Главная / Гуногун / САЛМОНИ  СОВАҶӢ

САЛМОНИ  СОВАҶӢ

Вай шоире фасеҳ ва сухангузоре балиғ аст. Дар салосати иборот ва диққати ишорот беназир афтодааст. Ва дар ҷавоби устодон қасоид дорад ва баъзе аз асл хубтар ва баъзе фурўтар ва баъзе баробар. Ва вайро маъонии хосса бисёр аст ва бисёр аз маонии устодонро, ба тахсис 136 Камол Исмоил, дар ашъори худ эрод карда ва чун он сурат хубтар ва услуб марғубтар воқеъ шуда, маҳалли таъну маломат нест.

Қ и т ъ а

Маънии нек бувад шоҳиди покизабадан,
Ки ба ҳарчанд дар ў ҷома дигаргун пўшанд.
Кисвати ор бувад бозпасин хилъати ў,
Гар на дар хубияш аз пештар афзун пўшанд.
Ҳунар аст он, ки куҳан хирқаи пашмин зи бараш
Бадар оранду дар ў атласу аксун 137 пўшанд.

Ва вайро ду китоби маснавист: яке «Ҷамшеду Хуршед» ва дар он чандон такаллуф138 кардааст, ки онро аз чошнии шоирӣ берун бурдааст; ва дигаре «Фироқнома» ва он китобе бадеъ ва назме латиф аст. Ва ғазалиёти вай низ бисёр матбўъ ва маснўъ 139 аст. Аммо аз чошнии ишқу муҳаббат, ки мақсуд аз ғазал аст, холист, табъи арбоби завқ бар он иқбол наменамояд ва аз ҷумлаи муқаттаоти вай аст ин чанд байт:

Канори ҳирс, дило, пур куҷо тавонӣ кард
Ту аз тамаъ, ки се ҳарфи миёнтиҳӣ140 афтод?
Азизи ман, дари дарвешию қаноат зан,
Ки хорӣ аз тамаъу иззат аз қаноат зод.
Агар билағзад пойи тавонгарӣ, саҳл аст,
Саодати сари дарвешию қаноат бод!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …