Главная / Биология / Сабзиши растаниҳо ва танзими он

Сабзиши растаниҳо ва танзими он

Нуқтаи сабзиш. Моддаҳои зарурӣ барои сабзиш

Агар ҳамаи узвҳои растанӣ мӯътадил амал кунанд, ин маънои онро дорад, ки растанӣ дар вазъи хуби рушду сабзиш қарор дорад. Ба туфайли тақсимшавии ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунанда (бавуҷудоваранда) ва сипас сабзишу махсусиятпайдокунӣ ҳуҷайраҳои бавуҷудомадаи организми растанӣ аз ҷиҳати ҳаҷму (андозаю) вазн калон шуда, баркамол мешаванд. Дар натиҷаи таксимшавии ҳуҷайраҳои камбий бофтаи ҳосилкунандаи нӯги пояҳо (нуқтаи сабзит) ва ҷузъи сабзиши реша навдаҳои нав, рсшаҳон пав ба вуҷуд ома- да, растанӣ ҳам ба қад (ба боло), ҳам ба поён ва ҳам ба бар (ба пахно) нашъунамо мекунад ва калон мешавад.

Агар сабзишу калоншавии узвҳои одаму ҳайвонот то як синну соли муайян давом кунад, азони растанӣ (ё сабзиши растанӣ) дар давоми тамоми умраш (аз давраи ба сабзиш шурӯъ карданаш то маргаш) давом мекунад. Дар растаниҳо дар давоми ҳаёташон доимо решаю навдаҳои нав ба нав ҳосил мешаванд. Ба ҷои баргҳои хазоншудаю хазонрехта боз баргҳои нав пайдо мешаванд. Дар ҳар мавсим гулу меваҳои пухтарасида пас аз адои вазифаашоп хушк гардида, меафтанд.

Ҳамин тавр, сабзишу рушди доимии растаниҳо бо ивазшавии доимии узвҳои асосӣ ва бофтаҳои алоҳидаи онҳо дар узвҳои доимо- амалкунанда ба куллӣ вобастагӣ дорад.

Сабзишу рушди ҳамаи узвҳои растанӣ, ки дар натиҷаи тақсимшавӣ ва калоншавии (кашидашавии) ҳуҷайраҳо амалӣ мегардад, қатъӣ идора карда мешавад. Фаъолияти нуқтаҳои сабзиши реша ва поя, калоншавии барг, ҷузъҳои поя, гулпоя ва меваҳо байни якдигар мувофиқат доранд. Масалан, дар фасли баҳор баробари сар шудани нашъунамои поя ва муғҷаҳо дар дарахтон тақсимшавии камбий вусъат ёфта, сабзиши яквақтаи навдаву тана бо ҳосил кар- дани солҳалқаи навбатӣ оғоз мегардад.

Инчунин қадкашии (сабзиши) боавҷи як узв метавонад қадкашии узви дигарро суст кунад ё боздорад. Чунки дар ин ҳолат захираи моддаҳои ғизоӣ ба як ҷузъу уззи муайяни растанӣ (баъзан ба зара- ри дигар узвҳо) равона карда шудааст.

Масалан, агар решаи асосӣ ба дарозӣ боавҷ сабзида истода бошад, чунин танзими дохилӣ боиси боздошти шохаронии реша мегардад. Агар қисми нӯгии решаи асосӣ дур карда шавад, он гоҳ, баръакс, решаҳои паҳлуӣ ва иловагӣ боавҷ сабзида, реша сершоха мешавад. Ин усулро дар кишоварзӣ васеъ истифода мебаранд. Дар натиҷаи буридани як қисми шоху навдаҳо метавон муғҷаҳои хуфтаро бедор карда, ба растанй ягон шакли дилхоҳро дод. Ҳамин тавр, танзими дохилии сабзиш имкон медиҳад, ки дар ҳудуди як растанӣ баъзе усулҳои мусбати идораку- нии рушду инкишофи растаниҳо ба кор бурда шаванд.

Олимон муқаррар кардаанд, ки танзими равандҳои сабзиши растаниҳо ва мувофиқати кори онҳо ба туфайли дар растаниҳо ҳосил шудани моддаҳои махсус сурат мегнрад. Ин моддаҳои мураккаби махсусро “моддаҳои сабзишӣ” ё “гормони сабзиш” ме-
номанд. Онҳо дар ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунанда ҳосил шуда, метавонанд тавассути ҳуҷайраҳои лиф ҳаракат кунанд ва сабзиши ҷузъҳои (узвҳои) алоҳидаи растаниро тезонанд ё боздоранд.

  1. Сабзиш чист?
  2. Сабзишу рушди растаниҳо чӣ тавр амалӣ мегардад?
  3. Қадкашии растаниҳо аз қадкашии одаму ҳайвонот чӣ фарқ дорад?
  4. Танзими сабзиш чӣ аҳамият дорад?
  5. Танзимшавии сабзишро бо кадом мисолҳо исбот кардан мумкин аст?
  6. Моддаҳои танзимии сабзишро чӣ меноманд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …