Главная / Маданият ва санъат / Аҳмияти сабзавот барои организми одам ва таркиби ғизогии он.

Аҳмияти сабзавот барои организми одам ва таркиби ғизогии он.

Дар вақти тайёр карданги таом як қатор амалиёти паиҳами коркарди кулинарии масолеҳ мавҷуд аст, ки онро раванди технологӣ меноманд. раванди технологии тайёр кардани таом аввал коркарди сабзавот иборат аст. Аҳамияти сабзавот ба модаҳои зудҳазм, аз ҷумла ангиштобҳо вобаста аст. Дар сабзавотҳо витаминҳо ва намакҳои минералии барои организми инсон зарур мавҷуданд, онҳо инчунин сафеда, кислотаҳои органики гуногун ва равғани эфир доранд, ки ба ҳазми хӯрок ёрӣ мерасонанд.

сабзавот

Барои он ки қимати ғизои сабзавотро нигоҳ дорем, онро пеш аз пухтан дуруст тайёр бояд кард. Азбаски микробу ангезандаҳои касалиҳои сироятӣ тавассути сабзавоти хуб коркарднашуда ба организми инсон интиқол ёфтанаш мумкин аст, онро пеш аз истеъмол бо оби хунук ҳатман шустан лозим аст. Бехмева ва картошкаро баъди шустан тунук пӯст канда, ҷойҳои пӯсидаву иллатнокашро бурида мепартоянд. Бинобар ин дар таги пӯсти сабзавот ҷойгир шудани витамин ва намакҳои минералӣ онро то ҳади имкон тунуктар пӯст кандан беҳтар аст.

Дар вақти тайёр кардани таом боэҳтиёт ва сарфакорона муносибат карда, ба партови сабзавотҳоро ба мақсадҳои муайян истифода баред. Мисол, партови картошкаро барои ҳосил кардани крахмал ва партови лаблабуи сурхро барои тайёр кардани ранги хӯрокворӣ ва ё ҳамчунин хӯроки ҳайвонот истифода мебаранд.

Дар истеҳсолоти хӯроки умумӣ таомро дар сехҳои хунук гарм ва қаннодӣ тайёр мекунанд. Барои коркарди аввалин чунин машинаҳо истифода мебаранд ба навҳо ҷудо кунанда, сабзавотшӯянда, тоза ва резакунанда ва амсоли инҳо.

Хӯрок барои саломатӣ, фаъолиятмандӣ ва танзими ҳаракату ҳолати инсон ҳатмист. Таркиби хӯрок аз ҳар гуна ғизои муфид, мисли сафеда, чарбу карбогидрат, моддаҳои ба инсон зарурӣ, моддаҳои маъданӣ, обу витаминҳо иборат аст, ки барои инсон лозиманд.

Карбогидрат – таъмингари қувваи инсон буда, дар таркиби сабзавот, шираворӣ, ғалладона, асал ва қанд фаровон аст.

Сафеда – ғизои табиию бағоят муҳими организми зинда аст. Аз сафеда ҳуҷайра, бофтаҳо ва узвҳои инсон таркиб меёбанд. Сафеда ҳамчун манбаи қувва, восилаи ҳазми хӯрок ва таъвизгари моддаҳост.

Сафеда дар таркиби шир, тухм, моҳӣ, гӯшт, биринҷ ва ғайраҳо бештараст.

Чарбу – (равған) – дар ҳама ҳолатҳои мубодилааш моддаҳои фаъоли ҳаёт аст. Он организми зиндаро аз сардӣ муҳофизат менамояд. Ҳамчун воситаи асосии қувваи дар таркиб ёфтани бофтаҳо, равғани гӯшт, растанӣ ва шир тартиб меёбад. Вобаста ба синну сол, ҷинс ва фаъолияти меҳнатии инсон талаботи шабонарӯзии он ба 80-100 г равған мерасад, ки аз он 20-25 г бояд равғани растанӣ, 20 г равғани маска бошад. Равған дар аркиби бисёр маҳсулоти хӯрокворӣ вомехӯрад.

Об қариб аз 2/3 ҳиссаи вазна бадани инсонро ташкил медиҳад. Муракабтарин тағироти сершумори моддаҳои ҳуҷайра, ки боиси фаъолияти зиндагии организм мебошад, танҳо дар маҳлулҳои об ба вуҷуд омада мешавад. Агар инсон бе таом якчанд ҳафта зиндагонӣ карда тавонад, аммо бе об ҳамагӣ якчанд шабонарўз зиндагӣ карда метавонаду халос.

Об дар ҳаёт мақоми хоса дорад. вобаста ба сину сол, вазни ҷисмонӣ ва шароити иқлими нсон дар як шабонарўз 1,5 – 2 л ва ё аз ин зиёдтар об истеъмол мекунад. об дар табиат бисьёр аст. Вай дар таркиби меваю сабзавот ва маҳсули ширӣ ба миқдори зиёд мавҷуд аст. Барои он ки таом фоидаовар шавад бояд реҷаи таомхўриро риоя намуда, дар вақти муаян тановул кардани таом муфид аст.

 Таркиби хӯрок.

  1. Сафеда.
  2. Равғани чарбу
  3. Карбогидрат
  4. Об
  5. Моддаҳои минерали
  6. Витаминҳо

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …