Главная / Биология / Сарахсшаклҳои қадима ва ҳосил шудани ангиштсанг

Сарахсшаклҳои қадима ва ҳосил шудани ангиштсанг

Тақрибан 300 миллион сол муқаддам дар ҳама ҷои сатҳи Замин тамоми сол ҳавои гарму серрутубат ҳукмрон буд. Бар асари боридани боронҳои гарму омадани сел дарёҳо сероб шуда, кӯлҳо ва ботлоқзаминҳо пайдо шуданд. Тумани тираи бухори об аксар вақт офтобро панаҳ мекард. Чунин шароит боиси нашъунамои боавҷи набототи наздисоҳилӣ ва ботлоқӣ, хусусан сарахсшаклҳои қадима мешуд. Чунки сарахсшаклон дорои решаю пояи пурқувват ва барг. буда, нисбат ба ушнаҳо (азбаски онҳо решаи ҳақиқӣ надоштанд) ба ҳаёти хушкӣ мутобиқати хубтар доштанд. Дар онҳо спора хеле зиёд ҳосил мешуд ва аз ин рӯ, метавонистанд хубтар афзоиш ёбанд.

saraxshaklДар чунин шароити барои сарахсшаклон хеле мувофиқ, онҳо дар якҷоягӣ бо лучтухмони қадима бешазори анбӯҳи ҳайратангезро ба вуҷуд меоварданд. Аксари намояндагони сарахсҳо, чилбанду мун- мунаҳои он давру замон дарахтони ҳақиқии қадбаланд буданд, ки то 40 метр қад кашида, танаи ғафс доштанд. Дар қабати рӯизаминии ин бешазорҳо растаниҳои дарахтии начандон калон ва алафӣ, ки ба сарахсҳо, чилбандҳо ва мунмунаҳои ҳозиразамон монанд бу- данд, низ боавҷ нашъунамо мекарданд.

Дар шохаҳои ин дарахтон, ки ҳоло гул надоштанд ва мева низ ҳосил намекарданд, ягон хел паррандае дида намешуд. Дар бешазори торику серрутубати сарахсшаклон танҳо сӯзанакҳои азимҷусса парвоз мекарданду бас. Дар рӯи замин бошад, ҳашарот, тортанак ва каждумҳо хазида мегаштанд.

Ин сарахсҳою чилбанду мунмунаҳои қадим боиси ба вуҷуд омадани конҳои ан- гиштсанг гардиданд. Онҳо тадриҷан нобуд гардида, дар ботлоқҳо, зери обу лойқа қабат-қабат ҷамъ ме- гардиданд. Зеро онҳоро дарёҳои сероб ва ҷараёни бахрҳо ба ҷойҳои тунукоб бурда, ба болояшон лойқа, гил, рег ва ғайраро мехобонданд. Дар чунин шароит бе иштироки оксигени ҳаво, дар зери фишори об ва қабати ҷинсҳои кӯҳӣ, ин растаниҳои қадима дар да- воми миллионҳо сол ботадриҷ ба ангиштсанг табдил меёфтанд. Ҳамин тавр, гармӣ ё энергияе, ки дар вақти сӯхтани ангиштсанг хориҷ мешавад, ин ҳамон гармӣ ё энергияе мебошад, ки растаниҳои давраҳои ниҳоят қадим дар раванди фотосинтез дар шакли мод- даҳои органикӣ дар худашон ғун кардаанд ва он ҳамчун боқимондаҳои онҳо бо мурури замон ба ангиштсанг табдил ёфтааст. ПаД- доиши ин энергия аз офтоб сарчашма мегирад.

Ангиштсанг яке аз сӯзишвориҳои беҳтарин ва инчунин ашёи хоми саноати химия ба ҳисоб меравад. Бо ангиштсанг каторахо, дегхои буғдиҳанда, стансияҳои (истгоҳҳои) барқӣ, аловӣ, заводу фабрикаҳо кор мекунанд. Аз ангиштсанг сӯзишвории газӣ, пластмасса, рангҳои анилинӣ, лакҳои гуногун, доруворӣ ва бисёр дигар маводи барои хоҷагии халқ муҳим ҳосил карда мешаванд.

Захираи ангиштсанг дар микёси ҷаҳон хеле калон аст. Дар ҷумҳурии мо ҳам конҳои ангиштсанг мавҷуданд ва баъзеи онҳо мавриди истифода қарор доранд.

  1. Намуди зоҳирии сарахсшаклони қадима чӣ гуна буд?
  2. 300 миллион сол муқаддам дар рӯи Замин кадом растаниҳо нашъунамо доштанд?
  3. Ангиштсанг чӣ тавр пайдо шудааст?
  4. Ангиштсанг дар хоҷагии халқ чӣ аҳамият дорад?
  5. Дар ҷумҳуриамон кадом конҳои ангиштсанг мавриди истифода қарор доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …