Главная / Илм / ШАБПАРАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ШАБПАРАК дар Канзи Шифо (Китоб)

kur_shabparak-620x330ШАБПАРАК — ин ҷонварро бинобар он, ки рӯзона парвоз намекунад, саҳван кӯршабпарак меноманд. Инро ҳама медонанд. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар чорум хушк аст. Гармии гӯшташ камтар аст аз ҳарорати саргини он.

Хислатҳои шифобахши он: онро шӯрбо карда бихӯранд, ахлоти нодаркор ва инчунин зардобро бо исҳол аз бадан дафъ мекунад, истисқо (водянка) ва дарди суринро шифо мебахшед. Агар онро дар равғани зайтун муҳарро пухта бихӯранд, иллатҳои фолиҷ, ларзак, дардҳои буғумҳо, дарди пушт ва ниқрисро (подаграро) ба ибро меоварад, варамҳои сардро таҳлил медиҳад; агар дар равғани кунҷид ҳамон тавр пухта, батакрор бимоланд, ирқуннасоро шифо мебахшад.

Гӯшти онро дар равғани занбақ ё дар равғани савсани кӯҳӣ дар деги чӯян ё мис ба ҳадде бипазанд, ки равған хушк шавад ва аз нав равған андохта бипазанд, то шабпарак муҳарро гардад. Баъд равғанро соф намуда бимоланд, барои фолиҷи қадим, ларзак, дамкӯтаҳи, ниқрис, дарди аъзо, манъи рехтани мӯй доруи аҷиб мебошад; ва агар инро занҳо ба пистони худ бимоланд, намегузорад, ки онҳо калон шаванд. Агар ин шабпаракро дар об муҳарро пухта, ба закар бимоланд, пешоби бандшударо мекушояд. Он обро, ки шабпарак пухта шудааст, дар сӯрохи закар ба такрор бичаконанд ва ё дар он об даромада нишинанд, фолиҷ ва сусту нотавон гаштани аъзоро шифо мебахшад.

ВИДЕО

Мағзи сари онро дар оби пиёз ҳал карда, ба чашм кашанд, оби дар гавҳарак фуромадаро дафъ ва чашмро бино мегардонад; агар инро бо асал сиришта бимоланд, гули чашмро нест мекунад.

Хуни онро ба зери нофи тифлон бимоланд, ба он ҷо мӯй намерӯяд, агар ба пистони духтарон бимоланд, пистон бисёр бузург намегардад. Агар ин хунро ба чашм бимоланд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мекунад, дафъ менамояд.

Шабпаракро сӯхта, хокистарашро чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез ва гули дар он афтодаро дафъ мекунад. Агар ин хокистарро дар шароб андозанд, нӯшандагонаш маст намегарданд.

Заҳраи онро занҳо ба андоми шарми худ бимоланд, душвории зоиданро барҳам медиҳад, яъне зоишро дарҳол осон мекунад.

Агар майнаи онро ба зери по бимоланд, қуввати пушти камарро (боҳро) бармеангезад.

Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк то дараҷаи чорум мерасад. Агар инро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Агар онро ба шукуфаҳои пӯст бимоланд, онҳоро дур менамояд.

Шири шабпарак низ дар мизоҷ бисёр гарм аст ва поккунандаи доғҳо мебошад. Агар аз ин 4,5 грамм бихӯранд, ҳалок мекунад, яъне мекушад. Як грамми инро бихӯранд, санги гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.

Дар болои ошёни онҳо чизи сафеди сахт ёфт мешавад ба миқдори банди ангӯште (баъзан калонтар ва баъзан хурдтар аз он) монанди ишхор, вале сафедтар аз он, сӯрохдор, яъне ковокдор. Агар инро ос карда бимоланд, озахҳоро хушк мекунад ва мӯйро чун тарошида шуда аз пӯсти бадан ҷудо мекунад, вале пӯстро захмин месозад.

Пешоби ин ҷонвар низ мизоҷ ва хислати шири онро дорост, моддаҳои сахт ва ғафси баданро мегудозад. Агар онро ба чашм бикашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин шираш ҳам гули чашм ва нохунаки чашмро дур менамояд. Вале ин ҳар ду ба чашм зарар низ мекунад. Бинобар ҳамин аз истеъмолашон ба чашм, беҳтар аст, ки худдорӣ намоянд.

Агар нафаҳмонда сари онро ба зери болини касе бигузоранд, он шахсро хоб намебарад. Инчунин чашм ва дили он ҳам ҳамчунин таъсирро дорад.

Агар дар бурҷи (ҷойгаҳи) кабӯтарон сари онро дафн намоянд, ба он ҷо кабӯтарони бисёр ҷамъ мешаванд. Агар инро дар сӯрохи муш гузоранд, ҳамаи мушон аз он хона мегурезанд.

Дилашро ба гардани худ овезанд, барои ҳаракати ҷимоъ ёрӣ медиҳад.

Мағзи сари онро бар закар бимоланд, онро қавӣ мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …