САНҶИШ

Ибни Сино бо зиракии беандозаи худ шўҳрат пайдо карда буд. Рўзе барои ин хислати Ибни Синоро санҷидан дўстонаш ўро ба меҳмонӣ даъват карданд. Баъди зиёфату  сўҳбат Ибни Сино  барои ба хонааш баргаштан иҷозат гирифта, ба даҳлез баромад. Вай дар даҳлез баробари ҳарду пои кафшашро пўшидан як ба боло ва як ба поён нигоҳ карду бо тааҷуб китф дарҳам кашид. Дўстонаш пурсиданд:

-Маънои тааҷуби шумо чист?

-Ё қади ман баланд шудааст ва ё шифти хона поин фаромадааст, – ҷавоб дод Ибни Сино.

– Ба мо маълум нест-ку? – пурсиданд боз дўстонаш.

Ибни Сино гуфт:

-Он қадар не, фақат ба андозаи як қабат дока.

Дўстонаш ба Ибни Сино таҳсин хонданд ва гуфтанд:

-Мо ҳангоми ба хона даромада нишастанатон ба зери патаки кафшатон як қабат дока гузошта будем, то ки шуморо бисанҷем. Офарин ба шумо, ки бо ақлу заковати худ моро ин дафъа ҳам ба ҳайрат овардед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …