Главная / Ҷамъият / Савдои одамон чист?

Савдои одамон чист?

Ғуломдорӣ то ҳол дар баъзе аз кишварҳои дунё дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошта, ҳаёти ҷамъияти имрӯзаро пур аз азобу уқубат карда истодааст ва масъалаи мубрами ҳалталаб мебошад, ки ҳар як фард дар пешгирӣ кардани он, бояд ҳиссагузор бошад. Намудҳои ғуломдорӣ дар замони имрӯза дар чунин шаклҳо зоҳир мегарданд:gif-2-um_faza

1. Дар гарав гузоштани инсон (наздикони худ аз ҷумла фарзанд, зан, волидайн ва ғ.) бар ивази пул ё дигар арзиши қаблан ба қарз гирифташуда;
2. Меҳнати маҷбурӣ (аз ҷумла ба гадоӣ маҷбур намудан);
3. Фурӯши одамон ё худ савдои одамон;
4. Ғуломӣ бар асоси қонеъ кардани талаботи шаҳвонӣ;
5. Издивоҷи маҷбурӣ ва ғ.
Бо назардошти ҳолати зикршуда Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои марбут ба ғуломдорӣ ва кулли масъалаҳои марбут ба савдои одамон пайваста чораҷӯӣ намуда истодаанд.
Аз ин хотир агар Шумо аз амалҳои марбут ба ғуломдорӣ ё худ савдои одамон, зарар дидед ё худ таҳдиди ин рафтори ғайриқонуниро мушоҳида намудед, дарҳол ба рақамҳои телефонии зер хабар диҳед ё худ тариқи паёмрасонҳои WhatsApp, Viber, Telegram тамос гиред.
(+992) 980 105 555
(+992 37) 227 07 07
Ояндаи дурахшонро дар ҳамбастагӣ метавон сохт!
Маълумоти бештар вобаста ба ғуломдорӣ дар сомонаи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» – https://antithb.tj/tj/ дастрас аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …