Ин саволҳои санҷишӣ-тестӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳ дахл дорад
Ҳайати Суди Конститутсионӣ аз чанд нафар иборат мебошад?
A) 11 нафар; В) 9 нафар; C) 6 нафар; D) 4 нафар; Е) 7 нафар;
Барои чи ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳо тақсим мешавад?
A) барои он ки ба ҳама имконият дода шавад то ки иродаи худро ба воситаи ягон шохаи ҳакимият ифода карда тавонад; В) барои ҳукмронии як синф аз болои синфи дигар; C) барои он ки яке аз онҳо ҳакимияти давлатиро сӯиистеъмол накунад; D) Барои он ки ҳама дар амали намудани ҳокимият бояд иштирок намояд; Е) барои он ки вазифаҳо хубтар тақсим карда шавад;
Ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон диҳед.
A) сарвазир, вазири адлия, раисони кумитаҳои давлатӣ; В) Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ; C) сарвазир, Раиси Маҷлиси Олӣ, раиси вилоят; D) сарвазир, вазирон ва раисони ноҳия, шаҳр; Е) сарвазир ва муовинони он;
Кадоме аз ин сабабҳо боиси бавуҷудоии давлати Рим гардид ?
A) муттаҳидшавии синфҳо; В)вайроншавии сохти авлодӣ, пайдоиши моликияти хусусӣ ва синфҳо; C) Дар натиҷаи забтнамоии қабилаҳои олмонӣ; D) дар натиҷаи муборизаи байни патритсийҳо ва плебейҳо; Е) муттаҳидшавии сохти авлодӣ барои ноилшави ба мақсадҳои умумӣ;
Функсияҳои давлатро ишора намоед
A) самти фаъолияти давлат, ки сиёсати сулхҷӯёнаро ба амал мебарорад; В) функсияи берунӣ; C) самти фаъолияти давлат, ки барои амалӣ гардонидани вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ равона шудааст; D) функсияи дохилӣ ва берунӣ, ки давлат муқарар намудааст; Е) функсияи дохилӣ;
Кадом шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси коркунон бекор карда мешавад?
A) бо ноболиғон басташуда ва мӯҳлатнок; В) муваққатӣ ва мавсимӣ; C) ба мӯхлати номуайян басташуда, мӯҳлатнок ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ё вайрон намудани қонунгузории меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ва дигар сабабҳои узрнок; D) Мӯҳлатнок ва бо кормандони хоҷагӣ басташуда; Е) ба мӯҳлати номуайян басташуда, даъват ва ё дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ;
Шаҳрвандон аз синни чандсолагӣ ҳуқуқи интихоб карданро доранд?
A) 16; В) 18; C) 17; D) 17; Е)19;
Мақомоти намояндагӣ ва иҷрояро дар воҳидҳои маъмурию марказӣ, ки сарварӣ мекунад?
A) Сарвазир; В) Раиси Маҷлиси Олӣ; C) Ҷамоат; D) Президент; Е) раис;
Кадоме аз ин ҷавобҳо дуруст аст? Давлат ин:
A) маҳсули ҷамъияти синфист; В) Созиши шоҳон, султонҳо, хонҳо, президентҳо аст; C) созиши авлодҳо аст; D) маҳсули муборизаҳои авлодӣ аст; Е) маҳсули синфӣ аст;
Изофакорӣ чист?
A) Коре мебошад, ки бо амр ва ё вазифаи маъмурият ба амал бароварда шуда, аз давомияти вақти кории мӯътадил берун мебарояд; В) коре, ки бо супориши маъмурият ва розигии коркун иҷро карда мешавад; C) кори зиёда аз вақти корӣ; D) коре, ки бо амри маъмурият дар ҳолатҳои фавқуллода супориш дода мешавад; Е) коре, ки бо розигии иттифоқи касаба иҷро карда мешавад;
Агар Президент бо қонуни қабулкардаи Маҷлиси Олӣ ризо набошад дар муддати чанд рӯз қонунро ба вай бармегардонад?
A) 25 рӯз; В) 15 рӯз; C) 5 рӯз; D) 20 рӯз; Е) 10 рӯз;
Аломатҳои соҳибкориро номбар кунед?
A) озодии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳавасмандии иқтисодӣ, таваккали хоҷагӣ ва ҷавобгарии молумулкӣ, аз номи худ баромад намудан; В) ташаббуснокӣ, ба қайд гирифтан, истифодаи қувваи корӣ, кироя, шартнома бастан; C) Озодии фаъолияти соҳибкорӣ, даромади шахсӣ гирифтан, аз номи худ баромад намудан; D) ҳавасмандии иқтисодӣ, таваккалии тиҷоратӣ, молумулк доштан; Е) шахси ҳуқуқӣ будан, таваккал кардан, дар муомилоти гражданӣ иштирок намудан, корхона доштан;
Мӯҳлати рухсатии ҳарсолаи ноболиғонро муайян намоед.
A) то 24 -рӯз; В) То 45 -рӯз; C) То 25 -рӯз; D) на камтар аз 30 рузи тақвимӣ; Е) то 60 –рӯз;
Прокурори генералии Тоҷикистон дар назди кӣ масъул мебошад?
A) Раиси Маҷлиси Олӣ; В) Раиси Маҷлиси Олӣ ва Раиси суди Конститутсионӣ; C) Президент ва Вазорати дохилӣ; D) Маҷлиси Олӣ; Е) Маҷлиси Миллӣ ва Президент;
Кадом сабабҳо боиси пайдошавии синфҳо гардид?
A) қодир набудани одамон дар назди офатҳои табиӣ; В) тақсимоти ҷамъиятии меҳнат; C) бадастоварии сарват дар натиҷаи муҳорибаҳои ҳарбӣ; D) Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва бавуҷудоии моликияти хусусӣ; Е) муттаҳидшавии авлодҳо;
Масъалаҳои муҳимтарини ҷамъияти ибтидоиро кадом мақомот идора менамуд?
A) сардорони қабилаҳо ва доҳиёни ҳарбӣ; В) мақомоти худидораи ҷамъиятӣ; C) Мақомоти худидораи давлатӣ; D) маҷлиси умумиавлодон; Е) маҷлиси умумии аъзоёни қабилаҳо;
Ҷумҳурӣ аз монархия бо кадом сифатҳояш фарқ мекунад ?
A) ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онро сарвари давлат таъин менамояд; В) ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онҳо ба мӯҳлати номуайян интихоб карда мешаванд; C) Ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онҳо ба мӯҳлати муайян интихоб карда мешаванд; D) ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онҳо ба мӯҳлати муайян таъин карда мешаванд; Е) ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онҳо бо халқ робита надоранд;
Қобилияти амалкунӣ чист?
A) қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардани ҳуқуқҳои гражданӣ ва барои худ ба вуҷуд овардани ӯҳдадориҳои гражданиро меноманд; В) Қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардани уҳдадорӣ ва вазифаҳои гражданиро меноманд; C) қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардани молумулк ва ӯҳдадориҳои гражданиро меноманд; D) қобилияти бо ҳаракатхои худ ба даст даровардани моликият ва дигар ҳуқуқҳои молумулкиро меноманд; Е) қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардан уқуқ ва озодиҳои гражданиро меноманд;
Таърихи қабули конститусияхои Тоҷикистонро муайян намоед?
A) 1924, 1929, 1931, 1937, 1992; В) 1929, 1931, 1937, 1978, 1994; C)1994, 1999; D) 1922, 1929, 1936, 1977, 1993; Е) 1930, 1937, 1954, 1977, 1994;
Раъйпурсии умумихалқӣ барои дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун бо тарафдории чанд ҳиссаи вакилони мардумӣ баргузор мегардад?
A) Аз се як ҳисса; В) Аз чор як ҳисса; C) Аз панҷ се ҳисса; D) 51 фоиз; Е) Аз се ду ҳисса;
Дар кадом шаклҳо хоҷагии деҳқонӣ ташкил дода шуданаш мумкин аст?
A) дар шакли ширкат ва ассотсиатсия хоҷагӣ; В) дар шакли инфиродӣ, оилавӣ ва ширкат; C) дар шакли субъекти мустақили хоҷагидорӣ , ки ба моликияти умуми асос ёфтааст; D) Дар шакли коллективӣ, инфиродӣ ва хоҷагӣ; Е) дар шакли ҷамъи аъзои оила, ки замин доранд;
Монархия чи гуна шакли давлатдорӣ аст?
A) давлатдориест, ки ҳокимияти иҷроия ва монархро халқ интихоб менамояд; В) Давлатдориест, ки сарвари ҳокимияти иҷроияро халқ интихоб менамояд; C) давлатдориест, ки сарвари ҳокимияти иҷроияро монарх (шоҳ, султон, амир, губернатор ва ғ.) таъин менамояд; D) давлатдориест, ки ҳокимияти олӣ ба ихтиёри намояндагони халқ вогузор шудааст; Е) давлатдориест, ки ҳокимияти олӣ қисман ё пурра дар ихтиёри сарвари давлат аст;
Дар кадом ҳолатҳо алимент рӯёнида мешавад?
A) ҳангоми мавҷуд будани эҳтиёҷоти моддӣ; В) Рӯй гардонидани волидайн аз иштирок дар тарбияи фарзанд, аз ҳуқуқи волидайнӣ маҳрум гаштан, бо қарори суд ҳангоми талоқ; C) қарори суд дар бораи додани алимент, бо қарори Вазорати адлия; D) ҳангоми талоқ, аз озоди маҳрум намудани волидон; Е) ба корҳои ислоҳкунӣ шартан ҷалб намудани волидайн, бо қарори суд ҳангоми талоқ;
Шаклҳои идоракунии давлатро муайян созед.
A) давлати мусолиҳаи миллӣ; В) ҷумҳурии президентӣ ва парлумонӣ; C) парламентӣ ва монархия; D) Давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд; Е) ҷумҳурӣ ва монархия;
Нишонаҳои давлатро муайян намоед.
A) ҳокимияти оммавӣ, мавҷудияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия , суд; В) Ҳокимияти оммавӣ, мавҷудияти ҳудуд ва тақсимоти аҳолӣ дар ҳудуд, соҳибихтиёрӣ ва ғункунии андоз; C) мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия , суд ва гирифтани андоз ва соҳибихтиёрӣ; D) ҳокимияти оммавӣ, мавҷудияти ҳудуд, қувваҳои мусаллаҳ, суд ва прокуратура; Е) ҳокимияти оммавӣ, мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия , суд ва гирифтани андоз;
Кадоме аз ин воқеъиятҳо асоси қатъгардии шаҳрвандиро тақозо менамояд?
A) никоҳ бастан, гум кардан; В) баромадан, дохил шудан; C) баромадан, маҳрум шудан; D) баромадан, таваллуд шудан; Е) баромадан, аз дастдиҳӣ, маҳрум шудан;
Қонунҳои Тоҷикистон барои имзо ба кӣ пешниҳод мешавад?
A) ба Маҷлиси Олӣ; В) ба Раиси Маҷлиси Олӣ; C) ба Прокурор; D) Ба Раёсати Маҷлисӣ Олӣ; Е) ба Президент;
Намудҳои аҳдҳоро номбар кунед?
A) хаттӣ, даҳонӣ, рамзӣ, берамз ва ғ; В) Яктарафа, ду ва бисёртарафа, хаттӣ, даҳонӣ, музднок ва бемузд; C) яктарафа, бисёртарафа, музднок ва ғайра; D) яктарафа, хаттӣ, даҳонӣ, муздор ва бемузд; Е) яктарафа, рамзӣ, музднок, реалӣ ва ғ.;
Аз синни чандсолагӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан мумкин аст?
A) аз синни 18 солагӣ; В) аз вақти баникоҳдароӣ; C) аз синни 16 солагӣ; D) Аз синни 25 солагӣ; Е) аз синни 20 солагӣ;
Мафҳуми прогулро ҳаллу фасл созед?
A) як моҳ ба кор набаромадан; В) аз кор худсарона баромада рафтан; C) бо сабаби беморӣ ба кор наомадан; D) 3 соат дар давоми рӯз дар кор набудан; Е) ба кор 3 рӯз наомадан;
Қобилияти ҳуқуқдорӣ кадом вақт барҳам мехӯрад?
A) аз лаҳзаи вафот; В) ҳангоми бастани аҳди никоҳ; C) пас аз лаҳзаи ба синни 60 солагӣ расидан; D) аз лаҳзаи ҳабси пешакӣ; Е) ҳангоми нафақа таин намудан;
Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатро номбар кунед?
A) Конститусия ҶТ., кодекси меҳнатииҶТ.аз15.05.1997, қонунҳо, фармонҳои Президент, қарорҳои ҳукумат ва ғ.; В) Фармонҳои Президенти ҷумҳур ва санадҳои ҳукумати ҶТ; C) Конститусия, қонун, қарор, фармон, оинномаи колхоз; D) Конститусияи ҶТ., қонун,фармонҳои Президенти ЧТ; Е) карори ҳукумати маҳаллӣ, шартномаи коллективӣ, шартномаи меҳнатӣ;
Усулҳои таъмини интизоми меҳнат кадомҳоянд?
A) боваркунонӣ, раҳматнома, инъом, огоҳӣ; В) Боваркунонӣ, маҷбуркунонӣ; C) огоҳӣ, огоҳии қатъӣ, тухфаи пуркиммат; D) ҳавасмандкунӣ, боваркунонӣ; Е) раҳматнома, боваркунонӣ, инъом;
Молу мулки умумии ҳамсаронро нишон дихед.
A) молу мулке, ки зану шавҳар то бастани никоҳ доштанд, чизҳои истифодабарии умумӣ ва шахсӣ; В) Молу мулке, ки пеш аз никоҳ аз они ҳар кадоме аз ҳамсарон буд, молу мулке, ки онҳо дар давраи никоҳ ба даст овардаанд; C) молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи никоҳ ба даст овардаанд, тӯҳфаи қимматбаҳо; D) Молу мулке, ки пеш аз никоҳ аз они ҳар кадоме аз ҳамсарон буд, чизҳои истифодабарии шахсӣ; Е) молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи никоҳ ба даст овардаанд;
Кадом мақомот ҳуқуқи қабул намудани қонунро дорад?
A) Раиси вилоят; В) ҳукумат; C) Президент; D) Маҷлиси Олӣ; Е) Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
Давомнокии муътадили вақти корро ишора намоед.
A) 42 соат дар як ҳафта ва 6 соат дар як рӯз; В) 41 соат дар як ҳафта ва 9 соат дар як рӯз; C) 40 соат дар як ҳафта; D) 36 соат дар як ҳафта ва 7 соат дар як рӯз; Е) 41 соат дар ҳафтаи 6 рӯзаи корӣ, 42соат дар ҳафтаи5 рӯзаи корӣ;
Шакли классикии бавуҷудоии давлатро муайян созед:
A) давлати Олмониён; В) давлати Римиҳо; C) давлати Афина, Олмон, Рим; D) Давлати Сомониён; Е) давлати Бохтариён;
Ки тарафҳои шартномаи меҳнатӣ шуда метавонад?
A) Коллективи меҳнатӣ ва маъмурият; В) коргар ва хизматчӣ, корхона, муаcсиса ва ташкилот; C) коргар ва иттифоқи касаба; D) коргари кироя ва хизматчӣ; Е) соҳибкор ва давлат;
Дар кадом ҳолатҳо муваққатан ба кори дигар гузаронидани коргар иҷозат дода мешавад?
A) зарурати истеҳсолӣ, бекормонӣ; В) татбиқи ҷазои интизомӣ, аз озодӣ маҳрум намудан; C) Вазъияти фавқулода, бекормонӣ; D) Бекормонӣ, татбиқи ҷазои ҷиноятӣ, интизоми ва зарурияти истеҳсолӣ; Е) зарурияти истеҳсолӣ ва офати табиӣ;
Кадоме аз ин функсияҳо ба функсияи берунии давлат шомил мешавад?
A) Таҳкими сулҳ, мубориза барои сулҳу осоиш; В) ҳифзи сарҳадот ва истиқлолияти давлат; C) таҳкими сулҳ ва равобит; D) ин давоми сиёсати дохилии давлат барои ҳамкории сиёсӣ; Е) додугирифти иктисодӣ ва фарҳангӣ;
Шаклҳои давлатдории ҷумхуриявиро муайян созед.
A) ҷумҳуриҳои федеративӣ (иттифоқӣ)ва унитарӣ; В) Ҷумҳурии иттифоқӣ; C) ҷумхурии федеративӣ; D) ҷумҳурии унитарӣ; Е) ҷумҳурии парлумонӣ ва президентӣ;
Салоҳиятҳои ҳукумати ҷумҳуриро кадом санадҳо муқаррар менамоянд?
A) Конститутсия ва Дастури Ҳукумат; В) Конститутсия, фармонҳои Президенти ҶТ, қарорҳои Ҳукумат ва дастури он; C) Конститутсия ва қонуни конститутсионӣ дар бораи ҳукумати ҶТ; D) Конститутсия ва Фармонҳои Президенти ҶТ; Е) Фармонҳои Президенти ҶТ ва дигар санадҳои Маҷлиси Олӣ;
Бо талаботи кадом мақомот фарзандхонӣ қатъ мегардад.
A) бо талаби САҲШ, қарори Вазорати адлия; В) бо талаби волидайн, прокурор; C) Бо талаби волидайн, мақомоти васигӣ ва парасторӣ, прокурор; D) бо талаби мақомоти васигӣ ва парасторӣ, прокурор; Е) бо талаби прокурор, суд, САҲШ;
Аҳд чист?
A) ҳамагуна ҳаракате, ки бо қонунгузории ҷорӣ иҷозат дода шуда аст; В) ҳаракати шаҳрвандон ва ташкилотҳоро меноманд, ки барои ба вуҷуд омадан, тағир ёфтан ва ё қатъ шудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо равона карда шудаанд; C) ҳаракати шаҳрвандон, ки бо меъёрҳои ҳуқуқӣ иҷозат дода шудааст; D) ҳаракати шаҳрвандон ва ташкилотҳоро меноманд, ки барои ба вуҷуд омадан, аз байн бурдан, ё тағйир додани ҳуқуқи моликиятӣ равона карда шуда аст; Е) ҳаракате, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағир ёфтан ва ё қатъ гардидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ гардидаанд;
Мафҳуми шаҳрвандиро муайян созед
A) Мансубияти шахсро ба ин ё он давлат меноманд; В) баробарҳуқуқии шахс ва давлат; C) Алоқамандии давлат ва шахс; D) дар ҳудуди давлат таваллуд шудан; Е) масъулияти шахс дар назди давлат;
То cjkb 2005 дар Чумҳурӣ чанд Президент интихоб шудааст?
A) 5; В) 2; C) 3; D) 4; Е) 1;
Қобилияти амалкунии шахси вокеъӣ аз кадом вақт ба вуҷуд меояд?
A) аз синни 20 солагӣ; В) Аз синни 18 солагӣ, ҳангоми ба никоҳ даромадан аз синни 17 солагӣ; C) ҳангоми ба ақди никоҳ дохил шудан; D) аз синни 16 солагӣ; Е) аз синни 14 солагӣ;
Конфедератсия чи гуна давлат аст?
A) Давлати иттифоқӣ; В) идтиҳоди давлатҳои муштарак; C) иттиҳоди ҳарбию сиёсии давлатҳои ҷудогона; D) воҳидҳои марзию маъмурии давлатҳои гуногун; Е) идтиҳоди ҳарбию сиёсии ҳамаи давлатҳо;
Аз синни чандсолагӣ шаҳрвандон кӯдаконро ба фарзандӣ қабул карда метавонанд?
A) 21 солагӣ; В) 20 солагӣ; C) агар оиладор шуда бошанд; D) 19 солагӣ; Е) агар ба балоғат расида бошанд;
Ҷавобгарии хуқуқӣ гуфта чиро меноманд?
A) тадбиқи чораҳои давлатӣ барои шаҳрвандон; В) иҷро кардани ӯҳдадориҳои аз ҷониби ҳуқуқвайронкунандагон дар таҳти маҷбурияти давлатӣ; C) маҷбуркунии давлатӣ ҳангоми ба амал баровардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ; D) маҷбуркунии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифа; Е) иҷро кардани ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар зери назорати давлат;