Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ОДАМОНИ ИБТИДОӢ.

САНЪАТИ ОДАМОНИ ИБТИДОӢ.

Бостоншиносон бисёр “асарҳо”-и санъати одамони асри сангро пайдо намудаанд. Қариб сад сол қабл аз ин асрори горе воқеъ дар Испанияи кунунй, ки дар замонҳои хеле қадим одамон зиндагӣ мекарданд, бостоншиносони испаниро моту мабҳут кард. Онҳо дар деворҳои ғор суратҳои бо ранг кашидашудаи ҳар гуна ҳайвонҳоро кашф карданд, ки онҳо амали одамони ҷамоаи ибтидоӣ буданд.

Расми мамонт, гавазн ва хирс бо маҳорати баланд тасвир карда шудааст. Ин расмҳо гувоҳи онанд, ки одами ҷамоаи ибтидоӣ дорои қобилияти дарки зебоӣ будааст. Олимон аз ин расмҳо ба чунин хулоса омадаанд, ки санъат тахминан 30 ҳазор сол пеш аз ин дар ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шудааст.

sanati-od-ibtidoi

“Одами боақл” мушоҳидакор буд. Ӯ ҳайвонҳоро хеле хуб омӯхта будааст, вагарна расмҳою ҳайкалҳоро ин қадар усто- корона офарида наметав онист. Ба санъат машғул шудани одами ҷамоаи ибтидоиро ҳамчун як ҷаҳиши бузург дар пайдоиш ва ташаккули минбаъдаи ҳаёти ӯ ҳисобидан мумкин аст.

ОДАМИ ИБТИДОИ. Магар “одамони боақл” метавонистанд, ки дар назди ҳодисаҳои хавфноки табиат оҷизона cap хам намоянд? Албатта не. Онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд, ки сабабҳои cap задани ҳодисаҳои табиатро ошкор созанд. Вале барои равшан дарк намудани сабаби ҳодисаҳои табиат дониши онҳо ҳанӯз кофӣ набуд. Дар тасаввури одамони ибтидоӣ ходисаҳои табиат гӯё дар зери таъсири кадом як қувваи ғайритабиӣ сурат мегирифтанд. Ба хаёли онҳо, агар он пуф кунад, дар замин ва баҳру уқёнусҳо тӯфон ба амал меояд.

Ҳамин туна дар кашфи сирру асрори ҳодисаҳои табиат оҷизӣ кардани идрок боиси дар байни онҳо пайдо шудани ҳар гуна эътиқодҳои динӣ гардид. Дар тасаввури ода­мони ибтидоӣ оламро гӯё қувваҳои пурзӯри ғайритабиӣ идора мекарда бошанд.

Барои  ҳамин ҳам, онҳо ба ин қувваҳо ҳамчун ба рӯҳҳо ва ҳодисаҳои пуриқтидор эътиқод пайдо менамуданд. Касбу кори одамон ба эътиқодҳои динии онҳо таъсир мерасонад. Масалан, кишоварзон боварӣ доштанд, ки худоҳои ҳодисаҳои табиат офтоб ва абр мебошанд, зеро офтоб ба зироат гармӣ мебахшад, абр бошад, ба зироат об медиҳад. Одамони қадим худоҳоро ё дар шакли одам ва ё дар шакли ҳайвонҳо тасаввур карда, мепарастиданд. Мувофиқи тасаввуроташон сурати худоҳоро аз чӯб ва ё санг метарошиданд, ки мо онро бут меномем. Бутҳоро
одамони кадим дар ҷойҳои намоён гузошта, ба онҳо ибодат мекарданд. Одамон гумон доштанд, ки ин бутҳо, ки рамзи худоён буданд, дар парвариши зироат ва барори шикор ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Барои он ки худоҳо талаби одамонро иҷро кунанд, ба бутҳо ибодат ва курбонӣ мекарданд. Масалан, дар назди бутҳо сабадҳои пур аз меваҷоту ғалладона ва чорвоёни кушташударо бурда мегузоштанд. Баъзан ба хотири эътиқод ба бутҳо хатто ҳамқавмҳо ва асиронро ҳам қурбонӣ мекарданд. Чунин эътиқоди динии одамони қадим аз насл ба насл гузашта, дар шуури онҳо ҷой мегирифт.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …