Главная / Илм / Шаби қадр (Лайлатулкадр)

Шаби қадр (Лайлатулкадр)

Шаби қадр (шаби боқадр ва тақдир) бар ҳаммаи шабҳои сол фазилат ва бартарӣ дорад ба хотири ин, ки сураи аввалини Қуръони карим дар он шаб нозил шудааст. Тибқи тахмини бештари уламоҳои исломӣ шаби қард ба шаби 27-уми моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Соли 2024-уми ҳиҷри шамсӣ ин шаб ба шаби санаи 7-уми апрел ба 8-уми апрел, ки баробарии рӯзу шаб аст рост меояд.

shabi_qadrИнчунин ба гуфтаи Расули акрам шаби қадр ин шабҳои тоқи даҳаи охирин, яъне шабҳои 21, 23, 25, 27 ва 29 мебошад. Хусусан шаби 27-ум.

Худованд мефармояд:

(Ҳар оина мо фуруд овардем Куръонро дар шаби қадр. Ва чи муталиъ сохт (дононд) туро, ки чист шаби қадр. Шаби қадр беҳтар аст аз ҳазор моҳ аст.

Фуруд меоянд сариштагон ва Руҳ дар он шаб ба фармони парвардигори хеш барои саранном кардани ҳар коре. Он шаб то вақти тулуъи фаҷр-бомдод махзи саломатист.

Ва дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

(Мо Қуръонро дар шаби муборак ва гиромӣ нозил кардем).

Паёмбар (с) дар бораи фазилати ин шаб мефармояд: (Касе, ки дар шаби қадр бар асоси имони ба Худо ва умеди аҷр ва подош аз вай ба намоз биистад (ва ба ибодат машғул шавад)  гуноҳони гузаштаи у бахшида мешавад).

Шаби қадр дар яке аз шабҳои даҳ рӯзи охири рамазон аст ба ин хотир ба зиндадории ин даҳ рӯзи охир супориш шуда аст.

Дар ҳадис омадааст:

(Шаби қадрро дар шабҳои фарди даҳ шаби охири рамазон талош кунед).  Паёмбар (саллалоҳу алайҳи васаллам) дар даҳ рӯзи охири рамазон сахт ба ибодат машғул мешуданд.

Чунон, ки Уммулмуъминин Оиша мефармояд: (Ҳангоме, ки даҳ рӯзи охири моҳи рамазон фаро мерасад. Расулуллоҳ (с) шаб бедор мемонд. Ва хонаводаашро бедор мекард. Ва сахт ба ибодат машғул мешуд).

Аз Ҳазрати Оиша ривоят шудааст, ки мефармояд: Ба расулулло (с) гуфтам: Агар донистам кадом шаб шаби қадр аст чи бигуям? Паёмбар (с) фармуданд;

бигу: (Парвардигоро! Бешак ту бисёр омурзадаи ва омурзишро дуст медорӣ, пас маро биёмурз). Худованд  ҳамаи морро  дар ин  шаби  мубораку  ин  моҳи  Шариф  аз  савобу  самараҳои  бениёзи  Парвардигори  оламиён бонасибу  рӯзи  гардонаду  тоату  ибодатҳояамонро  ба даргоҳи  иллоҳӣ  кабул  кунад.

Дар китоби ҚУРЪОН омадааст:

Сураи ҚАДР (Тақдир) (97-умин сураи китоби Қуръони карим)

surai_qadrБа номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

  1. Мо дар шаби қадр нозилаш кардем! (Қуръонро)
  2. Ва ту чӣ донӣ, ки шаби қадр чист?
  3. Шаби қадр (шабест, ки) беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
  4. Дар он шаб фариштагону Рӯҳ ба фармони Парвардигорашон барои анҷом додани корҳо нозил мешаванд.
  5. Он шаб то тулӯи бомдод ҳама салому эминӣ аст!

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …