Главная / Гуногун / САДУ ШАШ БАРГ

САДУ ШАШ БАРГ

Рўз то рўз равобити сиёсию иқтисодии Тоҷикистон бо давлати овозадори Чин, ки аз шаш як ҳиссаи аҳолии кураи замин дар он маскун аст, густариш меёбад. Чин кишвари фарҳанги бузургест, ҳам аз дидгоҳи фарҳанги мардумсолорӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам бо намунаҳои беназири ҳунари синамо, адабиёт, опера, мусиқӣ, ки ҳар яке ганҷинаҳои нодири бадеиянд.

2105-750x0Аз ин рў мардуми чин бунёдкориро дар ҷои аввал гузоштаанд. Ин аст, ки дар китоби ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин рўз аз рўз саҳифаҳои нав ба нави дурахшон зам мешаванд. Роҳи Кўлоб-Дарвоз- Қулма кушода шуд, ки якчанд давлатро бо ҳам мепайвандад ва ба рушду тарақиёти тиҷорат мусоидат мекунад. Дар авҷи ҳамин талошу созандагиҳо ба хазинаи шеъри тоҷик боз як дурдона ворид гардид. Сухан ин ҷо дар бораи маҷмўаи шеъри шоир ва дипломати варзида – вазири корҳои хориҷии кишвари ба мо дўст ва ҳамсоя – Чин Ли Чжаосин меравад, ки “Саду шаш барг” ном дорад.

Маҷмўаи ашъори арзишманди Ли Чжаосинро бори нахуст аз забони асл ба тоҷикӣ устодони сухан Гулназар, Сайидалӣ Маъмур ва Низом Қосим ба риштаи назм кашидаанд. Дар нашри китоб адиби намоёни тоҷик Ато Ҳамдам ҳам саҳми намоён гузоштааст. Ҳангоми мутолиаи шеърҳо кас гумон намекунад, ки онҳо тарҷумаанд, гўё шоири тоҷикӣ-форсӣ эҷод карда бошад. Аз ин рў шавқу шўри хонандаро бармеангезад. Нависанда Истад Қосимзода ҳам менависад: “Аз сатрҳои аввалинаш ашъори тозаю самимӣ диққатамро ба худ кашиданд. Ва беихтиёр (ҳанўз сарсуханро нахонда) дар ҳошияи шеърҳо нигоштам: “нағз”, “олӣ”.

Аҳмад Навид хеле амиқ ва ҳакимона ўро тавсиф карда: “Ли Чжаосин дар худ ду ҷанба, ду боли парвоз, ду ҳунари нафисаро моҳирона таҷассум намудааст”. Баҳрабардориву ҳикматомўзии шоирро муаллифи сарсухан Нарзуллоҳи Назар хеле моҳирона ва назаррас тасвир кардааст: “Он рўзҳо ба муаллифи ин сатрҳо муяссар гардид, ки Ли Чжаосанро ҳангоми тамошои ҷойҳои диданӣ ва ёдгориҳои Душанбешаҳр ҳамроҳӣ кунад. Ба хубӣ эҳсос мешуд, ки ҳайкали асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ, рамзҳои ҳафтгонаву шерҳои таҳамтани чун посбон пеши ў истода, муҷассамаи пири хирад Абўалӣ ибни Сино ҷолиби диққати меҳмони чинӣ буданд. Бо нигоҳи шоирона ба рамзҳову симоҳо нигариста, мекўшид тафсир ва маъниҳои дар он ниҳонро дарёбад.

Чун донист, ки Ибни Сино на танҳо файласуфи номдору табиби забардаст, балки шоир низ будааст ва аз рубоии машҳури ў бо хотимаи “Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал” ба худ маъние бардошт, баъдан ҳангоми зиёфати расмӣ ба Талбак Назаров рў оварда, ба он ишораи зарифонае кард: “Ба ман гуфтанд, ки Ибни Сино бо вуҷуди мадади синоии худ натавонистааст инсонро аз банди марг раҳоӣ бахшад. Боке нест, агар ба тақдири инсон қалами таҳрир чунин рафтааст, вале мо бо шумо имкон дорем бо талошҳои муштарак дўстии мардумони худро пояндаву ҷовид созем”.

Ба олами шеър рў овардани Ли Чжаосин гувоҳи он аст, ки дипломати варзида ба адабиёт ва фарҳанг арзиши олӣ қоил аст ва ба онҳо чун василаи раҳоии ҷомеа аз гирифториҳои ахлоқӣ менигарад. Ва Ли Чжаосин воқеан ҳам васлгаре ҳаст, ки ба ҷуз ваҳдат, осудагиву амонӣ ва сарсабзии кишварҳо чизи дигареро таманно надорад. Ва гўё бузургвор Шамсиддин Шоҳин баҳри ў суруда:

    “Лабат ба ханда фароҳам шавад бад-он хубӣ,

    Ки барги лола ба барги дигар диҳӣ пайванд”.

Ин дастагули шодоб аз шохаҳои гулафшони назми Ли Чжаосин дар ман сурур ва шодии махсус падид меоварад. Ва ман ба “олами таҳайюлоту андешаҳои рангини марди фозиле аз кишвари ҳамсояи куҳантаъриху асилфарҳанг” ворид мегардам.

Бале, ба дунёи рангини Ли Чжаосин ворид мегардам!

Китоб бо шеъре, ки муаллиф ба хонандаи тоҷик тақдим кардааст, шурўъ мешавад:

          “Дилҳои мо зибаски бигаштанд ҳамсадо,

          Ҳамсояем бо ҳаму як умр ҳамсафар,

          Бодо миёни тоҷику чинӣ вафову меҳр

          Дар рўи даҳр сабз бимонад чу шохи тар!”

Ин мисраҳои марғуб дар фасли баҳор аз дили шоир ба зуҳур омада, бо лаҳну оҳанги дилпуронаву суруромез рўи қоғаз рехта. Ва дар онҳо як ҷаҳон муҳаббату самимият, шодию сурур нисбати халқи тоҷик ниҳон аст. Шеър дар шуури хонанда ангезаи ризоияту ҳамдилиро ба вуҷуд меорад. Дил дар қафаси сина ба шавқ омада, сур мегирад.

Маҳорати Ли Чжаосин дар эҳсоси армонҳои башардўстона, тантанаи сулҳу ваҳдат ва озодии бани одам қобили таҳсину тақдир аст.

Қабл аз ҳама шоир ба моҳият ва зуҳуроти ҳодисаҳо фурў рафта мекўшад, ки решаи худро дарёбад. Аз ин рў ба замини пир, осмони бекарон, дарёи хурўшон, навгули бишкуфтаи хандону барги гул рў оварда, бо ҳама тазоҳури ҳастӣ бо эҳтиром ва шавқу завқ мепурсад:

                    “…Киям ман?

                    Кист аҷдодам?…”

Аммо онҳо хомўшанд, ба ў ҷавобе намедиҳанд. Ва шоир ба умқи ҷудоиву ҷароҳатҳои дирўза, талабҳо ва умеду орзуҳо меомезад. Ва дармеёбад:

                    “Зи нав дарёфтам тагрешаамро

                    Ки Чинам

                    Чин ман ҳастам!”

Бале, ў бо лаҳну оҳанги дилпуронаи суруромез нидо мекунад, ки: “Чин ман ҳастам!”. Ин мисра бо ин ҳолу ҳаво як нуқтаи авҷ буда, воқеан баҳри дарёфти рисолати шоир нақши калидӣ дорад. Зеро равзанаеро аз дунёи шоир ба рўи мо боз мекунад, то партави офтоби дунёи ў ба рўи мо битобад. Ва мо мебинем, ки шоир бо тору пуди меҳру муҳаббат Ватанро дар худ ғунҷонда, соҳиби “Ман”-и хеш гардида. Дигар ҳама ғаму дарду шодиҳои олам бо тамоми ҳастӣ дар фазои маънавии ҳамин “Ман” ғунҷоиш ёфта.

Воҷиб ба тазаккур аст, ки сурудаҳои шоир бештар таҳти таасуроти ў аз сафарҳояш ба ақсои гуногуни олам иншо шудаанд. Пас, моро лозим аст, ки шеъри шоирро мутобиқ бо ҳолу ҳавои ирфонӣ, иртиботи ў бо муҳит, ҷомеа, дарду ормонҳои инсон тавзеҳ диҳем. Ин лаҳза мисраҳои шоир Низом Қосим ёд меояд:

      “Барг-барг ҷамъам кун, аз дигар китобам кун.

      Як ҷаҳон гуноҳ дорам, ҷониби савобам кун”.

Ин мисраҳо ба вазъи орифонаи Ли Чжаосин иртиботи бевосита дорад. Варо дигар андешаи суду зиён нест. Ба қавли Олими Бухорӣ: “На тарси дўзаху на ҳавои биҳиштро дорад”. Танҳо дар марзаи дилҳо гулҳои меҳру муҳаббату шафқатро шукуфонидан орзую омоли ҳамешагии ўст. Ин ҷанбаи асосии фаъолияти шоир дар порчаи зер хеле ҷолиб ба тасвир омада:

      “Мекунам ман орзў бо эҳтиром,

      То суруди дўстиву сулҳ бошад бардавом”.

Ҳамин туғёни нияту орзу, марому матлаб дар шеъри “Баланду зебо”-и ў, ки аз сафари аввалин ба пойтахти Боливия – Ла Паз тобистони соли 1996 гирифтааст, бас ҷолибу сеҳрангез ба чашм мерасад:

              “Волотарин мақсади ҳаёти ман

              Афзудани дўст аст

              Ва костани душман.

              Мепарам аз ин рў

              Миёни абрҳои рангин

              Бо хаёли фатҳи қуллаҳо

              Чун дар шаҳри кўҳсори худ –

              Чунин”.

Тавлиди ин шеър маҳз дар кишвари Боливия тасодуфӣ нест, зеро Ла Паз ба испанӣ маънои сулҳро дорад.

Чӣ дар адои қарзи шаҳрвандӣ ва чӣ дар анҷоми рисолати инсонӣ расму ойин ва анъаноти шарқӣ, ишқи Ватан ҳамеша раҳнамои Ли Чжаосин будааст.

      “Бори нахуст чун бигаштам берун аз Ватан

      Буд анъаноти шарқӣ беҳин раҳнамои ман.

      Вақти гусели ман кӣ меояд дами сафар?

      Пурнур аз шеди саҳар Девори Чин бишуд,

      Рагҳои хунгузар шуда бар Вақти тори умр,

      Тори асабҳои Ватан шуд Соате ба ман”.

Пас аз мутолиаи ин шеър мисраҳои ба устод Мирзо Тусунзода бахшидаи устод Лоиқ ба ёдам омад:

     “Ҳар суруде дошт, бо номи Ватан оғоз кард,

     Ҳар куҷое рафт, бо оли Ватан парвоз кард.

     Дўстӣ ҷусту вафо омўхту озодагӣ,

     Шеъри худро дар қудуми сулҳ пояндоз кард”.

Бале, меҳри Ватан, дўстиву озодӣ ва сулҳу бародарӣ маъмултарин ва муҳимтарин мавзўъҳои ҳама замон буд ҳаст ва хоҳад монд. Агар аз масири ҳамин меъёр ба эҷодиёти Ли Чжаосин бингарем, шахсияти ў хеле равшану барҷаста намудор хоҳад шуд. Ва барҳақ муаллифи сарсухан Нарзуллоҳи Назар ўро Мирзо Турсунзодаи чинӣ номида, навиштааст: “Чӣ меҳрест он мусаффо ва чӣ муҳаббатест он беолоиш, ки инсон дар ҳар гўшаву канори ин кайҳони бекарон иртиботи худро ба Ватан ногусастанӣ мебинад, чунон, ки устод Мирзо Тусунзода фармудаанд: “Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур”.

Бале, Ли Чжаосин ҳамеша бо Ватан аст!

Ва Ватан барои ў аз деҳи зодгоҳ оғоз мегардад, ки он дар шеъри “Орзў ба деҳи зодгоҳ” хеле равшан таҷассум ёфтааст:

                    “Орзў дорам, ки баҳрат

                    Қатраи борон шавам.

                    Орзў дорам, ки гардам

                    Аз бароят ашки ғам.

                    Орзў дорам

                    Ки ман дар парчамат

                    Як қатра хун бошам.

                    Орзў дорам,

                    Ки ман як хўшаи пурбор

                    Дар саҳрои ту бошам.

                    Орзў дорам,

Ки бошам

                    Резасанги соҳили дарёи ту.

                    Орзў дорам,

                    Ки бошам

                    Як гуле

                    Зери барфи файзбору пурҷилои ту”.

Ва ба ҳар куҷое ки сафар кардааст ҳамеша ёди Ватан бо ў будааст. Ба ин гуфтаҳо мехоҳам шеъри “Сафар ба Африқо”-и шоирро далел оварам, ки 31 марти соли 1996 дар фазои Мавритиус навишта шудааст:

                    “Дили шаб,

                    Тайёра

                    Аз болои уқёнуси Ҳинд

                    Дар парвоз аст.

                    Ахтаристони бекарон

                    Дунёи рамзу роз аст.

                    Нав гул шукуфта

                    Дар соҳили дарёи Зард,

                    Вале

                    Авҷи пойиз аст дар Конго…

                    Хаёлу ёди Ватан

                    Мефишорад яке вуҷуди маро”.

Ё ки як шаби борони дилгир дар Аргентина дилаш ба ёди Ватан гум мезанад:

                    “Сина ба ёди Ватан –

                    Андўҳи ҳиҷрон чун кунад бояд?”

Ҳатто дар толори Созмони милали Муттаҳид, ки баҳсҳои гарму ҷўшон меравад ў ёди гулҳои Ватанро мекунад. Ишқи поки Ватанро дар шеъри “Операи Пекинӣ дар Нинг Сиа” бо меҳри бепоён ва самимияти тамом сурудааст:

                    “Савти пекинӣ

                    Зи Пекин дур

                    Дар гўшам диҳад хуштар садо;

                    Шояд аз он рў,

                    Ки дорад

                    Дар ҳар ово

                    Ишқи ҷовиди ватанро”.

Ҳамин меҳри мусаффо ва муҳаббати беолоиш дар ғурбат, дар кишвари Кения 6 апрели соли 1996 дар шеъри “Чин” равшану возеҳ ба зуҳур омадааст. Ҳар сатри ин шеър парвардаи ақлу дил аст, ки касро ба андешаву ҳиссиёти наҷиб ҳидоят мекунад:

                “Шохи хубонӣ, ки тоҷат нест,

                Балки ба пардоз эҳтиёҷат нест.

               Ту бо ҳусни табиӣ зебоӣ,

               Ҷаврни дилрабоӣ.

               Кўҳсорат – сар бар осмон,

               Аз уфқ то уфқат – фазои бекарон.

               Миёни баробарҳо

               Ҳамеҷўӣ бародарҳо…

               Дилҷўю дилнишинӣ,

               Ту Чинӣ!”

Ли Чжаосин дар офаридани шеърҳо дар мавзўи Ватан таваҷҷўҳи хоса дошта, табъу завқи баланди эҷодкорӣ зоҳир намудааст. Ва муҳим он аст, ки ў дар шеърҳои худ сухани тару тоза, тасвирҳову таъбирҳои тоза гуфта тавонистааст. Дар шеъри “Маънии Ватан” таъкид кардааст, ки агар дар баҳри одамӣ танҳою бекас бошӣ ва агар аз оғўши Ватан дур монда бошию бо ёди Ватан бошӣ, ту танҳову бекас нестӣ.

         “Ҳарчанд бекасӣ,

         Худро ба лаҳзае танҳо набишмирӣ,

         Гар бар дили ту ҳаст ёди хуши Ватан”.

Ё бубинед, ки дар бораи гимни Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки чилу шаш сония давом мекунад, чӣ руҷўи лирикӣ анҷом додааст:

                “Хуни даҳҳо миллион одам

                Дар чилу шаш сония як дам,

                Мешавад даҳчанд ҷўшон,

                Бо садои қалби ҳассон”.

Дар роҳи хизмат ба Ватан Ли Чжаосин тану ҷонашро суда намудаст. Аз ин заҳмат бар ҷабинаш ожанг афтида, ки зи ҳар ҷўяи чин самари умраш аён аст. Бо вуҷуди ин дар вуҷуди ў эҳсоси нолиш дида намешавад. Ҳатто пас аз эҳсоси дарди чашм ва хира шудани нури он 7 июни соли 1995 дар Мадрид мегўяд:

                   “Дар ҳар ҳолат тўӣ,

                   Тўӣ, эй ватан,

                   Чашмони рўшани ман”.

Бале, Ватан ҳастии Ли Чжаосин аст!

Шоирро асрори вақту фазо, маънии ҳаёт ва оламу табиат ором намегузорад ва ба андеша водор месозад. Ва ў пайваста идроку андешаҳои худро ба риштаи назм мекашад. Бешубҳа ин заҳматест дандоншикан. Ва худи шоир ҳам иқрор мешавад:

                   “Аз садҳо тонна ину он

                   Ҳосил мешавад

                   Як дона марҷон”.

Ин ранҷи шоирро Аҳмади Навид чун арзёбӣ мекунад: “Тасвири ҳар манзара ё рўйдоде аз дидгоҳи шоир паҳлўҳои ба бинанда ноаёнро ҷилвагар сохта, моҳияти офариниш ва муносибати инсонҳоро ба масоили доимӣ – маргу зист, некию бадӣ бо завқу ҳикмати хос, ки аз фалсафаи қадимаи чиниҳо сарчашма мегирад, шарҳ медиҳад”.

Ва басо рамзист, ки нахустшеъри маҷмўа “Зиёрати оромгоҳи Карл Маркс дар Лондон” мебошад. Тимсоли марказии ин шеърро рисолати инсонӣ ташкил медиҳад. Аслан зиёрати гўристон барои ҳар як одам бояд фарз бошад. Зеро танҳо дар водии хомўшон одам хоҳу нохоҳ аз марг меандешад, ба қадри зиндагӣ мерасад ва ҳушёр мегардад. Ва бубинед, ки ин шеъри Ли Чжаосин саросар аз образҳои муассир иборатанд:

        “…Танҳо як ту

        Мондан дар рўи заминро дорӣ орзў,

        То бубинӣ –

        Таърихи сарсафед

        Ба куҷо расид.

        Умри ҷовидонро накардӣ ҳавас,

        Зиндаӣ аммо дар дили ҳамаву ҳар кас.

        Ҳамсафаронат ба роҳи охират

        Дар ин ҷо ҳам доранд савлат:

        Аз зарҳое, ки бо ситам андўхта буданд,

        Зарринҳарфое фармуданд

        Ва бар санги мазорҳошон

        Катиба намуданд.

        Дилрастарин суханҳо

        Дар кати баи гўри туст аммо:

        “Заҳматкашони ҳамаи кишварҳо, муттаҳид шавед!”

        Чун барқ аст ин сатри рахшон,

        Ки рўшан месозад роҳи ҷаҳон”.

Ин шеърро шоири Чин дар моҳи сентябри соли 1965 ба ифтихори 162-умин зодрўзи Карл Маркс гуфтааст. Ли Чжаосин бори дуввум марқади Карл Марксро соли 2003 зиёрат мекунад. Яъне пас аз сиюҳашт сол ва барои дер омаданаш хиҷолати худро изҳор медорад. Дар баробари ин меҳри бепоёни худро нисбати ин бузургмард пинҳон намедорад:

        “Ҳамчунин барфи сафеди сари Алп

        Мўйи ман гашта сафед.

        Натавон ёфт чу меҳри дили ман дарёе,

        Ки занад баҳри ту туғён”.

Ва боз бузургии Карл Марксро бори дигар ба қалам медиҳад:

        “Қуллаи кўҳи Ҳимолойи фалаксой

        Ба баландии мақоми ту нагардад ҳампой!”

Дар ин ду шеър фикри бикро баён кардааст: на ҳар марг давоми ҳаёт аст. Танҳо марге, ки барои пойдор мондани инсофу адолат дар ҳаёт ба амал меояд, идомаи зиндагӣ шуда метавонад.

Барҳақ, бузургонро бузургон зинда медоранд!

Шеърҳои Ли Чжаосин “чун донаҳои марворид ба риштаи назм кашида шудаанд, бо фалсафаи амиқ нисбат ба зиндагӣ, лутфи боназокату камоли маънӣ хонандаро” мафтун месозад. Дар шеъри  “Марҷон” таъкид мекунад, ки зиндагӣ беҳтарин эҳдо аз ҷониби Худо аст ва як бор насиб мешавад:

        “Чун зиндагӣ ҳар касерост

        Аз ҷониби Худо

        Беҳтарин эҳдо,

        Ки насиб мешавад як бор

        Нотакрору пурасрор”.

Вале зиндагӣ осон нест ва ин муҳтаворо дар пораи зер аз шеъри “Гўшаи Аврупо” метавон равшан дид:

        “Дар паси кўҳ, кўҳи дигар аст”,

        Ҳар кӣ медонад.

        Фатҳи қулла валек осон аст?!”

Бале, осон нест!

Ва шоир ҳам мегўяд:

        “Роҳи мақсуду умед осон нест,

        Хоҳад аз хурду калон қурбонӣ”.

Шоир дар шеъри “Даҳанаи Порто” таъкид мекунад, ки барои расидан ба мақсуд бояд ҳар он чизе Худо бар ту додааст истифода намоӣ. Зеро, ки:

        “Ҷаҳон чун тахтаи шатранҷбозист

        Ва “бозингар агар хуб аст, ўро мушкиле нест”.

Шоҳроҳи зиндагиро бе ишқ тай кардан амрест муҳол. Ва шоир асри навро асри ишқ номидааст:

        “Асри нав асри ману мову шумост,

        Асри ишқ асту суботу вафост”.

Ва боз таъкид кардааст, ки инсон бо ишқ метавонад хушбахт бошад:

        “Ҳар қадар дар баҳри ишқ

        Ғарқ гардиву шино созӣ.

        Оқибат хушбахт мегардӣ”.

Ва ниҳоят шоир фалсафаи зиндагиро дар фуроварди шеъри “Худоёни Юнони Қадим” чунин ҷамъбаст кардааст:

        “Худоёни Юнонзамин,

        Маълуманд бо дили юнонии худ:

        Гирянд барои Юнон.

        Ханданд барои Юнон,

        Миранд барои Юнон”.

Бале, барои зиндагӣ гиристан лозим, хандидан лозим ва мурдан!

Мавзўи неку бад ҳамеша дар маркази диққати Ли Чжаосин қарор дорад. Дар эҷодиёти шоир ин мавзўъ бо муҳимтарин масъалаҳои ҷаҳони имрўза пайвастааст. Аз ҷумла дар шеъри “Диалектикаи ҷавонӣ” сухани шоир лаҳну оҳанги пандомез дорад:

        “Ҳастии инсон бубояд дарк кардан,

        К-он ҳама якранг мисли коинот аст.

        Ҳар раҳи тайкардаи дирўзу имрўз

        Чун ҳақиқат пойдор асту ҳаёт аст”.

Ҳамин мавзўъ дар шеъри “Дар васфи парасту” бо истифодаи фаровони рамзҳо бениҳоят ҷаззобу дилписанд ифода шудааст:

        “…Ту рисолатро шиносӣ,

        Аз ҳама болову шоён,

        З-ин сабаб ту раҳ кушодӣ

        Сўйи манзилгоҳи инсон.

        Эй парасту,

        Мурғаки зебопарасти ман!

        Хонаҳо гарчи шукўҳманд асту олист,

        Бе ту холист…”

Шоир моро ба ҳушёрӣ ва адои корҳои нек даъват менамояд. Ва таъкид мекунад, ки дар ҳама давру замонҳо бадкору бадандешон мавҷуд будаанд. Аз ҳамаи онҳо ҳам эҳтиёт шудан ва ҳам ба муқобили онҳо мубориза бурдан лозим аст.

Ақидаву пиндори шоир дар шеърҳои “Гуфтугўйи ҳамкориҳои Осиё дар Чианг Май”, “Дидор дар қасри устухонӣ” дар манзараҳо ва шаклу усулҳои гуногун талқин гардидааст. Онҳо хеле таъсирбахш буда, касро ба ҳамдиливу ҳамсадоӣ мехонанд. Ҷоиз аст ин ҷо аз шеърҳои мазкур чанд намуна оварда шавад:

        “Оби Чианг Май, ки поку беғубор аст,

        Осмони сабзро ойинадор аст.

        Одамӣ бояст аз рўзи нахустин бовафо бошад,

        Аз азал бояст дилҳои ману мо ҳамсадо бошад”.

        “Касрест базебу лек содда,

        Қасре, ки ба рўҳ латма орад,

        Ҳам фалсафаи ҳаёт ин аст,

        Ҳам ҳарфи хамўши устухонҳо:

        Некӣ куну бош некандеш

        Дар гармиву сардии замонаҳо!”

Дар шеъри “Дар зодгоҳи Мотсарт ва Гитлер” қадру манзалати инсон бо як оҳанги ҳам дардолу ҳам пандомез ҳам таассуфомез ва ҳам бо лобаву ниёиш тасвир шудааст.

        “Ин ҷо ҳамон як офтоб,

        Ин ҷо ҳамон як моҳтоб

        Пайваста нурафшон бувад.

        Ду марди машҳури ҷаҳон

        Зоданд ин ҷо – неку бад.

        Бо савти хуш гар он яке

        Бар дил баҳорон оварад,

        Бо тиру тўпаш он дигар

        Аз даҳр

        Осори баҳоронро барад…”

Дар шеър ҷамъбасти зерини шоир пандомез гуфта шуда, ҳар як хонандаро ба фику андеша кардан водор месозад ва ба сабақомўзӣ аз гузаштаи талх ҳидоят менамояд:

        “…Гулзор гўри он яке гар доимост,

        Гўри дигарро

        Кас надонад дар куҷост”.

Шоир ба қувваи некӣ боварӣ дорад, ояндаро дурахшон мебинад ва онро дар шеъри “Қирғизистон – зодгоҳи Ли Баи” чунин иброз медорад:

        “…Сабз аст навбаҳорон, пурмева тирамоҳон,

        Ин аст ҳарфи таърих з-ояндаи дурахшон”.

Бале, оянда дурахшон аст!

Ҳарчанд “ҷанги сард” хотима ёфта бошад ҳам, бинои сулҳ хеле ва хеле нозуку нафис аст. Ва ҳар лаҳза хавфи вайрон кардани ин бино вуҷуд дорад. Ин мавзўъ дар бисёр шеърҳои Ли Чжаосин бо оҳангҳову замзамаҳои гуногун такрор ба такрор мавриди таваҷҷўҳ қарор мегирад. Хавфи халалпазирии осмони беғубори сулҳ дар шеърҳои “Дар боғчаи СММ” ва “Як даста гули ҳамешасабз” хеле мутантан садо медиҳад:

        “Дар Бусниву Ҳерзегувин замин сўзон аст,

        Дар Сомали – осмон оташафшон,

        Дар Гаити ашки мардум резон аст,

        Дар Шўрои амният – баҳсҳо гарму ҷўшон…”

*       *       *

        “Абрҳои дуди Матхеттен

        То ҳавои тозаи Пекин расиданд.

        Мавҷҳои сабзи Ҷунгнан Хай

        Гиряи дарёи Дунгхэро шуниданд”.

Шоир мардуми чинро чун рўди шўхоби кўҳӣ тасвир мекунад, ки дар ҳама ҷо аз худ нишони некӣ мемонад ва содиқи сулҳи ҷаҳонанд. Ва дар шеъри “Пекин – интихоби дунё ва фардо” мегўяд:

        “Аҳли Пекин хандаду гиряд,

        Ҷўяд аз ҷон сулҳи подори ҷаҳонро.

        Мардуми чинӣ ба гуфтору ба кирдор

        Пос дорад дўстии ҷовидонро”.

Ли Чжаосин барои сулҳ ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Ҳатто 14 сентябри соли 2003 ҳангоми бозгашт аз Женева ба Пекин аз тариқи Порис, ки дар он ҷо бо иштироки панҷ аъзои доимии Шўрои амнияти СММ масъалаи Ироқро муҳокима карданд, чунин менависад:

        “Мон, вазирони умури хориҷа

        Касби худро лаҳзае дигар кунанд;

        Мон, ки баргарданд муштоқони ҷанг аз роҳи хеш;

        Мон, ки андозад танин овози оддӣ дар ҷаҳон:

        “Мо – мардумем!”

Дар шеъри “Нигоҳе аз Ҳавана” тапиши дили шоир, диле, ки лабрези таманноҳои олии башардўстона, диле, ки моломоли эҳсоси наҷиби сулҳу бародарист, шунида мешавад:

        “…Дидаму гашт чашму дил равшан,

        Ин суханҳо баромад аз дили ман:

        Мон паногоҳ сабзазор шавад,

        Мон, ба майдони ҳарб рўяд гул.

        Мисли бурғу диҳад завод садо

        Ҷои ҷавшан барояд аз он хишт”.

Дар фуроварди шеъри “Лаҳза” Ли Чжаосин ҳамчун фотеҳи майдони сиёсат, бо лаҳну оҳанги дипломати, вале дилпурона мегўяд:

        “Мекунам ман орзў бо эҳтиром,

        То суруди дўстиву сулҳ бошад бардавом”.

Бодо, ки чунин бодо!

Шоири муосири Чин ба шеъри тасвирӣ низ руҷўъ карда, тасвирҳои ноб ва ҷаззобро офаридааст. Масалан, шеъри “Тарбуз”-ро гирем, ки он моҳи августи соли 1981 ҳангоми сафари аввалини ў ба Нинг Сиа навишта шудааст. дар ин сафар шоирро дар хонаи яке аз баскетболбозони деҳаи У Рон бо тарбуз зиёфат мекунанд. Шоир аввал олучазори канори Зардрўдро ба рухсораҳои сурхи духтарони деҳ ташбеҳ дода, майдонро чунин ба қалам медиҳад:

        “…Гўсолае масти чарост.

        Баррачае бас хушсадост…”.

Баъдтар ў бозии баскетболбозонро тамошо мекунад. Довар ҳуштак мекашад ва духтараке ба рўи ғарами тарбуз меафтад. Ва Ли Чжаосин тарбузҳои кафидаро чӣ ҷолиб тасвир мекунад:

        “Мешаванд намоён

        Дандонҳои зумуррадӣ

        Дар даҳони тарбузҳои хандон”.

Ё ки шеъри “Дар роҳи Сиен Сирг”-ро бигирем, ки дар он маҳорати тасвиркориҳои Ли Чжаосин такмил ёфтааст:

        “Як шамоли тунд ояд аз шимол,

        Барф

        Чун мурғи сафед

        Дар фазо бикшода бол”.

Аз шеър ба шеър тасвирҳо равшану возеҳтар ва ибораҳо равшану пурбортар мегарданд. Бо чанд намуна аз шеърҳои “Кўли Лемон”, “Алатоғи сарбаланд”, “Гули қирмизи Атланта” иктифо мекунем:

        “Чашм меҳаранд хамўшу бесадо

        Баргҳои сабзи беқарор”

        “Барф пўшида хати сарҳадро…

        Нуқра пайваста заминро ба само…

        Кўҳ чун духтари навбова аҷаб ором аст,

        Қулла чун пири куҳансол аҷаб хомўш аст.

        Ашки гарм аст ду дарёи равон,

        Медиҳад савту суруди куҳани ошиқиро умри ҷавон”.

        “Гули қирмиз,

        Зи зардиву сафедӣ то ба сурхӣ

        Барои ту бувад роҳи асолат”.

Бале, мўйҳои сафед ва ожингҳои ҷабини Ли Чжаосин роҳи асолати ў мебошад!

Мусаллам аст, ки дар ин тархи мухтасар баёни ҳамаи паҳлуҳои шеъри маҷмўа аз имкони мо берун аст. Бинобари ин ба навиштаи худ нуқтаи таммат мегузорам, аммо пеш аз он, ки ин корро иҷро кунам, мехоҳам дар фарҷоми сухан чанд нуқтаро гўшраси хонандаи арҷманд намоям.

Аввалан ду мисраи Бедилро меорам:

     “Бедил, ба саркашони ҷаҳон чашми ибрат аст

     Сар то пой захми намоёни бўрё”.

Дуввум банди охири сарсуханро: “Яқин дорем, ки ин дастагули шодоб аз шохаҳои гулафшони назми Ли Чжаосин оғозгари робитаҳои адабию фарҳангии боз ҳам наздиктар байни мардумони Тоҷикистону Чин хоҳад гардид”.

Сеюм, бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки дўстдорони каломи бадеъ ва ҳаводорони шеъри тар аз шеъри ин шоири ҷаҳондидаву огаҳ аз неку бади рўзгор ганҷи ҳикмат меёбанд.

Чорум, ин китоб дар хештаншиносиву худогоҳии мардуми ҳарду кишвар самараҳои неке ба бор хоҳад овард.

Бигзор мисраҳои худи Ли Чжаосин анҷомбахши гуфтори мо бошад:

       “…Сабз аст навбаҳорон, пурмева тирамоҳон,

       Ин аст ҳарфи таърих з-ояндаи дурахшон”.

Бале, дўстии мардуми Тоҷикистону Чин пояндаву ҷовид хоҳад буд!

1 октябри соли 2006

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …