Главная / Гуногун / Сарнагун шудани Муҳаммадалишоҳ

Сарнагун шудани Муҳаммадалишоҳ

Шуриши Табрез ва ҳаракати зидди шоҳ дар қаламрави дигари мамлакат ба Муҳаммадалишоҳи иртиҷопеша зарбаи қатъӣ зад. Моҳи июли соли 1909 дар натиҷаи лашкаркашии фидоиёни Гелон-аз Шимол, дастаҳои Бахтиёрия-аз Ҷануб ва гирифта шудани Теҳрон Муҳаммадалишоҳ сарнагун шуд. Писари хурдсоли Муҳаммадалишоҳ – Аҳмадшоҳ подшоҳ эълон гардида, аз ҳайати феодалҳои озодандеш ва хонҳои Бахтиёрия бо роҳбарии Сипаҳдор ҳукумати муваққатӣ ташкил дода шуд.

Хонҳои Бахтиёр ба ҷонибдории аз нав барқарор кардани конститутсия баромад карда, бо хамнн роҳ мехостанд, ки ҳокимияти худро дар Бахтиёрия мустаҳкамтар кунанд. Англисҳо бошанд, мехостанд, ки дар Эрон ба воситаи хонҳои Бахтиёрия мавқеи худро мустаҳкам ва мавқеи Русияро суст кунанд.

iran_14

Нерӯҳои озодандеши буржуазию феодалӣ ғалабаи халқро ба фоидаи худ истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ба болоравии минбаъдаи инқилоб роҳ надиҳанд. Бо ҳамин сабаб сохти мутлақӣ ва сулолаи Коҷорҳо дахлнопазир монданд. Имтиёзҳо ва корхонаҳои хориҷӣ зарар надиданд. Танҳо якчанд нафар иртиҷопешаи дуюмдараҷа қатл карда шуданду халос. Ба Муҳаммадалишоҳ ба маблағи 100 ҳазор туман нафақаи ҳармоҳаи якумра таъйин карда шуд.

Моҳи ноябри соли 1909 Маҷлиси Дуюм даъват карда шуд. Интихобот ба он дар асоси қонуни нави интихоботӣ гузашт. Ин қонун системаи табақавии интихоботро бекор карда, интихоботи дузинагиро муқаррар намуд. Барои иштирок дар интихобот ҳадди ақалли молу мулк муқаррар гардид. Занон аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум буданд.

Ҳукумати Сипаҳдор Эронро аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсӣ бароварда натавонист. Бо ҳамин сабаб он моҳи июли соли 1910 бо ҳукумати Муставфӣ Алмамолик иваз карда шуд.

Ҳукумати Муставфӣ Алмамолик рӯ ба Германия ва ИМА ва ҳукумати Сипаҳдор бошад, рӯ ба Англия ва Русия буд. Муставфӣ Алмамолик аз ИМА мушовирони молиявиро бо сардории М. Шустер даъват кард. Ин сарвазир ҳам аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда баромада натавонист. Барои ҳамин дар оғози соли 1911 ба истеъфо рафт. Нахуствазири Эрон аз нав Сипаҳдор таъйин гардид. Ӯ боз ҳамон сиёсати пештараи худро давом дод. Баҳори соли 1911 Эрон аз Англия ба маблағи 1 млн. 250 ҳазор ф.-ст. вомбарги нав гирифт, моҳи майи соли 1911 ба Эрон бо сардории М. Шустер аз нав мушовирони молиявии ИМА омаданд. Онҳо дар масъалаи молили мамлакат аз ҳукумати Эрон ваколатҳои васеъ гирифтанд. М. Шустер барои ба Эрон воридшавии сармояи ИМА замина тайёр намуд.

Моҳи июли соли 1911 шоҳи собиқ Муҳаммадалишоҳ бо ҳамроҳии пешвоёни қабилаҳои туркман ва дастаҳои зархариди иборат аз якчанд ҳазор нафар ба тарафи Теҳрон ҳаракат кард. Тирамоҳи ҳамон сол ӯ аз тарафи қувваҳои муттаҳидаи ҳарбии ҳукумати ва фидоиён торумор карда шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …