Главная / Гуногун / Саноати Тоҷикистон

Саноати Тоҷикистон

Саноат ва масъалаҳои он. Дар моҳҳои январ – сентябри  соли 2018 ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии кишвар ва дар ин замина таъмини иҷрои яке аз ҳадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардидааст, яъне гузариши рушди иқтисодиёти кишвар аз аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 16491,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз афзудааст. Дар дар соҳаи саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3538,6 млн. сомонӣ (суръати рушд 118,6 фоиз), дар соҳаи саноати коркард ба 9118 млн. сомонӣ (суръати рушд 115,2 фоиз) ва истеҳсоли нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ ба 3835,3 млн. сомонӣ  (суръати рушд 107,5 фоиз) ташкил намудааст. 

Ҳаҷми  номиналӣ ва рушди воқеии саноат дар нуҳ моҳи солҳои 2014-2018

Тибқи маълумоти оморӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ  105  корхонаю коргоҳҳои саноатӣ  бо 1487 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла дар шаҳр Душанбе 20 корхона бо 151 ҷойи корӣ,  вилояти Суғд 38 корхона бо 561 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 23 корхона бо 443 ҷойи корӣ, ВМКБ 4 корхона бо 184 ҷойи корӣ ва НТҶ 20 корхона бо 148 ҷойи корӣ  ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудаанд.

sanoati-tojikiston-2

Бояд қайд намуд, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот суръати рушди соҳаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 банди фоизӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноати истихроҷ 4,7 банди фоизӣ, саноати коркард 7,8 банди фоизӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 7,9 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Тибқи таҳлилҳо коҳишёбии суръати рушди соҳаи саноат нисбат ба суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта асосан аз ҳисоби кам гардидани истихроҷи маводи энергетикӣ (-28,3 банди фоизӣ), ғайриэнергетикӣ (-1,8 банди фоизӣ), истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку (-14,4 банди фоизӣ), истехсоли нассоҷӣ ва дӯзандагӣ  (-26,3 банди фоизӣ), истеҳсоли ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ (-14,3 банди фоизӣ), истеҳсоли нерӯи барқ (-7,9 банди фоизӣ) ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об (-9,1 банди фоизӣ) ба амал омадааст.

Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ асосан аз ҳисоби корхонаҳои ҶММ «Ширкати металлургии Анзоб» (141,9 фоиз) ва ҶММ КМ ҶММ «Анзоб» (104,6 фоиз) таъмин гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи истихроҷ тамоюли коҳишёбӣ дорад, зеро дар нуҳ моҳи соли 2018-ум 118,6 фоиз рушд карда бошад ҳам, суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (123,3 фоиз) 4,7 банди фоизӣ кам шудааст.

Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи истихроҷ ин пеш аз ҳама коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҶММ «Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой» мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи 86,6 фоизи ҳамин давраи соли гузашта маҳсулот истеҳсол намудааст (дар нуҳ моҳи соли 2017 суръати афзоиш 117,2 фоиз).

Сабабҳои асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи истихроҷ камшавии захираҳои кон, чуқурӣ ва афзоиши дараҷаи душвории корҳои истихроҷӣ, коҳишёбии фоизнокии маъдан, ҳамзамон зиёдшавии ҳаҷми кислота дар таркиби маъдан ва мушкилот дар тартиби ҳисоби бонуси обунавӣ ва роялтӣ барои истихроҷ мебошад.

Ҳамзамон коҳишёбии суръати истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар корхонаҳои истихроҷи ангишт, аз ҷумла КФ Шахта «Фон-Яғноб» (8,5 банди фоизӣ кам), ҶДММ «Комбинати металлургии  Тоҷик» (1,9 маротиба кам) ва ҶММ «Талко ресурс» (27,7 банди фоизӣ кам) ба миён омадааст, ки боиси коҳишёбии суръати истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ гардид.

 Истихроҷи нафт дар 9 моҳи соли ҷорӣ 18017,0 тоннаро  ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 336,2 тонна зиёд ва дар сатҳи 101,9 фоиз таъмин гардидааст.

Истихроҷи газ бошад, ҳамагӣ 706,0 ҳаз.м3-ро ташкил дода нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 319,4 ҳаз.м3 коҳиш ёфта, дар сатҳи 68,9 фоиз таъмин гардидааст.

Сабаби асосии иҷро нагардидани нақшаи истихроҷи газ ин дар марҳилаи ниҳоии истихроҷӣ қарор доштани конҳои нафту газ, пурра қатъ гардидани истихроҷи нафту газ дар кони гази «Сурхсимо» ва дар давраи ҳисоботӣ фаъолият накардани ҷамъиятҳои истихроҷкунандаи нафту гази «Сетос» ва «Суғднафтугаз» ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ аз ҷониби мақомоти мутасаддӣ бартараф намудани мушкилоти ширкатҳои истихроҷкунанда ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти зерсоҳаи истихроҷ андешидани чораҳои саривақтӣ зарур арзёбӣ мегарданд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ аз 14 зерсоҳаи коркард ба ғайр аз ҳаргуна соҳаҳои саноат (94,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) дар дигар зерсоҳаҳо натиҷаҳои мусбӣ таъмин гардиданд.

Тамоюли нишондиҳандаҳои зерсоҳаҳои  саноати коркард дар нуҳ моҳи соли 2018 (бо фоиз)

Дар давраи ҳисоботӣ зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи коркард нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта асосан аз ҳисоби ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» (141,0 фоиз), ҶСП «Ҷунтай Данғара» (134 фоиз), ҶДММ Хуаксин Ғаюр Б. Ғафуров (126,5 фоиз), ҶММ «Хуаксин Ғаюр семент» (113,3 фоиз), ҶСК «Cементи тоҷик» (131,2 фоиз),ҶСП «Норд азия металл» (2,3 маротиба) ва дигар корхонаҳо ба вуҷуд омадааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2018 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 695,4 млн. сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук ва пилла 11 корхона бо маблағи 204,1 млн. сомонӣ, дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 3 корхона бо 192,4  млн.сомонӣ, дар соҳаи саноати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиё 1 корхона бо маблағи 96,0 млн. сомонӣ, дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 10 корхона бо маблағи 95,8 млн. сомонӣ, дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 8 корхона ба маблағи 79,8 млн. сомонӣ, дар соҳаи саноати ангишт 4 корхона бо маблағи 27,3 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Дар асоси маълумоти оморӣ аз 175 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолӣ 122 номгӯи он, аз ҷумла мошинҳои кишоварзӣ (112 маротиба), хӯроки паранда (17 маротиба), каогулянт (11 маротиба), риштаи полиэтилени (7 маротиба), фториди алюминий (6,4 маротиба), ангишт санг ширеш (6 маротиба), бомпушҳои оҳанӣ (5,5 маротиба), криолит (5,3 маротиба), мех (4,5 маротиба), бозичаҳои кӯдакона (4 маротиба), консерваҳои гӯштию растаниҳо (4 маротиба), мех (3,9 маротиба), сақфҳои ороишӣ (3,8 маротиба), клинкер (3,7 маротиба), бозичаҳои кӯдакона (3,5 маротиба), собуни хоҷагӣ (3,4 маротиба), маҳсулоти пластмассагӣ (3,4 маротиба), халтаҳои полипропиленӣ барои бастабандии ашёи хом (3,3 маротиба), симҳои печӣ (3,3 маротиба), черепитса (3,3 маротиба), тахтаҳои асбестӣ (2,9 маротиба), маҳсулоти ҷӯробу пайпоқ (3,2 маротиба), зарфи ректашудаи алюминий (3,1 маротиба), маводи чӯбу тахта (3,1 маротиба), сачоқҳои намнок (3 маротиба), гаҷ санг (2,8 маротиба), мазут (2,7 маротиба), зарфҳои сафолӣ (2,6 маротиба), пеноблок (2,4 маротиба), нахи пахта (2,4 маротиба), профилҳои пластикӣ (2,4 маротиба), истеҳсоли пӯст (2,4 маротиба), мӯҳр ва сика (2,4 маротиба), профилҳои пластикӣ (2,2 маротиба), шираи растаниҳо барои тайёр намудани доруворӣ (2,1 маротиба), истеҳсоли асфалт (2,1 маротиба), гаҷ кардон (2,1 маротиба), андоваи минералӣ (2,1 маротиба), майонез (1,9 маротиба), муҳр ва сика (1,8 маротиба), папиросу сигаретҳо (1,6 маротиба), қуми кварси (1,6 маротиба), қубурҳои металлӣ (1,5 маротиба), намаки ошӣ (1,5 маротиба), қолинҳои тафтингӣ (1,5 маротиба), қогази ташноб (1,5 маротиба) ва сӯзишвори дизелӣ (1,5 маротиба) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд таъмин гардиданд.

Ҳамзамон нуҳ номгӯӣ моле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд, аз ҷумла калтсид, сипори тракторӣ, тойбанд, автобусҳо, риштаи полипропиленӣ, фаршҳои бедарзи резинӣ, маводи нарми бомпӯш, мола ва ядак истеҳсолашон ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли 44 намуди маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ҷумла собуни мушкин (71,9 фоиз),  шишаи сохтмонӣ (70,6 фоиз), шампан (65 фоиз), фториди калтсий (63,6), собуни мушкин (64,3 фоиз), ранги сохтмонӣ (63,1), ранги сохтмон (61,3 фоиз), ширеши кафел (60,6 фоиз), истеҳсоли лампаҳои каммасраф (59 фоиз), плитаҳои тарабхонаҳо (57,6 фоиз), қисмҳои эҳтиётӣ ба мошинҳои кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти таъмир (57,0 фоиз), арматури сохтмонӣ (34,4 фоиз), пахтаи курпабоб (33,4 фоиз), хишти хом (31 фоиз), коркарди дуюмдараҷаи алюминий (26,0 фоиз), консентрати руҳ (25,4 фоиз), бомпушҳои оҳанӣ (24,1 фоиз), консентрати сурб (22,6 фоиз), хишти хом (19,4 фоиз), оҳану бетони васлшаванда (17,2 фоиз), доломит (15,9 фоиз), маҳсулоти доруворӣ (14,1 фоиз), маҳсулоти заргарӣ (11,0 фоиз), сӯзандору (7,7 фоиз), гази нафтии роҳгузар (6,8 фоиз), сабус (6,7 фоиз), шампун (5,3 фоиз) ва асбобҳои мусиқӣ (1,7 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтаанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз 2081 корхонаҳои саноатӣ 141 корхонаи аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла 39 адад дар шаҳри Душанбе, 50 адад дар вилояти Хатлон, 34 адад дар вилояти Суғд ва 18 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин самт Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки сабабҳои аз фаъоляит боз мондани корхонаҳоро муайян намуда, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати эҳёи фаъолияти онҳо тадбирҳо андешанд.

Гарчанде дар соҳаи саноати коркард суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 115,2 фоизро ташкил намуда бошад ҳам, дар яке аз соҳаи асосии саноати коркард соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла нӯшокиҳо ва тамоку ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 3314,5 млн. сомонӣ баробар гардида, ҳамагӣ 9,4 фоиз зиёд шудааст, ки ин қонеъкунанда нест.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботӣ яке аз маҳсулоти асосии саноатӣ дар соҳа истеҳсолшаванда орд дар сатҳи 97,6 фоиз, нон ва маҳсулоти нону булка 90,1 фоиз ва маҳсулоти макаронӣ 101,6 фоизи ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол шудааст, ки бо назардошти фаровонии бозори истемолӣ  воқеъиятро ба пуррагӣ инъикос наменамояд.

sanoati-tojikiston

Аз ин лиҳоз, Агентии оморро зарур аст якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баҳисобгирии пурраи нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ин самт тадбирҳо андешида аз натиҷааш то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

Ҳамзамон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба миқдори 18570,9 дал спирти этилӣ, 1434,5 дал коняк, 35778,9 дал арақ ва маҳсулоти ликёру арақ  90969,7 дал оби ҷав ва 4,4 дал шампан истеҳсол шудааст, ки  мутаносибан  102,2, 100,0, 101,2, 100 ва 35,0 фоизи сатҳи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ба ҷумҳурӣ 3,3 тонна спирти этилӣ ба маблағи 66,2 ҳазор доллар, 2,9 ҳазор тонна арақу вино ба маблағи 4,0 млн. доллар ва 5,9 ҳазор тонна оби ҷав ба маблағи 2,9 млн.доллар ворид гардидааст.

Чуноне аз таҳлилҳо бармеояд, ҳанӯз истеҳсоли спирти этилӣ, шаробу арақ ва оби ҷави истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ талаботи бозори дохилиро қанеъ намекунанд. Зеро ба қаламрави ҷумҳурӣ дар хаҷми калон ин намуди маҳсулот ворид мешаванд.

Ҳоло он ки имрӯзҳо арақи истеҳсоли ватанӣ, бахусус «шоҳона» аз ҷиҳати сифат ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, дар байни истеъмолкунандагони ватанию хориҷӣ шӯҳрат пайдо намудааст.

Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳои масъул бояд ҷиҳати тақвияти истифодаи иқтидорҳои корхонаҳои ватанӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба кишварҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои саноати хӯрокворӣ 19,4 млн. қуттии шарти консерваҳои меваю сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки  дар сатҳи ҳамин давраи соли гузашта буда, бо назардошти афзоиши истеҳсоли ашёи хом, аз ҷумла мевагиҳо ва сабзавот ва мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ нокифоя арзёбӣ мегардад.

Зеро тибқи маълумоти оморӣ ҳанӯз бозори истеъмолии кишвар қисман аз маҳсулоти консервашудаи воридотӣ таъмин мегардад.

Бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии корхонаҳои  консервабарорӣ 14 адади онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш дода, 1 адад корхона дар давраи ҳисоботӣ тамоман маҳсулот истеҳсол накардаанд.

Яке аз сабабҳои асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли махсулот дар корхонаҳои консервабарорӣ ва фаъолият надоштани онҳо  ин пеш аз ҳама фарсудашавии таҷҳизотҳои истеҳсолии корхонаҳо мебошад.

Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ва азнавтаҷҳизонии корхонаҳои соҳа тадбирҳо андешанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои коркарди меваи хушк 2108,1 тонна маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,5 фоиз зиёд аст.

Бояд қайд намуд, ки хушк кардани мева ва дар корхонаҳо коркард кардани он имконият медиҳад, ки сифати маҳсулот баланд бардошта шуда, дар бозори хориҷа бо нархи гаронтар ба фурӯш бароварда шавад, ҳамзамон дар минтақаҳои кишвар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

Дар самти мазкур имконияти васеъ аз лиҳози таъмини ашёи хом мавҷуд буда, барои якчанд маротиба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли меваи хушк шароити мусоид фароҳам мебошад.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати таъсиси корхонаҳои коркарди меваи хушк тадбирҳо андешида, барои омӯзонидани аҳолӣ аз тарзу усулҳои хушконидани мева чораҳо амалӣ намоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …