худ ғайбат кунад ва ё шикоят кунад, вай /яъне, Ибни Муборак/ илова мекунад боз: -Абӯҳанифа /р/ марди оқил ва басо фозиле буд ва намехост коре кунад, ки ҳасаноти ӯро маҳв намояд. 47, 41.

Ибни  Муборак /р/ мегӯяд:  «-Ба Кӯфа  омадам ва роҷеъ ба зоҳидтарин  ва пуртоқаттарин ва парҳезгортарин мардуми он ҷо пурсидам. Гуфтанд:-Абӯҳанифа /р/ зоҳидтарини инҳо аст. Вай мехост боре канизе харидорӣ кунад, даҳ сол ва ба ривояте бист сол мунтазир монд, дар ин муддат фикр мекард, то канизи мавриди назарро аз табақае, ки холӣ аз шубҳа ва гумон бошад, харидорӣ кунад. Ман (мегӯяд Ибни Муборак) ҳеҷ касеро парҳезгортар аз вай надидаам» 47-41.

Бале, ба ибораи устод Иноятуллоҳи Иблоғ: «Он чи гуфтам, як гӯшаи ҷузъие, аз баҳри бекаронаи маноқиботи ин марди бузург аст, ки ашхоси мӯътамад онро ривоят кардаанд, зеро ҳадафи асосии мо таблиғи мазҳаби худ ва танҳо мутолиаи маноқиби Имоми Аъзам нест ва нахоҳад буд ва сирф ба ҳамон андоза, дар он баҳс намудем, ки ба ҷиҳати маърифати Имом ва арзиши динӣ, рӯҳӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ, илмӣ-фалсафӣ, фиқҳӣ, фиқҳӣ-тасаввуфӣ ва иҷтимоии ӯ бад-он эҳсос зарурат мекунем…». 47. 41.

Перомуни шахсият ва мақому мартаба ва манзалати Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ва рӯзгори ӯ, яъне, оиди маноқиби ӯ метавон хеле зиёд ҳарф дарҷ кард ва нукоту ишороти зиёде, аз маводи мутаъаддид, ба мисол овард, ки барои ин кор, бе муболиға авроқ камӣ мекунад. Вале, бисёр хуш аст, ки мо бори дигар ба нигоштаҳои зарринҳуруфу қудс-ул-алфози бузургшайхи аҳли суннат ва ҷамоъат-Шайх Фаридуддин Аттори Валии Нишопурии Ҳанафӣ, дида бидӯзем, ки перомуни шахсият ва маноқиби Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ дар китоби «Тазкират-ул-авлиё»-и хеш оварда, ки ҳусни хотимаест ба поёнбахши ин маввӯъ:

«Он чароғи шамъу миллат, он шамъи дину давлат, он нӯъмони ҳақоиқ, он амони ҷавоҳири маъонӣ ва дақоиқ, он орифи олами сӯфӣ Имоми ҷаҳон Абӯҳанифаи Кӯфӣ /р/ сифати касе, ки ба ҳамзабонҳо сутуда бошаду ба ҳама миллатҳо мақбул, ки тавонад гуфт, риёзату муҷоҳидаи ӯ ва хилвату мушоҳидаи ӯ ниҳоят ва дар усули тариқат ва фурӯғи шариъат, дараҷаи рафиъ ва назаре нофиз дошт ва дар фаросату сиёсат ва қиёсат ягона буд ва дар муруввату футувват аъҷубае /беназир ва бемисл/ буд, ҳам карими ҷаҳон буд, ҳам ҷаводи замон, ҳам афзали аҳд ва ҳам аълами вақт. Ва… Анас ибни Молик /р/ ривоят кард, аз Расул /с/, ки: «Марде бошад дар уммати ман, яқола лаҳу Нӯъмон ибни Собит ва куният Абӯҳанифа. Ҳува сироҷу уммати» яъне, «Ӯ чароғи уммати ман аст»-С.Б.Б/. Сифати Абӯҳанифа, дар таврият буд, Абӯюсуфи Яъқуб гуфт: «Нуздаҳ сол дар хидмати вай будам, дар ин нуздаҳ сол намози бомдод, ба таҳорати намози хуфтан гузорид». Молики Анас гуфт: «-Абӯҳанифаро чунон дидам, агар даъвӣ кардӣ, ки ин сутун заррин аст, ҳар оина далел тавонистӣ гуфт». Имом Шофеъӣ /р/ гуфт: «-Ҷумлаи уламойи олам аёли Абӯҳанифаанд, дар фиқҳ».

…Ва вай чанд кас аз саҳоба дарёфта буд: Абдуллоҳ ибни Ҷузъуз-Зубайдӣ /р/ ва Анас ибни Молик /р/ ва Ҷобир ибни Абдуллоҳ /р/ ва Абдуллоҳ ибни Абӯавфӣ /р/ ва Восилат ибни Ал-Асқаъ ва Ойиша /р/ бинти Аҷрад пас вай мотақаддим аст бад-ин далойил, ки ёд кардем ва бисёр машоихро дида буд ва бо Содиқ /Имом Ҷаъфари Содиқ-С.Б.Б/ /р/ сӯҳбат дошта буд ва Иброҳими Адҳам ва Бишри Ҳофӣ ва Довуди Тоӣ ва Абдуллоҳ ибни Муборакро ҳамаср буд. Он гоҳ, ки ба сари равзаи сайидалмурсалин /Ҳазрати Муҳаммад /с/, С.Б.Б./ расид ва салавотуллоҳи алайҳи ва гуфт: «-Ассалому алайк, ё Сайидалмурсалин». Ҷавоб омад, ки: «Алайкассалом ё имомал -муслимин» ва дар аввали кор, азимат ъузлат кард.

Нақл аст, ки таваҷҷӯҳ, ба қиблаи ҳақиқӣ дошт, вай рӯй аз халқ бигардонид, муддате ва суф пӯшид, то шабе ба хоб дид, ки устухонҳои мубораки Пайғамбар ъалайҳиссалом, аз лаҳад гирд мекард ва баъзеро, аз баъзе ихтиёр мекард. Аз ҳайбати он бедор шуд ва якеро аз асҳоб Ибни Сайрин /ҳакими таъбирот-С.Б.Б/ пурсид. Гуфт: «-Ту дар илми Пайғамбар ъалайҳиссалом ва ҳифзи суннати ӯ, ба дараҷаи бузург расӣ, ки дар он мутасарруф шавӣ, саҳеҳ аз сақим ҷудо кунӣ». Ва як бори дигар Пайғамбар /с/ -ро ба хоб дид, ки гуфт: «Ё Абӯҳанифа, туро ба сабаби зинда гардонидани суннати ман гардонидаанд, қасди ъузлат макун».

Имом Абӯҳанифа зиёда ба ибодат машғул буд ва ба ҳадде, ки зонӯҳои мубораки ӯ хеле озурда шуда буданд, аммо ӯ мегиристу пайваста ибодат мекард, то ки Худовандро бандагӣ, ба ҷой оварда бошад. Ва ихлоси ӯ ба ҳадде буд, ки барои ҳалли масоили мушкил чиҳил бор Қуръон хатм мекардӣ ва он масоил ба тамом ҳал мекардӣ.

Нақл аст, ки Довуди Тоӣ гуфт: «-Бист сол пеши Имом Абӯҳанифа будам ва дар ин муддат ӯро нигоҳ доштем, дар ҳаловату малоъ сари бараҳна нанишаст (мисли халафиҳои имрӯза) ва аз барои истироҳат пой боре дароз накард, ӯро гуфтам. -Эй Имоми дин ва роҳнамои мӯъминин, дар ҳоли хилват, агар пой дароз кунӣ чӣ бошад? Гуфт: «-Бо Худой адаб гӯш доштан, дар хилват авлотар аст».

Нақл аст, ки рӯзе мегузашт /Имом Абӯҳанифа/ кӯдакеро дид, ки дар гил монда буд. Гуфт: «-Гӯш дор, ки наяфтӣ». Кӯдак гуфт: -Афтодани ман саҳл /ҳеҷ асту осон/ аст, агар биафтам, танҳо бошам, аммо ту гӯш дор, ки агар пойи ту билағжад ҳама мусалмонон, ки аз паси ту дароянд, билағжанд ва бархостани ҳама душвор бувад. Имомро аз ҳазоқати он кӯдак аҷаб омад ва дар ҳол бигирист ва ба асҳоби худ гуфт: «-Зинҳор агар шуморо дар масъала, агар чизе зоҳир шаваду далеле рӯшантар намояд, дар он мутобиъати ман макунед». Ва ин нишони камоли инсоф аст, ки то лоҷарам Абӯюсуф ва Муҳаммад /р/ басе ақвол доранд, дар масоили мухталиф бо он, ки чунин гуфтаанд, ки тири иҷтиҳоди ӯ бар нишон чунон рост омад, ки майл накард ва иҷтиҳоди дигарон бар гирди нишона буд, на бар ҳадаф.

Нақл аст, ки дар аҳди Имом Абӯҳанифа марде молдор буд ва амиралмӯъминин Усмон /р/-ро душман доштӣ, то ҳадде, ки ӯро ҷуҳуд хондӣ. Ин сухан ба Абӯҳанифа расид, ӯро бихонду гуфт: «-Духтари ту ба фалон ҷуҳуд хоҳам дод!».

Ӯ гуфт: -Ту Имоми мусалмонон бошӣ, раво дорӣ, ки духтари мусалмонро ба ҷуҳуд диҳӣ ва ман худ ҳаргиз надиҳам. Абӯҳанифа гуфт: -Субҳоналлоҳ, чун раво намедорӣ, ки духтари худро ба ҷуҳуде диҳӣ, чун раво бошад, ки Муҳаммади Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ду духтари худ, ба ҷуҳуде диҳад?! Он марди гумроҳ дарҳол бидонист, ки сухан аз куҷост, аз он эътиқод баргашт ва тавба кард, аз баракоти ҳозирҷавобии Имом Абӯҳанифа /р/…

Абӯалӣ ибни Усмон Ал-Ҷило гӯяд, ки: -Ба Шом будам, бар сари хоки Билоли Муаззин /р/ хуфта будам. «Дар хоб, худро дар Макка дидам, ки Пайғамбар /с/ аз боби Бани Шайба, дар омадӣ ва пиреро дар бар гирифта, чунон ки атфол /кӯдак/-ро дар бар гиранд. Ба шафқате тамом ман, пеши ӯ давидам ва бари пояш бӯса додам ва дар таъаҷҷуби он будам, ки ин пир кист?!

Ҳазрати Пайғамбар /с/ ба ҳукми мӯъҷиза бар ботини ман мушарраф шуд ва гуфт: «-Ин Имоми аҳли диёри ту аст, Абӯҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ»: Нақл аст, ки Нӯфал ибни Ҳаён гуфт: «-Чун Абӯҳанифа /р/ вафот кард, қиёмат ба хоб дидам, ки ҷумлаи халоиқ дар ҳисобгоҳ истода буданд ва Пайғамбар ъалайҳиссаломро дидам, бар лаби ҳавз истода бар ҷониби ӯ, аз рост ва чап машойих дидам истода ва пире дидам некӯрӯй ва сару рӯйи вай сафедрӯй ва рӯй бар рӯи Пайғамбар /с/ ниҳода ва Имом Абӯҳанифаро дидам, баробари Пайғамбар /с/ истода.

Салом кардам, гуфтам маро об деҳ: Гуфт: -То Пайғамбар /с/ иҷозат диҳад, пас Пайғамбар /с/ фармуданд, ки «-Ӯро об деҳ». Ҷоме об, ба ман дод, ман ва асҳоб аз он ҷом об хӯрдем, ки ҳеҷ кам намешуд. Ба Абӯҳанифа гуфтам: Ба рости Пайғамбар /с/, он пир кист? Гуфт: -Иброҳими Халилуллоҳ /ъ-м/ ва бар чап Абӯбакри Сиддиқ /р/. Ҳамчунин пурсидам ва бо ангушт ъуқд мегирифтам, то ҳафтдаҳ кас пурсидам чун бедор шудам ҳафдаҳ ъуқд гирифта будам.

… Бале, маноқиби ӯ бисёр асту маҳомади ӯ бешумор. Хулосатул каломи ин бахш ин аст, ки ӯ «Чароғи уммат аст». 47. 185-191.

Ҳаким Имом Абӯҳанифа /р/ солҳои 747-748 бо нияти халосӣ аз таҳдид ва таъқиботи волии уммавиён, дар Ироқ-Ибни Ҳубайра, ба Макка сафар намуд. Дар доираи уламои Макка дониши худро боз ҳам такмил дод ва илми ҳадисро пурра аз бар намуд. Ба Кӯфа, Абӯҳанифа /р/ дар давраи халифаи Аббосӣ-Абӯҷаъфар Мансури Давониқӣ баргашт. Фақеҳи кабир ба Кӯфиёне, ки ба хилофати уммавиёи кину хусумат меварзиданд, ҳамрайъ буд ва хилофати Аббосиёнро хуш пазируфт… 57. 6.

…Сарсулола ва нахустхалифаи Аббосиёни араб ва эронитабор-Абулаббос аст, ки хурӯҷро барои соҳибии тахти хилофат, аз Хуросон, бар зидди уммавиён оғоз карда буданд, ки лақабаш Абулаббос /амаки Паёмбар ъалайҳиссалом аст/-и Саффоҳ /ҷангҷӯву шуҷоъ ва хунрезу хуношом/ мебошад. Онон ҳам, ба аҳли суннат мансуб буданд ва зери пардаи дин ва шиори – «номуси аҳли байт ва ғурӯри хонаводагӣ», бо раҳнамоии Муҳаммад ибни Алӣ, ба минбари имомат ва тахти хилофат соҳиб шуданд. Аббосиён бераҳмона алайҳи Уммавиёни- ҳаммазҳаби худ, яъне, аҳли тасаннӯъ /Банӣ Умайя, ки нахустхалифааш Абӯ-Муъовйя аст ва Усмон ибни Аффон /р/ намояндаи ин сулола, яъне, сулолаи хулафо буд/ мубориза бурда, ононро /ки ба ҷои Мадина, шаҳри Димишқ пойтахташон буд/ шикаст дода, пойтахти хилофати хеш, шаҳри Бағдодро қарор доданд.

Аббосиён на ба туфайли васияти Абӯҳишом /писари Муҳаммад ибни Ҳанафӣ ъалайҳиссалом-писари Алӣ, аз зани канизакаш/ балки аз рӯи русуми авлодӣ, ба минбари имомат ва курсии хилофат омаданд, ки ҷадди онон Абулаббос амаки Паёмбар /с/ аст. Ва онон ҳуқуқи зиёде ба ҳокимият ва имомат доранд, нисбати Уммавиёни бе насаб /аз қабилаи Маккаии «Қурайшӣ» яъне, ва аз ҷониби дигар, аз қабилаи Ҳошимӣ ки мансуби авлоди Расули акрам /с/ аст. Ин ақидаи эшон алайҳи уммавиён, боиси тавлиди ҷараёни иртиҷоии «Аббосия» гардид /асосгузори ин ақида ва таълимот-Абӯҳурайри Ровандӣ аст. Аббосияро дар таърихи Ислом, ба номи «Ровандия» низ мешиносанд.

«…Бо заволи Уммавиёни суннӣ, зимоми ҳукумат аз дасти аъроб берун омад ва ба дасти тарафдорони Банӣ Аббос /арабҳои эронитабор/, яъне, эрониёни суннимазҳаб афтод ва эҷоди Бағдод низ ин таҳаввулро нишондор кард. Забони кишвар ҳанӯз арабӣ буд, аммо адабиёт ва русуми зиндагонии ҳама, таҳтуттаъсири ин таҳаввул (яъне, таҳти таъсири тамаддуни пешрафта ва фарзонаи ориёӣ, яъне, эронӣ буд, С.Б.Б) қарор гирифт ва тамаддуни тозае оғоз шуд, «Ҷанги Зоб»-нуқтаи муқобили «Ҷанги Қодисия» буд ва эрониён қудратеро, ки дар он ҷо бохта буданд, дар ин ҷо ба даст оварданд» 27-204.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …