Главная / Ҷамъият / Садақаи фитр аз Рузаи Рамазон

Садақаи фитр аз Рузаи Рамазон

Садақаи фитр – ин садақаест, ки мусулмонони соҳибнисоб аз оила ва тани худ медиҳанд. Садақаи фитр, ки дар моҳи Рамазон дода мешавад, воҷиб аст.

sadaqa

Камтарин миқдори садақаи фитр ин озуқавориест, ки дар давоми як рӯз барои хӯрдани як шахс кофист, ё арзиши пулии ин озуқаворй мебошад. Микдори зиёдтарин барои садақаи фитр нест. Касоне, ки зиёдтар медиҳанд, савоби зиёдтар мегиранд.

Садақаи фитрро бояд пеш аз иди Рамазон пардохт кунем. Бо ин кор мо фақирону мӯҳтоҷонро хушҳол сохта, ба онҳо имконият медиҳем, ки иди Рамазонро ҷашн гиранд.

Садақаи фитр ин хайри бадан ва саломатии мост. Мо бо воситаи садақаи фитр ба Худованде, ки моро халқ карду мусулмон офарид ва ба мо саломатй ва офият барои рӯза доштани моҳи Рамазон ато намуд ва барои он, ки то иди Рамазон зинда мондем изҳори миннатдорӣ мекунем.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …