Главная / Маданият ва санъат / Салавот гуфтан ба Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам

Салавот гуфтан ба Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам

Салавот гуфтан ба Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам

-Расули акрам (с) фармуданд, ки шаби меъроҷ Ҷабраил ва Микоил ва Исрофил ва Азроил алайхиму-с-салом дар назди ман омаданд. Чабраил алайхи-с-салом гуфт: – Ё Расулаллоҳ, ҳар касе аз уммати ту даҳ мартаба салавот бар ту фиристад, ман аз дасташ гирифта, ӯро аз сирот гузаронам.

Микоил гуфт: – Ё Расулаллоҳ, гӯяндаи он салавотро ман аз ҳавзи Кавсар сероб гардонам.

Исрофил алайҳи-с-салом гуфт: – Ё Расулаллоҳ ман аз барои гӯяндаи он салавот cap ба саҷда ниҳам, омурзиш хоҳам, то Аллоҳ таъоло мағфират накунад, cap аз саҷда набардорам.

Азроил алайҳи-с-салом гуфт: – Ё Расулаллоҳ, ман рӯҳи гӯяндаи салавотро мисли арвоҳи Анбиё алайҳи-с-салом мегирам.

Фармуданд Расули акрам (с): – Беҳтарини мардумон дар назди ман он кас аст, ки салавоти бисёр гӯяд бар ман.

Ривоят мекунад Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу ба дурустӣ, ки салавот фиристодан бар Пайғамбар (с) гуноҳро чунон нобуд гардонад, ки об оташро нобуд гардонад ва салавот фиристодан бар Пайғамбар (с) беҳтар аст аз озод кардани банда.

Расули акрам (с) фармуданд, ки се гурӯҳ рӯи маро набинанд: аввал оқи падар, дуюм ҳар ки сунати маро тарк кунад, сеюм ҳар ки номи маро шунида бар ман салавот нафиристонад. Мавлуди Пайғамбар (с)-ро ҷашн гирифтан хуб аст.

Илоҳо, тавфиқи салавот гуфтанро барои ҳамаи мо насибу рӯзӣ гардонӣ, омин.

Инчунин кобед

699999

Мардум дар оростани хони идона набояд ба исрофкорию худнамоӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳанд

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси …