Главная / Гуногун / Себи беҳтарини Тоҷикистон «Рауфӣ»

Себи беҳтарини Тоҷикистон «Рауфӣ»

Себи «Рауфӣ» ин як намуди себи тобстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва асосан дар водии Хисор ва хоса дар қисми шимолии ноҳияи Ҳисор дар дараи Алмосӣ мерӯяд. Аввали солҳои 2000-ум дар бозори Душанбе пайдо шу два хело шуҳрату бозоргир гашт. Дарахти себи Рауфӣ дар сини 5 солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад ва то 40-50 солагӣ умр мебинад.

Нархи себи Рауфӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе бо арзиши аз 1 то 2 доллари ИМА ё худ 10 то 20 сомонӣ фурӯхта мешвад ва аз ҷихати тамъ ин намуди себ хеле бомазаву мулоим аст. Ранги себи Рауфӣ сафеди сурхча, пусташ тунук ва дарунаш сафедча аст. Тобистон моҳҳои август мепазад ва то сентябр тамом мешавад. Ниҳоли ин намуди себро дар хоҷагиҳои ниҳолпарвари Шаҳринав ва Ҳисори шодмон ёфта мешавад, ки нархашон 1 то 1,5 доллари ИМА аст.

Бо сабаби бомазаву мулоим будани ҳосили ин дарахт онро кирм бисёр ҳашар мекуад ва барои ҳамин ҳам нигоҳубини вай барои ҳифз кардани дарахтон аз ҳашаротҳо серхарҷ мебоашд. Доруҳои зиди ҳашаротҳои ин дарахтон дар бозор бисёранд.

Ба ҳисоби миёна як дарахти себи Рауфи 50-100 килограм ҳосил медиҳад ва як гектари он то 25-30 тонн ва аз ин ҳам зиёда ҳосил медиҳад ва даромади умумии он дар як сол ба 20-30 000 доллари ИМА метавон бошад.

Дарахти себи Рауфи то -30 дараҷа хунукӣ тобовар аст ва асосан маконҳои салқинро дуст медорад. Дар ҷойҳои гарми кишвар метавонад рушд накунад, ки боиси нигаронӣ метавон буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …