Главная / Гуногун / Саги нафс

Саги нафс

Он рўз рўзе буд хеле гарму дам.

Яке аз бозорҳои пойтахт чун хонаи мўрчагон меҷўшид.

Ғавғою ғулғула…

Шўру мағал…

Кўдаке: “Оча-е!” – гўён, мегирист…

Зани фарбеҳе қир-қир механдид….

Зани хароби сип-сиёҳ ким-киро дуои бад мекард…

Кампире: “Аллоҳу акбар!” – гўён, садақа металабид…

Марди дағале дашномҳои болохонадор медод…

Дигаре бо тамоми овоз дод мезад: “Спиралда биё, бача! Российский! Гарантияш қатҳ! Спирал не, ҷони ширин!”

Ба ғалоғулаю мағали якранги бозор боз садои магнитафони фитафурўш омехта мегардид.

Ба назди фитафурўш ҷавони жўлидамўи жандапўше омад. Устухонҳои рўи лоғараш дамида баромада, чашмони фурўрафтаи тезаш шарора мепошиданд. Сару рўяш арақшор буд.

– Бачаи оча, чӣ хелӣ? Буқаҳо ғамат намедиҳанд? Не? Ғам диҳанд, гап зан, онаи зорашона нишон медиҳам. Фаҳмидӣ? Ку, як шўхаша мон.

Фитафурўш бо табассуми малеҳ фитаро иваз кард. Суруд ба ҷавон писанд нашуд.

– Не, нашуд, – абрў бар ҳам кашид ў. – Ана, ин хел бошад: лака-лака-тум-там! Лака-лака-тум-там!

– Фаҳмидам, фаҳмидам! – хурсандона нидо намуд фитафурўш ва дигар фитаро монд.

Инаш ба ҷавон маъқул шуд. Ва ў:

– Эҳе-ӣҳй! – гўён ба майдон баромад. – Базм кун!

Ду дасташро баланд бардошту лаҳзае таваққуф кард. Баъд :

– Ҳа… ҳа… ҳа!.. – хандид.

Сонӣ мисли парранда бол афшонда, шурўъ кард ба рақсидан.

– Бирақс ҷўра, бирақс!

Дар як он бекорхўҷаҳои бисёре “худо дод!” – гўён, гирди ў ҷамъ омаданд.

– Маст шав, бача!

Ҷавон аз ин “илҳом” гирифта, суръати рақсашро тез кард. Акнун ў боҷавлону бехудона мечархид. Издиҳом ба завқ омад. Нафарони вайро “шерак” карда кафкўбон ба таври худ лаззат мебурданд. Иддае аз ҷавонон қию чув ҳуштаккашӣ мекарданд.

“Базм” торафт метафсид.

Яке каф мезад ва ҳамвора такрор мекард:

– Ба ҷонам занӣ, бирақс!

– Сағираи бало, – гуфт марди зардинае. – Худаша ба девонагӣ задай.

Оҳанги гапи ў ба амаки Амир, марди миёнсоли мўи сараш бармаҳал сафешуда, ки дар бари ў меистод, нафорид. Аммо вай нахост, ки асабоният ва ғазаби худро нишон диҳад, як оҳи сарде кашида, гуфт:

– Балои чӣ, бечора аст, бечора.

Марди зардина кунҷковона ба ў дида дўхт. Баъд пурсид:

– Шумо ўро мешиносед?

– Ҳа, – гуфт ў, ки чеҳраашро ғаму андўҳ фаро гирифта буд ва лаҳзае ба хаёл рафт. Нафасе пас илова намуд:

– Вай девона аст.

Марди зардина ҳайрон-ҳайрон ба сўи ҷавон нигарист.

– Афсўс, – гуфт ў, – афсўс.

Амаки Амир ҳарфе назад. Вай боз илова кард:

– Чӣ чора, аз тақдир ҷои гурез нест.

Рўи амаки Амир пурчин гашт, нигоҳаш хира гардид. Ва бо овози маҳзун гуфт:

– Не, айби саги нафс.

Ин гап ҳисси кунҷковии марди зардинаро бедор кард. Вале амаки Амир оҳи сарде кашида, чизе нагуфт. Баъд боз ба гап даромад:

– Агар бобояш саги нафсро мекушт, ин бечора девона ба дунё намеомад. Вақте ки кас молу сарватро аз ҳама чиз азиз медонад, ана ҳамин хел фоҷиа рух медиҳад.

Ҷавонмарде, ки дар паҳлўи вай буд, ба гап ҳамроҳ шуд.

– Дуруст гуфтед, амак, – гуфт ў. – Нафси бад чашми хирадро кўр мекунад. Охир, беҳуда: “Нафси бад – балои ҷон!” нагуфтаанд.

– Хўш, ин чӣ хел шуд? – мароқ зоҳир кард марди зардина.

– Чӣ хел шуд? – гашта пурсид амаки Амир ва пас аз каме сукут лаб ба сухан кушод: – Модари ҳамин ҷавон Маҳҷабин толибаи ман буд.

 

2

 

Маҳҷабин духтари зебо, дилкушоду нексиришт, аъло мехонд. Орзу дошт, ки муаллима шавад. Синфи ҳаштро аъло тамом кард. Соли нави таҳсил оғоз ёфт. Аммо амаки Амир ўро паси парта надид. Хавотир шуда, ба хонаашон рафт. Падари Маҳҷабин ўро бо як олам суруру хушбахтӣ истиқбол намуд. Баъд:

– Бахти шогирдат хандид! – гўён мужда расонд.

Амаки Амир ҳайрон шуд ва бесаброна пурсид:

– Чӣ хел?

– Ўро ба писари акоям фотиҳа кардем, – мамнунона гуфт Доро. – Пас аз як ҳафта тўй. Насиб бошад, тўй мехўред!

Аз шунидани ин хабар амаки Амир хеле ғамгин шуд. Бо хавоси парешон ба ў нигариста, гуфт:

– Охир, ҳоло ў ёш, мон, ки хонад…

– Э, духтара чиву хонданаш чӣ! – сухани ўро бурид Доро.

– Шўй гурехта намеравад…

– Э, не, баъд дер мешавад, – эътироз кард Доро. – Ин хел домоди сарватманд як бор насиби кас мешавад.

– Ҳа-а, Доро орзуи дороӣ дорад гўй?!

– Пичинг накун… Фаҳмидӣ – пичин накун, – дағалона гуфт Доро.

Амаки Амир оҳ кашид, лаҳзае хомўш монд ва баъд ба Доро ривоятеро нақл кард:

«Шайхе дар минбар вазъ мегуфт. Дар ҳамин асно шахсе пайдо шуд, ки сару по сияҳпўш буд. Сагеро ба китфи худ бардошта мегашт. Шайх минбари маҷлисро тарк намуду ба назди шахси сияҳпўш омад ва ўро хеле меҳрубонӣ намуд. Ўро ба минбар хонда, наздаш таъом гузошт. Шахси сияҳпўш худаш таъомро нахўрда, ба саг дод. Ҳамин ки озими рафтан шуд, шайх то баромадгоҳ бо таъзим гуселаш намуд. Вақте ки ба минбар баргашт, шогирдонаш бо ҳайрат пурсиданд:

– Эй шайх. Ин чӣ коре буд, ки шумо ба ин сагпараст зоҳир намудед?

Шайх гуфт:

– Ўро мешиносед?

Гуфтанд:

– На.

Шайх гуфт:

– Ин мард Мансури Ҳаллоҷ аст. Саге, ки дунболаш мегардад, нафси ўст. Вой бар ҳоли мо, ки дунболи нафс мегардем».

Доро қоҳ-қоҳ хандид. Гўё ривоят нею латифа шунида бошад.

– Медонӣ Доро, никоҳи хешутабори мумкин нест…

– Тағо мумкин не, – боз сухани ўро бурид Доро. – Ин амакаш-ку.

– Амак ҳам хеши наздик, ҳамхун, барои саломатии фарзандонашон бениҳоят хавфнок.

– Биё, мон, дурўғ ҳам ба эбаш, – рўй турш карда, гуфт Доро. – Ин гапи ту на дар дег меистад, на дар кафлес. Ҳамааш сафсата!

– Ё тавба! – гиребон гирифт амаки Амир. – Шумо то чӣ андоза нобоваред. Охир, инро илми тиб исбот кардааст.

– Номаъқул кардааст илми тибат!

Чанд лаҳза хомўш монданд.

Амаки Амир як сурфида, акнун лаб ба насиҳат кушоданӣ буд, ки Доро дағалона суханашро бурид:

– Ман ба насиҳати ту мўҳтоҷ нестам!

– Доро…

– Чӣ, Доро? Чӣ-ӣ?!

– Охир…

– Чӣ, охир?! Чӣ охир?”

– … «ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд” гуфтаанд.

Доро ҳезуми хушк барин якбора оташ гирифт.

– Эъ, ту барин насиҳатгарҳо зиёд шуданду дунё вайрон шуд!

Қисмати Маҳҷабин амаки Амирро ором намегузошт. Тамоми рўз фикр кард. Сараш дард мекарду фикраш ба ҷое намерасид. Шаб ҳам хобаш набурд. Дар қайди изтироб, дилаш қарор надошт. Нороҳатона аз ин китф ба он китф мегашт. Дами субҳ ғанабаш бурд. Ва хоб дид: Маҳҷабин лаби ҷарие меистод ва аз муаллим ёрӣ металабид.

Рўзи дигар ў боз ба хонаи Доро рафт. Доро ўро диду қавоқ андохт ва дағалона пурсид:

– Боз омадӣ-а? Боз омадӣ!

Аз чашмони ў оташ меборид, бераҳм менамуд.

– То Маҳҷабинро ба мактаб набарам, намемонам, – оромона гуфт амаки Амир.

– Наметавонӣ! – гуфт Доро. – Лекин аз як тика ош маҳрум мешавӣ.

– Ҳой, Доро! – ғазабашро бо азоб фурў бурд амаки Амир. – Ақлатро ба ҷояш гузор. О, ту мефаҳмӣ, ки чӣ кор карда истодаӣ?! Духтаратро бадбахт мегардонӣ.

– Ҳой, гуфтам-ку! – хитоб кард Доро ва якбора шўрид. – Чӣ коре, ки хоҳам, ба субут мерасонам. Ту бар ҳар ош қатиқ нашав!

– Ҳамту?

– Ҳа, ҳамту!

– Гўш дор, – ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифта, гуфт амаки Амир. – Ман ин корро ҳамин тавр намемонам!

– Чӣ кор мекунӣ?! – истеҳзо зад Доро. – Аз дасти ту муаллим чӣ ҳам меояд?!

Амаки Амир, ки асабӣ шуда буд, беихтиёр бо овози аз меъёр баландтар овард суханашро:

– Худи ҳозир ба суд арз мекунам!

Доро бо як тамасхури қаҳролуд қоҳ-қоҳ хандид. Баъд ба амаки Амир нигариста:

– Дер кардӣ, – гуфт, – хеле дер. Ман худам ба суд муроҷиат намудам.

Ва ў аз кисааш қоғазеро бароварда:

– Ана қарораш, – гўён, ба амаки Амир дод..

Ба чунин ранг гирифтани кор амаки Амир сахт мутаассир гашта, лаҳзае сарҳисобашро наёфт. Баъд худро ба даст гирифта, хост лаб ба сухан кушояд, аммо Доро саросема суханашро бурид.

– Шуд, шуд! Ҳамааш фаҳмо! Хуш омадӣ!

– Ман меравам, – гуфт амаки Амир ба ў. – Лекин дониста мон, ки бахти духтаратро месўзӣ.

– Бас! Рав! Дигар қадаматро ба даргоҳи ман намон!

Доро ба ҷигарбанди худ раҳм накард. Молу сарват ҳушу ақлашро рабуда буд. Ва Маҳҷабин қурбони саги нафс гардид.

Пас аз нўҳ моҳ Маҳҷабин духтар таваллуд кард. Ва боз пас аз нўҳ моҳ ана ҳамин писар ба дунё омад. Баъд маълум гашт, ки духтараш ҳам шалу ҳам гунг, писараш бошад – девона. Ҳама ўро тасалло медоданд, ки фарзандонаш сиҳат мешаванд, ҷаҳли қисмат мегузарад. Рўзҳо, моҳҳо, солҳо гузаштанд. На табиб монду на мулло, на сеҳргару на фолбин. Онҳо шифо наёфтанд. Шавҳараш ўро “се талоқ” дода, аз хона ронд. Амакаш ўро ба хонаашон овард:

– Гир духтари касалата!

Ин сухан ба мисли теғ ҷигари додарашро пора кард.

– Шумо ўро касал кардед!

– Не, ў касал, девоназой!

Ҷои ҳайрат нест, ки “бегона ба бегона надорад коре”, “хеш аст, ки дар паи шикасти хеш аст!”

Акаву додар гўё, ки қотили ҷони якдигар бошанд, даст ба гиребон шуданд. Якдигарро заданду кўфтанд. Қиёмате барпо карданд. Ҳамсояҳо базўр онҳоро аз ҳам ҷудо намуданд. Пас аз ин душмани якдигар гаштанд. Сояи якдигарро аз девор метарошиданд.

Маҳҷабин бошад, бо ду фарзанди маҷрўҳаш танҳо монд. Ва зор-зор мегирист модари синаафгор.

Пудинаи лаби об кардай реша,

Лаънат ба касе, ки ёр гира хеша,

Бегона хубай, ки мекунад андеша,

Гап мезана хеш ҳамчу теғу теша.

Заҳри қотили ғаму ғусса ва аламу андўҳ ўро аз ин дунё рабуд. Ду фарзанди бадбахташ зору ҳайрон монданд.

Марди зардина аз ҳикояти амаки Амир мутаассир гашт, надонист, ки чӣ гўяд. Як оҳи сарде кашиду чашмонаш нам гирифт.

Девона ба одамоне, ки ўро масхара мекарданд, аҳамият намедод. Чанги заминро хезонда, мерақсиду мерақсид. Мондашавиро намедонист.

– Ина бин-а… Монда намешавад-е!

– Девона-да!

Ин дам чун балои осмонӣ Буқае пайдо гашт.

– Ҳой хар! Чанг накун! Ин ҷо харҷо не!

Девона лаҳзае аз рақс бозистода, андўҳгин ба ў назар афканду:

– Наход?! Паҳ, бар падарат раҳмат-е! – гўён, аз нав ба рақс даромад.

Ин нописандӣ ба иззати нафси Буқа сахт расид.

– Ўё, лаънатӣ! – гўён, аз банди дасташ дошт ва аз миёнаш тўфангчаро баровард.

– Э, валлоҳ мепаронад.

Аз тарс бадани амаки Амир мурғак рафт.

Ин дам девона ба Буқа гуфт:

– Ту ба ман чӣ кор дорӣ?! Охир, ман на симу зар дораму на мансаб.

Ҳама мот шуда буданд. Касе ёрои суханеву амале надошт.

– Чӣ-ӣ?! Ҳой, очағар! Ба ман ҷонат лозим!

Девона якбора девонавор дандонҳои калонашро нишон дода, хандид. Ва ин дам афту андоми ў даҳшатзо гашт.

– Ҳо-о! Ҳоло ҳам аз ҷон сер нашудӣ?!

Буқа ғуррид, ба мисли шер наъра кашид. Баъд бо тўфангча ба бехи гардани девона фуровард. Девона ба замин афтод. Буқа бо шатта беист ба бадани ў мезад.

Марди миёнсоле оҳиста гуфт:

– Милиса ҷеғ задан даркор.

Дигаре эътирозомез гуфт:

– Лозим не, аз дусар намеоянд.

Марди миёнсол якравона гуфт:

– Э-ҳа! Аҷаб одам будаӣ ту. Ҳамин хел истодан мегирем, ки кай ин бечораро кўшта меравад.

– Эҳ-ҳ Худо! – гўён, марди зардина бечораҳол ба амаки Амир нигарист. – Охир, ўро мекушад.

Амаки Амир гўё нав ба худ омада бошад, як ба марди зардина, як ба Буқа нигарист. Баъд “ҳарчӣ бодо бод!” – гўён, бо шитоб рафта, аз дасти Буқа дошт.

– “Зўрмандӣ макун бар аҳли замин, то дуое бар осмон наравад”.

Чашмони Буқа аз косахонааш баромад. Тарҳи рўяш беҷо гашт. Ҳама гумон карданд, ки кори мардак тамом шуд: ҳоло як тир аз пешонӣ мехўрад.

– Пеш аз аҷалат мурдан мехоҳӣ?! – дод зад Буқа.

Амаки Амир наҳаросид. Ўро сар надод.

– Сар те! – бо ситеза гуфт Буқа. – Сари ин разилро аз танаш ҷудо мекунам!

– Сари ў ба шумо чӣ лозим? – амаки Амир рост ба чашмони ў нигарист.

– Як нонхўр кам мешавад, – даҳон инҷ карда, хандид Буқа. – Насибааш ба ту мерасад.

– Насибааш ба худаш насиб кунад, – оромона гуфт амаки Амир. – Дар ин дунё ҳар кас ризқи худашро мехўрад. Ман ҳам, шумо ҳам, ў ҳам. Ҳеҷ кас, ҳеҷ гоҳ ризқи дигареро хўрда наметавонад.

– Ҳо-о?! – Буқа ба рўи амаки Амир нигарист. – Ту аз куҷо медонӣ?

– Охир, ин қонуни табиат аст…

– Ман ба қонуни табиатат кор надорам, – сухани ўро бурид Буқа. – Ман мардам, бояд қавламро иҷро кунам.

– Охир, накардан аз кардан осонтар аст-ку? – амаки Амир боз рост ба чашмони Буқа нигарист. – Саъдии бузург ҷавонмардиро чунин ташреҳ дода буд: “Мардӣ на қувват асту шамшерзанӣ, он аст, ки ҷавре, ки тавонӣ, накунӣ”.

– Ҳо-о?!

– Ҳо, – гуфт амаки Амир. – Баъд вай ёри Худо аст…

– Чӣ – чӣ?! Ёри Худо аст? Ҳамин-а?!

– “Девона – ёри худост!” – мегўянд. Бо ёри Худо сар ба сар шудан хуб нест.

– Ҳо-о?! Вай девона аст?

– Ҳо, девона… девонаи модарзод, – бо андўҳи гарон ҷавоб дод амаки Амир.

Буқа лаҳзае карахт гашт. Дақиқае гузашт. Баъд бо ҳайрати аҷиб рў ба амаки Амир овард:

– Ҳо-о?! Рост?!

– Ҳа, рост, – гуфт амаки Амир. – Ана, Худо шоҳид.

– Ҳо-о?!

– Тавонед, ду даҳон сухани нарму гарм гўед, сарашро сила кунед, ба дасташ ягон сўм бидиҳед.

Дар ин миён девонаи бадбахт аз ҷояш хест. Аз чаккаҳояш арақи гардолуд мешорид.

– Эҳ-ҳ! – Буқа тўфангчаашро ба ҷояш гузошта, ба амаки Амир нигарист:

– Хотири мўи сафедат, – гуфт.

Баъд сари девонаро чанд бор сила намуд.

– Бубахш ҷўра, – гуфту аз кисааш чанд сўм бароварда, ба девона дароз кард.

Девона рў тофт, нагирифт.

– Гир, – оромона, вале бо оҳанги қатъӣ гуфт амаки Амир.

Девона ба амаки Амир як нигоҳ андохту оҳиста пулро гирифт.

– Акнун рав, аз ин ҷо, – гуфт амаки Амир.

Девона бо сари хам равон шуд. Буқа боз ба амаки Амир рў овард:

– Хотири мўи сафедат, – гуфту боз таппончаашро кашид. Дубора ғуррид, ба мисли шер наъра кашид.

– Лаънатиҳо! – ба сўи одамони ҷамъомада дод зад. – Дигар кор надоред?! Ин ҷо маймун дидед?! Дафъ шавед!

Ҳама чун ҳайкал шах шуданд.

– Дафъ шавед! – Буқа ба ҳаво паи ҳам чанд тир холӣ кард.

Издиҳом пароканда шуд.

– Эҳ-ҳ! – Буқа тўфангчаашро боз ба ҷояш гузошта, ба амаки Амир нигарист. Сипас:

– Хотири мўи сафедат, – гуфту рафт.

Амаки Амир оҳи сабуке кашида, худ ба худ гуфт:

– Оҳ, чӣ хел гарм-а!

Воқеан ҳам, рўз рўзе буд ниҳоят гарм.

Ва саги бераҳму хапгири нафс дар бозор сайр дошт.

12 марти соли 2002

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …