Главная / Гуногун / Сарнавишт

Сарнавишт

Ҳар шамъеро нуре, сўзе. Ҳар қиссаеро оғозе. Ҳар ҷўйбору обшорро навое. Ҳар мурғро садое. Ҳар инсонро қисмате, файзе, муроде, фарёде. Гаҳе кўрам, гаҳе бино, гаҳе морам, гаҳе рўбоҳ, гаҳе аблаҳ, гаҳе доно, гаҳе пасту гаҳе боло, гаҳе хушкам, гаҳе дарё… гаҳе кўҳам, гаҳе майдон, гаҳе обод, гаҳе вайрон, гаҳе ҳушёр, гаҳе ҳайрон, гаҳе раҳмон, гаҳе шайтон, гаҳе роҳбар, гаҳе сарсон, гаҳе озод, гаҳе зиндон, гаҳе хамўш, гаҳе туғён, гаҳе дарвеш, гаҳе султон… гаҳе хокам, гаҳе моҳам, гаҳе нурам, гаҳе торам, гаҳе безор, гаҳе зорам, гаҳе нарму гаҳе хорам, гаҳе шаҳдам, гаҳе заҳрам, гаҳе борон, гаҳе борам, гаҳе субҳу гаҳе шомам, гаҳе ин сон, гоҳ он сон… Ба он хотир, ки инсонам, зиндаам, фикру андеша меронам.

oshno

Вақт ноаён ба қаъри дили шаб фурў меравад. Аз равоқи тиреза сўи берун менигарам. Айёми тобистону осмон соф, абре ба назар наметобад. Моҳи чаҳордаҳрўза гўё танҳо маро мебинаду танҳо бар сари ман нур мепошад. Баргашта ба курсӣ мешинам. Рў ба рўям оинаи софу беғубор аст… Дурудароз бар симои хеш, ба умқи чашмонам менигарам. Саманди хаёлам лаҷомгурехта мемонад. Шамъи ман зарра-зарра месўзаду об мешавад, об мешаваду месўзад. Мехоҳам шабро ба танҳоӣ бишканам. Ҳар қиссаеро оғозе. Ҳар шамъро нуре, сўзе…

Овони хурдсолӣ, азбас ақлаш намегирифт, калтак дар даст сангҳои ҷўйи кўчаашонро беҷо намуда, тагашро мекофт. Боре аснои ин шуғли бемаънӣ марди деҳқон, ки савори хар раҳгузар буд, гуфт:

– Ту писари кӣ?

– Писари дадом.

– Ин тавр бошад обро лой накун, ки гуноҳ аст. Фаҳмидӣ?

– Ҳа…

– Баракалло!

Он мард кайҳо аз наздаш дур рафта буд, вале ў ҳанўз сархам меистод… То ин дам касе аз калонсолон варо айб накарда буд. Ҳамон айём мавриди ба ҷўйи хушкида аз нав об омадан  ҳамроҳи ҷўраҳояш сангҳо дар даст аз паси сари об медавид, зеро гумони комил дошт, ки агар ҳар кас  сари обро бо санг занад, говашон ҳатто безурёт бошад ҳам, мезояд…

Баъдҳо дар гармиҳои фасли тобистон аз даву тоз ба як ҳолат расида, вақте, ки аз ҳадди бетоқатӣ тозон вориди даҳлез гашта, косаи обро дам мекашид, падараш насиҳат карда мегуфт:

– Ташнагият, ки шикаст, шукр, бигў, шукри ин неъмати нотакрори худованду табиатро бигў…

Дар қуллаи сарсафеди кўҳ, ки аз ҷониби чапи дара бо амри даврон қомат афрохтааст, барфҳову тармаҳо сокит хобидаанд. Сукуташон зоҳирӣ ва фиреби назар аст. Зеро аз банд-банди дили тармаҳо бо як мароми хоса қатра-қатра об мешорад. Оби мусаффову ширин, сардиаш дандоншикан сўи водӣ медавад. Обаки шўхи ҷўйбори кўҳӣ ба сангрезаҳо бармехўрад ва ғубори танаш таҳшин мегардад. Суръати ҷоришавии он торафт меафзояд ва билохира, ба шохоби нисбатан калонтари дарёчае, ки андак поёнтар равон аст, мепайвандад…

Ҳайратангез шояд метобад, вале дар камари тарафи рости кўҳи дара чашмае мавҷуд аст, ки оби он низ басо зулолу шаффоф ва бомазза аст. Ҷўш зада-ҷўш зада аз косахонааш берун меояд ва сари роҳаш регрезаҳоро ба гардиш дароварда ҷастухезкунон сўи нишебӣ шитоб мекунад. Ва аз мобайни сагҳои хурду калон, хору буттаҳо гузашта, ниҳоят ба яке аз шохобҳои дигари дарёча меомезад.

Ба он маконе, ки ҷўйбору чашмаи кўҳӣ ибтидо мегирифтанд, танҳо гоҳ-гоҳе пою қадами мардуми кўҳнавард, шикорчӣ ва ё даҳмардаро мерасад. Аз осмон бошад, тавлиди ҷўйбору чашмаро рўзона офтобу шабона моҳу исторагон наззора мекунанд.

Саркорони маҳалла солорона дар тараддуди ҷанозаву гўру чўб буданд. Ў аз баҳри видоъ вориди толори хона гашт. Устодро, ки кўҳансолтарин омўзгори мактаб буданд, дар мобайн рўи кати баланд хобондаанд…

Рост истода ашк мерехту ба хотираш расид, ки гирди он мизи дар кунҷ гузошта, борҳо ҳамроҳи Сайфизода нишаставу сўҳбат оростаанд…

Берун таги дарвоза баромад, то одамонро «истиқбол гиред» гўяд. Гиря гулўгираш менамуд. Охир дирўз, пас аз анҷоми дарсҳо якҷоя дар посгоҳи дабистон нишаста, самбўсаи пудинаву алафӣ хўрданд, чои кабуд нўшиданд, устод шукри умру рўзгор мегуфтанд… Камол он айём бача буд. Ёд дорад, Сайфизода бори нахуст ба синфашон даромаданд. Худро шиносонида гуфтанд, ки шумоёнро аз асрори қадимтарин илм — илми кимиё огоҳ кардан мехоҳам. Номи талабагонро ба навбат ба забон оварданд. Баъд аз хонандаи чаҳорумӣ пурсиданд:

– Писари кӣ мешавӣ?

– Писари Фозилбой…

– Аз кадом гузар?

– Маҳаллаи Тангак.

– Ҳа, бачаи Фозилбойи қассоб  гўй…

Ба исму номи падари чанд толибилмони дигар гўё аҳамият надоданд.

– Ту духтари кӣ ҳастӣ? – суол карданд аз Гулсара ном толиба.

– Духтари Сангин Каримов.

– Апаат Муҳаббат дар донишгоҳи пойтахт мехонад-а?

Касе пиқиррос зада хандид.

– Ҳа, шумо аз куҷо медонед?

– Чаро надонам, падарат Сангини нишоллопазро дарс додаам, раҳматӣ бобоятро мешинохтам.

Сонитар, бо мурури замон Камол дарёфта буд, ки устод аҷдоди кулли ҳамсабақҳояшро ба ёд меовард. Тавба, ногаҳон Раҳими пурхўр пеши назараш омад. Синфи ҳафтум ё ҳаштум мехонданд. Дарси химия шурўъ нашуда, Раҳим тахтаро тоза карду «Ҳозир Сайфизодаро боб мекунем» – гўён курсиро паҳлўи мизи муаллим гузошт. Касе аз асли мақсад дарак надошт, вагарна шояд… Муаллим бўру китоб дар даст вориди синф шуданд. Мавзўи навро фаҳмонданд, тарзи ифодаву роҳи ҳаллашро навиштанд. Ва бехабар рўи курсии Раҳим гузошта нишастанду якбора пуштанокӣ афтоданд… Сайфизода  бархеста гўё, ки ҳеҷ воқеа нашуда бошад, дарсашонро идома доданд…

Баъзан, Саттор ки устухонхоиро беҳад дўст медошт, маҳлулҳои кимиёиро иваз мекарду Сайфизода, ки ин гуна ҳазли густохонаи шогирдонро ба гўшаи хотирашон раҳ намедоданд, аз омезиши ҳамдигар бетаъсир мондани моддаҳо ё натиҷаи бегона пайдо гардидан ҳайрон гашта асабӣ мешуданд. Заб беақл бачаҳо будем… Тавба… Кабиров, гоҳе, ки худ аллакай дар колхоз сарагроном шуда кор мекард, боре аз устод пурсид:

– Кайҳо боз донистан мехоҳам, ҳамин чубуқи шумо чӣ ширинӣ дорад, ки ҳеҷ аз даҳон як сў намегузоред?

– Ту саросема нестӣ?

– Не.

– Рафтем ин тавр бошад.

Ҳар ду баромада сўи чойхона, ки рў ба рўи мактаб воқеъ аст, хомўшона қадам заданд. Сайфизода аз чойхоначӣ аҳволи бачаҳояшро пурсиданду гуфтанд:

– Барои мо меҳрубонӣ карда камтар нон ва як-ду пора гўшт зирбонда  биёред.

Дере нагузашта неъмати дастархон омода шуд. Устод аз дохили сумкаашон як шиша шаробро берун оварданд. Ба пиёлаҳо рехтанд.

– Одати тамокукашӣ аз давраи ҷанг, панҷ сол сарбоз, ки будам, боқӣ мондааст. Лекин бо ту, Камол, кайҳо инҷониб танҳо ба танҳо нўшиданӣ будам. Имрўз насиб будааст. Хеле мехостам, ки химик шавӣ, аммо ту агроном шудӣ. Муҳимаш чизи дигар аст, мебинаму хурсанд мешавам, ки одамон туро бағоят ҳурмат мекунанд, ба ту бо чашми меҳрбор менигаранд. Ин хушбахтии инсон аст. Гир, гир, нўшем… Пир шудам, магар, ки захмҳои ҷанги падарлаънат кам-кам азобам медиҳанд. Ист, ба ту як мўъҷиза нишон диҳам…

Устод ба ҷайбашон даст бурда, дафтарчаи қайди бағоят фарсударо кашиданд.

– Ин дафтарчаи оддӣ барои ман хеле азиз аст. Баъзе саҳифаҳояш, ки рўи он замоне байти шеър, номи дўст ё зарбулмасал сабт ёфтаанд, акнун лахта-лахта шудаанд. Умри зиёда аз нимасра дорад. Ва доимо ҳамроҳам. Хуб одами боҳавсала-дия ман, Камолҷон. Пеш аз ҷанг рафтан аз магазани қишлоқ харида будам. Гир, боз як қадаҳӣ нўшем…

Камол дар тааҷҷуб афтодаву намефаҳмид, ки ин дафтарча чӣ хосият доштааст? Сайфизода аз нав ба идомаи қиссаашон пардохтанд:

– Аввалин маротиба ба муҳориба даромадем. Ба сарамон борони тиру гулўла мерехт. Ҷон ширин аст, дурўғ нашавад, дилу дасту по хеле меларзид. Баъд одат мекунад одам. Як маҳал садои гулўларо шунидам. Даруни хандақ фурў хобидам. Шуввосзанон омада, панҷ-шаш қадам дуртар таркид.

Хок танамро андак монда буд, ки тамоман гўр кунад. Имкони калла бардоштан нест, тасаввур мекунӣ? Ҳаво омехтаи чангу дуд. Оҳиста пешониамро боло кардам. Ҳамин лаҳза дидам, ки ларзида-ларзида барги сабзи кадом дарахте рўи кафам афтод. Думчааш ҳатто бутун. Баъдтар шикаст. Ва дарзамон аз дил гузарондам, ки ин барг маро зинда медорад. Ҳамон барг то ҳанўз бо ман аст. Ана бин! Боварат намеояд…

Ду ҳафта қабл аз ин Камол Сайфизодаро сари роҳ дида буд. Аз ронанда хоҳиш кард, ки биистад, баъд аз аҳволпурсӣ кардан устодро ба мошин то хонаашон, ки чаҳор-панҷ дақиқа роҳ буд, бурд.

– Туро Мулло Камол худи фариштаҳо бо ман расонданд. Мушкили маро осон кунӣ, як умр аз ту розӣ мешавам.

– Дурр шиканаду сухани шумо не, аз дастам ояд, ба ҷону дил, муаллим!

– Ту одами дидадаро, баобрў, хоҳишу гуфтаатро касе рад намекунад. Аз ин хотир ҳамин ҳамсояи ман, Икромхўҷаро мешиносӣ, илоҷе карда ба хонаи мо мебиёрӣ.

– Чаро ба зўрӣ? – ҳайрон шуд Камол.

– Мову Икромхўҷа, рости гап, тавба, одам ҳам то ин дараҷа мешудааст, қариб дувоздаҳ сол инҷониб ногап. Доим дар хиҷолатам. Оштӣ шавем, ба гузашта салавот гўям, не, қабул накард. Ба тўю маъракаҳо низ хабар кунам, намеояд. Агар ту розӣ карда наоварӣ, каси дигар аз ўҳдаи ин кор намебарояд.

– Сабаби ҷанҷоли шумо чӣ буд, ки хусумат ин қадар тўл кашидааст-а?

– Аслан гирем, кирои хархаша намекард. Хайр, ҳар касу ҳар чӣ-дия. Як вақт, тобистон буд, се-чор сар ангур канданӣ шуда болои бом баромадам. Икромхўҷа рўи ҳавлиаш машғули кадом коре, ҳа, мавсими ҳосилбандии анор буд.

– Монда набошед, ҳамсоя – гуфт ў.

– Ташаккур! – ҷавоб додам.

– Шумо ҳамсоя, муаллими химия, шояд ин сирро донед? – пурсид ў.

– Он чӣ сир будааст? – кунҷковӣ кардам.

– Соли гузашта ҳафтод-ҳаштод фоизи анорҳоям тарс-тарс кафида буданд. Чӣ чора андешам, ки ҳосилашро безарар чинам? Анори сабилмонда, кафидагиро, охир фурўхта нашавад…

– Ҳеҷ асроре надорад, – бепарво гуфтам ман, – анор чормағз барин, ки шуд, андак пахтаву як пиёла равғанро мегиреду ба рўи пўсти ҳар яктоаш мемолед. Ҷон халос, вассалом! Ҳеҷ ҷин намезанад…

– Эҳа-а! – мад кашид Икромхўҷа. – Оддӣ будаасту – барвақтар пурсам мемурам магар…

– Худоё, худовандо! О ман аз куҷо донам, ки Икромхўҷаи зудборвар ҳазли маро ҷиддӣ мепиндорад. Гаранг набошад, бе ягон фикру хаёл равған молида будаасту ҳамаи анорҳояш, пўсташ шахшуда аз инкишоф бозмондаанд. Мебинад, ки анорҳои ҳавлии мо биҳӣ барин калон шудаанду аз они ў не. Боз омада сабабашро пурсид. Ман хандида шўхӣ карда будам, гуфтам. Икромхўҷа чун марди хирмансўхта доду фиғони бисёре карда таънаи беҳад заду рафт ва бо ҳамин дигар пўстинашро чаппа пўшида салому алейкро низ канд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «аввал андеша, баъд гуфтор…».

Воқеан, Икромхўҷа бо вуҷуди он ки худро одами аз ҳамсоя фанд хўрда меҳисобид, илтимоси Камолро пушти по накард. Ё аз раис шармаш омада, ё ягон мулоҳизаи дигар намуд. Ба ҳар ҳол он бегоҳ сари дастархони Сайфизода нишаста палави оштӣ хўрданд…

Ҳоло Камол Икромхўҷаро, ки ҷомаи банорас пўшидаву миён баста таги дарвоза сукут меистод, диду қиссаи он нишасти ҳамсояҳову худашро ба хотир овард…

Писари бузурги Сайфизода, ки баҳри овардани тобут ба масҷид рафта будааст, баргашта омад. Камолро дида оғўш кушоду гирист.

– Барвақт наҳорӣ хўрдем. Падарам бепарвоёна гуфтанд, ки қадре худро бад ҳис мекунаду назди духтур рафта набзи дилашонро санҷиданианд. Ба табақаи аввали беморхона медароянду аз афташ сактаи қалб хурўҷ мекунад. Як духтарак, ҳамшираи шафқатро мебинанд. Духтарак хостааст, ки духтурро ҷеғ занад, бардошта бароранд. Вале афсўс, ки ин тан надодаву якравӣ карда боло баромадаанд…

Камол гуфт:

– Падаратон ҳаргиз якрав не, балки соҳиби хислати нодир буданд: ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки бори касе бошанд.

Гулбарг аксар ҳангом сокит мемонд, ба қаъри дунёи худ фурў мерафт ва сукуташ зоҳиран буду ботинаш талотум мезад, хешро мазаммат менамуд, ё таскин медод, ки ҳама бурду бохташ зич марбут ба омоли худаш аст, аз пофишориву ҷонфидоияш бармеоянд. Дигар кулли мамониятҳо сохтаву бофта, баҳонаву василаи худферебии маҳзанд. Дар ҳар лаҳзаи шикастадиливу костагии рўҳ мутмаин мемонд, ки эҷоди асил, озод, бунёдаш қавӣ, равшан, нурпош дер ё зуд, ҳатман ба қалбҳову хотираҳо раҳ меёбаду нақш мебандад. Аз ин лиҳоз баҳри обрўю эътибори пучу муваққатӣ ҳоҷати даст ба гиребон шудан несту ҷон коҳондан маъно надорад. Зарур аст, ки рассом қадру қиммати офаридаашро донаду шиносад, ҳаргиз дар ҳеҷ ҳолат аз ҳадду ҳадафи олиаш паст наравад, вагарна, рафта-рафта арзонбаҳоӣ одат мешавад, хислати бепарвоӣ зуҳур мекунад, кас бо мурури айём аз эҷоди асил дилсард, зеҳнаш кунд мегардад ва он гоҳ мурғи илҳоми илоҳию табиӣ аз ў ва коргоҳаш риштаи ошноӣ барканда мегурезанд, бебозгашт мегурезанд ва дар зиндагиву ҷодаи пешгирифтааш холигоҳи бефайзе ба миён меояд. Ва ин холигоҳро баъзан эҳсосоти нотавонбинӣ, ҳасуд пурра месозанд, бинобар ин, муғчаю мағзи андешапарастиву тозакорӣ, ҷустуҷўпарварӣ, пазируфтани дарди инсони дигари ҷомеа ҳанўз ташнагии офаридан нашикаста, пиру пажмурда мемонанд, танашро ҳарорат тарк мегўяд, оқибат хушкида мемирад. Мемираду шавқу завқро аз даст медиҳад, он соат ба чашми одам тулўи офтобу дурахши моҳ оддӣ метобанд, лаззати назокати субҳро ёфта наметавонад. Садои суруди обшору сукути дарахтони солорро намешунавад, ба накҳати сабзаву гулҳо бетарафу карахт менигарад, одамро бесеҳру якранг, маҳдуду танг мебинад. Шояд аз ин касодии ҳунар, касодии шахсияти эҷодкор ибтидоъ мегирад. Боз кӣ медонад, шубҳа мекард Гулбарг танҳо нишаставу шаддаи риштаи андешаҳояшро якто-якто чида.

… Гулбарг ба рўи қоғази калони сафед менигаристу хаёл меварзид. Ба асари наваш унвон меҷуст. Худ ҳанўз дақиқ намедонист, ки чӣ меофарад.

Чӣ шуду чӣ монд, ки ногаҳон он рўзи бачагӣ ба хотираш расид. Бо ҳама тафсилоташ. Чаро?..

Тасвири як лавҳи он рўз шурўъ ёфт… Ҳарчанд намедонист, ки ягон чизи шуданӣ мебарояд ё не…

Фасли зимистон рехту баробари муғча бастани шохаи бодом барфу яхҳои кўҳна об мешуданд. Сари симҳо аҳён-аҳён фароштурукҳо ба назар мерасиданд. Мусичаҳо «ку-ку-ку» гўён аз эҳёи табиат рўҳ гирифта, хушнудона суруд мехонданд.

Падараш, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш ба нафақа баромадааст, аз рўи одати деринааш ҳанўз чашми рўз накафида аз хоб хест. Бо оби сард дасту рўй шуст, чуқур-чуқур нафас кашиду таровати ҳавои субҳро эҳсос намуд. Хаёлан, баракати кори саҳар дигар аст гуфту ба побелкунии як порча замини мобайни офтобрас пардохт. Боқӣ ҳама атроф, гўшаву канори ҳавлӣ пур аз дарахтони зардолую себ, шафтолуву олуча, анору анҷир буданд. Боғи сабзу хуррам, ёдгор аз мўйсафед, солҳост, ки фарзанду наберагонаш аз шаҳду шакари меваҳо ҳаловат мебаранд.

Пагоҳӣ, ҳангоми ноништо, вақте ҳама сари дастархон нишастанд, ў ногаҳон пурсид:

– Ҳамин шаб ак-аки сагро нашунидам. Гўшкалон куҷо бошад?..

– Намедонам, дирўз сўзан хўрдагӣ барин гулў афшонда-гулў афшонда ин тараф он тараф гузашту… Хайр, ҳар куҷо  бошад меомадагист, охир пештар ҳам як-ду рўз гум шуда мерафт-ку… – посух дод модараш.

Гулбарг кунҷи дури ҳавлиро, ки буттаи гулҳову танаи дарахтон аз назар пинҳон медоштанду он ҷо саг мехобид, воқеан худи Гўшкалон интихоб карда буд, дида омад:

– Гўшкалон, Гўшкалон, баҳ, баҳ, баҳ.. Гўшкалон!

Не, садои Гулбарг беҷавоб монд, саги калони сиёҳи чўпонӣ, ки гирди гарданаш доғҳои сап-сафед, думи дароз, гўшҳои паҳни нўгаш бурида дошт ва қариб даҳ сол боз посбони ин хонадон буд, ҳоло чун пештара давидаву дум ликонда ва лунҷашро боло карда наёмад.

Ними рўз дар ҷустуҷўи Гўшкалон гузашт. Бачаҳои кўчаи маҳалларо қанду қурс, мағзу мавиз, қурут доданд ва бо кўмаки онҳо саросари чорсўи маҳалларо кофтанд, аз ҳар шиносу бегона пурсиданд, ки мабодо саги сиёҳи сафеди гўшбуридаро дидаанд ё не… Падараш шахсан мавзеҳои саҳро, даруну беруни говхонаи колхозро кофт, лаб-лаби заҳкан, канали камоб, ҳар гуна чуқуриву ковокиҳоро кофт. Аммо бенатиҷа, на ном буду на нишон, касе вонахўрдааст, ҳатто аккосашро нашунидааст. Ў бо хотири коҳида баргашт…

Кампир авзои шавҳарашро диду ҳарфе нагуфт, вале ҷониби Гурбарг рў овард.

– Хез, духтарам, хамиратро рост кун, расидааст. Аз гум шудани саг мотам гирифта шинем, мурод ҳосил намешавад. Аз паси зиндагӣ бошем, ягон ҳисобаш ёфт мешудагист.

– Шумо танўрро метафсонед? – пурсид Гулбарг.

– Ҳа, ҳозир ман ягон банд ғўзапоя гирам.

Ва кампир тарафи ҳезумхона рафт. Дари он доим кушода меистод. Ворид шуда равон дар нимторикӣ пай бурд, ки дар ҳезумхона чизе меҷунбад. Қадами дигар монд, ки саг дандон гиҷ карда ғуррос зад. Гўшкалонро шинохт. Аз хурсандӣ ҳатто фикр ҳам накард, ки чаро ин ҷо хобидааст. Берун омад, ҳамаро хабар дод. Мўйсафед аз ҳама пеш бетоқатона тозон худро дохили ҳезумхона андохт. Тирезаашро, ки боз кард равшании нури офтоб ба кунҷ афтод. Саг базўр ғуррос зад, дуруст, гўё маҷолаш набошад, сар ҳам набардошт.

– Гўшкалон, баҳ! – гуфта мўйсафед пайхас намуд, ки даҳони Гўшкалон пур аз кафк аст!

– Ана гап чию кор чӣ… Эҳ, Гўшкалон, саги боақли ман, – ва бори охирин пушти сагро навозиш кард. Сонӣ, аз ҷо бархоста сўи кунҷи дури ҳавлӣ рафта обу нонашро бардошта овард, наздаш гузошт, тирезаро маҳкам кард ва аз берун дарро пўшид.

– Ин боз чӣ одати нав, рўи ҳавлӣ пеш кунед, худаш мехўрад, – гуфт ҳамсараш.

– Эҳ, кампири бедард, – оҳи вазнин баровард падараш, – Гўшкалон девона шудааст, мабодо, ба ягон кас зарарам нарасад гуфта, дар ҳезумхона руст шудагӣ. Ту бошӣ…

– Акнун чӣ илоҷ мекунем? – пурсид Гулбарг.

– Надонам, духтарам…

Падараш ба фикру хаёл фурў рафта чора меҷуст. Хеле сукут варзид. Баъд хомўшона ба даҳлези меҳмонхона даромад, тавассути он ҷо ба ҳуҷраи ақиб гузашт, ки хидмати анборхонаро адо мекарду пур аз кўҳнаву колаи рўзгор буд. Мобайни он рўи девор туфанги думилаи шикорӣ овезон меистод. Болояшро бо докаи ҳарир пўшонданд. Сенздаҳ-чордаҳ сол инҷониб касе ба милтиқ кордор нашудааст, лоақл чангашро тоза накардаанд. Сари ҳамон мех халтачаи тирдон кашол буд, палмосида-палмосида бовар ҳосил намуд, ки хайрият, ҳатто заҳ накашидааст. Ғарқи андешаву побанди баҳсу талоши ботинӣ думиларо берун овард ва зери айвон нишаст.

– Дадо, чӣ гап, милтиқро баровардед? – суол дод Гулбарг.

– Дилам мехоҳад, ки як чангу гардашро гирам, қисмҳояшро равған молам.

– Нав аз танўр кандам, гармакак, аввал як бурда нону қаймоқ мехўрдед, – хоҳиш намуд ҳамсараш.

– Баъдтар, ҳозир аз гулўям намегузарад…

Панҷ баҳор қабл аз ин мўйсафедро аз тарафи фермаи колхоз ба хотири мол овардан ба кўҳистон – пеши чўпонҳо фиристоданду ҳамон айём подабони меҳмоннавозу хушчақчақе сагчаи паҳмоғмўи гўшбуридаашро тўҳфа дода буд.

Оҳиста-оҳиста торафт калон шуда, ба аҳли хонадон одат кард, дўст шуд. Солҳо гузаштанду сухани подабон собит гардид. Гўшкалон – ин саги зотӣ, воқеан, ҳушёру вафодор баромад. Аз хурдӣ ҳамин, ки дарвоза тақ-тақ шавад ё касе ҷеғ занад, паст-паст аккос мезад, меҳмонро, ки пешвоз гирифтанд, аҷаб хислате, гирдо-гирди ҳама то бас гуфтан шодикунон медавид. Шабонгаҳ ҳавлиро хуб бонӣ мекард, аз ҷониби берун санге ё кулўхе ба дарун афтад тамом, аккосзанон оламро ба сараш мебардошт. Рўзона, баръакс, хаёл мекардед, аз вай дида ҷонварӣ оромтабиат вуҷуд надорад. Боре, чанд сол пештар аз дўст шуд ё душман, худашон ҳам намедонанд, гапи мўйсафеду кампир гурехта сахт ҷанҷол карданд. Мўйсафед як маҳал пай мебарад, ки Гўшкалон дари нисфи болояш оинадорро ҷонҳолона мехарошад. «Гум шаве, бар падарат лаънат!» гўён пеш мекунад. Вале даме пас аз нав тахтаи дарро нохунҳояш меканд. Тавба, хархашаи мўйсафеду кампир интиҳо меёбаду саг хотирҷамъона рафта канортар мехобад…

Падараш думиларо аз нав кушод, ду тирро ҷой кард, аммо то ҳоло мекалавид, ба сад фикру хаёл мерафт, худро аз оташ гирифта ба об меандохт, бо вуҷуд сари қароре омада наметавонист. Зеро, ки саг девона асту хавфнок гуфта ба кўча ронад, бечора ҷонвар саргардону бесоҳиб куҷо меравад, бе хонаву як бурда нони аниқ хору зор мешавад, убол аст… Бале, убол… Сониян, Гўшкалон чунин қисматро сазовор нест…

Падараш ба хотир овард, ки  модаркалони Гулбарг бемори  вазнин буду Гўшкалон тамоми шаб зуд-зуд уллоси нолаомез мекашид. Мегўянд, ки уллоси саг хосияти хуб надорад, вале он гоҳ ба назараш чунин тобида буд, ки Гўшкалон уллос неву гиря мекунад. Ҳеҷ аз ёдаш намеравад, вақте дафн анҷом ёфту мўйсафеду чор-панҷ хешу табораш баъди ҳама аз қабристон берун шуданд, диданд, ки назди даромадгоҳи водии хомўшон сархаму думҷунбонда Гўшкалон меистод…

Силоҳ дар даст падараш вориди ҳезумхона шуд. Гўшкалон бепарво ҳатто ғурунгос ҳам назад. Аз лабу лунҷаш кафки даҳон мешорид. Думиларо боло бардошт, гўши сагро нишон гирифт. «Бубахш Гўшкалон, бубахш ҷонвари меҳрубон, дигар чора нест». Ва ду дафъа парронд. Дилаш ларзид. Саг оромӣ ёфт. Мўйсафед ашки чашмонашро бо дастрўймол пок кард.

Падару духтар ҷасади Гўшкалонро рўи замбарғалтак гузошта ба саҳро – он мавзее, ки саг хуб мешинохт, бурданд. Паҳлўи говхонаи колхоз зери девор чуқурие кофтанд, сагро хобонда беҳарф аз болояш хок кашиданд…

Ҳамон бегоҳ падараш думиларо аз нав тозаву равған карда сипас, даруни шакархалта андохту ба кормандони шўъбаи умури дохила ихтиёрӣ супурд.

Сабаб пурсидаанд, гуфтааст:

– Дигар қудрати шикор рафтан надорам…

Гулбарг ҳар гоҳ асари нав, ки офарид, таърихи пайдоиши онро мухтасар дар рўзномааш менависад. Умедвор аст, ки замоне фурсати мусоид фаро меояду чун «Рўзномаи рассом» рўи чопро мебинад. Ба ҳар ҳол тарҳи расм падид омад. Нуқтаҳои асосиву нозукии онро Гулбарг баҳри худ муайян намуд. Вале дарк кардан аз имконаш берун мемонад, ки чаро, чаро маҳз имрўз ин хотираи бачагияш рў зад?

Ба суолаш ҷавоб наёфт. Занги телефон ҳама риштаҳоро канд. Аз ин ҳол кадом як раги хунгарди бадан, кадом як ҳуҷайраи ҳастияш гувоҳӣ медоданд ва ў эҳсос менамуд, ки хабари нохуше мешунавад. Ўро даъват карданд, ки ба беморхона ояд. Фавран… Аввал бовараш намекард, вале ҳамон лаҳза гарчанде ў ботинан омода, зеро иродааш қавӣ буд, дар кунҷӣ дилаш шубҳа пайдо омад, қатраи ашки талх сари бари рухсораш овезону ларзон шуд. Ба назараш, ин ҳама хобу хаёл тофт, дере нагузашта бедор мешаваду… Гулбаргро дилаш мехост замину замонро чаппагардон кунаду илоҷе ёбад. Ҳама дўстону шиносонашро бапо хезонаду боз се-чаҳор маротиба писаракашро аз назорат гузаронад. Натиҷа бетағйир буд: бача гирифтори бемории саратони хун аст. Гулбарг фаҳмид, ки тақдир заҳрханда мезанад, ба гумонаш, худованди кариму раҳим, бахшандаю меҳрубон дасти эҳсони хеш аз сари оилаи онҳо мебардорад. Гўё боғи раънояшон оташ мегирифт… Забони кас намегардад, ки аллакай месўзад гўяд.

– Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро ба субут мерасонем. Вале, ман маҷбурам рўйрост бигўям, ки саратон яке аз бадбахтиҳои инсонияти қарни бист аст. Мушкилоти беморӣ дар он, ки бемор дардро ҳис намекунад, лекин одам, ки дардашро эҳсос намуду аломатҳояшро дарёфт, табобаташ дер мешавад… Аз ман наранҷед, ки ингуна бераҳмиву дилсардиро ба худ раво мебинам… Ман маҷбурам… Узр…

Табиби машҳур хомўш монд…

Гулбарг ин асно хуб эҳсос кард, ки кулли мавҷудоти ин олами кўҳан – хоку санг, дарахтону чорпоён, обу ҳаво, ҳатто деворҳои сарди беморхона низ рақиби писараш ҳастанд… Чаро чашми фалаку ин замин ба ҳама гармиву ҳосилдиҳиаш аз марги одамон серӣ надорад?

– Бигўед, ки писарам чанд муддат… Ҳарф ба лабҳояш овард. Худоё…

– Касе дақиқ гуфта наметавонад, шояд панҷ моҳ ё панҷ сол…

– Фаҳмидам, ки қисмат ин навбат ёвари ман нест, вале ба ҳар ойина аз кӣ дасти мадад ҷўям?

– Медонед, то ҷон дар рамақ ҳаст, одамизот набояд ноумед шавад. Ман ба шумо як санад медиҳам, онро гирифта ба идораи рўзнома баред, сурати писарчаатонро ҳам гиред, бигузор, чоп кунанд. Ва аз мардум кўмак бихоҳанд.

– Ба чӣ хотир? – пурсид Гулбарг.

– Илоҷе ёфта ба хориҷа баред, ман ду-се нишонӣ медиҳам. Мактуб ҳам менависам, як рўз бештар зиндагӣ бинад ҳам давлат, боз ҳисобу китоб мекунед… Одамони некрою беғараз бисёранд, бовар кунед. Ҳарчанд, ки ҳоло замонаҳо дигар аст… Гулбарг тахмин намуд, ки агар тамоми асарҳои офаридаашро ба қиммати дучанд фурўшад ҳам, ин миқдор маблағ ба даст намеояд.

Вақте ки ин зани ситорасўхтаи бетолеъ аз ҳуҷраи табиб берун шуд, дид, ки соҳибхонаи қабулгоҳ ҳамроҳи писарчааш сўҳбат дораду кадом як маҷаллаи рангаро варақ мегардонад… Канӣ? Куҷост он чўбчаи сеҳрноки афсонавие, ки ҳангоми рафъи мушкилот мўъҷиза меофарад? Айёми хурдсолӣ модараш қисса гуфта буд, ки он гуна чўбчаи сеҳрнок дар дасти мўйсафеди садучандсола асту ў сокини ғори кўҳӣ мебошад. Духтарчаи содда буд, бовар дошт, вале пурсиданро аз ёд фаромўш карда, ки мўйсафед чӣ ном дораду он кўҳу ғораш дар куҷо воқеанд. Вагарна ҳоло омода аст ба ҷустуҷўи он кўҳу он ғору он мўйсафеду он чўбчаи сеҳрноки афсонавӣ пардозад.

Шохи хушк чарс-чарс садо бароварда, месўхт зери таъсири гармии он оби қумғони чўянии лаби оташдон гузашта қариб ба ҷўшидан мерасид. Камол диккак нишаставу ҳарорати оташ ба дасту рўяш мефорид. Дари яктабақаи ошхонаи бошишгоҳ ғиҷиррос зада боз шуд. Ғафурамак ворид гардид. Палосу ду кўрпача бардошта овард, ба рўи патгилеми кўҳна андохт, дастархони аз чити рангаш сурху рах-рахи зард дўхтаро паҳн намуд, пиёлаҳоро ҳам монд. Боз берун рафт, ин дафъа зардолуи хушки мирсанҷалӣ, ки одам бинад, даҳонаш об мепартояд ва мавизи кишмишу чормағз овард.

– Ташвиш накашед, амак! – гуфта Камол. – Ман раҳгузар будаму шуморо бинам гуфтам.

– А? Ҳа… Шуморо бинам, дилам равшан мешавад, раис. Канӣ шинед, ҳозир ман чой дам мекунам. Мазаи чойи алов дигар… Кабуд мешавад ё сиёҳ? – Ин савол маъмулӣ буду ҷавобаш ҳам.

– Фарқе надорад, амак, мо дар саҳро.

– Ҳардуяш ҳам ҳаст-дия раис, барои ҳамин пурсидам…

Онҳо тахмин ним соат аз ҳар боб сўҳбат карданд. Ғафурамак, воқеан, аз дидори Камол ҳамеша хушнуд мешуд. На ҳар кас аз аҳли бригада бо ў шишта бафурҷа гап мезаданд. Ғашашон меомад. Ғафурамак, ки марди ҳафтодсолаи кар буд, то баланд-баланд ҳарф назанед, суханатонро намешунид. Солиёни зиёд ин одам посбон аст. Тамоми фаслҳои сол шабро дар бошишгоҳ рўз мекунад. Тахмин бист харбузапаз қабл аз ин дар оилааш чӣ нохушие рўй медиҳад, занаш, ки бағоят маҳмадонои худхоҳ будааст, Ғафурамакро «ту кари балозадагиро чор тараф қибла» гўён аз дар меронад. Дили ду писару духтарашро ҳам аз падар як барин хунук мекунонад. Ва дар дами пирӣ яке ҳам дастгиру такягоҳ намешуд, фарзандонаш носолеҳу падарбезор баромаданд.

Ғафурамак, ки аввалҳо аробакаш буд, обронӣ мекард, азбас ба амри тасодуфу тақдир ҳам баҳри бошишгоҳ посбон мекофтанд, ин корро ба ўҳда гирифт. Не, ҳар кас ба ин иқдом ҷуръат намекард. То маҳалла чор панҷ километр роҳ,  дигар тараф, саҳрои нопайдоканор, барфу борон, шамолу уллоскашиаш аст, шабҳои торики пуртаҳлука аст. Зеро ҳама, шом, ки фаромад, хона ба хона мешитобанд, ҷудо ҳиммат кунанд «паноҳатон ба худо, Ғафур-амак!» мегўянд. Аз хотирашон барояд ҳам мўйсафед намеранҷад. Одат кардааст… Мардум, баъзеҳо аз хоҳиши Ғафур-амак ба ҳайрат афтоданд. Вале мард сир бой надод, баъдҳо миш-миш пайдо шуд, ки кари Ғафурро занаш пеш кардааст. Аз ибтидо ҳам пурбардошт буд мўйсафед. Камол медонист, кулли ҷузъиёти рўзгори танҳоии ўро. Аз ғамаш ҳам хабар дошту аз шодияш ҳам. Гоҳ-гоҳе шакару орд ё равғану биринҷ меовард. Не, ин кўмакаш ҳосили раҳмхўрӣ ё дили пуршафқат не. Боз кӣ медонад? Шояд ман хато кунам. Саҳеҳтараш ин як паҳлўи қадршиносии ўро шарҳ медиҳад. Ҷиҳати дигар низ дошт: падараш ҳам, ки хеле муддати мадид сардори бригада буд, ба ҳоли мўйсафед дилаш месўхт. Гоҳо сари дастархон ногаҳон ба хотираш ояд, як даҳон оши хўрдагияш базўр аз гулўяш мегузашт. Камол ёд дорад, ба ёд меовард он лаҳзаҳоро.

– Мўзаатон лойолуд шудааст, хеле пиёда гаштед-а, раис?

– Ҳа амак, ват-воти марза гашта замини ҳаштгектараву тутзорро хабар гирифтам, заҳканҳоро дидам, хуб тоза кардаанд, баъд ду-се майдони зардолузорро тамошо кардам.

– Гулҳои зардолу андак барвақт шукуфтанд, – афсўсомез гап зад қаровул, – аз авзои обу ҳаво маълум, ки зимистон ба осонӣ дил канданӣ не. Камтар, ки сард шуд, ҳама гулҳоро хунук мезанад.

– Ба ҳар ҳол ризқу рўзии мардум мемонад, амак. Табиат адлу адолатро риоя мекунад, то ки мувозинат вайрон мешавад.

– Ҳамту-куя…

Мўйсафед ниҳоят сипосгузор монд, ки ўро – як марди бечораву бекасро раис фурсатро дареғ надониста, хабаргирӣ омад, аз фараҳ ҳангоми хайру маъзур қатраи ашк дар сари мижгонаш овезон шуд…

Гўё ба раҳи дур гусел мекард раисро…

Ҳар касро дарди худу мушкилоти худ.

Имрўз барои Камол рўзи хоса буд. Чаро? Ин рози ниҳонро ў медонаду худо. Ҳар сол, ки ин рўз равшан гашт, дилаш гум мезанад, ғаму азоби ботинаш аз нав хурўҷ намуда ғул-ғула меафканад, эҳсоси танҳоӣ, ки бе ин ҳам доимо ҳамроҳу ҳамсоя аст, бошиддаттар таъқиб менамояд. Ибтидои решаи ин ҳиссиёт гоҳо чун устухони дар гулў банд монда метобад? Чаро, ҳатто баъди хонадор шудан ҳам ин вазъ тағийр нахўрд? Чаро вай, ки ҳамеша миёни одамон, шарики тўю ҷаноза мебошад, ба саволи садуяк пиру барно гоҳе бо сифати инсон, гоҳе чун раис ҷавоб мегўяд, аз ин эҳсос роҳи наҷотро ёфта наметавонад?

Қулфро кушодан замон ў якбора дарро тела дода дохили хона даромад. Гулбарг аз тарс қариб буд фарёд занад, хайрият чароғ равшан месўхту шавҳари собиқашро зуд шинохт.

– Хаёл кардед, ки ба ворид шудан роҳ намедиҳам? – пурсид Гулбарг.

– Кори ту не! – гуфт сигарета гиронда, – писарам канӣ?

– Магар ба писарам гуфтан ҳақ доред?

– Ҷоғатро пўш! То ҳанўз аз маҳмадоноӣ дилсард нашудаӣ?

– Ба ҷудо шуданамон се сол зиёд шуд. Дар ин муддат як бор писарро хабар нагирифтед. Не, вай мўҳтоҷи чизу чора набуд, лекин… Дарвоқеъ ҷои гила не, мефаҳмам, зани ҷавон, ташвишҳои нав ба нав…

– Ман одами ту барин бекор не, зуд-зуд ба сафар рафта меояд. Баъд, бе писханд гап зан.

– Маълум.

– Чӣ гап шуд? Чаро бисёр шиносҳоям саломатии писарамро мепурсанд? Мегўянд, ки сураташ дар рўзнома чоп шудааст.

– Дар беморхона. Дидан хоҳед, равед, бинои даҳум, утоқи шонздаҳ…

– Бинои..о… он ҷо…

– Бале… Шояд ин тақдир аст.

– Чӣ ёрдам кунам?

– Ҳеҷ чиз лозим нест. Як ҳафта инҷониб аз ин идора ба ин идора, аз ин вазорат ба ин вазорат медавам. Ҳама дилбардорӣ мекунанд, ваъда медиҳанд, доманамро бо чормағзи пуч пур карда мегуселонанд. Замоне шудааст, ки саг соҳибашро намешиносад. Гўё дар олам меҳру шафқат, раҳму савоб намондааст. Ҳар кас аробаашро бояд худаш бикашад. Аз шумо ҳам ҷои гила нест.

– Ман ба аёдат меравам. Писарам шифо меёбад. Дар хона маслиҳат карда бинам, баъд пул мебиёрам.

Падари писари Гулбарг рафт.

Ягон эҳсосоте дар дили Гулбарг ба ғалаён наомад. На раҳм, на нафрат, на… Зоҳиран чунин метофт, ки онҳо ҳамдигарро аз айёми донишҷўӣ дар омўзишгоҳи рассомӣ хуб мешинохтанду дўст медоштанд. Баъди як соли арўсӣ мислу сагу гурба сояи ҳамдигарро аз девор метарошиданд. Ҳарду алоҳида-алоҳида соҳиби устохона, баробар узви иттиҳоди эҷодӣ шуданд. Бадбинӣ оҳиста-оҳиста аз он шурўъ шуд, ки ҳангоми интихоби асарҳо ба намоиш-озмун бо кадом сабаб аз даҳ офаридаи шавҳараш ҳайати ҳакамон якеро ҳатто қабул накард. Ҳафт асари Гулбарг бошад баҳои баланд гирифт, ба озмуни байналхалқӣ фиристоданд. Шавҳараш атояшонро ба лиқояшон бахшидам гуфту аз корҳои ҷиддӣ даст кашид. Ман-манию лофзаниро аз ҳад мегузарондагӣ шуд. Пештар китобҳоро оро медод, таъриф ҳам мекарданд, ин шуғлро низ партофт. Бо театр ҳамкорӣ дошт, лоақл ороиши нимтайёрро ба субут нарасонида коргардонро ранҷонд. Кам-кам ҳар рўз шароб менўшид. Ба ҳар чизи майда-чўйдаи рўзгор эрод мегирифт. Қаҳру аламашро фурў шинонда наметавонист. Ботинан ба ҳамааш Гулбаргро гунаҳгор меҳисобид. Ҳирси шўҳратталабӣ сабру таҳаммулро пушти по мезад. Рўзе як қабза пулро оварда рўи қолини хона ҳаво доду «туф кардам ба озмунаш!» гуфт. Гулбарг пулҳои паҳну парешонро дида ҳайрон монд. Ва ба захми доғи шавҳар мабодо намак пошидагӣ барин нашавам, гўён тагпурсӣ накард. Дертар фаҳмид, ки ў дар маркази шаҳр сари раҳ тўли сӣ-сию панҷ дақиқа портрети раҳгузаронро мекашидааст. Аз байн чор ё панҷ рўз гузаштан пас андак сархуш омада, бидуни шаф-шаф гуфтан изҳор намуд, ки аз Гулбарг ҷудо мешавад. Чунки духтари ҷавонтару зеботарро вохўрдааст… Бахташро ёфтааст…

Гулбарг, ки аз бозиҳои шавҳараш хаста буд, хомўшона ризоият дод. Ва оила ба хок яксон гашт…

* * *

Ба кӣ бигўям, буғдаи дил пеши кӣ во кунам, пеши кӣ? Ай мардум!.. Ба кӣ? Шояд садое, марҳаме аз дигар сайёрае бирасад? Шояд фиғони ман ба осмонҳо расаду… Эй худованд! Эй офаридгор! Чаро? Чаро? Чаро? Ў охир фаришта аст, писараки ман… Нигоҳаш саршор аз ташнагӣ бар зиндагӣ аст. Чӣ сон ман ба чеҳрааш назар дўзам? Чӣ бигўям? Худро тасаллӣ бидиҳам ё варо? Худро бифребам ё варо? Фирефтан ўро аз имкони ман берун аст. Вай худро дар остонаи олами дигар мебинад. Ҳарчанд дарку эътироф кардан намехоҳад. Табиати одам ё зоҳиран чунин аст? Даҳ сол умр бинад ҳам каму сад сол ҳам…

* * *

Гулбарг миёни биёбон рў-рўи реги тафсида пойлучу бекулоҳ роҳ мерафт. Кафи пойҳояш шахшўл шуда ва ҳарорати ҷонкоҳи регзорро он қадар эҳсос намекарданд, нурҳои сўзони офтоб майнаи касро ба ҷўш меовард, вале ў парвои онро надошт, гўё чатре ба сараш соя меафканд. Хоб буд ё бедор, беёд буд ё ҳушёр, ба ҳар ҳол кадом як буттаи ҷонбахшро  меҷуст. Худ гарчанде заррае тасаввурот надошт: ки он буттаи биёбон чӣ хосияту бўеро дорост. Фақат ҳаминро медонист, ки даво мекобад баҳри писараш. Калтакалоси хурди ба хоки хушк ҳамранг чанд қадам онсўтар ҳаросида канор гурехту пинҳон шуд. Муддате баъдтар сангпуштро дучор омад. Ҷонвари беозор Гулбаргро диду каллаю чаҳор пояшро даруни хонааш кашид ва  ҷо ба ҷо истод, беҳуда хавф мебурд. Дар ягон кунҷи осмони каб-кабуд пораи абр ба назар намерасид. Уқобе, гўё соҳиб ё посбони биёбон буд, бовиқор болҳои хешро кушода васеъ давр мезад, шояд ҷонзотеро меҷуст, то луқмае биёбад. Уқоб аз пеши назараш нопадид гардид, аниқтараш чашмони Гулбаргро сиёҳӣ пахш карданд. Аммо ў беист пеш медавид, ҳаросон ба чор тараф менигарист. Ба ҷои буттаи ҷонбахш мори калонро дид, ки кулча зада мехобид, парвои оламу одам надошт. Гулбарг  гузашт, тарс ба дилаш наёмад. Аъзои баданаш арақ мекард, ташнагӣ ба дард меовард, лек хаёли буттаро муҳимтар, заруртар мепиндошт. Кош меёфт. Ақлаш дар ҷояш буд, ҳама  атрофро бо ҷузъиёташро дарк менамуду вале биёбонро шинохта наметавонист. Пештар биёбонро надида буд. Акнун ба хотири даво…

Биёбон ногаҳон интиҳо ёфту Гулбарг чашм кушод, чашм кушода дид, ки мобайни ҷангали касногузар аст, навдаҳои хушку тари дарахтонро хаму боло карда мегашт, «меваи нестандарҷаҳонро пайдо мекунам, ба писарам даво мебарам» гўён аз гуруснагӣ беҳолу бемадор пой мемонд, паррандаҳои кўчаку бузург, рангоранг суруд мехонданд, аз шох ба шохе мепариданд. Гулбарг гўш ба хониши мурғакон андохта, умед мебаст, ки шояд онон макони он меваи ноёбро бидонанд, барояш раҳнамо бишаванд, лек ҳайҳот, мурғакон забони одамиро балад набуданд, аз ин ҷост, ки огоҳие аз ҳадафи ғами зани саргумзада надоштанд. Пас магар дилашон месўзаду раҳмашон меояд? Оҳи Гулбарг беҷавоб мемонд. Чанд маймунҳои одамсурат аз дарахт ба дарахт ҷаҳида наздик омаданд. Ҳангома бардошта чиррос заданд, дастҳои дароз-дарозашонро афшонданд ва ҳама гўё чунин амре гирифта бошанд ба симои офтобхўрдаву лабҳои парсинбастаи Гулбарг нигаристанд. Зан аз хас умед гуфта пурсид, ки он мева чӣ ном дораду мазааш чӣ гуна аст? Маймунҳои одамшакл боз ба кию-чув даромада гурехтанд. Ва Гулбарг андешид: «Чаро худованд ба кулли мавҷудоти олам як забон ато накардааст? Шояд мехост, ки абадӣ бегона ва дар муносибат ба ҳам гунг бимонанд ва раҳро ба макони он меваи нестандарҷаҳон, ки ягона давост баҳри бемории писаракаш, ёфта натавонанд? Ҳамин лаҳза наъраи шер ҷангалро ба ларза овард. Ва Гулбарг шоҳи ҳайвонатро побанди қафас неву озод дид. Ва ҳеҷ натарсид. Афсўс хўрд, ки писарашро ҳамроҳ нагирифт, агар не ў ҳам аз тамошои шер баҳра мебурд. Ва умуман, эҳтимол ў бо дарахтону парандагон, маймунҳову шер забон меёфт. Мегўянд, ки кўдакону ҷонварон зуд унс мегиранд. Ҷангал поён ёфт, аммо аз он меваи нестандарҷаҳон дараке нашуд…

Баҳр орому андешаманд Гулбаргро ба оғўши худ гирифт. Қаъри онро равшан ва баръало дидан мумкин буд. Моҳиҳои хурду калон, ранг ба ранг, хел ба хел села-села аз паи зиндагии ҳаррўзаи худ шино мекарданд. Аз дур наҳанги тездандон ҳамаро сари роҳаш ба чор тараф парешон сохта, шитобон гузашта рафт. Гулбарг ин лаҳзаҳо гулмоҳии зеборо мемонд, ки маҳину ором дар дили бекаронаи баҳр шино мекунад. Аҷабо, ҳайраташ омад якбора, чаро пештар аз ин қудрату тавоноӣ ва имконият бехабар буд. Ва ба хотираш расид, ки пештар аз оббозигоҳи чуқур меҳаросид. Бинобар ин ҳамеша аз об дур мегашт. Кай ин тарз шиновариро омўхтааст, ҳатто худаш бехабар. Тавба! Лек чаро ҳеҷ яке аз маскунини қаъри баҳр ба ў лутфу эҳсонро яксў гузорем, лоақл нимнигоҳе намекунанд. Мебинанд, кўр нестанд-ку, ки Гулбарг ба ҳеҷ яке аз онҳо ҳамҷинс нест. Пас табиӣ мебуд, агар мароқ зоҳир мекарданду мепурсиданд, ки чӣ матлабе ўро то қаъри баҳр кашидааст? Наход инсонҳо дар олами болоӣ аз ҳалли он оҷиз монда бошанд? Не, гўё кулли ҷонзоти баҳр, воқеан ҳам ба даҳон об гирифтаанд. Гулбарг музтар бимонд. Обсабзаи сӣ-чиҳилметра баргҳои паҳн-паҳни кабуду сиёҳрангашро меҷунбонид. Кӣ медонад, шояд омадани Гулбаргро хуш мепазируфт. Аммо обсабза низ безабон буд ва имкони гуфтугў кардан нест. Пас Гулбарг, ки танҳо ва танҳо ба хотири дарёфти ягона давои писаракашро наҷотдиҳанда худро ба коми баҳр партофтааст, имдод аз киву чӣ ҷўяд? Аз моҳиён? Наҳанги тездандон? Ё делфинҳо? Аз аспӣ обӣ ё обсабзҳо? Аз кӣ?… Саволаш беҷавоб монд. Ва ҳис кард, ки оби қаъри баҳр ба талотум меояду ў нафас гирифтан мехоҳад. Озодиву сабукиро, ки қаблан дошт, лаҳза ба лаҳза гум мекард. Ва сўи боло пой зад… Вақте чашм кушод, нурҳои офтоб нигоҳашро рабуданд. Жарф нафас кашид. Ва дид, ки либоси оббозӣ бар танашу дар соҳил рўи реги тар беҳолу мадор хобидааст. Боди форам мевазид, баҳр гўё ҳеҷ воқеае ба вуқўъ напайваста бошад, чун пештара мавҷ мезаду хаёл мепарварид…

* * *

Он айём, пас  аз ҳашт баҳори умедворӣ аз духтарак ранҷид. Гумон дошт, ки духтарак ишқу муҳаббати ўро напазируфт, дар алангаи қаҳру алам печида хаёл намуд, ки ў нописандӣ кард, назараш нагирифту Камол аз ин хотир малол, ҳақиру зор монд, оламро тангу тор дид, хориаш омад. Ва шарики дуди ғам гардид. Ҳатто зиндагии минбаъдаро барояш ҳаром шуморид… Гоҳ-гоҳ ки ҳамту баҳри хабаргириву аҳволпурсӣ ба хобгоҳи донишҷўён мерафт, пай мебурд, ки ғаши духтарак меояд. Ҳарчанд, ки рўйрост «набиё» намегуфт. Баъдтар аз дур истода мактубҳо менавишт, сари ҳар сатр фикр меронд, азоб мекашид. Бехабар аз он ки изҳори дилашро духтарак намехондаву ба даст ҳам намегирифтааст, кирои ҷавоби рад додан ҳам намедонистааст. Баъзе аз бонувони ҳамсабақаш се сол мешавад, ки ҳавою ҳаваси рабудани ақли Камолро мепарвариданд, лек ҳайҳот… агар ишорае мекард, болу пар кушода ба сўяш медавиданд…

Камол талхии эҳсоси танҳоӣ, навмедиро чашид. Рўи кати хоб сару либос набароварда дароз кашида ба шифти сап-сафеди хобгоҳи худ менигарист, мижа намезад, гўё симои духтаракро гум мекарда бошад. Хост китобе бихонаду асабашро бад-ин восита ором созад, аммо ҳарфҳову ҷумлаҳову саҳифаҳо аз пеши назараш мегузаштанду хаёлаш дар фазои арши фалак мепарид. Чунин мепиндошт, ки мобайни замину осмон муаллақ мондааст, духтарак ба ҳолаш механдид ва агар ҳамин ҳоло нигоҳи меҳролуд ҳадя накунад…

Ҳамдарсаш Тоҳир омад. Вай мавҷудияти ишқу ошиқиро бофтаи шоирон ва хобу хаёл меҳисобид, таъкид мекард, ки одами рўҳан сиҳату солим ҳаргиз гирифтори ин гуна  дарди сар намешавад. Ва механдид. Рафиқи самимӣ ва ҷиддӣ буд. Ботинан ба Камол дилаш месўхт.

– Наход гапи ҳамон дард рост бошад-а?

– Кадом мард? – ҳайрон шуд Тоҳир.

– Не, як хаёлам рафт-дия.

Истиҳола кард, ки ҳарза напиндорад… Мардак масту аламзада буд дар он маҳфил. «Занак чиву як коса намак чӣ, ҳарду баробар… Занро зан, намурад ба табар зан!» Чунин сафсатаҳо мегуфт ў. Зарбаи корде ё сухане то банди устухонаш расида буд магар… Шояд аз ин лиҳоз касе аз нишастагон ба сифати тасдиқ ё инкори ақидааш баҳсро зарур нашуморида, лаҷоми сўҳбатро ба дигар бахш гардонданд. Ана ҳамон ҳукми ҳамон одамро ба хотир овард Камол.

Маъюсу дилшикаста буд ў…

Танҳову парканда буд ў…

– Ғам хўрдан бас, аз ин корат таҳкурсии шўрзадаи ягон девори кўча обод намешавад, ҷон накан. Хез, як ба оби хунук сар шўй, – орому солор гуфт Тоҳир.

– Чӣ?

– Чӣ? Чӣ? Ба меҳмонӣ меравем. Имрўз апаам рўзи таваллуд дорад.

– Ташаккур барои таклифат… Хафа нашав, ман намеравам.

– Сабабаш?

– Рости гап, ба дилам намеғунҷад

– Э, мон ин гапҳоро. Намеарзад. Туф кун ба нозаш. Аз ў беҳтарашро меёбӣ.

– Не.

– Чӣ не?

– Аз ў беҳтараш нест ва… намешавад. Бадбахтии ман дар он аст, ки Муқаддас маро…

– Назараш намегирад! Ёфтам? – ҷиддӣ гуфт Тоҳир.

Камол ба ишораи «не» сар ҷунбонд.

– Муқаддас маро дўст намедорад. Ҷони гап, мағзи фоҷиа дар ҳамин аст.

Мегўянд, ки вақт табиби ҳар гуна захму дард аст. Камол инро дурўғ меҳисобад, зиёда аз ин, баръакс, пурқувваткунанда мепиндорад. Вагарна… сари қаҳр ба арўсе, ки падару модараш ёфта буданд, бидуни андеша розигӣ дод, шамоли қисмат ўро куҷоҳое набурду бо чӣ занҳои зебое ошноӣ накард. Ба ҳар кадоме як шаб… се шаб… ё моҳе… Вале аз гирдоби эҳсоси танҳоӣ раҳоӣ наёфт, ки наёфт…

* * *

Бегоҳӣ ҳама аз идора бадар рафтанд. Ба хотири он ки мабодо касе халал нарасонад, дари утоқро маҳкам кард. Ба пиёла  шароб рехт. Ҳаргиз одати танҳо нўшидан надорад, ба ғайр аз ҳамин рўзе, ки ҳар сол ибтидои фасли гул фаро меояду барояш хеле ва хеле азиз аст.

Як пора нон шикаст. Нўшид…

Зодрўзат муборак!

Замоне туро осон, дар як лаҳза гум кардам ва акнун солҳост, ки мекобаму мекобам. Лек ҳайҳот…

Аз ғайб магар касе метавонад бигўяд, ки чӣ чора созам? Худро ба қаъри олами фаромўшӣ мезанам, фиреб медиҳам, соати танҳоӣ панд мехонам, то аз гузашта ба гўшам садое, фарёде нарасад. Лекин имконпазир аст, ки кас набзи дили раҳгумзадаи хешро нашнавад? Хушбахтона не. Қалби ноошно мехоҳад, ҷонкоҳона метапад, то дар зиндагӣ созгор бошад, ҳамраҳи дар чаҳорсў танҳо мондаашро меҷўяд. Ҳамраҳеро, ки рўзе шитоб намуда, мулоҳизаву андешаро зери по фиканда, сарсону ҳайрон ва маъюс вогузошта буд. Одаму оламро берун аз хотираш карда худро ба кўи сарбаставу номуродӣ андохт.

Соҳибаш мавриде даррасиду аз  тохтан бозистод ва дарк бинмуд, ки аз муродаш дур, фарсахҳо, якумрӣ ҷудо афтодааст. Ончунон новақт фаҳмид ва ба само нигаристу фарёд зад: аё мақсуди дастнорас, куҷоӣ?!

Ку ҷавобе?…

Овоне, ки туро шинохтам, дар ботинам оташаке фурўзон гашт, дувоздаҳ сол доштам. Беқаророна ҳар субҳро мунтазир мешудам то мактаб меравам. Ман барои ту ҷониби мактаб мешитофтам, барои ту дарс меомўхтам, барои ту ба суолҳои муаллимон ҷавоб меҷустам, барои ту беҳтарин китобҳоро мехондам, барои ту шеър азёд мекардам. Ҳар кори некро ман ба хотири ту анҷом медодам. Пеш аз ҳар қадамро гузоштан меандешидам, ки ту чӣ баҳо медода бошӣ, писандат меояд ё не.

Ман бо ёди ту, барои ту мезистам. Ҳама парвозам, ҳама номуродиям, бурду нобарориҳои ман бо ному  ёди ту марбут ва ҳар он чизе ки дар дунё аз неъмати рўҳониву ҳастӣ насибам гардид, ба шарофати ишқи ту аст.

Ту куҷоӣ, аё овони нотакрор?

Аё мақсуди дастнорас, офтоби рўзгорам! Ноумедӣ бар ман ғалаба кард, сабру таҳаммул аз даст додам, қаҳр пеша кардам. Арўсе ба хона овардам. Дилеро, ки насиби ту буд, иҷборан ба духтари дигаре бахшидам. Ба остонаи даргоҳе, ки бояд бо пои рост қадам ниҳода нуру зиё, сафо меовардӣ, арўсӣ бегонае пой гузошт. На, на, арўс гуноҳе надорад… Ман худ ба решаи бахту иқболамон рахна задам. Ҳама хушнудона месароиданд, шеър мегуфтанд, мерақсиданд, бар домоду арўс хонаободиву саодат таманно медоштанд…

Илтиҷо дорам, аё маликаи афсонавӣ! Бовар бинмо, ҳамон лаҳза низ дилам ноором метапид, фақат ман кар будам, садои ишораомези дилро намешунидам.

Худро тасаллӣ медодам.

Худро мефиребидам.

Пасон чун афсонае аз ҳазору як шаб азизон падид омаданд ва қисса карданд… Ту гоҳе, ки аз тўи ман иттилоъ ёфтӣ, талх гиристӣ, дарун-дарун ба қадри хеш сўхтиву ашкҳоят шаддаи марҷон шудаанд.

Вале ҳайҳот, гиряи туро эҳсос намекардам. Ман арўсӣ доштам. Ишқу муҳаббат, олами беолоиши худро зарра-зарра ба оташ афканда месўхтам. Ба хотири дасту домани ту зарур будааст, ки заминро газам, ранҷу заҳмати зиндон бикашам. Аммо …

Андеша зери по кардаву ба зини аспи бодпои шитоб савор шуда, ман худам, туро, сармояи ду оламамро аз даст раҳондам, ҳама орзуямро вожгун гардондам. Кунун киштаи хешро медаравам аз дидани рўят, эй равони ман, маҳрумам.

Ту як шаб гиристӣ. Боз шабе, соати арўсият…

Худкардаро даво нест.

Ман якумр мегирям… Хун мегирям…

Дилам мурдааст. Уболи ту маро гирифта, эй атои  осмонӣ, эй нури чашму равшании раҳу рўзгорам.

Аё мақсади дастнорас, ту куҷоӣ?..

Ва ман тўли понздаҳ сол боре ҳам ба ту сатре нанавиштам, ними рақамҳои телефонатро начидам, бо касе саломе ё паёме нафиристодам, агарчи доимо аз вазъи рўзгорат пурсуҷў мекардам, огаҳӣ доштам…

Қатъӣ аз олами ту худро хат задаму аз дур эҳсос мекардам – ин ҳама хоҳиши туст. Медонӣ, ки амрат маро ба ҳукми қонун аст.

Маъзарат мехоҳам, ман айбдорам. Дунёи рангинамро барбод додам. Ман туро, ки мисли оби чашмаи кўҳӣ  соф, чун фариштагон поку муқаддас ҳастӣ, кўрдилона пушти по задам. Ниҳоят дер дарёфтам, ки худ пешпо хўрдаам.

Хондам туро биҳишти боғи хеш, вале,

Сад ҳайф, ки боғбон ба он боғ дигар аст,

Тарсам, ки он равшании тирагификан,

Барқи уммеди ман наву чароғи дигар аст.

Гумон аст, ки маро бубахшӣ. Зеро гуноҳам узрнопазир аст, шоистаи авфи ту нест. Намеарзад.

Аё мақсуди дастнорас!

Солҳост, ки рўзгори ман маънӣ надорад. Ҳамеша дар такопўям, худро ба чор тараф мезанам. Вале дар чизе маъние намебинам. Зиндагиям бидуни ту бесарусомон аст. Дуди фиғонам ба осмони ҳафтум мепечад. Додамро ба ҷузъ худам касе намешунавад.

Шукр, ёди ту, нигоҳи ту абадӣ бо ман аст. Касе дар дунё қодир нест манъ бикунад, ки рўятро пеши назар наорам, дида ба чашмонат надўзам, мўйҳоятро сила накунам.

Табиист, ки хаёлан… Шукр.

Аё мақсуди дастнорас, гавҳари ноёб!

Аз он боз инҷониб ҳар соле, ҳар баҳоре ман рўзи мубораки таваллудат танҳову бо ёди ту хомўш мешинам, бесадо ҳамроҳат гуфтугузор меороям, фурў меравам. Туро дар паҳлўям мебинам, хандаҳои беғуборатро мешунавам, накҳати мўйҳоят ба машомам мерасад. Баҳри тансиҳатии туву авлодонат ҷуръае шароби талх менўшам.

Худро тасаллӣ медиҳам.

Худро мефиребам.

Аё мақсуди дастнорас, ту куҷоӣ!

Аз санг ҳам дигар садое барнамехезад.

Аё мақсуди дастнорас!

То ҳоло, умедворам, то вопасин дами  нафас модаратро бо меҳру сипосгузорӣ ёд мекунам. Амри тасодуф буд ё бозии қисмат ҳанўз айёми ҷавониям соатҳои дароз меҳмони он кас шудаам. Чӣ сўҳбатҳое доштам. Сабақи зиндагиву некӣ, самимият омўхтаам. Аз ин боис назди тақдир миннатдорам. Ба гумонам, он кас нахустин инсоне буданд огаҳ аз шўру туғёни дили ман. Он кас хоҳ нохоҳ эҳсос менамуданд, ки лаҳзаи туро диданам аз шодиву ҳаяҷон чашмонам медурахшанд, забонам лол мемонад. Дасту по гум мекардам. Шояд ба ҳамин хотир бошад, ки ту аҳён-аҳён назда мо мебаромадӣ.

Аз байн бист сол сипарӣ шудааст. Вале суоле, ки модарат пурсида буданд, ҳанўз дар гўшам танинандоз аст: «Росташро бигў, духтарамро дўст медорӣ?»

Ба назарам он ҳангом раъд ғурриду барқ оташ афканд. Набзи рагҳои баданам таъғир хўрд. Дилам сахт тапид. Сурху сафед шудам, зеро суол басо ногаҳонӣ буд. Медонистам, муҳаббат – ин буд ягона гуноҳам, аммо бо вуҷуди ин аз шарму ҳаё баданамро арақ пахш кард. Ва ман натавонистам бигўям: оре, оре, ман ўро дўст медорам, самимона дўст медорам. Охир он гаҳ ман ҳанўз ба ту ҳам ҷуръати изҳори ишқ накарда будам. Зимнан гумон доштам, ки он кас меранҷанд…

Сонитар пеш аз бо нияти таҳсил ба шаҳри дигар рафтанам наздашон он кас даромадам. Роҳи сафед хостанду гуфтанд: метарсам, ки ин дурӣ ба ҷудоӣ мерасонад. Ва оҳ кашиданд.

Ман нобино будам.

Маънои оҳи модар, гувоҳи оҳи дилашонро пай набурдам.

Боре чандин сол пас азму ҷуръат кардам. Дилам кашиду поям рафт. Модаратро дидам. Ҳамон пазироии самимона, ҳамон чеҳраи кушод, ҳамон нигоҳи бомаънӣ… ба мўйҳояшон бо мурури замон сафедӣ бештар афтодааст. Маро модарвор сахт ба оғўш кашиданд, гарм-гарм аз пешониям бўсиданд. «Писари худам будиву ман бехабар. Чӣ шуду чӣ монд, кӣ ба миён даромаду туву духтарамро зиндаҷудо сохт? »

Акнун аз чашмони ҳардуямон ашки таассуф мерехт. Ва бори аввал писарвор «модарҷон, модари худам» гуфтам.

Баъд нишастам. Ҳамон дастархони пурнозу неъмат, ҳамон хонаву ҳавлии рўфтаву озода, ҳамон гулзору сабзаву дарахтон.

Лаҳзае чунин тофт, ки чархи рўзгор ба солиёни зиёд ақиб рафтааст. Хаёлам, ҳозир аз хона берун меоӣ…

Чун моҳи ҳилол аз паси абр…

Вале ҷои туро холӣ дидам.

«Духтарам бо аҳли оилааш сиҳату саломат аст» гуфтани модарат маро боз ба дунёи воқеӣ овард. Афсона гум шуд…

Аз ҳавлиатон берун гаштам. Рўҳам баланд парвоз мекард, меболид. «Писари худам будиву». Мехостам фарёд занам:

Аё мақсуди дастнораси ман, ту куҷоӣ?

Аё офтоб! Ҳар субҳ, пас аз тулўъ сару чеҳраи мақсуди дастнораси маро нурафшон намо, ноаён, бесадо аз ман саломе бигў, паёме бифирист.

Аё маҳтоб! Шабонгоҳ байн-байни абрпораҳо бо мақсуди дастнораси ман руст-рустшавакон бозӣ кун, ўро ба шавқ овард, сари роҳашро рўшан гардон, то мабодо пешпо нахўрад, озоре набинад, ўро саломе бигў…

Аё субҳ! Самимона, беғубор бар рўи мақсуди дастнораси ман биханд, ҳар саҳар чашм кушода ба олам нигаристани ўро гарм истиқбол бигир, дуруд бирасон.

Аё насим! Ҳар гоҳ, ки вазидӣ, мўйҳои мақсуди дастнораси маро навозишомез парешон соз, аз лабу рўяш беозор бўса гир, аз ман дарак бидеҳ!

Шояд фарёди маро бишнавад.

Аё мақсади дастнорас!

Аё гавҳари гумкардаам, ту куҷоӣ!?

Пас аз ин,

Ман, ки гунаҳкорам,

Худованд маро,

Садқаи номи ту, садқаи як нигоҳи ту, садқаи як қатра ашки дидагони ту, садқаи як табассуми ту, садқаи нохуни пои ту гардонад.

Омин!

Вале пас аз ин боз мепурсам:

Куҷоӣ, ту, аё мақсуди дастнорас?!

* * *

Зиндагии одамон баъзан асрору муаммоҳое дорад, ки танҳо  ба худашону  худо маълум аст. Камол солҳост, ки ҳамин тавр соате чанд мешинаду хаёл меварзад, орзу мепарварад, ба дарёи андеша ғўта мезанад. Гумон дорад, ки рўзи таваллуди Муқаддас ҳаргиз аз хотираш зудуда намегардад.

* * *

Рустам писараш, ҷигарбандаш буд. Афсонаи гуворои зебо, болдору нотакрор, ҳайратангезу воқеияш буд, нури ботин, суруди лаб, таскину оромии дил, чароғи хонадон, зеби сари дастархон, хоби бароҳати модараш буд. Як ришта – идомаи зиндагиву авлод, осмони беғубор, дарахти умр, оби равону соф, меросхўри ягонааш буд. Писари модараш буд.

Боре рўи ҷогаҳ аз хоб бедор шуд, дузону нишаста ба пушти ангушт чашмонашро молида гуфт:

– Модарҷон, ман хоб дидам…

– Чӣ хоб дидӣ, ҷонам?

– Хоб бинам, бол баровардаму парвоз дорам. Болҳо зоҳиран ба чашмонам наметофтанд, вале эҳсос мекардам, ки дар  фазои кушод муаллақу озод истодаву парида метавонам. Аз болои  хонаву роҳҳо, бедҳо, сафедорони баланд-баланд, ҳатто кўҳҳо парвозкунон мегузаштам.

Писарак боз илова кардан мехост, ки мисли як зарра пати товус сабук буду рўҳаш меболид. Вале калимаи товусро гум намуд, ҳарчанд кўшид, ба хотир оварда натавонист.

Ва аз чунин ҳол ғам мехўрд.

– Эҳ, ту фариштаяки ман! – мегуфт бо табассум  Гулбарг ва сари Рустамро силаву ду бари рўяшро навозиш мекард…

Мегирист, гарчи ашки дидагонаш аз гиря кайҳо хушкида буданд. Худашро, ҳастиашро хотираҳо зинда медоштанд. Гўё хотираҳо, он хобу хаёлҳо, ёди он лаҳзаҳои ширин, ки акнун ба куллӣ марбути рўҳи писараки нокомаш ҳастанд, баъд аз марги нобаҳангом шўълаафканӣ мекарданд ва ин тариқ гоҳо раҳми қалби озурдаи модари ҷигархунро мехўрданд, гоҳо бешафқатона ханҷол зада мехарошиданд.

Даҳсола буд писари азизу боақлаш, китобчаҳои расми рангадорро меписандид, соатҳо варақ мезад, ҳарфҳоро ҳам мешинохту якто-якто ҷанг андохта мехонд, зеҳни тезу бурро дошт. Модару кўдак рўзҳои шанбе ё якшанбе фурсат ёфта ҳатман ба тамошои осорхона ё боғи ҳайвонот мерафтанд, албатта ба мағозаи китобфурўшӣ медаромаданд. Суолҳо медод, Рустам бағоят кунҷков, ҳамеша ташнаи донистану фаҳмидан буд. Гўё шитоб мекард…

Ногаҳон табассум дар лабони Гулбарг шукуфт, изо кашид. Он шоми шум ба иртиботи кадом масъала ҷанҷоли пуршўр доштанд зану шавҳар, писарак дар хонаи хоб шиштаву аммо саропо баҳсу талош, таънаҳоро мешунид. Модараш сабру таҳаммулро аз даст гурезонда ба дод омад:

– Меравам… сарамро мегираму ба ягон дашту биёбон ё гўри кушод меравам…

Сипас, назди болини писараш афтода аламашро фурў бурд, ба гўши ў ҳикояти ошноии рўбоҳу лаклакро бигуфт, тахтапушту мўйҳояшро молид ва суруди алларо хонд, худу бехуд хонд, то даме, ки тифлакашро хоби ноз бурд.

Шабона аҳволаш бад шуд. Шавҳараш ғур-ғуркунон «Ёрии таъҷилӣ»-ро ҷеғ зад. Омаданду бурданд, ҳарфе напурсиданд. Субҳидам фаҳмид, ки кўдаки батнашро талаф додааст…

Пагоҳирўзӣ шавҳараш ба сари хам ва писаракаш ҳаросон баҳри аёдаташ омаданд. Маҳзун намуд чашмони шаҳлою сиёҳаш, ҳангоме ки Гулбарг ўро рўи шинак паҳлўяш шинонд.

Вай бинои таваллудхонаро наззора карда пурсид:

– Модарҷон, гўри кушод гуфтагиятон ҳамин ҷост?

Гулбарг забон накушод, хомўш монд. Чӣ ҷавобе ҳам меёфт…

* * *

Бар ивази кадом гуноҳам худованд сабру таҳаммуламро бад-ин сон бармаҳал меозмояд? Чӣ иқдоми ношоиста аз ман сар зада бошад? Чӣ гуфтори бемавқеро ба забон овардам, ки сазовори чунин ҷазои сахту вазнин гаштам? Оҳ, писаракам, оҳ фариштаякам! Чӣ тур саратро сила бинмоям, аз куҷо хандаҳои беғаматро биҷўяму бубинаму бишнавам. Илтиҷо мекунам, ҳарфе бигў, аз оғўши хоки сард бихез, ба имдоди модарат рас…

Минбаре тақозо мекард, ки аз сари он пурҳарорат сухан бигўяд, то ўро ҳама оламиён, бошандагони дигар сайёраҳо бишнаванд… Вале куҷост ончунон минбар? Агар мебуд ҳам, одамон қасдан онро мешикастанд. Рафту бутун мемонд ҳам дар сурате, ки ў бар он боло мешуд, ҳозирон ҳама – бинову нобино, шунавову кар, бемору сиҳат, пиру ҷавон, зану мард рў ба тарафи муқобил мегардонданд. Гулбарг бошад, ба пушти сари эшон нигариста ҳарфе ба забон оварда наметавонад. мехоҳад рў ба рў ошкоро гап занад, то бо чашму дилу ақл бубинад. Бовар ҳосил намояд, ки онҳо мешунаванд ё на, мефаҳманд ё на, ҳамдард ё бепарво, аз як гавҳаранд ё бегона. Ана ў чӣ мехоҳад. …На …На чўби минбар на ҳамеша, на ҳамаро ба мақсад мерасонад. Шоир саҳв кардааст. …Гулбарг ҷараёни вақту ҳадду фазоро гум намуда, худаш рўи мавҷи хаёлот соатҳо шино мекард. Азбас танҳо буду касеву чизе сукути ўро халалдор намесохт, хаёлан мегирист, механдид, аз паси писараш медавид, бо шавҳараш лаҳзаҳои мухталифи рўзгору эҷодашонро пеши хотир оварда баҳсу талош мекард…

Ба кунҷи ноаёни боз як асари тасвириаш байни танаи алафҳои сабзу хуррам имзо гузошт. Се-чор қадам ақибтар рафту назар афканд. Марғзораш, воқеан, зебо, нопайдоканор, мавҷзананда омадаву осмонаш нилгун, ҷо-ҷо абрҳо чун уштурбачаҳои сафед… Лолаарўсакҳо миёни гандумзор мисоли гулхан метофтанд, месўхтанд ё шояд ба чашми Гулбарг чунин менамуд. Вай намехост, меҳаросид, ки андак баландтар мижа бардошта нигарад… Он ҷо… пойҳои пурқуввати аспро дид…

Чанд рўз пеш аз вафоти писарак аз ноҳия бобояш омад. Вай, ки аз дарди бедавои наберааш огоҳӣ дошт ва аз рафтори писари ноаҳлаш хиҷолатманд буд, назди келинаш изо мекашид. Банд-банди ҷигараш месўхт. Лек сари болони набера табассум мекард, афсона мегуфт, гоҳ-гоҳ худро гум мекард… Китоби расмдорро ба даст гирифту варақ зад. Писарак нақши ҳар саҳифаи онро азёд медонист. Як маҳал чашмони мўйсафед нур гирифту ба табассум гуфт: – Замоне дар колхоз ҳисобдорӣ мекардаму савори асп мегаштам.

– Шумо асп доштед? – суол кард набера.

– Ҳа, аспи хушрў, пешониаш ало, хеле ҳалиму меҳнатӣ буд.

– Чӣ мехўрд аспатон?

– Ҷав, гоҳ-гоҳ каҳу алаф.

– Баъд чӣ шуд, бобо? – акнун чашмони писарак барқ зад. Модараш сўҳбати онҳоро мушоҳидакунон фавран инро пайхас намуд.

– Баъд ман пир шудам, ба нафақа гуселонданд.

– Аспро чӣ кор кардед?

– Бурда супоридам. Пеш аз хайрухуш ёлу гарданашро хеле молиш додаму навозиш кардам. Ҷонвар пой назадаву бинӣ наафшонда, хап меистод. Ҷудоиро ҳайвон низ ҳис мекардааст.

– Бобо, ҳамон аспатон зинда бошад-а? – ба нуқтаи шифти хона нигоҳ дўхта пурсид писарак.

– Аниқ намедонам, аммо ҷавон буд, эҳтимол зинда аст. Кӣ медонад?

– Чаро додед? Э-э…

– Моли ҷамъият, ки буд, қарз намонад, гуфтам-дия, бачаякам.

– Агар ҳозир аспатон мебуд, ман савор мешудам, лаҷомашро даст мегирифтаму медавондам. Афсўс, аспатон нест.

– Ба воя, ки расидӣ, асп ҳам иншооллоҳ ёфт мешавад, гуфт мўйсафед рўяшро ҷониби дигар гардонда, то ки мабодо наберааш ҳалқа задани ашкашро бинад…

Зан ниҳоят аз куҷое қудрат пайдо карда сарашро боло гирифт.

Чеҳраи писаракро дид. Ў савори аспи даванд буд, лаҷоми асп дар дасташ… Омода аст, лаҳзае пас аспро чун бод давонад.

Аспи хаёлии бобояшро…

* * *

Камол аз хоб бедор ва аз ҷогаҳ нахеста гўшаки радиоро тофт. Тантанаҳои ҷашни Рўзи Ғалаба шурўъ шуданд. Ў дирўз дар толори идора баҳри ҳама он пироне, ки дар ҳудуди ҷамъияти саҳҳомӣ зиндагӣ мекунанду баҳри мамлакат ҷонфидоиҳо кардаанд, маҳфили рангин ороставу нону намак дод, иди муқаддасашонро муборакбод гуфт, кам-кам орду биринҷ, қанду чой, табақу пиёлаҳои хотиравиро дареғ надошт. Ёд оварданд он солҳои шумро… Афсўс, ки ҳафт сол инҷониб байни онҳо падарашро намебинад. Вагарна ў низ нишонҳояшро сари сина овехта, асо бадаст мегашт. Нони талху сарди сарбозиро, ки аз ибтидо то интиҳои ҷанг чашида, раҳматӣ дар зиндагиву муносибат сахтгириву миришкорӣ зоҳир мекарданд. Одами баобрўву эътибори маҳалла меҳисобиданд мардум. Ҳангомаву ҳашамати зиёдатиро чашми дидан надоштанд. Насиҳат мегуфтанд, ки «писарам, аз гўшат пахтаро кашу ба хотир дор, замину дарахт одамизотро мепўшонаду мехўронад, ба шарте, ки кас заҳматпарасту меҳрубон, дидадаро бошад».

Рўзе падару писар ба дафни як тракторчӣ рафтанд. То вақти ҷаноза хеле вақт буд. Одамон, ки ба сари хам ғарқи андеша менишастанд. Ногаҳон падараш хестанду гуфтанд:

– Домулло-бобо! Аз шумо илтимос, иму ҷим ба даҳон об гирифта тасбеҳ гардонда нашинед.

– Маслиҳати шумо қабул, саркор, вале бигўед, ки чӣ кор кунем? Одамон ҳайрон гуфтугўи онҳоро мушоҳида мекарданд.

– Мову шумо, мўйсафедон, офтоби сари кўҳем, дунё ҳамин будааст, фурсатро бой надиҳем мегўям, чунки ин ҷо хеле ҷавонон нишастаанд, азбас, ҳаррўзу ҳар соат ин тавр ҷамъ омада наметавонанд, хуб мешуд, агар, шумо, ки аз илми кўҳна огоҳ ҳастед мақсади ба ҷаноза омадани мардум, тарзу маънои тобутбардорӣ, қарзи то қабристон рафтан, ҳама ҷузъиёти нишасту хези ин расму русуми аҷдодиро вазъ гуфта мефаҳмондед. Ҷавонҳо бохабар шаванд, кори хайру савоб мебуд. Зеро таъсири сухани шумо, домулло, дигар аст…

Камол солҳо гузашту матлаби падарашро дертар сарфаҳм рафт…

– Рўзе шомгоҳ  ҳамсояашон амаки Ҳомидҷон ба хотири машварат омада буд. Пиёлаи чойро пурра нанўшида, пўсткандаи маромашро пеш овард:

– Ба писари хурдиам, саркор, дар комиссариати ҳарбӣ маслиҳат додаанд, ки агар аз шаҳр ба мактаби қишлоқ рафта муаллимӣ кунад, аз хизмати ҳарбӣ озод мекардаанд. Ҳамин хел дастур будааст-дия. Ман надонам. Хона шиштам-шиштаму ба сарам зад, ки ҳатман пеши шумо дароям, бинам, ки чӣ мегўед. Ҷомаи бомашварат дўхта кўтоҳ намеояд…

Падараш мўйлаби ғафсашро, ки чун шохҳои оҳу ба ду тарафи рў тоб дода буданд, молида-молида ҷавоб гуфтанд:

– Саломат бошед, ҳамсоя, саломат бошед! Орзуи фарзандонатро бинед. Акнун гап ин хел. Писар писари шумо, хоҳ-нохоҳ дилатон месўзад. Муаллимӣ касбу корӣ якумриаш аст. Сарбозӣ муваққатӣ. Ду соли хизмат ба монанди ду рўз гузашта меравад. Албатта азоб мекашад, зориву хорӣ мебинад, шумову модараш шабу рўз интизорӣ мекашед. Аммо чӣ илоҷ? Хоҳед, ки қимати вақту фазоро донад, хоҳед, ки қадри падару модар, хешу табор, хоҳару бародаронашро, қадри нону намаку оши тайёрро шиносад, фиристонед, шукр, замонаҳо тинҷӣ, сарат аз санг бод гўён дуо дода фиристонед. Фурсаташ, ки омад, марди чор кас мешинохтагӣ шуда бармегардад. Бовар кунед, аз хизматро ба ҷо овардан худаш ифтихор мекунад. Монед, ки қатори фарзандони мардум рафта ояд…

Дурандешу ҳақгуфтор буданд падараш. Зимни ин ғалаёну ҷараёни хотираҳо қабл аз наҳорӣ Камол аз гулзори рўи ҳавлӣ дастаи зебою хушбўйро бо ҳам овард, то ки пеш аз кор рафтан як сари қадам назди оромгоҳи қиблагоҳаш бираваду бубинад, мабодо, алафи бегона сабзида бошад, канда партояд, бишинаду дуои фотеҳа бихонад. Охир рўзи Ғалаба аст, рўзи иди падараш…

Ҳамин тавр ҳам кард. Ва ҳангоме, ки байн-байни қабрҳо сўи баромадгоҳ мегузашт, тасодуфан назараш ба оромгоҳи муаллим Сайфизода афтод. Лаҳзае чанд сари хоки эшон нишаста сукут варзид…

Баъд раҳораҳ афсўс хўрд, ки чаро ҳамон барги сабзи бо мурури солҳо хушкидаи Сайфизодаро чун рамзи хотира ба худ нагирифта буд…

* * *

Модар пас аз хўроки шом чои кабуд дам карда овард. Бегоҳии рўзи якшанбе буд. Камол китоби «Афсонаҳои халқҳои олам»-ро ба даст гирифту овози оинаи ҷаҳоннаморо баланд кард. Аз тариқи он пахши барномаи «Нигористон» ҷараён дошт…

«…Мусаввараҳое, ки бо амри табиату тақдир дастони ин зани резопайкар бо мўқалам меофарад, дили бинандаро тасхир мекунанд, кас аз зебоии дарахтону  марғзор, кабку оҳу, кўҳҳои сар бар фалак кашидаи кишвари мо ба ҳайрат меояд, андеша меварзад, ба одаму олам дигаргун менигарад. Тамошогар симоҳои одамонро наззора карда, эҳсос менамояд, ки ҳама бурду бохти эшон бунёди таърихи замони муосир, ҳама бозёфти онҳо дар ҷабҳаи маънавиёт, дар дидагон ва ожангҳои чеҳраашон аксандозӣ гардидаанд.

– Гулбарг, лутфан бигўед, ки кадом навъи гул бештар мақбул аст?

– Садбарги арғувонӣ.

– Аз рангҳо чӣ?

– Ранги сабз.

– Офаридаҳои шуморо мардуми Аврупо низ хуш қабул кардаву аз ин боб мақолаҳо низ навиштанд. Ин комёбӣ, ки боиси ифтихор аст, ба чӣ фикру хайл водор месозад?

– Хубтарин эътирофи маҳсули заҳмати эҷодкор ақлу рўҳи одамро такон медиҳад, кас мехоҳад як зинаро, ки фатҳ намуд, бештару ҷиддитар кор бикунад. Шўҳрат чизи нозук, бори вазнин аст, вале инсон бояд қабл аз ҳама худро бишиносад.

– Ғизо писандидаатон?

– Тушбера.

– Шумо ошпази моҳиред?

– Инро аз меҳмонҳо мепурсед.

– Мехоҳам ҳамин лаҳза байтеро ба ёд оред.

– Рассомзан таваққуфе намуда ҷавоб дод:

Ғами олам фаровон асту ман як шиша дил дорам.

Чӣ сон дар шишаи соат кунам реги биёбонро?

– Ин мисраҳо…

– Аз ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил.

Фурсате пас барнома анҷом ёфт. Камол пиёлаи чойро нўшида:

– Гул-барг! Гул-барг! – гуфт.

Ў одате дошт, ки агар номи одам ё чизеро ба риштаи хотир гирифтанӣ шавад, гаштаву баргашта се- чор маротиба такроран талаффуз мекард. Аз тасаввураш берун буд, ки ба чӣ иқдоме даст мезанаду чӣ пешомаде, суду зиёне вайро мунтазир аст… Аҷаб рўзеву аҷаб рўзгоре, чӣ печутобҳое дорад…

Ин ҳангом модар ворид шуд. Болои курсии лўладор нишасту гуфт:

– Писарам, Камолҷон! Ту раис бошӣ ҳам як бор ба гапи ман гўш деҳ.

– Марҳамат, ман омодаам.

Аз чӣ сабаб буд, ки Камолро таъбаш  хуш метофт…

– Ту аз субҳи козиб то ними шаб паи кори хоҷагӣ мегардӣ… Падарат ҳам умрашонро обу замин гуфта хазон карда рафтанд. Ҷонатро коҳонда ба ҷаббор супорӣ ҳам ҳайкал намемонанд. Овора нашав…

– Кӣ медонад, рафту…

– Ман ҷиддӣ мегўям. Замин сахт, осмон баланд, умри бечора занат кўтоҳ будааст. Гул барин бачаякат панҷсола шуд. Худо умраша диҳад. Ман ҳам сутуни ин дунё не, ҳеҷ касро баста намондааст. Мурғи бахтро дар бозор намефурўшанд. Онро ҷустуҷў кардан лозим.

– Фаҳмидам. Мехоҳед, ки хонадор шавам.

– Шукр, ки саломатӣ ҳоло нағз аст, лекин тани гармдия, мабодо бемор шавам, ба туву писарчаат кӣ хўрок мепазад, пўшокатонро кӣ шуста дарзмол мекунад? Э бачаяки соддаам, ҳеҷ сару бари фикрамро ёфта наметавонам. Шабҳо хоб аз чашмам мепарад… Ҳамроҳи акою хоҳаронат маслиҳат ҳам кардам…

Модараш аз зумраи он занони басо пурсабру тоқат аст. Камол инро медонист. Медонист, ки ў як бурда нону як намаки хўрдаашро, ҳар суханашро чил бор андеша мекунад. Шитобкорӣ ба шармсорӣ мебарад, таъқид ба таъқид мегуфт модар. Камол ҳарчанд аз хурдӣ ин насиҳатро мешунид, аммо на ҳамеша маънои онро риоя мекард. Ба қавле  охир дар хонае, ки  зан нест, рўшноӣ, нуру сафо нест. Хост худи ҳозир арз намояд, ки розӣ аст. Вале киро арўс мегирад. Як дафъа болои қаҳр «касеро хоҳед ман тарафдори шумо гуфта»… Баъд ҳазорҳо борҳо бор пушаймон хўрд. Ду сол пеш назди Муқаддас рафтанӣ шуд. Гуфтанӣ буд, ки аз шавҳарат ҷудо шав, ман туро ба занӣ мегирам. Вале ў, духтаре, ки айёми ҷавонӣ ишқу муҳаббаташро беҷавоб сарсон гузошта буд, имрўз се фарзанд дорад. Падари бачаҳояш хуб аст ё бад, кас ё булҳавас, ҳар кӣ бошад падар аст. Ду–се сол пас духтари калониашон лоиқи шавҳар мешавад. Пас чӣ тавр дидаву дониста зиндаҷудо бикунад. Сониян, худо медонад, ки Муқаддас хоҳиши ўро мепазирад ё чун саги кўчагард аз назди дараш меронад.

Ва Камол тан ба тақдир дода, ҳастии худро ба кори саҳро бахшид. Чанде пеш ҳамсинфонаш низ сари дастархони маҳфиле «дар дилат завқу шавқе намондааст магар» гўён дўстона таъна заданду изҳор карданд, ки омодаанд дар тўяш хизмат кунанд. Ҳатто «зудтар ба он соати нек расем» гуфта қадаҳ бардоштанд. Аммо Камол аз субҳи дигар боз андармони ташвише мегашту фурсати чену бари рўзгори оилавиашро намеёфт. Ва ҳафтаву моҳҳо мегузаштанд. Аз ин лиҳоз модараш ранҷидаву сўхта гап кушода буд.

* * *

Ҳавопаймо соате пас ба аэропорти пойтахт фаромад. Яке аз дарвозаҳои асосии шаҳр ба назараш сарду парешон намуд. Назди истгоҳи таксӣ омада сигарета гиронд. Ҳанўз гўгирдчўби сўхтаро напартофта, марди ришаш хеле расидаи асобағалдор пайдо шуду хоҳиш кард:

– Аз барои худо, пул бидеҳ, ки нон харам.

Камол  даст ба киса бурду як бистсўмаро дароз кард. Гадо пулро гирифту нимғурма дуо кард. Ва илова намуд:

– Ин барои нон намерасад. Дигар пул надорӣ?

– Ба гумонам кифоя аст, дар киштзори ман ҳам пул намерўяд, қаноат кун, – аз шилқинии он одам ғашаш омад.

– Ту чандсола ҳастӣ?

– Ба сиюшаш даромадам.

– Искандари Мақдуниро мешиносӣ?

– Киро?

– Искандари Мақдунӣ, вақте ки бисту ҳафт сол дошт, ними ҷаҳон зери пояш буд. Пули додаат бошад, ба нон намерасад…

Ин лаҳза таксӣ омада қарор гирифт.

– Ба куҷо? – пурсид ронанда.

– То меҳмонхонаи «Тоҷикистон».

– Мегўянд, ки симои шаҳр ниҳоят тағир ёфтааст.

– Шаҳр не, бозор шудааст! – гуфт таксирон.

– Ҳа, – гуфт Камол, – мегузарад, аз ноумедиҳо басе умед аст, поёни ин ҳама бесарусомониҳо сафед аст.

Таксӣ ба хиёбони Айнӣ тоб хўрд. Камол вазъияти ҳозираашро басо аблаҳона дарёфт. Гарчӣ қабл аз омадан нияташро андешидаву мулоҳиза карда буд. Он гоҳ манзара дигарранг метофт.

«Аҷаб соддаву аҳмақӣ-дия, як рассомзани ношиносро гуфта бетаклифу розигӣ, пўшт-пўшт нагуфта, ба пойтахт хеста омадӣ. Гўё духтари холаат бошад… Ҳарчи бодо бод! Балои осмонӣ ба сарам фурў намерезад-ку. Баъд оё касе хабардор аст, ки ман назди кӣ, бо чӣ хоҳише омадам? Маслиҳатамон пазад, хуб кор мешавад, вагарна як дари баставу сад дари кушода».

Ҳамин тариқ худро тасаллӣ дод. Камол дар меҳмонхона аз китоби маълумотномаи телефон шумораҳои Иттифоқи рассомонро гирифту сим зад. Мақсадашро арз дошт ва нишонии рассомзанро хост.

– Мо дигар рассомҳои хуб ҳам дорем.

– Ба ман ҳатман Гулбарг лозим.

– Ҳа, фаҳмо даррав мегуфтед, ки бо занҳо сарукор дорам.

– Бигузор ин матлабам шуморо ба ташвиш наандозад… – ва аз дил гузаронд: «Аблаҳ! Як ман аблаҳ гўям, боз як бефаҳми дигар будааст».

Коргоҳи алоҳидаи Гулбарг дар вурудгоҳи сеюм, ошёнаи якум, хонаи дуҳуҷрагӣ воқеъ буд. «Устохонаи рассом Гулбарг» — Камол унвониро хонду тугмачаи зангро пахш кард. Дари чармпўши яктабақа лаҳзае пас боз шуд. Камол барномаи телевизиониро пеши назар оварду кадбонуи устохонаро шинохт.

– Салом, алейкум!

– Ваалейкум салом!

– Мебахшед, нишонии коргоҳатонро аз Иттифоқи рассомон доданд.

– Фаҳмо. Ягон хизмат буд?

– Ҳа, як фармоиш доштем… – Камол лаб газида хомўш монд. Ва ночор ба чеҳраи гандумгун, дастони ранголуд ва куртаи атласи оҳараш кайҳо шикастаи Гулбарг нигарист.

– Чӣ гуна фармоиш?

– Мебахшед, ман аз роҳи дур, аз ноҳия омадам. Мову шумо болои остона гуфтугў мекунем? Ё…

– Бубахшед, марҳамат…

Ва соҳиби устохона худ пеш гузашт. Коргоҳи Гулбарг ба назар хеле бетартиб метофт: мусаввараҳои тайёру нотамом, ки баъзеашон сари девор овезону боқимондаҳояшро рўи миз ё кунҷи фарш гузоштаанд. Болои мизи доирашакли хеле кўҳнаи чорпоя рангубори зиёд мехобиданд.

– Бишинед, – курсиеро нишон дод ва худ рў ба рў шишт.

– Ташаккур!

– Ҳозир чой ҳам меҷўшад.

– Шумо табақи калон доред?

Гулбарг ҳайратомез нигарист.

– Ҳа, чӣ лозим?

– Биёред.

Овард.

Камол дипломати оддиашро кушоду мағз, зардолу, баргаки бедору қоқшуда, бодом, чормағзро, ки ҳар яке даруни халтачаҳо буданд, гирифта ба табақ гузошт.

– Айб накунед, тўҳфаи мо мардуми колхозчӣ аст. Дигар чӣ ҳам дорем.

– Саломат бошед! Ҳоҷат набуд, ки шумо ин қадар заҳмат кашед, – ба пиёлаҳо чой рехтаравон гуфт Гулбарг. – Хайр, хуш омадед! Акнун марҳамат, ба сари мақсад оем…

– Намедонам, гапро аз чӣ сар кунам. Мо як ният кардем, маслиҳат шуд, ки дар колхозамон, собиқ, ҳоло ҷамъияти саҳҳомиямон осорхона ташкил кунем.

– Чӣ?! Осорхона?

Камол ба ишораи «бале» сар ҷунбонд ва пурсид:

– Магар ягон аҷоибот дорад?

– Дар ин давру замона осорхона ба кӣ лозим? Ё раиси шикамкалонатон аз пушти кўҳ фаромадааст?

– Раиси шикамкалон?

– Узр, густохӣ шуд. Одатан раисҳо… Вале бигўед, ки ман чӣ ёрӣ расонида метавонам? – Гулбарг акнун ба ҷиддияти гуфтугузор бовар кард.

– Дар ороишу ҷо ба ҷо гузоштани маводи осорхона маслиҳат медиҳед ва аз ҳама муҳимаш портрети бисту панҷ-сӣ одамони таърихии колхозамонро мекашед.

– Эҳа-а! Иштиҳоятон бад не-ку! Шумо тасаввур мекунед…

– Медонам, ки мўҳлати зиёд металабад, – гуфт Камол.

– Бар замми ин…

– Ҳама чизу чораи зарурӣ бекаму кост муҳайё мешавад. Шумо ба муддати ду ё се моҳ аз коратон ҷавоб мегиред. Ин як. Баъд, ба ноҳия меоед. Ин ду. Мо шуморо дар беҳтарин истироҳатгоҳ, ки қарибии соҳили дарё воқеъ аст, ҷой мекунем. Ин се…

– Лекин ман…

– Фаҳмо, танҳо наметавонед. Бо аҳли оилаатон. Мо розӣ. Ҳеҷ мушкилот нест.

– Ҳамаашро бе ман ҳал карда будаед-ку! Охир…

– Шартнома тайёр, фақат ҳаққи хизматро гўед, кифоя. Ва имзо мекунед, – қатъӣ гуфт Камол. Гулбарг моту маҳбут буд.

– Агар розӣ нашавам чӣ?

– Чаро? Чӣ садду мамонияте вуҷуд дорад? Мо омода ҳастем, музди заҳмататонро ду карат зиёд кунем. Мебахшед, мабодо сахт нарасад, аммо умедамон ба шумо…

– Ин ҳама олиҳиматӣ аз баҳри чӣ? – кунҷкобӣ намуд Гулбарг.

– Асарҳои шуморо тариқи телевизион нишон доданд. Маъқул шуд.

– Ба кӣ? Ба раис?

– Бале, ба раиси шикамкалон, – хандид Камол. – Шумо розӣ?

– Хеле шуд, ки бетоқатиро дўст намедорам. Рости гап…

– Бовар кунед, пушаймон намешавед.

– Шумо аз куҷо медонед?

– Ба назарам ҳамин хел метобад. Барои мулоҳизаву андеша, гумонам, як рўз кифоя аст.

Камол аз ҷой хест ва нигоҳаш ба девори чап афтод.

* * *

Ва натюрмортро дид, ки аз дастаи гулҳои раъно ва як табақ нокҳои калон-калони заб-зард иборат буд… Ва беихтиёр симои Истадхола пеши назараш ҳувайдо гашт.

– Замоне ҳамсоязане доштем. Аз овони тифлӣ медонистам, ки вай танҳо зиндагӣ мекунад. Аз рўи соддалавҳӣ, бачагӣ-дия, фикр мекардам: оё як худаш шабҳо наметарсида бошад. Сонитар фаҳмидам, ки пас аз се шабу рўзи арўсиаш шавҳарашро ба фронт бурда буданду ба ҳамин на хату на хабар, дигар бозгашта наомадааст. Ҳа, гап сари дигар чиз. Истадхола  рўи ҳавлиаш дарахтони себу ноку биҳӣ, гелосу олу дошт. Вай, ки ба саҳро мерафт, мо пайт поида дуздӣ мекардем. Боре ҳеҷ кас аз ҳамсолонам дар кўча набуд. Ва худам аз девор гузашта болои нок баромадам. Тобистон, ҳил-ҳил пухтагӣ, даҳони кас об мепартояд. Чор-панҷ дона нокро даруни бағал андохтаму якеро газидам. Ин дам овозе ба гўшам расид…

– Ноки бомазза-а!

Саргумзада поён нигарам, Истадхола… Бар асари тарсу шарму ҳаё аз тори дарахт худро зер афканда гурехтам. Навдаҳои хушки дарахт оринҷи даст ва зонуҳоямро тарошида хуншор карданд. Бегоҳӣ, вақте, ки падарам хона буданд. Истадхола як табақ пури нок овард. Ман аз ҳайбати падарам меҳаросидам. Аз гуноҳи худ ба обу арақ ғўтида мунтазир будам, ки ана ҳозир сиррамро фош мегўяд. Хоса, ки соле дувоздаҳ моҳ ҳамсоязан ба ҳавлии касе ба фурсати пиёлаи чой сар намехалонд.

– Нок пухтааст, гуфтам, даҳони шумоён ҳам расад…

Модарам ду нони фатирро ба табақи Истадхола гузошта, то назди дарвоза гуселониданд. Ва ман дую дубора ба меваи боғи касе чашм ало накардаам. Мебахшед-дия, натюрморти шуморо дидаму ногаҳон ёдам рафт. Бо сафсатаи худ вақтатонро гирифтам.

– Ҳеҷ гап не, – бо табассум гуфт Гулбарг.

– Ман баъд аз пагоҳ ҳамин соат меоям. Агар маслиҳататон пазад, шиносномаҳоро биёред. Хуб?

– Насиб бошад…

– Хуш бимонед.

– Ташаккур!

Гулбарг мавриди хайрухуш аз устохонааш берун набаромад. Аммо хаёлан худ ба худ гуфт: «аҷаб одами дилёбу дидадаро менамояд».

* * *

Нисо – духтараки шўху шаттоҳ ва беқарор, ки сафар карданро беҳтарин бозёфти одамият медонист, ин навигариро хеле аҷиб ва бечунучаро мақбул шуморид. Аз хурсандӣ ба куртааш нағунҷида ҷастухез мекард. Гулбарг ба падару модари ҷиянаш занг зада, матлабашро муфассал фаҳмонд: ҳарду бо ҷону дил тарафдории худро изҳор намуданд.

Лек Гулбарг то ҳанўз аз қаъри шубҳа худро раҳондаву берун омада наметавонист, як гўшаи дилаш мушавваш метофт. Тааҷҷубовараш ин ҷост, ки то дирўз, аслан гирем, аз шаҳри бегонаавзову файзу баракаташ парида, кўчаҳояш пур аз мардуми барояш ношиносу ноошно гурехтан мехост. Ва феълан мебоист, ки фурсатро ғанимат донад…

– Ҳарчӣ бодо бод! Биё Нисо, аз Хоҷа Ҳофиз кўмак мехоҳам. Шояд эшон мушкилӣ моро осон кунанд.

– Чӣ? – пурсид Нисо.

– Одати деринаам ба хотир расид. Фол мебинем мегўям, — шарҳ дод Гулбарг ва ғазалиёти он пири бузургворро аз ҷевон гирифт. Лаҳзае таваққуф намуд. Чашм бипўшид. Ва ба  забон овард. Ё раббӣ! Мададе! – китоби ашъорро боз кард ва матлаъи ғазали дасти ростро хонд:

Марҳабо, тоири фаррухпаи фархундапаём,

Хайра мақдам, чӣ хабар, дўст куҷо, роҳ кадом?

Даъвати мароқангез, айни замон ғайриинтизории намояндаи ҷамъияти саҳҳомӣ низоми андешаву нақша ва зиндагии Гулбаргро печ дар печ сохт: вай аз як сў дилаш кашол меистод, аз дигар тараф боиси хавотириаш муддати сафар буд, охир ба мўҳлати панҷрўза ё ақаллан як моҳ не, балки саду панҷоҳ рўз, шояд дарозтар меравад. Ин ба гуфтан осон. Не, ў ҳаргиз аз меҳнати муттасил намеҳаросид, ҷояш ояду зарур афтад, шабҳо хобашро ҳаром намуда корашро сифатнок ба субут мерасонд. Ҳарчанд ки пули мегирифтаашон аз рўи ваъдаи Камол кирои ранҷу машаққат мекунад ва меарзад, ки ҳаргуна сарсониро ҳам паси сар бикунад.

– Хайр, фолбини мўҳтарам, ба чӣ хулоса омадед? Меравем ё не? – бетоқатонӣ зоҳир намуд Нисо.

– Намедонам, — гуфт Гулбарг андешаманд…

* * *

Камол, азбаски айни мавсими ҳосилбандии пахта буд, рўзи дароз чор-панҷ минтақаро ба тафсил аз назар гузаронд, ҳамроҳи иҷоракорон сўҳбаткунон ҳам мушкилоташонро ҳал намуду ҳам аз шумораи гулу кўрак хушнуд шуд. Ва замоне ки офтоб ба паси қуллаи кўҳ пинҳон шуд, дар ҳавлӣ шустушў ва тағйири либос кард.

Дар берун ронанда мунтазир меистод. Соате пас ба идора расиданд. Вақт ки буд, дар қабулгоҳ ба ҷузъ котиб касеро надид. Ёвараш навиштаҷоти худро марбут ба занги телефонҳое, ки таъҷилӣ набуданд, дароз намуд. Ин лаҳза директори мактаб ворид шуд.

Камол ҳам хурсанд шуду ҳам хиҷолатманд. Хушияш аз он боис, ки кўҳантарин директори мактаби худаш таҳсил кардаро дид, шарм дошт аз он хотир, ки қариб як моҳ боз ба саҳни мактаб қадам нагузоштаву аз ҳоли омўзгорон, ҳарчанд, ки таътили тобистона аст, хабар нагирифта буд.

– Канӣ, муаллим, марҳамат! – ба кабинет даъват кард Камол, баъди  аҳволпурсӣ. – Хуш омадед!

– Омин! – дасти дуо кушод сарвари мактаб. – Корҳо пешраву бобарор, зиндагӣ бобаракат, одамон сарбаланд, қадамҳо нур, балоҳо дур! Оллоҳ акбар!

Котиб як чойник чою ду пиёла, табақчаи қанду мавизу мағзро овард. Камол чой рехт.

– Муаллим, узр мехоҳам, бемалол бошад, чанд дақиқа ба ҳуҷҷатҳои зарурӣ имзо гузорем, сипас ману шумо сўҳбат мекунем, воқеан зид набошед ба меҳмонӣ меравем. Мегўянд, ки як не, ду шогирдатон маҳфили арўсӣ доранд. Шумо розӣ? Илтимос…

Қарор доданд, ки пиёда раванд, тўйхона дур нест, ҳаво айни муддаост, якбора гуфтугў ҳам мекунанд.

– Таъмири мактаб чӣ тавр муаллим? – Камол худ лаҷоми сўҳбатро озод партофт.

– Ин ташвиши оддии ҳарсола, ҳеҷ гап не, сару сомонашро меёбам. Вале мушкили ман саргиреҳтар аст, раис. Мағзи гапро гўям, вазъияти замона ба шумо маълум. Мардум аз паи ҷустуҷўи ризқу рўзӣ паҳну парешонанд. Ҳанўз сесад сол пештар шоир гуфта будааст:

Ҳеҷ кас нест, ки дар фикри дили худ бошад,

Умри мардум ҳама дар фикри шикам мегузарад…

– Ё боз гуфтаанд, – илова намуд Камол:

Не зи дил мондааст дар олам асар, не з-аҳли дил,

Ё раб ин оинаи оинадоронро чӣ шуд?

– Тавба, ба мардум аз китоб  ҳарф занед, як қад мепаранд, гўё ки аз хусуси бемории вабо бошад… Шояд айби мо ҳам ҳаст…

– Ман ба як нуқта ҳайронам, муаллим. Чӣ тавр писару духтарчаҳо бесаброна рўзи нахустини мактабравиро интизор мешаванд. Рўз мешуморанд, орзуҳо мепарваранд, шабҳо хобашон  мепарад, аксар алифборо бо шавқ мехонданд, шеърҳоро азёд мекунанд. Шарт нест, ки саросар ҳама маълумоти олӣ гиранд ё олим шаванд. Аҷибаш дар он аст, ки меҳри китобхониро пахшу хомўш мекунанд. Ва бадбахтона ин анъана аз насл ба насл мегузарад.

– Мо, Камолҷон, мумфаршу чароғистон гардондани кўчаҳоро ёд гирифтаем вале дар равшан сохтани дилҳо азоб мекашем… Қасд кардагӣ барин як гурўҳ муаллимони ботаҷрибаю лаёқатманд аз мактаб рафтанӣ.

– Маслиҳат диҳед, бо чӣ роҳ ёрдам кунам?

– Ҳама умедамон ба шумо, Камолҷон. Рости гап, ду сол пештар омада будам. Раиси собиқ, ғайбат нашавад, дар қабулгоҳ дида, салом алек карду пурсид: — Тарбияи фарзандони халқи меҳнаткаш чӣ хел?.. Боз як соат зиёдтар мунтазир шиштаву аз муаллим буданам ҳам пушаймон хўрда рафтам. Обро ба ресмон баста нашавад, то кай ман домани муаллимонро бо чормағзи пуч пур мекунам?

– Ба он муаллимон…

– Дувоздаҳ нафаранд, замин додан лозим, то ки дилсард намонанд. Аризаҳояшон кайҳо боз хобанд. Аз шўъбаи маориф низ мактуб медиҳанд, гоҳ ба раҳу гоҳ ба чеҳраи раис нигариста гап мезад мудири мактаб.

– Узви ҷамъияти саҳҳомӣ набошанд ҳам ба тариқи истисно дар тўли ду моҳ ҳал мекунем. Метавонед аз номи ман ваъда диҳед, – қатъӣ гуфт Камол. – Ана ба тўйхона ҳам расидем…

Ҳардуро хостанд, ки ба дохили хонаи дарун ҷой кунанд.

– Не, ташаккур, ҳарҷое бошад дар берун шинем. Аз суруду рақс, аз файзи  тўй ҳаловату баҳра барем. Ҳамин тавр не, муаллим? Канӣ, пеш гузаред, – бо табассум гуфт Камол.

Аз мобайн, қатори меҳмонон нишастанд. Мизбонон ба даву тоз даромада, зуд чой ва газаку хўрданиҳои иловагӣ оварданд. Соҳиби тўй – падари домод, ки якумр обронӣ пахта буд, назди Камол омада гўшакӣ гуфт:

– Раис, пурсидан айб надорад. Он сурху сафедро бо чойникҳо рехта биёрам, майлаш?

Камол бо овози табиӣ гуфт:

– Амак, арақҳо дуздианд ё ба пули…

– Ҳамаашро бо арақи ҷабин, бо заҳмати ин дастҳо ёфтам.

– Медонам, ки нони шумо ҳалол. Пас чаро он сад дусад граммро, ки ба хотири хонаободии домоду арўс аст, пинҳонӣ нўшем? Ҳоҷати руст кардан нест, вагарна боз талхтар метобад.

– Саломат бошед, раис! Муаллим, хуш омадетон! Сарам ба осмон расид.

Базми никоҳ метасфид. Ҷавонону гулдухтарон бо чеҳраҳои гарму хандон ларзону хиромон мерақсиданд. Суруди шўху тўёнаи ҳофиз қалбҳоро ба ҷўш меовард. Камолро табъаш меболид. Муаллими кўҳансол аз омаданаш басе хуш буд. Чашмонаш андешаманд медурахшиданд…

Соқӣ бо арзу эҳтиром ба Камол сухан дод. Ў бардам-бардам қадам монда назди микрофон омад.

– Арўсу домоди мўҳтарам!..

Ин лаҳза аҳли тўй қарсак заданд. Камол ба ақиб нигарист. Модаркалони домод – пиразани ҳаштоду ҳашт-навадсола ҷомаи  банорас ва рўймоли атлас сўи Камол меомад.

– Писарам, – бо ҳаяҷон гуфт ў. – моро ҳурмат карда омадед, худованд шуморо ҳурмат кунанд. Ин ҷомаро худам якто-якто дўхтагӣ. Аз ман, табаррукӣ, дар рўзи домодии набераам…

– Ташаккур, холаҷон! – Камол дастони пиразанро бўсида ба чашмонаш молид…

– Меҳмонони арҷманд! Дар ин маҳфили зебо яке аз кўҳантарин омўзгорони ноҳия Сангинов ҳузур доранд. Муаллим, хоҳишмандам, ин ҷо биёед. Ман санаде овардам, бо ҳама мўҳру имзоҳояш, аз хусуси ҷудо шудани ҳафт сотих замин ба арўсу домод. Мехостам, ки ин санадро модаркалону муаллим Сангинов ба навхонадорон супоранд…

Ва бори аввал Камол аз наздик чеҳраи арўсро дид. Диду ба ҳайрат афтод. Хост чизе бигўяд, ё бипурсад. Аммо дам назаду ба ҷояш рафта нишаст…

* * *

«Оҳ  чӣ маҳфили зебою гуворо буд. Камоли ёздаҳсола барои хотираву рўзномаи деворӣ сурат мегирифт»…

Чӣ пурэҳсосу дилрабо рақсида буд, Шоҳина! Муаллими суруд базавқ оҳанги «Духтари баҳор»-ро менавохт…

Камол пас аз ҳунарнамоии Шоҳина дигар чизеро намедиду намешунид. Фикру зикраш побанди ҳарчи зудтар ба хона расидан ва омодаи сохтани аксҳои бардошташ буд. Аз бетоқатӣ торс кафам мегуфт… Ҳар дақиқа дар хаёлаш чун соат тўл мекашид…

Аксҳои Шоҳинаро дар танҳоӣ, зери равшании чароғи сурх гаштаву баргашта тамошо мекард. Гўё бори нахуст медида бошад. Ба хотираш ҳам намерасид, ки Шоҳина ҳамон Шоҳина – хоҳари ҳамсабақаш Ҳотам асту аз хурдӣ дар як кўча ба воя мерасанд. Вале  чӣ ҷои тааҷҷуб, ки акнун як олами рангину ҷаззоберо мебинад. Писарак то имрўз дарк надошт, ки дунё ҳаррўзу ҳарсоат ва ногаҳон ин қадар тағйир хўрда метавонад…

Суратҳои Шоҳинаро даруни қоғазхалтаи сиёҳ андохтаву ба модараш «Ман ҳозир» гўён чун шапарак сўи хонаи Ҳотамино давид. Пояш ба замин намерасид. Ҳамсинфаш  аз баҳри алаф ба саҳро рафта будаат. Шоҳина, ки мебоист имсол мактабро хатм намояд, назди гулзори рўи ҳавлӣ машғули мутолиаи китоб буд. Рўи кафаш чанд дона ғўра дошт.

– Чӣ китоб мехонед?

– «Духтари оташ»

Камол сурх шуд, вале ҷуръат намекард, ки аксҳоятонро овардам гўяд.

– Ғўра турш не?- пурсид ў.

– Чӣ илоҷ? Зардолу ҳанўз напухтааст, – бепарвоёна ҷавоб дод.

– Чаро? Зардолуи қандаки мо қариб, ки заб-зард шудагӣ .

– Маззаашро начашида бошам аз куҷо донам? – табассуми Шоҳина бар гардани кас ҳалқа мепартофт.

– Ман пагоҳ барои шумо мебиёрам, майлаш? – гуфт ғарқи ҳаяҷон.

– Хеле хурсанд мешавам.

– Ҳа, ман аксҳоятонро овардам. Мана…

– Аллакай? … Оҳ-о, чӣ сон хушрўй баромадааст…

– Соҳибаш барин …

– Чӣ? – Шоҳина ҳайратомезу маънидор ба Камол  нигарист.

– Ман …

Шоҳина ба қаъри чашмони писарак нигоҳашро дўхта карахт меистод…

– Ман пагоҳ зардолуи қандак мебиёрам,- таъкид намуд Камол ва бехайру хуш бадар рафт. Аммо фардои ҳамон бегоҳӣ аҳдашро ба ҷо оварда натавонист, зеро шоҳи хушки дарахти зардолу шикасту  Камол пуштнокӣ аз баландии се қади одам рўи замини нарм ғалтид. Бар асари хўрдан нафасаш ба дарун афтод.

Писарак ду рўз аз дарсҳо ақиб монд.

Ниҳоят як сатилчаро пур аз зардолуи қандак ва гелоси ҷавпазак карда ба хонаи Ҳотамино омад. Лекин доду фиғони аҳли ҳавлӣ – падару модар ва худи Шоҳина аз кўча ба гўш мерасид.

– Агар ҳамон муаллими падарлаънат аз обрўи падару модарат авлотар бошад, ман аз баҳри ту барин духтарам мегузарам!…

Модараш дар навбати худ гиряолуд менолид:

– Эй беақли хонасўхта, ин чӣ кардагиат, ин чӣ шармандагӣ буд, ки ба сари мо овардӣ?… акнун кулли хурду калони ҳамсояҳо огаҳ гаштанд, ки Шоҳина кадом як муаллимашро дўст доштаасту вай се сол пеш аз занаш ҷудо шуда будааст…

Камол ҳайрон рост меистод.

– Фарзанд, ки сухани падарро ба инобат нагираду пушти по занад, ман ин гуна духтар надорам, оқ кардам! Оқ кардам! Оқ кардам!.. – гўён падараш вориди хонаи дарун шуд.

Шоҳина бидуни нигаронии ҳамагон ҷомадонашро гирифта, аз ҳавлӣ берун баромад. Ба касе нанигариста оҳиста-оҳиста, сархаму парешон хаёлманд қадам мезад. Ҳаққу ҳамсояҳо яке таънаомез, дигаре бонафрат, сеюмӣ бепарво аз маҳалла мегуселониданд. Деги ғайбат меҷўшид… Камол баҳушу беҳуш қадре ақибтар аз паси Шоҳина мерафт… Ба маҳаллаи Ҳавзи Боло расиданд, Шоҳина дарро тақ-тақ зад, муаллими суруд истиқболаш гирифт…

Рақси мафтунсози Шоҳина пеши назари Камол падид омад. Вай ба Шоҳинаву муаллими суруд, ки ҳанўз саргарми гуфтугў буданд, сатили пур аз зардолуи қандаку гелоси ҷавпазакро дароз намуд.

– Ин барои ҳардуятон…

Муаллим тааҷҷуб кард, Шоҳина табассум…

– Раис, хуш омадед! – гуфт зан.

Камол аз қаъри хаёл раҳо ёфт ва рў ба рўяш Шоҳинаро дид.

– Духтаратон чун себи дукафон ба шумо монанд. Қўшапир шаванд.

– Шумо ягона инсоне будед, ки ба ман раҳматон омада буд.

– Ба шумо акнун ҳавасам меояд, – самимона гуфт Камол. – Бовар кунед…

Нисфи шаб Камол хушнуд ба хона баргашт, аввалаш, ки муаллим Сангиновро дид, дуюм арўсу домодро табрик гуфт, сеюм Шоҳинаро  хушбахт ёфт  ва ниҳоят суруди «Ёр-ёр»-ро шунида аз нав ба ваҷд омад.

Ин чӣ фоли неке бошад?

* * *

Аз дохили ҳавопаймо пасу пеш берун шудан замон шамолаки нарму навозишкор ба димоғи Гулбаргу Нисо зад. Тафси ҳаво ҳанўз боло нарафта, ҳарду бо табъи болида ҷониби баромадгоҳ роҳ гирифтанд.

– Ба истиқболи меҳмонҳои азиз касе мебарояд? – бо оҳанги  ба худаш хос пурсид Нисо.

– Вақте аз соати парвоз хабар расондам, ваъда доданд, ки албатта шахсан раис пешвоз мегирад.

– Ҳурматро бинед-а! – мад кашид Нисо.

– Вале ман танҳо ёрдамчиашро мебинам, – гуфт Гулбарг. – Дарвоқеъ раисро намешиносам-ку!

– Канӣ, ба ман ҳам нишон деҳ! – бетоқатӣ зоҳир намуд Нисо.

– Оҳистатар! Ана, он одаме, ки паҳлўи корманди фурўдгоҳ истодааст, — аниқ кард Гулбарг.

– Эҳ-ҳа-а! Гулдастаҳоро бинеду…

– Чӣ ҷои ҳайрат? Расму русуми одии эҳтироми меҳмон аст.

– Расму русумро хуб мефаҳмам, аммо бояд бигўям, ки ёрдамчӣ марди хушқаду дилбар метобад… Холаҷон! – лаҳзае таваққуф намуд Нисо. – Шумо намедонед, зан дорад, ё не?

– Бас кун-е! Шармат намеояд? Ҳоло салому алейк накарда.

Нисоро чун ҳарвақта фаҳмидан душвор буд, ки ҳазлу шухӣ мекунад ё ҷиддӣ гап мезанад.

– Хуш омадед! – гуфт Камол.

– Ташаккур! Аҳволи шумо чӣ тавр?

– Бо дуои шумо сиҳат саломатем.

– Худо медонад, ки ман дуо мекунам ё не…

– Ба гумонам ин бону ҳамон ҷияни таърифиятон? Номашон? Хеле шармгин менамояд…

– Нисо, вале ман кай… – забон хоид Гулбарг.

– Холаҷон мегўянд, ки ҳеҷ гоҳ маро таъриф накардаанд, — пешхезӣ кард духтарак.

– Ман дар омади  гап гуфтам. Мабодо наранҷед, – узр хост Камол.

Ин лаҳза ҷомадонҳоро оварданд. Камол бонувонро ба нишастгоҳи ақиб шинонду машинаро бе шитобкорӣ ба ҳаракат даровард…

– То Бодомзор чанд километр масофа аст? – пурсид Нисо.

– Ҳафтод. Баъди як соат мерасем – ҷавоб гуфт Камол ва «Жигули»-и сафедро канори роҳ  назди бозорча нигоҳ дошт. Лаҳзае ба Гулбаргу Нисо нигоҳ афканда чизеро пурсиданӣ шуд, аммо сабаб чист, ки зарур надонист. – Ман ҳозир… Як дақиқа. Сигаретам тамом шудааст.

Муддате пас ў ду се–чор хўша ангури заб-зарди ҳусайнӣ ва шаш дона нони серкунҷиду равғании гарму хеле хушбўй овард.

– Ангурро якбора шустам, – аз киссахалтаи нишастгоҳи пеш як табақи тоза бароварда даруни он гузошт. – Қаҳва дар термос, марҳамат даҳон ширин кунед, – гуфт Камол.

– Аз шумо, ин қадар меҳрубонӣ бинем, илтифоти раис чӣ гуна бошад? – гўё худ ба худ пурсид Нисо.

– Кӣ? – Камол ҳайрон шуд. – Кадом раис?

– Раиси шикамкалон, – дақиқ бинмуд Гулбарг хандида.

– Ҳа-а.

Камол гуфтугузори байни ўву Гулбарг ба вуқўъ пайвастаро хотираш оварда табассум кард. «Бозӣ бозӣ аст. Воқеан аҷоиб метобад. Бахусус, ки бе ягон ғараз, худ аз худ сар зад. Биё, дар ин бобат хонумҳоро дастгирӣ кунем. Кор зарар намебинад-ку!»

– Раиси, мебахшед, шикамкалон одами ниҳоят серкор, ҳеҷ вақт дар як ҷо ором намешинанд. Рўзона ба ҷинчароғ ҳам ёфтан осон нест. Одами дилтанг, ки ҳастанд, иҷрои ҳар як супоришро шахсан тафтиш мекунанд. Соли гузашта тахмин даҳ ҳазор бех бодом, се ҳазор калитаки сафедор шинондем. Бовар кунед, муҳобот нашавад, ҳар як ниҳолро дидаву шуморид баромаданд…

Лекин Камол изҳор накард, ки боғ бунёд кардан барояш орзуи ҷонию авлодӣ буд. Ҳанўз раҳматӣ падараш мехост майдони калонро ҷудо карда диҳанду… Аз куҷо? Калонҳо худашонро меовехтанду аммо замини пахтаро намедоданд. Ҳоло давр дигар шудааст.

– Шояд ин дилтангӣ неву эҳсоси масъулиятшиносӣ бошад? – андеша пеш овард Гулбарг.

– Эҳтимол, ҳақ бар ҷониби шумост, – розӣ шуд Камол.

– Агар саҳв нашавад, шаҳр аз қадим Бодомзор ном дошт–а? – Нисо самти сўҳбатро сўи дигар гардонд.

– Ба ҳар ҳол калимаи «бодом» ҳамеша ҳузур дошт. Пештар, модаркалонам, ки сад сол умр доштанду аз падарашон шунидаанд, қисса мекарданд, ки тоҷирон бодому равғани бодомро то кишварҳои Чину Ҳиндустону Араб мебурдаанд. Як қиссаи модаркалонам ҳеҷ аз хотирам намеравад. Ҷояшон ҷаннат бошад, хеле кампири аҷиб буданд. Баъд аз сари бобоям боз чилу нўҳ сол умр диданд. Овони бачагӣ, гоҳе, ки кўраккашӣ мекардем ё донак шикаста мағз мечидем, пиразан афсонаву ривоятҳо мегуфтанд…

Ин асно пахши мусиқии хуш оғоз ёфт. Камол, ки суруди мазкур мақбулаш буд, садои радиоро баландтар кард. Касе муқобил набаромад. Ҳофиза месароид:

Дар дили мо гар намеоӣ, ба чашми мо биё,

Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё!

Мошин босуръат ҳаракат мекард, сесад-чаҳор сад метр он тарафтар аз ҷониби чап дарё, аз ҷониби рост бошад, заминҳои пахтаву гандуму ҷуворимакка ва юнучқа, пасонтар қаторкўҳҳо тоб мехўрданд. Гулбарг нигоҳашро ба қуллаҳои кўҳ дўхта андешаи чизеро дошт. Ба шарофати оина Камол чеҳраи занро дуздида-дуздида мушоҳида мекард.

Хонаи дил кардаам чун саҳфаи оина соф,

Якшаб аз баҳри худо, эй шамъи базморо биё!

Дардомез, самимона мехонд ҳофиз…

– Ба гуфти модаркалонам, аз ин хусус, Садриддин Айнӣ, дигар таърихшиносон ҳам навиштаанд, тахмин якуним аср пеш аз ин дар ҳамин мавзее, ки ҳоло мегузарем, муҳорибаии хунин рўй дода будааст.

– Аҷоиб, нону ангур хеле ширин, қаҳва айни муддао, тамошои саҳро кайфияти махсус дорад мегўянд, агарчанде ман ҳоло ҳис накардаам. Лекин ривояти, модаркалонатонро шунавем, бубинем, ки чӣ қисса аст, – ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Нисо.

Камол гўшаки радиоро тофт.

* * *

Духтарак дар лаби соҳил, он ҷое, ки оби мавҷи дарё бар пояш расам нарасам ақиб мерафт, нишаста аз рўи одати айёми кўдакӣ қаср месохт, қасри васеъ, манорадор. Масолеҳаш реги тар буд. Бад–ин хотир афсонаву ҳикоятҳои падарашро, ки мударриси мадрасаи шаҳр аст, пеши назар меовард. Офтоби оламоро паси абрҳои баланд симояшро гоҳ пинҳон медошту гоҳе ҷилвагар менамуд.

Духтарак аз ҷой бархост. Лаҳзае ҷониби дарё нигарист. Он имрўз шўху пуршитоб не, балки мисли корвони пурбору тамкин сарафкандаву солор равон аст. Боди сабук домани куртаи арғувониашро навозишкорона меларзонд, мўйҳои шабгунашро силазанон парешон мекард. Духтарак ба ҷониби муқобил – раҳи бозгашти падараш чашм дўхт. Сад афсўс, суроби касеву чизе наметобад. Падараш, ки чаҳор рўз қабл аз ин ҳангоми субҳи қозиб ба шаҳр рафта буд,  яке аз се бародари духтаракро ба хона мефиристод. Аммо чӣ боис, ки нафаре аз эшон наёмаданд ва пайғоме низ аз аҳволи хеш нафиристоданд. Модараш зери айвони ҳавлиашон зоҳиран бепарво машғули тоқидўзӣ нишастааст.

Духтараки дувоздаҳсола ба сони қатраи борони абри найсон поку мусаффо, дар накўӣ беҳамто, ҷамолаш бағоят зебо, гандумранг, чашмони шаҳлою лабҳои ширбўю дилрабо дошт. Падару модараш ўро Бодом ном ниҳода буданд ва ягон инсонеро аз шаҳру қишлоқ, дуру наздик, хешу табор, шиносу ношинос аз ин афсона, аз ин ҳусну малоҳати рўҳпарвар хабаре набуд.

То ин соат дили духтарак ҳаргиз ба ин ҳад эҳсоси безобитагию талвоса накардааст. Ва ў ботини худро медонист.

Абрҳои ғафси сиёҳ мисли гургони бераҳму гурусна печутоб хўрда, дили осмонро мехарошиданд. Ва дере нагузашта якбора борони сахте бар рўи замину замон бирехт. Болои оби дарё гўё меҷўшид. Лаҳзае баъд духтарак саропо тар шуд…

Бори дигар ба роҳи бозгашти падар назар афканд… Қасрашро, ки аз рег афрохта буд, дар як он борон шуста бурд. «Ҳаво ки ба сомон ояд, боз аз нав, хушрўтар месозам», андешид духтар ва ларз-ларзон ҷониби ҳавлӣ қадам зад…

Оташи ошдон аланга мезад. Чўби хушки зардолу месўхт. Бодом зуд куртаашро иваз намуду сари оташдон омад. Ҳарорати баланди оташ ба чеҳраи духтарак сурхӣ давонд. Модараш, ки то ин дам ҳарфе назад, пурсид:

– Ту куҷо будӣ?

– Раҳи падарамро поидам…

– Падарат худаш меояд, беҳтараш аз паи ҷомадўзӣ мешудӣ.

– Чанд ҷома дўхтам, боз чӣ лозим?..

Раъд, ки гўё осмонро пора-пора мекард, ҳайбатангез гулдуррос зад.

Он рўзҳо осмон аз шарм бар кирдору рафтори инсонҳо сўхт, рўсияҳ гардид, аз аламу кўтоҳдастӣ гиристу гирист, сели ашкҳояш хуни бар кўчаҳову ҳавлиҳои рехтаи одамонро ба оби ҷўйборҳо мепайваст.

Он воқеаи пурхун бештар аз якумин аср муқадам ба амал омада, дунёву зиндагии раънои аз назокату осоиш саршори мардумро дасти мусибату касофат, пардаи ҷаҳолату ғаддор пахш намуда буд…

Амир Баҳодурхон ё амир Насрулоҳи манғит бар муқобили хонигарии Қўқанд лашкар кашид ва шаҳри духтарак, ки дарвозаи хонигарӣ ҳисоб меёфт, гирифтори бадбахтиҳову талафоти бешумор гардид ва кулли бозору дўконҳо ба яғмо рафта… ҳазорҳо мардони сарбурида, занони шикамашон чок шуда, тифлашон ханҷар хўрдаву чашмони аз косахонаи сар давида баромада ва ин ҳама чӣ манзараи даҳшатноку гўшношунид буд. Зану духтарони зеборо ба канизӣ, ҷавонону мардони боқувват, косибони ҳунарварзидаро ба ғуломӣ мебурданд. Халқи бечораи шаҳр, ки бо амри хон тешаву табар, каланду дос, калтаку панҷшоха ба даст гирифта, зидди лашкари амир бар мубориза бархоставу ҳеҷ таҷрибаи ҷангиро доро набуд, шикасти сахт хўрд.

Замона чодари мотам пўшида, замин хун мегирист, вале фарёду нолаи мардум ба гўши амалдорон намерасид…

Мударрис шабона «Ҳарчӣ бодо бод! – гўён чаҳор рўз, ки пинҳон буд, аспашро савор шуду ба кўча баромад. Байни растаҳои харобу валангори бозор гашта, дўконҳои ба якдигар ҳамсояи писаронашро ёфт: ҳама ғорат шудаанд, ҷасадашонро кофт, наёфт, «шояд зиндаву ба асирӣ афтодаанд» гуфту раҳи деҳаро пеш гирифт.

Субҳидам ба гардишгоҳи деҳа расида буд, ки сарбозони амирро дид. Онҳо пиёда меистоданд. Ва мударрис аспро чорхез занонд, деҳаро миёнбўр карда гузашт, таъқибкунандагон ба хаёлаш дур монданд. Байн-байни бодомзор, замин, гарчи хеле лой буд, асп давонд. Маҳалла аз назар пинҳон монд ва чанд фарсах онсўтар ҳавлии ў воқеъ буд. Ба пайраҳа нигарист. Дар пеш изи пои асп ё одам ба чашм намерасид, хотираш қадре осуда гашт. Ва мутаассифона, беҳуда…

Андак пас, ҳанўз офтоб аз ақиби кўҳ сар набароварда се нафар каллабурони савораи амир, ки мударрис онҳоро содда пиндоштаву раҳгумзада гумон карда буд, аз паи нақши асп то соҳили дарё омаданд…

– Ҳой саги дупои падарлаънат! Канӣ, аз хонаат берун баро! – фарёд зад яке.

– Беҳтараш ҳамаро оташ занем, зинда ба зинда  сўзад, тамошои боб мешавад! – таҳдид намуд дигаре.

– Мебарояд, ҷон ширин бошад, мебарояд, — бовар дошт саввумӣ.

Мударрис ҳоло ба хулосае наомада занаш дари хонаро кушоду берун омад.

– Шавҳарам марди беозор аст, гуноҳе надорад…

– Дурўғ мегўӣ, зани беимон! – суханашро бурида қамчин бар сараш фаровард. Аспаш як лаҳза рамиду тоб хўрд.

Мударрис фаҳмида нафаҳмида нўги панҷшохро ба тахтапушти он сарбоз халонд, ўро қамчинаш аз даст афтод, худаш низ аз асп ғалтида ҷон меканду ҷон меканду ҳақорат медод. Аз ин густохӣ бар ғазаб омада, ду савораи дигар шамшер луч карданд. Мударрис побанди ҳимояи ҳамсараш буд, ки яке аз каллабурҳо аз ақибаш шамшер зад. Дами он нафаре зери нурҳои аввалини офтоб дурахшиду сипас, шоҳраги гарданашро ду ним кард. Занаш ўро такягоҳ шуданӣ буд, ки шамшери дигар бар қафаси синаи ў халиду хунолуд шуд. Ин ҳангоми Бодом «Падарҷон! Модарҷон! – гўён худро бар рўи ҷасади волидонаш расонд…

– Оҳо! Ҷўҷаяки мурғони нимбисмил ин ҷо будаасту мо бехабар! – Хандид яке ва бо як ҳам шудан Бодомро аз миёнаш гирифта болои зин кашид ва илова намуд: – Барраяки дилкаш будааст! Худамон бозӣ кунем ё ба амирам пешкаш карда, тўҳфаи арзанда мегирем?…

Фурсати ҷавоб шудан наёфт. Чунки духтарак аз соқи мўзаи сарбоз ноаён кордашро гирифта ба шикамаш халонд. Сарбоз оҳе кашида поён фурў рафт. Каллабури охирин аз ҳайрат карахт меистод, на маҷоли гап задан, на мадори шамшер бардоштан дошт. Бодом аз асп нафаромад, лаҷомро ба даст гирифту онро сўи дарё пеш ронд.

– Ба куҷо! – ҳушёр шуда дод зад сарбози амир.

Духтарак ҷониби ў туф кард ва роҳашро идома дод. Асп пой бар лаби соҳил ниҳод. Об то зону расид, аз сари зин боло омад.

– Баргард! Девонаӣ магар? – фарёди марди дар соҳил мондаро шунид. Духтарак бори дигар рў гардонда туф кард. Ва ба турбати падару модараш чашм дўхт. Асп оҳиста-оҳиста пеш мерафт. Оби дарё то сари синаи дхтар омад. Баъд то гулўяш.. то лабаш…

– Бодом! Бод-о-о-ом!

Духтарак дарк карда натавонист, ки кӣ ўро ҷеғ мезанад ва аз куҷо? Аз қаъри замин ё аз авҷи само? Ва шояд аз дили дарё? Боқӣ фурсати фикр рондан наёфт…

… Мегўянд, ки ҳамон сол дарахтони бодом ҳама гулҳои худро партофтанд ва як-як хушк шуданд.

***

Камол бо изтироб, аз ин ҳол худ низ сахт дар тааҷҷуб буд, шумораи телефони Гулбарг чид.

– Лаббай! – овози шиносро шунид ў.

– Салом алайкум! Ман, мебахшед, ки ташвиш медиҳам… Ҳоло чӣ кор мекунед?

– Бегоҳ шуд, дегро метафсонам, то равған андозаму хўрок пазам.

– Беҳтараш… Имрўз шуморо хабар гирифта натавонистам, хеле банд будам. Чанд дақиқа пеш хона омадам. Бинам модарам тушбераи сергўшту сермурчу қаламфур пухтаанд. Мехостам, агар зид набошед, шумову ҷиянатон мазаашро чашед!…

– Тариқи телефон? – хандаи соф кард Гулбарг.

– Не, албатта. «Пас аз понздаҳ дақиқа расида меравам…» Ин чӣ кору рафтор аст, Камол? – пурсид касе аз ботин.

– Тамоман дасту по гум кардӣ магар?, Туро мулоҳизакор пиндошта ба мансаби раис интихоб карданд. Ҳушатро ба ҷояш гузор, бале, бале, шитоб накун… Мабодо шармсор монӣ!… Онҳо меҳмонанд ва ман даъват кардаам, фақат қарзи мизбонро адо менамоям, вассалом, ҷавоб гуфт садои дигаре.

Ў баҳсу талоши ботинашро ба мизони ақл баркашиданӣ, аз гўшак чашм наканда меистод. Вақте сар бардошт, модарашро дид.

– Ба ҷое меравӣ, писарам?

– Мебахшед модарҷон! Меҳмонҳоро як хабар гирам мегўям…

– Фаҳмо…

– Ман ҳозир, – модараш ба ошхона гузашт. Дере нагузашта ў тағорачаро дастархонпеч берун овард. Модари рамузфаҳм тасодуфан гуфтугўи телефониро шунида буд.

– Ташаккур! – гуфт Камол ва чун одат аз дасти модараш бўсид. Ин дам аз ҳуҷраи худаш пичарчааш берун омад.

– Дадаҷон! Шумо барвақт омадед? – ва оғўш кушода часпид. Камол дудаста ўро бардошта болои кат гузошт.

– Аҳволи мо чӣ хел?

– Нағз.

– Имрўз бо чӣ кор машғул будӣ?

Тамошо кардам, ки чӣ хел гўсолача синаҳои говро мемакад.

– Баъд чӣ?

– Баъд бо мурғҳо гап задам.

– Онҳо чӣ гуфтанд.

– Ту ба мо дону об деҳ, мо бароят тухм мекунем.

– Аҷоиб-ку, ту аллакай забони мурғонро мефаҳмидагӣ шудӣ?

– Сонӣ бо сагча тўббозӣ кардам. Ман меғурронам. Ҷек давида газида мебиёрад… Дадаҷон, мумкин ман ҳамроҳи шумо равам? Дар хона зиқ мондам.

– Фикри тозаву олиҷаноб. Канӣ, зуд сару либосатро пўш… Ман? – дод зад Камол.

– Ҷони шумо! – писарак бошавқ посух дод.

– Ман?

– Офтоби шумо.

– Ман?

– Дунёи шумо!

– Ман?

– Асали шумо!

– Ман?

– Писари шумо!

– Ман?

– Яктои шумо…

Ин суолу ҷавоби падару писар қариб ҳаррўз сурат мегирифт…

Ғуруби офтоб дар авҷ буду уфуқ раги арғувонӣ гирифта месўхт. Камол мисраҳои ҳазрати Ҳофизро зери лаб мехонду ба пеш менигарист. Табъаш шод буд. Қади роҳ биистод. Харбузаи калон хариданд…

Занги дарро пахш кард.

– Кӣ? – пурсид одати шаҳрро фаромўш накарда.

– Ман. Аниқтараш мо!

Гулбарг овози Камолро шинохт, бо табассум дарро кушод.

– Хуш омадед? Оҳ, ин қандинаки дўстрў писари кӣ бошад?

– Писари дадом!

– Номат чист?

– Баҳром.

Гулбарг аз пешонияш бўсид.

Камол дид, ки мобайни хона болои миз дастархон густурдаанду рўй он аз анвои сабзавоту меваи тар, мағзу бодом пур аст…

– Кайҳо боз ин гуна тушбераи болаззат нахўрда будам, – рўирост иқрор шуданд Гулбаргу ҷиянаш. – Дасти модаратон дард накунад.

– Ош шавад! – гуфт Камол.

– Дада, дада! – ин лаҳза аз ҳуҷраи дарун, ки ҳаҷман калон, бинобар ин чун устохона истифода мешуд, Баҳром тозон омад.

– Ҳа, чӣ гап, писарам?

– Медонед, он ҷо расмҳои бисёр ҳаст. Ман расми бобоямро шинохтам.

– Офарин, ҷони дада!

– Ин холаам рассом?

– Бале, рассом.

– Ҳа, дар воқеъ, мебахшед, як чизро аниқ карданӣ будам.

– Марҳамат.

– Ман то моҳияту мақсадро пай набарам, чашму рўи одамро файз ё нур бахшида наметавонам. Баъзе манзараҳо, акси қаҳрамонони меҳнат, занҳо, табибон, одамони номдори хоҷагиро фаҳмидам. Вале миёни ҳама сурати мактабро нафаҳмидам, боз… боз… ҳа, сурати кадом як бойро…

Камол табассум кард.

– Афсўс, ки он аллакай мактаб не, танҳо хотира аст. Хотирае, ки таърихи шастсоларо дар бар дорад. Тасаввур карда наметавонам, ки чӣ қадар шахсиятҳои аҷоибу олимони  машҳури ҷумҳурӣ замоне дохили он бино таҳсил кардаву дониш андўхтаанд, айёми тифливу бачагиашон вобастаи ҳамон бино буд. Баъд… медонам, ки қадами чӣ хел муаллимони баобрў ба саҳни ҳавлии он расидааст ва ба шарофати эшон мактаб рангу таровати худро ёфта будааст…

Камол хомўш монд.

Овони мактабхонияш пеши назар падид омад… Муқаддасро дид…

– Фақат ба ҳамин хотир бошад, рости гап муродатонро нафаҳмидам… мебахшед.

– Ҳеҷ гап не. Диқиқкорӣ ва нозукбинӣ хислатҳои беҳтаринанд. Медонед, мактаб бинои барҳавою шифташ баланд, роҳравҳои васеъ, синфҳои калон-калон, устохона, толори варзишу ҷамъомад, ошхона дошт, аз ду паҳлўяш бачаҳову омўзгорон долу дарахти зиёд ба воя расонда буданд, сари теппа меистод. Сӣ зинапояро гузашта кас ба ҳавлии мактаб мерасид. Болои ҳавлиро токи баланди ангури ҳусайнӣ зеб медод. Аз паҳлўи чап чанори сершоху барг, танаш ғафс буд. Пир буд чанор, баданаш пур аз ожангҳову ковокиҳо. Қуллаи он ҳар баҳор лаклакҳои сафед парида омада, лона мегузоштанд, бача мебароварданд. Ёд дорам, муаллимони кўҳансол, лаклакҳоро, ки диданд имсол соли бахосият мешавад, мегуфтанд. Бовар кунед, чӣ асроре ҳаст, ки лаклакҳо на ҳамеша парида меомаданд. Ва солҳои бехосият, кампирҳо ёд меоварданд, гоҳо хушксолӣ мешуд, гоҳо жолаву борони сахти бармаҳал меваҳои дарахтон, хусусан бодому зарлодуро саросар мезад… Хуллас нўҳ-даҳ сол пештар мудири мактаб ташаббус нишон медиҳаду, хок бар сари ин гуна ташаббускорӣ, якҷоя бо шўъбаи маориф синфҳои ибтидоӣ, панҷуму нўҳум ва хатмкунандагонро ҳамроҳи муаллимонашон ба се мактабҳои дигар тақсим ва сонӣ бе бисмиллоҳ ба вайрону валангор кардани мактаб шурўъ мекунанд. То мардум бедор шудаву ҳай-ҳай мебардоранд, ки бино хоку туроб… Баъд даҳон ба даҳон қиссаву овоза шуд. Мудири  мактабу занаш, ки он вақт раиси ноҳия будааст, маслиҳат мекунанд, ки биё аз нав бинои замонавӣ созем… Сохтан, албата нияти нағз, аммо ҳанўз таҳкурсиро нарехта, раисро аз кор мегиранд…

Замонаҳо тағийр хўрданд, қурби пул паст рафт, қимматӣ шуд.

– Лаклакҳо чӣ? – беихтиёр пурсид Гулбарг.

– Ҳамон сол пайдо нашудаанд. Ҷонварҳо ҳис кардаанд, магар, ки чанорро бурида меафтонанд…

– Сурати зардгаштаи бой чӣ таърих дорад? – акнун Нисо савол дод.

– Ман онро пас аз пурсуҷўи зиёд аз бойгонӣ ёфтам, солҳои сиюм дар ноҳия замони қашшоқию қаҳатӣ сар шуда будааст. Навиштаанд, ки нархи як-ду қадоқ орди сиёҳро ба қиммати як гилеми дастбоф баробар медонистанд. Ва дар ҳамон рўзҳои сахт Дадоҷонбой – писари Ҳоҷимадалӣ чанд муддат то мўътадил гаштани вазъият ба одамон бепул нону ош додааст… Ана, барои чӣ мехоҳем, ки акси он одами нек дар осорхонаи хоҷагӣ боқӣ монад.

– Вақти тарҳрезӣ ҳарду суратро паҳлўи ҳам мегузорем. Яке бинои таърихии бутунро вайрон кардаасту дигаре шиками гуруснаи мардумро обод, – ба андеша рафта ҳарф зад Гулбарг.

Камол аз пешниҳоди Гулбарг қаноатманд буд…

– Дада, – писарак ишора кард, падараш хам шуду вай ба гўшаш чизе гуфт.

– Эҳтимол, агар дурустакак хоҳиш кунӣ.

– Холаҷон, шумо расми маро ҳам мекашед?

«Худоё, чӣ садои ҷонбахш аст» побанди андеша буд Гулбарг. Баҳром ҳарф мезаду садои ў бо овози писараки нокомаш омехта, ба гўшаш мерасиданд.

– Албатта! – ноаён қатраи ашкро аз мижгонаш пок карда гуфт Гулбарг. – Аввал бигў, ту ба чанд даромадаӣ?

– Панҷ, – ангуштони дасти росташро бардошт.

– Худо умратро дароз кунад. Ба боғча меравӣ?

– Ҳа, лекин бад мебинам…

– Чаро?

– Хўрокхўрӣ маҷбурӣ, шеъру суруд хондан маҷбурӣ, бозӣ маҷбурӣ, хоб маҷбурӣ. Мураббия дод мезанад…

– Афсона медонӣ?

– Будааст-набудааст, бузаки ҷингилапо будааст, – ба гап даромад Баҳром. – Вай се бача доштааст. Алўлак, Балўлак, Хиштаки сари танўрак. Як рўз бузаки ҷингилапо гуфтааст: шумо дарро маҳкам карда шинед. Ман ба бозор меравам. Да шохакам алаф меорам, дар пистонакам шир, дар даҳонакам об гуфтааст-дия. Баъд шағол омадааст…

Он дарахти пири танаву шохонаш солҳо инҷониб хушкро аксар мардуми кўҳансол хуб медонистанд. Дар он мавзеъ гов мечаронданд, алаф медаравиданд. Агар як муддат синчакунон ба танаи аз нури сўзони офтоб сиёҳранг нигаред, хоҳ-нохоҳ ба хаёл меравед, табиист, ки ақли хешро шинохта бошед.

Писарак низ бори нахуст дарахтонро диду аз ҳайрат даҳонаш воз монд. Офаридаи табиат торҳои дилашро тасхир намуд. Вай се маротиба гирд-гирди дарахт давр зад, аксашро гирифт. Ба ҳамсабақонаш нишон дод. Яке аҷоиб мегуфт, дигаре дарахти оддӣ мешуморид. Аммо писарак таманнои дигар дошт, мехост ҷўраҳояш дарахти қоқро бинанду аз маҳсули айёму офтоб ба таҳайюр биёянд. Не, муродаш табъи дил ҳосил нашуд, ё бояду шояд касе ўро нафаҳмид. Ба ҳар ҳол он рўз хотирпарешон гашт. Аз мактаб баргашта бегоҳӣ бо модараш рў ба рў нишаст, арзи худ пеш овард. Модар аз пешонии писар бўсид, шоду мамнун гашт, ки фарзандаш раҳми дарахти пуросебу ҳамдарсонашро мехўрад…

Баъдҳо либоси кабуд дар тан модар ба он мавзее омад, ки дарахти пири хушк бо қомати шикаста меистод. Вале ба ҷои он ҳайкали сўхтаро ёфт. Аз марди обмон пурсид, ки дарахтро, ки оташ зад.

Гуфт: Ҳеҷ кас…

– Пас чаро?

Ҷавоб дод:

– Раъд гулдурросзанон наъра кашид, барқ оташ афканду омада-омада теғи сўзонашро бар сари дарахти хушк афканда фурў бурд.

– Дар рўзи равшан?

– Бовар кунед.

Баъдтар Гулбарг он манзараро ба хотири писараш хаёлан барқарор намуда чун афсонаи зебо рўи коғаз овард… Танаи хушку тарс-тарс кафидаи дарахти пир… Писараки нўҳсола зери он истода чашми ҳайрат сўяш дўхтааст. Осмон каб-кабуду соф. Онсўтар марғзор… сабзу хуррам…

– Холаҷон, афсона тамом шуд! – Баҳром Гулбаргро аз дарёи хаёлоти рўзҳои гузашта раҳо намуд.

– Чӣ? Не, ҷони хола! Афсона ҳеҷ гоҳ тамом намешавад. Ҳеҷ гоҳ… Кӣ ба ту пеш аз хобат афсона мегўяд?

– Дадаҷонам.

– Модарат чӣ?

– Ман холаҷон, модар надорам, модарам барои ман шуда вафот кардагӣ…

– Чӣ? – Гулбарг сўи Камол нигоҳ афканд. Камол бошад ба чеҳраи писараш менигарист. – Мебахшӣ, ҷони хола… ман намедонистам…

Ва писаракро ба оғўш кашиду аз рўяш бўсид. – Ман ҳатман расми туро мекашам, ҳатман…

Писарак бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.

– Дер шуд! – гуфт Камол, – Мо акнун меравем.

Ҳангоми гусел Гулбарг аз равоқи мошин сар халонда ба писарак гуфт:

— Якумр дар хотир дор! Афсона ҳеҷ гоҳ тамом намешавад!..

Касе намедонист, ки ин гап ба кӣ тааллуқ дорад.

Камол ҳамсарашро ба ёд овард.

* * *

Ў хост дар партави равшании сапедадам, ки аз байни пардаи ҳарири тўр-тўр мегузаштанд, чеҳраи ҳамсарашро бубинад. Вай ҳоло хоб аст, андак вазнин нафас мекашид. Акнун медонад, аксар занҳои ҳомиларо ҳангоми хоб нафасгириашон душвор мешавад. Рўи зан ҳоло қадре фарбеҳ тофт. Шояд пештар ҳам медиду вале ба ин нозукӣ аҳамият намедод. Аз рўи ҳисобамон ҳамагӣ чанд рўз монд, ҳеҷ воҳима не. Вай худро тасаллӣ доду аз болин сар бардошт. Ҳар кас, ки саҳар барвақт хезад, аниқ аст, ки ҳаққи ўро худованд шахсан худаш тақсим мекардааст. Инро ман аниқ медонам. Ин насиҳатро Камол зуд-зуд ба ёд меовард. Онро даҳҳо бор айёми хизмат аз забони  командири дивизиони артиллерӣ майор Ладикайнен шунидааст. Ҳамон ҷо дар қатор истода, панди мазкурро мешуниду модараш пеши назараш падид меомад. Аз хурдӣ модараш низ таъкид мекард, саҳар хестан хосияти хуб дорад. Ин фикри басо оддиро, ки маънои хеле чуқур доштааст, албатта Камол баъдтар дарк намуд, якумрӣ дар саҳфаи хотираш нақш баст. Албатта модараш, ки абадӣ ғуломи меҳнат аст, ҳоло назди дарвозаро мерўбад. Ба қавли худаш, ҳар саҳар рўи ҳавливу сари кўчаро об задаву рўфтаву чинда, шир барин тоза кард. Модар он қадар софу соддадилон ҳарф мезад, ки арўси писар бори аввал хандааш омада буд. Ҳа, рост-дия, аз хонаи ифлос фаришта ҳам мегурезад, барака ҳам… Вай боз андешаашро қувват медод…

Аввалин нурҳои хуршед тирезаро рахна зада, ба рўи ҷогаҳу қолин афтодаанд. Камол берун баромад, дасту баданашро машқ дод, ду санги шонздаҳ килоиро гаштаву баргашта бардошт. Яке нигоҳааш ба занаш бархўрд. Вай болои остонаи дар рост истода чашмони чун олу сиёҳашро ба ў дўхта хушрўзона табассум мекард. Камол наздаш омаду аз рухсораш бўсида пурсид:

– Аҳволат чӣ хел?

– Бад не.

– Канӣ, зуд дастурўй шуста ба гирди дартархон биёетон. Ман қатлама пухтам. Гармакак. Якҷоя ноништо мекунем.

Ҳарду баробар ҷониби модар нигариста баланду соф хандиданд. Қабл аз ба кор рафтан ҳамсараш аз Камол хоҳиш кард:

– Дирўз дидам, ки зардолуи пешпазак заб-зард пухтааст. Мехоҳам чанд дона нашуста бихўрам. Бегоҳӣ, ки омадед, ба болояш баромада, чида медиҳед?

– Ҳатман, худи ҳозир мечинам. То талаби зани ҳомилаи ман мавқуф мондан, бигузор тамоми бори дунё интизор бошад. Вале чаро нашуста мегўӣ?

– Намедонам, – китф дарҳам кашид зан, – дилам ношустаашро мекашад.

Камол ба танаи дарахт даст расондан замон боз манзараи бачагияш фикри ўро ба олами бебозгашти худ кашид…

Бача буду қатори ҳамсолонаш берун аз ғаму ташвиши дунё, агар гов поидан, алаф даравидан ва амсоли ин гуна корҳоро, ки ў низ ҳаррўз ба сомон мерасонд, сарфи назар кунем, гоҳо соатҳо то шаб фаро омадан аз паи тўби футбол медавад. Он рўз низ машғули бозӣ буд.

Дарвозабон гуфт:

– Туро ҷеғ мезананд.

Камол бо дили кашол ночор аз майдон баромад. Он сўтар ба лаб ҷўйи пуроби маҳалла расид. Болои шинак Ҷўра-амак менишаст.

– Ассалом алайкум!

– Боракалло! Ваалейкум салом!

Ин мўйсафеди чеҳрааш нурбору беозорро модари Камол мавридаш ояд, ҳамеша ба некиву арзи сипос ёд мекард. «Ҳамин амаки Ҷўрабек буданду мо дар замони ҷангу қаҳатӣ зинда мондем. Он кас дар заводи нон кор мекарданд. Оҳ, чӣ қадар ширину бомазза буданд, он нонҳое, ки ба мо бепул меоварданд…

– Ба дарахте баромада метавонӣ?

– Ҳа, – гуфт далерона Камол.

– Ин тавр ки бошад, болои ана ҳамон зардолуи қандақ барою як тўппӣ зардолу чинда фаро.

– Майлаш.

Дере нагузашта вай як бағал зардолу чиду ба тоқии мўйсафед холӣ кард.

– Шуста биёрам?

– Не, ташаккур! Умрат дароз шавад! – дуо карда буд мўйсафед.

Камол «хайр» гўён аз ақиби шуғли худ рафт ва ҳамаро фаромўш кард. Субҳи дигар хабар оварданд, ки мўйсафед аз олам гузашт…

Камол нордбонро гирифта ба танаи дарахт монд. Аз ин лаҳза се рўзи дигар мегузараду писараш ба дунё меояд. Модари тифлакашро духтурон наҷот дода наметавонанд…

* * *

Ронанда дари ҳуҷраи Гулбаргро кўфт. Рассомзан, ки мунтазири омадани Камол буд, лаҳзае пас дарро боз кард.

– Ассалом! Раис, илтимос карданд, ки шумову ҷиянатонро ба тамошои бузкашӣ барам.

– Раис?

– Ҳа. Роҳ дур аст, зуд биёетон, ки дер мемонем.

Мошин аз миёни шаҳр гузашт, сўи дашти кушод раҳ гирифт.

– Камол-ака дар куҷо бошанд? – пурсид Нисо.

– Гумон мекунам, ки ҳамроҳи човандозҳо. Ман дирўз бегоҳӣ ду кулоҳи танкчиҳоро ёфта бурдам, додам. Саҳарӣ чўпонҳо бояд аспи дўстдоштаашонро меоварданд. Ба майдон, ки рафтем, мебинем.

– Камол ҳам човандозӣ мекунанд? – суол дод тааҷҷубомез Гулбарг.

– Ҳа, раис аспбозӣ кўҳна. Падарашон ҳам мегўянд, ки сахт иштиёқмандӣ аспу човандозӣ будаанд. Ронанда намедонист, ки Гулбаргу Нисо аз раисии Камол хабардор нестанд. Аз ин рў бепарво ҳарф мезад.

Гулбарги рамузфаҳм дар навбати худ сир бой надод.

* * *

Вақте маро даруни қафаси танги оҳанин, ки онро болои мошини боркаш гузошта буданд, сар дода канори майдони човандозон оварданд, кулли мардуми тамошогоҳ бо ҳангомаю ғирев ба по хестанд. Эҳа-а! Гург! Гург! Ана инро мукофот мегўянд! Қандаша занад, соҳиби тўй! Дандонҳояшро бинед-а! Пашми баданаш чӣ хел хушрўй! Баҳ! Баҳ! Ҷонвар хеле ҳам қимат будагист-а! Ба пойҳояш аҳамият диҳед, расо бақувват метобад-дия! Хурду калон ҳар кас як фикру андеша баён менамуд. Гирдогирди қафас медавидаму суханҳои одамонро баръало мешунидам. Ҳамин тариқ фаҳмидам, ки ба ҷузъ ман боз ду қолини нодири гаронбаҳо, ду-се телевизори хориҷӣ, як барзагов, ки биниашро сўрох карда занҷир гузаронданд, ба сифати мукофоти мусобиқаи човандозон пешниҳод гардиданд. Дере нагузашта бозӣ шурўъ ёфту  аҳли тамошогоҳ аз ҳаяҷон ба шавқу шўр омаданд. Дусад нафар  зиёдтар човандозони яке аз дигаре ҳузарбтар дар майдони фарохи бузкашӣ ҷавлон мезаданд. Бузи сарбурида зуд-зуд аз  даст ба даст, аз рўи ин зин ба он зин мегузашт. Ғазарашонро мушоҳидакунон баъдтар фаҳмидам. Дар майнаи ҳар яке фикру хаёли соҳиби сайди дилхоҳ шудан ва ба ҳазор ҷонкании пуразоб то нуқтаи марра расонидани он буд. Аввал бузи сарбуридаро дида даҳонам об партофт. Вале аз бўяш дарҳол пай бурдам, ки дохилаш холӣ,  аниқтараш ба ҷои дилу ҷигару рўдаву шикамба, ки ниҳоят бомазаанд, намак ҷой кардаанд. Ва аз ин рў басо вазнин буд. Ман гоҳ-гоҳ аз ҳаракат қарор истода, бо нохунҳои ду пои ақибам фарши чўбини қафасро мехарошидам ва ё чашмонамро барқ занонда дандон мехоидам. Сонӣ ҳамааш ба дилам зад.

Офтоби тирамоҳ партавафкан буд. Боди сабуке вазиду ба димоғам бўи дашту саҳроро, ки чанде пеш он ҷойҳо манзил доштам, расонд. Оҳ кашидам. Лекин ҳоло касе аз тамошогарон парвои маро надошт, ман аз мадди назар дур будам. Човандозӣ торафт авҷ мегирифт. Бўи дашту саҳро ба хотирам  воқеаи чӣ тавр бандии қафас шуданамро овард… Барф меборид. Айёми зимистон… Дар ҷустуҷўи як луқмае мо, яъне ману як модагурги зебо аз доманакўҳ хеле пеш поин шуда, ин сўву он сўи саҳро мегаштем. Як маҳал аз дур ҷонваре ба чашмонамон бархўрд. Мо, ки гурусна будем, ҷонибаш давидем. Аз ақиб шамол низ тела медод. Наздиктар расида дидем, ки гўсолаи фарбеҳакро баста монданду дар атроф касе нест. Гўсола аз сардии ҳаво буд, ё аз мо тарсида дарақ-дарақ меларзид. Нигоҳаш ба мо афтоду тамоман безобита шуд. Навакак хаёли ба болояш ҷаҳида аз гарданаш доштанро кардам, ки чизе шараққос зада поямро газид. Пасонтар дарак ёфтам, ки онро дом мегуфтаанд. Модагург як қад парид, рамида каме пуштнокӣ рафт, ки ин лаҳза садои тир баланд шуду он аз по афтод. Аз кадом камингоҳ се нафар шикорчиён пайдо шуданд ва ба сарам тўреро партофтанд. Ба даҳонаш чўб газонед, гуфт яке. Пояш сахт зарар набинад. Лутфулло-бойбача кирои пули ваъда кардааш аз ҳад зиёд хурсанд мешавад… Сонӣ лунҷу пойҳоямро маҳкам баста, аз куҷо асп ҳам ёфта омаданду сари зин партофтанд…

Инак, имрўза бузкашӣ ба ифтихори хатнатўи писари ҳамон Лутфулло-бойбача аст. Қию чуви аҳли майдон чӣ човандозу чӣ тамошобин ба осмони ҳафтум баромад. Он соат, ки навбати маро чун мукофоти аз ҳад зиёд ғалатӣ эълон карданд. Бузро ба миён партофтанд. Чанд лаҳза баъдтар он ба дасти човандози сию панҷ-чиҳил солаи сиёҳандом, ки аспи даванд дошту болии зини аз чўби хаданг тарошида менишаст, афтод. Худ дидам, ки аз миёни даҳҳо човандозҳои дигар бо як чолокӣ гоҳе тоб хўрдаву гоҳе хам шуда тарафи марра асп меронд. Вале дар як он чашми бад расид, магар, ки пои аспаш ба санг бархўрду сари зону нишаста монд. Ин ҳангом аз дасти човандоз, ки каме ғофил монда буд, бузро кашида гирифтанд. Човандоз таассуфомез бо тамоми қувва аз нав лаҷоми аспро сўи худ кашид. Аспаш аз ҷой хест ва дар ҷои истодааш ду-се маротиб пой куфту бо ду пои ақибаш рост шуда, сипас боз худро ба анбўҳи човандозон зад. Ва ҳамон мард ниҳоят пас аз кўшиши бисёр ба муродаш расиду ғолиб баромад. Ва ман акнун ба  ў тааллуқ доштам. Моли ҳаққу ҳалолаш будам. Марди човандоз савори аспаш назди қафас омад. Теғ кашида ба ман дида дўхт…

Соҳиби тўй Лутфулло-бойбача сўи мардум нимгоҳи партофт ва калимаҳоро чида-чида гуфт?

– Мукофоти олиҷаноб-а!

– Оре, – тасдиқ кард човандоз.

– Медонӣ, қиматаш чанд аст? – мағрурона суол кард.

– Аз куҷо?! Ман як деҳқонбачаи оддӣ бошам. Аз хурдӣ устухони баданам бо меҳнати замин шах шудагӣ. Ҳунари човандозӣ аз падарам мерос мондааст.

– Нархашро ки надонӣ, чӣ тавр савдо мекунем? – ҳайратомез гуфт соҳиби тўй.

– Ғам нахўред, ҳоҷати савдо ҳам нест.

– Чаро?!

– Пулатон намерасад?

– Чӣ?! – бойбача магар чунин густохиро интизор набуд, ки ҷонаш баромад.

– Бале, ҳатто тамоми бойгариатонро ҳам ба миён гузоред, камӣ мекунад.

– Чӣ ҳарза мегўӣ? Ғолиб омадам! гуфта ақлатро гум кардӣ?

– Не, ҳушам дар ҷояш, хотирҷамъ бошед, — бо тамкин ҷавоб дод човандоз.

– Сад миллион рубли нақд медиҳам. Худи ҳозир! Гир. Гургро ба ман деҳ! Туву фарзандонат як умр аз пул танқӣсӣ намекашед.

– Гир, розӣ шав! – гуфт касе.

– Ҷон-ҷон гўй, э гаранги худо, — мўйсафеде ба даҳонаш нос андохта талқин намуд.

– Пулро гир, ҳой ҳафтафаҳм, гургро бар сарат мезанӣ? – боз як маслиҳат шунид човандоз.

Вай лаҳзае ба симои одамони тамошобину ҳангомаҷў нигаристу табассум кард. Ҳарфе нагуфт. Мардум қарори ўро мунтазир меистоданд.

– Ҳоҳиш мекунам, ки, – таваққуф кард човандозу ба замин чашм дўхт, – милтиқи думила ва корди қассобӣ биёред.

Дархости ғолиби мусобиқа фавран иҷро гардид. Аз милтиқ бўи борут, аз корд бўи хун меомад. Ин ҳарду бўи шиносро ман зуд пай бурдам. Аз дар дохили қафас давр задан бозистодам ва сарбаландона ба рўи човандоз нигаристам. Нафасам сард шуду ба дарун афтод. Авлоду ҳамгалаҳои худро пеши назар овардам. Медонистам, ки онҳо чор чашм ба роҳи бозгашти мананд. Вале гумон кардам, ки марди човандоз маро аз пешониям мепарронаду баъд пўст меканад. Аз дасти ў, инсон дигар чӣ кор ҳам меомад. Аз алам дандонҳоямро шақаррос занондам. Аз чашмонаш оташ мерехт…

– Пулро гир! Ҳой девона! Маро, илтимос, шарманда накун! Саду бист миллион!!! Мефаҳмӣ саду бист миллион!

Соҳиби нави ман хомўшона бо ишораи «не» калла ҷунбонд. Ва корду милтиқ дар даст назди дар омад, қулфашро кушоду қафасро боз гузошт. Ман нафаҳмидам, ки ин чӣ маънӣ дорад. Берун шавам ё на. Андак саргум задам. Сипас, оҳиста-оҳиста қадам монда аз қафас раҳоӣ ёфтам. Ана, ҳамин ҳозир пас садои тир баланд мешавад, хаёл доштам ман. Ҳақиқатан гулдурроси он хомўшии томи фазои саҳроро халалдор бинмуд. Аз мо хеле онсўтар галаи зоғони сиёҳ рамиданду қанот афшонда боло париданд. Лекин ҳис намудам, ки ягон нуқтаи баданам сўзиш намекунад. Ба чеҳраи марди човандоз нигоҳ дўхтам. Ў механдид, аз таҳи дил қаҳ-қаҳзанон фараҳманду пурифтихор механдид. Мили силоҳашро сўи осмони абролуди кабуд нигаронда бори дуввум парронд. Тавба! Боварам намеомад. Тасаввуроти маро шикастан осон набуд. Ба худ гуфтам: чӣ мўъҷиза! Аммо чӣ гўям, ки ҳамааш дар бедориву ҳушёрӣ ҷараён гирифт. Намедонам, аз дарки кирдори хайраш оҷизам, ҳамчунон, бехабарам, аз он ки дар қаъри вуҷуд – сиришти човандоз  чӣ гардише, чӣ талотуме, чӣ асрору маъние, чӣ ғулғула, чӣ эҳсосоти наҷиб ба ҳам биомехтанд, чӣ розҳои наҳуфтааш ба рўй заданд, вале аниқу равшан дидам, ки дар умқи чашмонаш табиати озодипарварии ў аксандоз буд. Мардуми тамошогоҳ саргарми валвалаю тааҷҷуб чӣ гапҳое намегуфтанд. Аммо беҳуда, баҳри ману марди човандоз ақидаи онҳо аҳамият надошт. Мо ҳатто овози онҳоро намешунидем.

Соҳиби тўй, чун тарбуз аз бағалаш афтода буд, мисли гурбаи бо об ғалтида аз қаҳру ғазаб, алам ларзида бар рўи замин туф карду ҷадалкунон аз мо дур шуд. Марди човандоз танҳову бовиқор ва осудахотир мобайни майдон рост меистод. Маро бошад, дашти васею хилватободи нопайдоканор, ки пур аз ҳавои озод аст, ба оғўши гарми худ гирифт. Ман бидуни хавфу хатар метохтаму гоҳ-гоҳ истода, ба ақиб, ҷониби марди човандоз нигоҳи пурмеҳру миннатпазир меафкандам…

* * *

Ҳангоме, ки човандози ғолиб бо назди тамошогарон омаду кулоҳи танкиро аз сараш бадар овард, одамон акнун Камолро шинохтанд. Вай побанди кадом хаёле сархам, аммо қаноатманд ҷониби хаймае рафт, то тағйири либос кунад.

Гулбаргу Нисо назди мошин ўро бо табассум истиқбол гирифтанд.

– Раис, ғалаба муборак! – гуфт Гулбарг.

– Ташаккур! Баъд ба хотирам расид, ки ронандаро огоҳ накардам. Маро бубахшед, шиками калон, ки надорам…

– Ҳеҷ боке нест. Аз дусар рўзе пай мебурдам. Гўед, ки чаро гургро раҳо кардед?

Ин лаҳза ҳама ба мошин нишастанд.

– Рости гап, одами кинапарварро бад мебинам. Вале мавридашро ёфтаму адаби соҳиби тўйро, ки як махлуқи аз таги дор гурехтагӣ аст, додам.

– Ба чӣ хотир? Чӣ гуноҳе дошт?

– Ҳоҷати коҳи кўҳнаро бод додан нест. Хуллас, як давр маъюбии пои падарамро назди мардум сахт таъна зада будааст. Он қиссаро ҳам аз падарам неву аз дигарон шунида будам… Хурду калон медонанд, ки пулаш бисёр аст, ончунон бисёр, ки ҳатто саг бўй намекунад. Вале даҳ баробар зиёд пешниҳод мекард ҳам, аз гапам намегаштам. На ҳама чиз фурўхтаву харида мешаванд дар ин олам. Бигузор донад, на ҳама чиз…

* * *

Ба мазори Ҳоҷаи бузургвор расиданду воқеан ҳам, чунон ки аз дур менамуд, мавзеии сердолу дарахт, сарсабзу хуррамро диданд, ҳарчанд, ки он дар камари кўҳ ҷойгир буд. Ва дигар на дар қуллаву на дар сари шонаву домани қаторкўҳе, ки фарсахҳо тўл мекашиду ҷой-ҷой кабуд ё сурхт, баъзе қирраву пораҳояш сиёҳ метофтанд, ҳатто бутта ё ниҳоле ба чашм намерасид. Худованду табиат меҳру лутфи хешро дареғ надошта шаршараеро ҳам ато бинмудаанд. Ин аз шав-шуви оби он аниқу маълум буд…

Ва доирабадаст, аз зарбҳояш аён, ки чолоку моҳир буд, найнавоз бо садои пурдарду ошиқонаи худ сабзаҳои гирду атрофро ба рақс медаровард. Ғижжакнавоз нағмаи шўх, ҷаззоб ва дилошўб дошт…

– Моро ба куҷо овардед? – пурсид Нисо.

– Сайри кўҳ аҷаб шуғлу мазаи обу ҳавояш нотакрор аст. Яке дилам рафту хостам, ки ид барпо кунем.

– Ид? – ҳайрон шуд Гулбарг. – Ба чӣ муносибат?

– Аз бекорӣ, – табассум кард Камол.

– Боз мегўянд, ки раисҳо ба сархорӣ ҳам вақт надоранд, – луқма партофат ҳазломез Нисо.

Онҳо зина ба зина боло баромаданд, саҳни ҳавлӣ, рўи катҳо, айвончаҳо пур аз толибилмони синфҳои болоии мактаб буд. Ва муаллимон, ки аз одамани Камолу меҳмонҳояш ниҳоят шод буданд, ба истиқболашон бархостанд.

Сўҳбат озод, бо хандаву шўхӣ, латифаю қадаҳбардорӣ торафт метафсид. Пирони гирди дастархон изҳори ифтихормандӣ мекарданд, ки падари Камолро мешинохтанду худи раис шогирдашон буд.

Ҳангоме, ки мудир сухан гуфт, Гулбарг огоҳӣ ёфт, ки саёҳати кўҳ, ҳаллу фасли нону намак, дигар ташвишу тараддудаш ҳама аз ҷониби худи Камол сар зада будааст ва бори аввал нест, ки ба тааҷҷубу андеша меафтад.

Камолу ҳамроҳонаш ба хотири андак қадам задан ва тамошои кўҳу чанори ғори мазори Хоҷа аз сари миз хестанд. Хоҳишмандонро даъват намуданд. Вале аз рўи истиҳола касе дасгирӣ накард. Танҳо хотиррасон карданд, ки соате баъдтар шўрбо ҳам мепазаду оши палав ҳам дам мехўрад…

Рў – рўи пайроҳае, ки номаълум аст, кайҳо қадамҳои одамон кушодаву нақш бастаанд ва он чун морраҳа печутоб хўрда боло мебаромад, ҳарсе сари қулла расиданд. Водӣ, ки аз тарафи рост паҳн гашта буд, чун дар кафи даст ба назар мерасид. Осмон кабуд, наздиктар метофт.

Камолу Гулбаргу Нисо кўтоҳ—кўтоҳ нафас мегирифтанд.

– Хаста шудетон?—узромез пурсид Камол.

– Не, – гуфт Нисо. – Шумо пештар мерафтед, мо ҳам хомўшона аз ақибатон кашола шудем.

Гулбарг аз ақиб сўи ноаён андешаманд ва аз худ ба ҳадде қаноатманд менигарист. Аз ваҷоҳаташ ба кўр ҳам аён буд, ки ў аз ин сайр шод аст, завқ мебарад. Лаҳзае аҳамият дод, ки садои доираро ба зўр мешунаванд, яъне хеле баланд рафтаанд.

– Раис, бигўед, ба чӣ хотир ин миқдор мактаббачаҳоро ба тамошои мазор овардед, масрафи зиёдро  раво донистед?

– Аввалан, мо ҷамъияти саҳҳомӣ аз инҳо қарздорем. Зеро онҳо набераю абераи он одамонеанд, ки устухонашон аз хурдсолӣ дар кори собиқ колхоз шах шудагӣ. Ва ниҳоят дар давраи бачагиям мо гоҳе бо велосипед, гоҳо савори мошинҳои тасодуфӣ ба тамошои кўҳҳои мазор меомадем. Гуруснаву ташна қисми зиёди роҳро пиёда тай менамудем. Алам мекард, сахт алам мекард…

– Шуморо гўш мекунам, суханатонро ба риштаи андешаву таҳлил мекашам, бо вуҷуди ин намефаҳмам, – пурсид Гулбарг.

– Аз овонӣ бачагӣ медонам, ки – гуфт Камол, – дар ин мавзеъ мавсими баҳор бойчечаку лолаи зиёде месабзад. Омада мечидем. Бо эҳтиёт коғаз печондаву аз даст нагузошта мебурдем, то ки мабодо тана ё барги нозукаш нашиканад. Сонӣ хона расидан замон ба истакон оби сард рехта, бойчечак ё лолаҳоро алоҳида-алоҳида даруни он мегузоштем. Метарсидем, ки мабодо пажмурда шаванд. Ва бегоҳиҳо бачаҳои маҳалла бойчечак дар даст хона ба хона мегаштем.

Тарона ҳам мехондем. Баъзе сатрҳои пароканда то ҳол дар хотирам ҳаст…

Увориё уворӣ,

Майдони Тўра ҷуворӣ,

Бойчечак, бойчечак…

Таги остона қайроқи сиёҳ,

Ман наметарсам аз гурги сиёҳ,

Бойчечак, бойчечак…

Яке аз мо халтабардор – одами масъултарин ҳисоб меёфт. Пиразану мўйсафедҳо зери пешайвон баромада бойчечакро чун тўтиё ба чашму абрў мемолиданд, шукр мегуфтанд, орзу мекарданд, ки парвардигор боз то баҳори дигар расонад. Он вақт мо бачаҳои соддаву нодон ба маънои ин таомули бобоён аҳамият намедодем, чуқур сарфаҳм низ намерафтем. Бетоқат мешудем, ки соҳиби ҳавлӣ чӣ медода бошад – нимта нон, чор-панҷ дона қанд ё понздаҳ-бист тин пул. Маззаи нони ҳар хонадон ба таври худ ширин буд…

Ба Нисо, ки дар шаҳр таваллуд шудаву ба воя расидааст, хотираҳои Камол гоҳе мароқовар тобанд, гоҳо дилбазан менамуданд. Ҳоло ўро дигар чиз беқарор медошт. Ҳангоме, ки Камол хулоса кард, Нисо гуфт:

– Ин ҳамааш басо аҷоиб, вале мушкили ман дар он аст, ки чӣ тавр поён мефароям. Ба боло нигарам, сар чарх мезанад, ба зер нигарам, дил шуввас мекунад.

– Мушоҳидаи ниҳоят бамаврид, – тасдиқ намуд хандида Гулбарг – вале, ин андешаро бояд ки қабл аз кўҳбароӣ мекардем.

– Ҳеҷ ҷои воҳима нест, – тасаллӣ дод Камол, – Бешитоб, оҳиста-оҳиста мефароем. Кўҳ давиданро не, вазниниро мепарастад. Канӣ рафтем…

Ва худаш пеш гузашт.

Онҳо бо пайраҳаи дигар поён фаромаданд. Рафта-рафта он ба лаби чашма – қариби чанори муқаддас, ки Хоҷаи бузургвор шинонданд ва ғори мазор мебурд. Камол инро медонист. Кадом инсони савобҷўю хайрхоҳ лаби чашма обдастае гузоштааст. Зоҳиран, ҳамин хел одат будааст дар ин мазор.

Камол аз оби чашма онро пур карда баҳри Нисо рехт. Ў дасту рў шуст. Сипас навбати Гулбарг расид.

– Айбу гуноҳ аст, агар шумо об резед, – гуфт вай.

– Ба меҳмон хизмат кардан айб нест. Гуноҳ бошад ҳам, бар сари ман…

Гулбарг дигар ҳарфе назаду ангуштвораи тиллояшро баровард, «бемалол бошад нигоҳ доред» гўён дароз кард. Камол рўи каф гирифт. Сард буд ангуштвора, вале Камол пурҳарорат пиндошт.

Гулбарг аввал то оринҷ дастонашро шуст. Сипас, рўю бинӣ, гўш ва гарданашро. Камол чашм пўшид ва эҳсос бинмуд, ки бори нахуст бо шавқу завқ бо хоҳиши том ба мўйҳои шабгуну мавҷ-мавҷ, дарозу яккабофтаи Гулбарг менигарад. Ҳарисона толиби бўиданаш аст…

Аммо зуд аз парвоз боз истоду ба замин фаромад. Зимнан, дигар маврид ва Гулбарг неву зани дигар мебуд, тавба намегуфт. Аммо аз чӣ бошад, ки ин калимаро ба забон овард. Чунки зери лаб худро мазаммат кард, ба атроф нигарист ва онсўтар чанори муқаддасро дид. Диду боз занаш ба хотираш расид…

Онҳо ҳамроҳи дўстону дугонаҳо пас аз маросими ақди никоҳ назди модари Камол омаданд. Модар, ки аз дарду ҳасрати ниҳонии ҷигарбандаш огоҳӣ дошт, ҳарчанд медонист, ки аз ин арўсӣ, ба қавле, дили писараш ба ҷояш намеафтад, дуои бахту иқболи накўву сафед дод. Ва гуфт:

– Писарам, акнун хоҳиши маро ба ҷо овар. Ҳамроҳи арўсу дўстонат. Гумон мекунам, касе ҳайрон намешавад.

* * *

Гулбарг баногоҳ фаҳмид, ки ҳастияш такопў дорад, то олами танҳоиву худро бикушад ва аз банд раҳоӣ ёбад… Бигузор интизору умедвор монад. Ин дардро худованди аззаю ҷалла насиби ҳар кас намегардонад. Ҳар қисматро дидание, фарҷоме. Лаҷоми савобу гуноҳ ба дасти худи одам аст. Одам субҳ аз хона берун меравад, бо сад хаёлу, саволу ҷавобу гирдугоре. Ҳамеша умедвор аст, ки ҳангоми шом рўи остонаи кулбааш қадам мениҳад..

Ҳар дилро орзую омоле. Ҳар қиссаро анҷоме. Ҳар ибтидоро интиҳе. Ҳар дуоро нуқтае.

шаҳри Душанбе,

солҳои 1992-1996 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …