Главная / Гуногун / Карами намаккардашуда (Солений)

Карами намаккардашуда (Солений)

Таҷҳизот: тахтача, корд, лаганд, зарфи (каструл) ҳаҷмаш 5-10 л. санг ё ягон ҷисми вазнин.

Миқдори масолеҳ: карам – 5 кг, намак – о,5 истакон, сабзи – 150-200 гм, мурч- 40 д, барги ғор ё олуча – 10-15 д, қаламфури тунд бо табъи худ.

saluni-karam

Рафти иҷрои кор:

Карам ба ҳисоби миёна то 89% об то 5% моддаҳои нитрогендор Каме қанд ва ба тари фаровон витамини С дорад. Барои ба намак хобонидан карамҳоисолиму ҳаҷмашон на он қадар калони нисбатан вазнини еавъи дерпазро интихоб мекунем. Қабати болоии ифлосу зарфшудаи карамро канда карами пўсткандаро тоза бо оби хунук шуста, реза мекунем ва ба он сабзии наргизиро намак, мурчаи донагӣ, қаланфури тунд, барги ғор ё олуча андохта хеле меомезем.

Баъди омезиш зери зарфи тайёркарда як қабат барги карами тоза сипас карами омехтаро меомезем. Аз болои карам як табақ бо ягон ҷисми вазнин (сангеро) гузошта зарфро нағз маҳкам мекунем то ҳаво надарояд. Ҷисми вазнин карамро фишурда, зуд обашро ҷудо мекунад ва карам нагз намак хўрда туруш мешавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …